«Ну погоди»!

«Ну, погоди!» ё чаро кӯдакону ноболиғон ҳарчи бештар “гизала” мешаванд

ё чаро кӯдакону ноболиғон ҳарчӣ бештар “гизала” мешаванд?

Чанд рӯз пеш дар Фейсбук ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки аз муноқиша ва зери латукӯб қарор додани як ноболиғ аз ҷониби гурӯҳи наврасон иборат буд.

Вақте кормандони мақомоти корҳои дохилӣ онҳоро боздошт намуданд, маълум шуд, хонандагони мактабҳои №77, №78 ва №57–и пойтахт будаанд, ки бо маслиҳати пешакӣ як хонандаи синфи ҳашти мактаби №5-ро мавриди латукӯби шадид қарор дода, ҳамзамон ҳолати авбошии худро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.

Шояд ягон ҳафта пештар буд, ки навори дигаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳри Исфара “машҳур” гашт ва баъдан кормандони милиса мушаххас карданд, ки духтарҳои ноболиғ як ҳамсолашонро ба хотири ишқи ҷавоне “ҷазо” додаанд:  ӯро дар кӯча мезаданду кашола мекарданд ва пасон дар зимистони хунук маҷбур менамуданд, ки даруни оби сард “гуноҳаш”–ро “ҳалол” намояд. Ин ҳолатро ҳам сабт карда, дар интернет партофтанд.

«Ну, погоди!» ё чаро кӯдакону ноболиғон ҳарчи бештар “гизала” мешаванд
Акс: Раёсати ВКД дар вил Суғд

Ҳодисаи аз ҳама охир боздошти ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт мебошад, ки як журналист ва филмбардори тоҷикро беасос латукӯб кардааст.

Ҳолатҳои дигар ва баъзан аз инҳо бадтарро ҳам вохӯрдаем. Албатта, сабаб ва омилҳои ин равандро борҳо аз зовияҳои гуногун баррасӣ кардаанд. Мо сари онҳо ист намекунем. Фикр дорем, ҳарчи вобаста ба ин мавзуъ гуфта шудааст, ҳатман ҷанбаҳоеро аз он ифода мекунад ва арзандаи таваҷҷуҳ мебошад.

Зимнан, мо танҳо як сабаберо дар ин бора ҷиддитар ба баррасӣ гирифтанием, ки ба андешаамон вақти муҳокимаи мавзуъ ё он умуман сарфи назар шудааст, ё дар борааш ҳамчун “масъалаи ноҷиддӣ” сарсарӣ изҳори назар кардаанд.       

Сухан аз бозиҳои компютерӣ ва интернетӣ меравад. Аксари онҳое, ки дар ин бора изҳори назар мекунанд, бештар дар бораи «сарфи беҳудаи вақт», «аз мактабу тарбия дур мондан», «пули худро ноҷо сарф кардани кӯдакон» ҳарф мезананду халос.

Вале бо сабабҳои номаълум дар ин бора камтар гуфта мешавад, ки ба ин гуна бозиҳо кӯдаконро чӣ ҳарчи бештар ҷалбу талқин менамояд.

Оё сабабҳои аз ин ҷиддитар вуҷуд надоранд? Оё ин гуна бозиҳои дар назари аввал тафреҳӣ барои кӯдакону наврасон ва баъзан одамони калонсол пайомадҳои ҷиддитар дошта наметавонад?

«Хушбахтии ҳарчи зудтар»

Агар таваҷҷуҳ кардаед, ҳамаи бозиҳо чунин таҳия шудаанд, ки ҳар нафарро баробари пушти компютер нишастану ба бозӣ оғоз намудан сӯйи худ бештар мекашанд. Хоҳ ин бозингар шахси хурдсол бошаду хоҳ калонсол.

Мультфильми советй, ки дар СССР зиёда аз як насли бачагонро тарбия кардааст
Бозиҳои компютерии зӯроварӣ

Равоншиносон дар аксари ин гуна ҳолатњо масъалаи психологиро мебинанд. Ба назари онҳо, ин бозиҳо тарзе таҳия шудаанд, ки тавассути онҳо расидан ба ин ё он орзуву ҳадаф хеле осон ва имконпазир ба назар мерасад. Барои расидан ба ин ё он ҳадаф дар зиндагии воқеӣ, тавре медонем, бояд талоши бештаре дошт. Аммо дар бозиҳои компютерӣ барои расидан ба ҳадафи худ танҳо якчанд вақт пушти компютер нишастан басанда аст. Агар ин ё он бозиро ҳоло шумо намедонед, ки чї гуна оғоз ва анҷом мешавад, бок нест. Худи компютер ба шумо тарзу усулҳои бозиро нишон хоҳад дод. Яъне ба дилхоҳ бозингар, хоҳ калон бошаду хоҳ хурдсол, талқин мекунад, ки роҳҳои наздиктарини ба ҳадаф расидан вуҷуд доранд!

Ба андешаи равоншиносон, чунин сохти бозиҳо бештар ба мардуме, ки ба ин ё он мушкил гирифторанд, таъсир расонида метавонад. Онҳоро “роҳнамоӣ” низ мекунанд, ки барои расидан ба ин ё он ҳадаф «роҳҳои наздиктар ҳам вуҷуд доранд».

Акнун биёед бубинем, ки ин роҳҳои «қулай» ва осон кадомҳоянд…

«Мошинро зан!

Як шиносам нақл намуд, ки писарчаи сесолааш дар компютер бозии «мошиндавонӣ» (“гонка”) кардааст. Азбаски ин кӯдак ҳоло усулҳои бозиро намедонад, мошинаш чандин маротиба ба дунболи мошинҳои дигари дар бозӣ вуҷуддошта бархӯрдааст.

«Ну погоди»!
Шрек ва хар боз як қаҳрамони мультфильмҳои кӯдакона мебошанд

Аммо ҳангоме, ки ин шиносам ҳамрохи ҳамон писарчаи хурдсоли худ бо мошинаш ба сайругашти шаҳр мебарояд (акнун аз бозӣ берун!), кӯдак падарашро «талқин» менамояд, ки мошинҳои аз мошини онҳо пешбударо занад. Яъне кӯдак бозии дар компютер дидаашро воқеият меҳисобад!

Ин ҳоло як навъи бозист. Бозиҳои дигаре низ њастанд, ки бештар аз куштору зӯроварӣ иборатанд. Дар аксарияти ин гуна бозиҳо ҳатто куштани «одамоне, ки барояшон халал эҷод мекунанд», кори мушкил нест.

«Ну погоди»! ё чаро кӯдакону ноболиғон ҳарчӣ бештар “гизала” мешаванд?
Хоҷа Насриддин метавонист яке аз қаҳрамонони филмҳои тасвирии тоҷик гардад

Равоншиносон мегӯянд, ки тавассути ин гуна бозиҳо дар зеҳни кӯдак ҷой кунондани зӯроварӣ ҳанӯз як паҳлӯи масъала аст. Паҳлӯи дигари масъала ба он вобаста аст, ки оҳиста-оҳиста ҳолати мазкур эҷодкориву рақобатпазириро дар шуури кӯдак барҳам мезанад. Яъне кӯдак ба хулосае меояд, ки модоме «роҳҳои дигари осонтари ба ҳадаф расидан вуҷуд дорад, чаро худамро ғам дода, дар бораи усулҳои душвори ба мақсад расидан фикр кунам? Одами аз худам муваффақтарро мекушам ва тамом!».

Ин маҳз ҳамон ҳолатест, ки кӯдакро ба тасаввурот дар бораи «ғалабаи мутлақ» талқин менамояд. Яъне шахсе, ки кушта шудааст, дигар ҳеҷ гоҳ наметавонад аз ӯ қасос гирад. Ҳамин тавр тасаввуроте  ҳосил мешавад, ки барои ба таври осон ба  ҳадаф расидан бояд рақибро кушт ва «шахси қавӣ» шуд.

Албатта, аксари бозиҳо чунин сохта шудаанд, ки барои куштор ва ҷиноятҳои дигар бозингаронро политсия пайгирӣ мекунад. Гӯё нишон додан мехоҳанд, ки ин амали онҳо ҷиноят аст ва барои он чазо пешниҳод шудааст. Аммо на! Бозиҳои компютерї усулҳои дигареро ҳам нишон медиҳанд, ки ҷинояткор метавонад аз онҳо истифода барад ва барои ҷинояти содиркардааш дар пеши касе ҷавоб нагӯяд. Яъне бояд қонунро сарфи назар намуд!

Ба ин тариқ, агар ин гуна бозиҳо ба кӯдак эҷодкорӣ нишон медиҳанд, танҳо дар як ҳолат аст – чї гуна ҷиноят содир кардану беҷазо мондан, яъне аз паҳлӯи қонун гузаштан имкон дорад!

Масъалаи дигар ҳам ҳаст. Таҳлилгарон ошкор кардаанд, ки баъзан амалкардҳои террористӣ дар аввал ба гунаи бозии компютерї ё интернетӣ таҳия шуда буд. Ба фикрам, таъкиди ин нукта шарҳи изофӣ намехоҳад…

Кӯдак чӣ гуна аз муҳит берун мешавад?

Як суоли асосӣ ҳангоме, ки дар бораи бозиҳои компютерї ҳарф мезанем, бояд ин бошад, ки чаро онҳо даврианд? Яъне чаро барои ба даври дигари бозӣ гузаштан ҳатман як даврро бояд пушти сар кард?

Албатта, ҷавоб ба ин суолро бештар ба масъалаи «ҷаззоб» кунонидани бозӣ ва ҳадафҳои молии ташкилкунандагони он нисбат медиҳанд. Аммо масъала паҳлӯҳои равониро низ дар бар мегирад.

Муборизаҳои давомдори бозӣ кӯдаку наврас ва ҳатто одами калонсолро бо мушкилоти гуногун  рӯ ба рӯ мекунанд. Дар ин ҳолат бозингар омодааст соатҳо аз сари компютер нахезад ва бозиро давом бидиҳад. Бештари вақт ҳатто хобу хӯрокро фаромӯш мекунад. Дар бораи дарс ва зиндагии рӯзмарраи худ метавонад умуман фикр накунад.

«Ну погоди»! ё чаро кӯдакону ноболиғон ҳарчӣ бештар “гизала” мешаванд?
Маша ва хирс қаҳрамонҳои нави мультфильмҳои русӣ мебошанд

Чунин тамоилро равоншиносон ба ҳадафи аслии бозӣ нисбат медиҳанд. Яъне ба ин восита дур кардани кӯдак аз муҳити табиии худ ва рӯ ба рӯ сохтанаш бо “муҳити нав”.

 Воқеан ҳам, кӯдак ё наврас вақте ба ин гуна бозиҳо дилбаста мешавад, худро тақрибан пурра аз муҳити худ дур мекунад. Акнун на бо касе аз ҳамсолонаш бозӣ кардан мехоҳад ва на бо касе суҳбат намудан. Танҳо бозӣ!

Аз ҷониби дигар, ба қавли коршиносон, ин гуна бозиҳо бештар ба кӯдаконе таъсир гузошта метавонад, ки дар оила ва муҳит ба онҳо ҳамчун як инсон камтар муомила мешавад. Яъне вақте кӯдак мебинад, ки дар хонаву муҳити фарогирифтааш ӯ «касе нест», аммо дар бозии компютерї «зӯр ва тавонманд» аст, кӯшиш мекунад вақти худро бештар пушти компютер сарф кунад ва саргарми бозӣ бошад.

«Ну, погоди!”-и ку?

Чанд сол пеш нависандаи кӯдакон Азизи Азиз ваъда карда буд, ки барои кӯдакони тоҷик қаҳрамоне хоҳад сохт. Қаҳрамоне мисли Харгӯшак ва Гург аз филми тасвирии «Ну погоди!»-и русҳо.

«Ну, погоди!» ё чаро кӯдакону ноболиғон ҳарчи бештар “гизала” мешаванд
«Ну погоди»! – филми тасфирии, ки дар СССР як чанд насли бачагонро тарбия кардааст

Дар ҳақиқат, агар нигоҳ кунем, қариб тамоми кӯдакони халқҳои гуногуни дунё мисли ҳамин қаҳрамонҳои худро доранд. Ҳоло «Том ва Ҷери» -и амрикоӣ низ тамошобини зиёд дорад. Вале кӯдакони тоҷик, воқеан, барои чӣ бояд қаҳрамони хосаи худро надошта бошанд?

Равоншиносон ба ин ақидаанд, ки маҳз ҳамин гуна тимсолҳо (образҳо) метавонанд дар зеҳни кӯдакон паҳлӯҳои мусбату манфиро бедор намоянд. Барои ҳамин чанд сол пеш як сарватманди рус тамоми филмҳои тасвирии кӯдаконаро, ки ибтидои солҳои 90–ум аз Русия ба кадом як ширкати амрикоӣ фурӯхта будаанд, бо маблағи калон харидорӣ намуд ва ба Русия баргардонд.

Яъне зеҳнияти кӯдак набояд ба муҳити бегона моил бишавад. Барои ин бояд қаҳрамонҳои худ ва филмҳои тасвирии худро дошт, ки ба урфу одатҳои миллӣ созгор бошанд.

Агар не, бозиҳои компютерї «сиёсати дарҳои боз»-и худро идома медиҳанду кӯдакони тоҷикро аз интернету компютерњо дуртар намебаранд. Дар он ҷо бошад, онҳо ба сӯйи «қаҳрамониҳои навин» талқин мешаванд…

Раҷаби Мирзо

Оцените статью

«Ну погоди»! ё чаро кӯдакону ноболиғон ҳарчӣ бештар “гизала” мешаванд? Чанд рӯз пеш дар Фейсбук ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки аз муноқиша ва зери латукӯб қарор додани як ноболиғ аз ҷониби гурӯҳи наврасон иборат буд. Вақте кормандони мақомоти корҳои дохилӣ онҳоро боздошт намуданд, маълум шуд, хонандагони мактабҳои №77, №78 ва №57–и пойтахт будаанд, ки […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.