Нобиноён, чун ҳамаи дигар шаҳрвандони дорои имконоти маҳдуди Тоҷикистон замони душвореро паси сар мекунанд. Бемории ҳамагир ва бекорӣ вазъи иҷтимоии ононро бадтар мекунад. Маъюбони гурӯҳи якум бо собиқаи калони корӣ ҳақмузди баробар бо 511 сомонӣ ва гурӯҳи дуюм 330 сомонӣ мегиранд. Андозаи нафақаи маъюбони гуруҳи 1-ум ва 2-юм бе собиқаи корӣ 180-200 сомониро ташкил медиҳад.
Пештар ҳамаи маҳсулот тибқи фармоиши пешакӣ истеҳсол мешуд
Дар Тоҷикистон шумораи нобиноён зиёда аз даҳ ҳазор аст. Бештар аз чоряки онҳо дар вилояти Суғд зиндагӣ мекунанд. Онҳо хоксорона, бидуни ягон шукуҳу шуҳратхоҳӣ, базӯр зиндагиашонро нӯг ба нӯг расонда, умр ба сар мебаранд.
Аксари нобиноён мехоҳанд, ки кор кунанд, аммо ҷои корӣ ёфта наметавонанд. Ягон ҷойи кор нест. Роҳбарони корхонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, ки дар назди ҷамъиятҳои нобиноёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амал мекунанд, набудани ҷойҳои кориро бо имкониятҳои маҳдуди корхонаҳо алоқаманд менамоянд. Онҳо мегӯянд: ”Мо шуморо ба кор мегирем, агар ба маҳсулоти истеҳсолшудаи мо талабот пайдо шавад!”
Яке аз корхонаҳои куҳантарин, ки дар пойгоҳи Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Хуҷанд амал мекунад, коргоҳи таълимӣ-истеҳсолӣ (КТИ) мебошад. Он аллакай 71- сола аст. Дар замони шӯравӣ ин ҷо ҷавонон имкон доштанд. ки таълим гиранд ва ҳамзамон касберо омӯзанд. Пас аз анҷоми таҳсил, хоҳишмандон метавонистанд, ки дар корхона кор кунанд.
Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта дар ин КТИ 570 нафар кор мекарданд, ки 60-70% онҳоро нобиноён ташкил медоданд. Ин ҷо қолинчаҳо бо ороишоти миллӣ, чангакҳои ҷомашӯиовезӣ, филтри равғанӣ барои насоси автомобилҳои тамғаи «Москвич-412», Волга «Газ-24» халтаҳои коғазин, ресмонҳои андозаи гуногун, матрасҳо ва ғ.истеҳсол мекарданд. Ҳамаи маҳсулот тибқи фармоиши пешакӣ истеҳсол мешуд. Масалан, КТИ дар назди Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Хуҷанд амалкунанда ҷузъҳои муҳими тракторро ба Коргоҳи тракторбарории Нижний Тагил (Федератсияи Россия) содир мекард.
Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Конибодом халтачаҳои коғазиро барои бастабандии коргоҳи намаки Ашт тайёр мекард. Тамоми ашёи хом тибқи нақша ворид мегардид ва ҳамаи маҳсулот ба таври суроғавӣ ба мизоҷони мушаххас дастрас мегардид.
Пас аз пошхӯрии ИҶШС низоми роҳандозишуда хароб гардид
Воридоти ҳамаи маҳсулоте, ки монандашро истеҳсолкунандагони маҳаллӣ мебароварданд, дар замони шӯравӣ манъ шуда буд. Пас аз пошхӯрии ИҶШС робитаҳои мавҷудаи иқтисодии байни шаҳрҳо, ҷумҳуриҳо, корхонаҳои давлати абарқудрат канда шуданд. Низоми хуб тартибдодашуда ва возеҳ амалкунанда хароб гардид.
Ҳоло дар КТИ шаҳри Хуҷанд тақрибан 60 нафар кор мекунанд. Дуруст аст, ки онҳо аксар вақт дар рухсатии бемузд қарор доранд.
Ба гуфтаи директори корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Хуҷанд Ғафур Алиев, айни замон коргарон ва устоҳо бо мушкили камбуди ашёи хом, таҷҳизоти наву муосир ва фанновариҳо, маблағҳои молиявӣ дучор шудаанд. Хабари руҳбаландкунандае ҳаст, ки роҳбарият дастгоҳи нави термостатикии плостикӣ харидааст. Аммо, акнун боз як дастгоҳи дигар барои фишурдани қолабҳо намерасад, ки барои харидани он қариб 8-9 ҳазор воҳиди шартӣ лозим аст. Аммо корхона ин қадар маблағ надорад.

– Ҳозир мо бо фосилаҳо кор мекунем, – мегӯяд Ғафур Алиев. – Алҳол танҳо халтачаҳои хурди коғазии ҳаҷмаш як килограммиро истеҳсол карда истодаем. Ҳарчанд, ки тибқи фармоиш миқдори зиёдтари халтаҳои сеқабатаи коғазин, чангакҳо барои ҷомашӯӣ, сарпӯшакҳои бонкаҳои шишагӣ, ҷузвдонҳои намуди “тездӯзак”-ро истеҳсол кардан мумкин буд. Ҳозир ин гуна маҳсулотро аз Чин ворид мекунанд. Ин ҷо кӯмаки мақомот лозим аст.
Маҳсулоти мо на ҳамеша дар бозори фурӯш ба рақобат тобовар аст. Мо маркетолог (бозорёб)-ҳо ва мудирони кордон надорем, ки талаботи бозорро доир ба ин ё он номгӯи мол омӯзанд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи мо моҳҳо дар анбори корхона мехобад. Дар бозори асосии шаҳр “Панҷшанбе” ҳатто як ҷои хурде ҳам нест, ки мо моли истеҳсолкардаамонро ба фурӯш барорем.
Ғафур Алиев тасдиқ мекунад, ки корхонаи онҳо ба кӯмаки ҳукумат хеле ниёзманд аст. Аз охири солҳои 90-ум онҳо чандин маротиба аз ҳукумати шаҳр дархост карданд, ки як замини алоҳида барои онҳо ҷудо кунад. Онҳо мегӯянБа онҳо посух медиҳанд: “Бозорҳо хусусӣ шудаанд, бо соҳибони онҳо гуфтугӯ кунед.”
Кор кардан манфиатовар нест…
Ба гуфтаи роҳбари ҷамъияти ношунавоёни шаҳри Хуҷанд Акрам Салимов чор соли охир андозаи нафақаи маъюбони гуруҳи якум ва дуюм, ки дар корхона кор мекунанд, баланд нашудааст. Бо мақсади равшан кардани вазъ онҳо ба хазинаи нафақаи шаҳр муроҷиат карданд ва он ҷо фаҳмониданд, чунин фармоиш аз боло омадааст, аз ин рӯ наметавонанд ба вазъ таъсире расонанд.
– Ҳозир бисёр маъюбони ношунаво кор кардан намехоҳанд. Гап сари он аст, ки пас аз 15% болоравии андозаи музди моҳона дар моҳи сентябри соли ҷорӣ, андозаи нафақаи онҳо 450 сомониро ташкил медиҳад, ва онҳо манфиатдоранд, ки нафақаро бо андозаи зиёдтар гиранд, нисбат ба он ки кор кунанд ва болосарии нафақаро аз даст диҳанд, – мегӯяд Акрам Салимов. – Зарур аст, бигӯям, андозаи музди моҳонаи мо аз 200 сомонӣ зиёдтар нест. Хуб мешуд, агар Ҳукумат қарори худро бозбинӣ мекард, андозаи кобили қабули нафақаро муқаррар намуда, ба шахсони имконияташон маҳдуд имтиёзҳои муайянеро медод.

Ба гуфтаи раиси комбинати таълимӣ-истеҳсолии Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Исфара Ҳусейнбой Ҳакимов корхонаи онҳо соли 1959 таъсис ёфтааст. Дар замони шӯравӣ дар ин ҷо зиёда аз 90 кас кор мекард. Онҳо ресмон, тӯри металлӣ, матрас, болишт, ҷойпӯши бистар, дастпӯшак, хилъат, либоси корӣ, қолинчаҳои миллии алоча истеҳсол мекарданд. Корашон аз рӯи фармоиш буд. Ҳозир дар ин корхона 21 кас кор мекунанд, ки 12 нафар аз онҳо маъюбони гуруҳи якум мебошанд. Корхона дар аввали сол бо Агентии хариди давлатии мол, кору хизматрасониҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кони ангиштсанги Шӯроб, беморхонаи марказии шаҳрӣ, корхонаи “Петролеум Суғд” оид ба истеҳсоли матрасҳо, болиштҳо, либоси махсус, дастпӯшакҳо шартнома мебандад. Аммо на ҳамаи шарикони корӣ бо истеҳсолкунанда сари вақт ҳисобӣ мекунанд ва онҳо маҷбур мешаванд, ки 6-7 моҳ пардохти иловагиро интизор шаванд.
-Фармоишотро мо дар муддати 2-3 моҳ иҷро мекунем ва вақти боқимонда бо сабаби набудани маблағ барои маҳсулоти фурӯхташаванда тамоми аҳли кормандон бекор мешинанд.
Имтиёзҳо барои хизматрасонии манзилӣ танҳо ба нобиноён дода мешавад, на ба ҳама аҳли оила
-Ин дар ҳолест, ки шумораи одамоне, ки мехоҳанд дар корхонаи мо кор кунанд, аз 180 кас зиёдтар аст, – мегӯяд Ҳусейнбой Ҳакимов. Аксари зиёди хоҳишмандонро занон ташкил медиҳанд, ки омодаанд, ки бо музди рамзӣ ҳам кор кунанд. Бар замми ин, ҳар як дирам барои маъюб пул аст ва пешниҳоди имтиёзҳои хурде барои онҳо дастгирии бузурги давлат ба ҳисоб меравад. Мо хеле сипосгузорем, ки маъюбони гуруҳи якум ва дуюм аз пардохти андози амволи ғайриманқул озоданд. Ба мо барои истифодаи нерӯи барқ кӯмакпулӣ медиҳанд. Аммо барои об ва партов имтиёзи 50 дарсадӣ танҳо барои як маъюб пешбинӣ гардидааст, ҳарчанд ӯ сарвари оила ҳисоб мешавад. Дигар аъзои оила барои об бо нархи саддарсадӣ маблағ пардохт мекунанд. Хуб мешуд, ки чунин имтиёз ба ҳамаи аъзои оилаи маъюбони гуруҳҳои l-ll дода шавад. Зеро дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ чунин низом амалӣ мегардид.
Ба ақидаи аксари коршиносони бахши ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон масъалаи таъмини шаҳрвандони бекори имконоташон маҳдуд бояд дар худи сатҳи баландтарин баррасӣ шавад. Ҳукумат бояд иқтидор ва таҷҳизоти бахши саноатии кишварро ҳамаҷониба ва амиқ омӯхта, фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватаниро бо назардошти ба кор ҷалб кардани шахсони имконоташон маҳдуд ҳамоҳанг намояд. Илова бар ин, ба кишвар ворид кардани он маҳсулотеро, ки монандашон дар корхонаҳои ватанӣ бароварда мешаванд, манъ кардан лозим аст, ҳамзамон барои беҳсозии сифати маҳсулоти истеҳсолшавандаи чунин корхонаҳо бо ҳар роҳ бояд мусоидат кард.
Тилав РАСУЛЗОДА