Неъматулло Мирсаидов: Ба комёбшавии ин гуфтушунидҳо дигар бовар надорам

Қирғизистон ҳамсояи бисёрасраи мост. Муддати садсолаҳо мо дар шароити сулҳу муросо бари ҳам зистаем. Аммо пас аз пошхўрии давлати шўравӣ бисёр масъалаҳои марзии баҳсбарангез боқӣ мондаанд, ки мо ҳеҷ роҳи ҳаллашонро намеёбем. Ин ҳолат сабаби бархўрдҳои сершумор миёни кишварҳои ҳамсоя гардид. Дар рўзҳои охир низ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон вазъ тезутунд буд, ки оқибат ба хунрезии шадид бурд. Аз ҳарду тараф захмию кушташудагон ҳастанд. Гарчи низоъҳову тирпаррониҳо инҷо қаблан ҳам рух медоданд, кор то ба амалиёти  низомии ин андоза васеъ намерасид. Дар хусуси он ки вазъ чӣ гуна ба ин ҳад расид ва роҳбарияти олии Қирғизистони ҳамсоя, ки нисбати ҳамсояҳои тоҷики худ чунин иғвоангезиҳоро раво мебинад, кадом ҳадфҳоро пайгирӣ мекунад, шореҳи сиёсии мо, зодаи ҷамоати Чоркўҳ Неъматулло Мирсаидов ақида иброз мекунад.

– Шумо ҳодисаҳои рўзҳои охирро, ки дар минтақаи назди сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқўъ пайвастанд, чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон хеле мураккаб, ҳатто таркишпазир аст. Худо ба ҳарду тарафи оқиливу дурандешӣ диҳад ва реҷаи оташбас ҳифз гардад.

Дар ин вазъи тезутунд охиран ба анҷом расондани раванди гуфтушуниди тўлкашида муҳим аст. Зимнан, вақти ҳаллу фасли масъалаҳои сарҳадӣ дар паси мизи музокирот, зарур аст, ки ба ин ҷараён эҳсосу ҳаяҷони намояндагони алоҳидаи Қирғизистон ва сокинони маҳаллӣ, ки боз ҳам ҳамон намояндагон онҳоро шўрандозӣ мекунанд, таъсир расонда натавонад. Ин бояд шарти ҳатмӣ бошад, умуман, шарти ҳар гуфтушунид чунин аст.

Мутаассифона, ҷониби қирғиз зиёд муқобили ин қоида амал мекунад, имкон дорад ҳар лаҳза таҳти таъсири касеву гурўҳе, ки гўиё аз сокинони маҳаллӣ намояндагӣ мекунад, рафти гуфтушунидро тағйир диҳад ва ба ҷойи гуфтугўи бомулоҳиза бо дарназардошти талабҳои пешоварда ва манфиатҳои дуҷониба, барои ба он гурўҳ писанд омадан мекўшад.

Аммо сидқан гўем, ман дигар ба комёб шудани ин гуфтушунидҳо бовар надорам. Чаро? Зеро бисёр чиз ба мавқеи имрўзаи роҳбарияти Қирғизистон вобаста аст. Вақте Содир Ҷабборов (Жапаров) сари қудрат омад, мо умед доштем, ки одами нав бо диди нав омад, ў ваъдаҳои зиёд дар хусуси он дод, ки барои ҳалли ҳарчи зудтари баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон ва Ўзбекистон талош мекунад. Ҳама, аз ҷумла мо ҳам, аз ў умедҳое доштем.

Неъматулло Мирсаидов: Ба комёбшавии ин гуфтушунидҳо дигар бовар надорам
Қамчибек Тошиев и Содир Жапаров

Сипас як рафиқи дигар аз тими ў аз худ дарак дод – ҷаноби Тошиев (сардори Кумитаи амнияти миллии ҶҚ – шарҳи муаллиф), ки бепарда ба парокандани изҳороти иғвоангезона шурўъ намуд. Бояд гуфт, аз аввал, вақте ў дар бораи ивази нуқтаи калони аҳолинишини Ворух ба заминҳои дигар гуфт, мо гумон доштем, ки ў ба гуфтори беэҳтиётона роҳ додааст, фикр накарда гап задааст. Вале вақте дертар ў бо ҷиддияти тамом аз сохтмони обанбор дар дарёи Хоҷа Боқирғон сухан кушод, маълум шуд, ки ин беэҳтиётӣ не, сиёсати мақсадноки давлат аст.

Метавонам тахмин кунам, ки ҷониби қирғиз мехоҳад масъаларо бо такя ба имкониятҳои ҳарбии худ ҳал намояд. Тасодуфӣ набуд, ки дар оғози моҳи апрел онҳо дар навоҳии назди сарҳади мо бо ҷалби миқдори зиёди техника – тонкҳо, зиреҳпўшҳо, силоҳи тирандоз, тўпҳои калонмил машқҳои низомӣ гузаронданд. Пай бурдан душвор нест, ки қисми ин техника аз ду сар дар сарҳад монда мешавад. Ба имкониятҳои низомии нави худ такя намуда, қирғизҳо эҳтимол ба хулосае омаданд, ки ба Тоҷикистон фишори ҳарбӣ оварда метавонанд.

Сипас иғвои навбатӣ дар наздикии нуқтаи аҳолинишини Хоҷаи Аъло, пеши иншооти ирригатсионии «Головная» – пойгоҳи обтақсимкунӣ дар ҳавзаи дарёи Исфара рўй дод. Дар оғоз ҳама фикр карданд, ки онҳо шлюзи худро тармим кардан мехоҳанд, аммо баъд ногоҳ аз куҷое одамони зиёд ҷамъ омаданд. Онҳо аз аҳолии ин маҳал набуданд, аз ҷойҳои дигар оварда шуда буданд. Вале бо чӣ мақсад? Хулоса якест: иғвое ба роҳ мондан, ки ҳадафаш ба амалҳои ҷавобӣ водор намудани шаҳрвандони Тоҷикистон буд. Ва табиист, ки дар дили шаҳрвандони мо хоҳиши ҳимоя кардани хоки худ хуруҷ кард… Онҷо мушаххасан чӣ рўй дод, ҳоло аниқ кардан мебояд, бо вуҷуди ин далели иғвоандозии тарҳрезишуда бешубҳа аст. Ва он чӣ, ки рўй дод, оқибати стратегияи интихобнамудаи ҳукумати Қирғизистон буд.

-Сиёсатмадори қирғиз Денис Бердаков дар мусоҳиба бо CABAR изҳор дошт, ки маҳз барои ҷониби Тоҷикистон ҳарчи бештар ҳалношуда боқӣ мондани масъалаи марзӣ манфиатовар аст, зеро забти хазандаии заминҳои Қирғизистон аз ҳисоби он, ки онҳоро шаҳрвандони ҶТ мехаранд, дар ҷараён мебошад. Шумо ба ин суханҳои Д. Бердаков чӣ гуна баҳо медиҳед ва оё назари ў ифодагари сиёсати ҶҚ аст?

– Аввалан бояд бигўям, ки бо Денис шахсан шинос нестам, лекин дар бораи ў шунидаам. Ў қаблан дар сарҳад буд, мавзўъро омўхт, аммо, ба назар мерасад, танҳо бо аҳолии қирғиз вохўрдааст ва сирф диди онҳоро шунидааст. Ў бо тоҷикон суҳбат накардааст, намедонад, ки хатти сарҳад аз куҷо мегузарад, аз он ки кадом замин ва дар куҷо ба кӣ тааллуқ дорад, ў мумкин тамоман тасаввурот надошта бошад. Дар ҳоле кифоя аст харитаро ба даст гирӣ ва нигарӣ, ки, масалан, нисфи Оқсой, Коктош, нуқтаҳои аҳолинишини Жастик, Арка, Борбурдук, Жанижер, Интернасионал дар куҷо воқеанд. Дар куҷо? Дар қаламрави Тоҷикистон!

Агар алъон дар Интернет «Баткен Гугл карты»-ро ҷустуҷў кунем, харитае пайдо мешавад, ки аз моҳвора аксбардорӣ шудааст. Дар он ба осонӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳамаи ин нуқтаҳои аҳолинишин дар қаламрави Тоҷикистон воқеанд.

Неъматулло Мирсаидов: Ба комёбшавии ин гуфтушунидҳо дигар бовар надорам

Ҷониби Тоҷикистон тамоман аз қирғизҳо пас додани ин заминҳоро талаб надорад, зеро қабул дорад, ки қирғизҳо онҷо реша давондаанд, рўзгор дуруст кардаанд – бигзор зиндагӣ кунанд. Аммо аз ин зиёдро талаб надошта бошанд. Яъне, тавре мебинед, ҳоло маълум нест, ки кӣ ба куҷо хазида, «ишғоли хазанда»-ро ба роҳ мондааст.

Масалан, Оқсойи имрўза, ки соли 1975 дар 300 гектар замини Тоҷикистон сохта шудааст. Он солҳо колхози «Правда»-и Тоҷикистон корҳои нақшарезии 700 гектар заминро анҷом дод, ба онҷо об гузаронд ва омода буд, ки ин масоҳатҳоро ба заминҳои кишоварзӣ табдил диҳад. Вале ногоҳ бо қарори боло дархост шуд, ки минтақаи мазкур ба истифодаи қирғизҳо дода шавад. Ба Қирғизистон 300 га аз он заминҳо гузашт, ки Оқсойи имрўза ҳам онҷо ҷой гирифтааст. Дертар он ба худ заминҳои Тоҷикистонро ҳамроҳ карда, то ба андозаҳои бемисл калон шуд. Пас, бори дигар: кӣ ва ба куҷо мехазад?

Ё бигирем деҳаи имрўзаи Коктошро. Онҷо мардуме зиндагӣ мекунад, ки тоҷикон оварда маскун кардаанд. Дар солҳои 30-40-ум, замоне ки коллективизатсияи хоҷагии деҳот мерафт, қирғизонеро, ки дар доманакўҳҳо ҳаёти кўчӣ мебурданд, ба зиндагии муқимӣ мутобиқ мекарданд. Ба хотири таҳсил дидан, ба кор таъмин шудан онҳоро оварда, дар ҳудуди колхозҳои тоҷикӣ замин доданд, фарзандонашонро дар мактабҳои тоҷикӣ мехононданд. Ба ин тариқ, онҳо дар заминҳое зиндагӣ мекунанд, ки аслан ба Тоҷикистон тааллуқ доштанд.

Фаҳмост, ки нуфуси аҳолии қирғиз рў ба афзоиш аст ва онҳо ба заминҳои иловагӣ эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Аммо ба ҷойи коркарду азхуднамоии заминҳои худ онҳо ба хоки тоҷикон чашм ало менамоянд, то ки пораи аз ин ҳам бештареро барои худ канда гиранд. Бо ҳамин усул аллакай соҳилҳои Исфараро аз они худ кардаанд, ки онҷо қирғизҳо якҷониба роҳи Коктош-Оқсой, Тамдиқро бунёд намудаанд. Соли 2014 аз ин сабаб онҷо низое бархест, ки ба ихтилофи низомӣ табдил ёфт.

Пас чӣ тавр Бердаков баъди ин метавонад аз ишғоли хазандаи заминҳои онҳо сухан кунад, ки дар асл Қирғизистон амалан ҳудудҳои Тоҷикистонро забт кардааст? Қаблан барои ифодаи ҳолати ҳуқуқии заминҳои мо аз «аннексия» гуфтан ҷоиз буд, аммо имрўз ин «оккупатсия», «истило» аст, зеро ба онҷо низомиён омаданд. Аз ин бармеояд, ки нақшаи ишғоли иҷборӣ вуҷуд дорад ва «ишғоли иҷборӣ» ҳамон «истило», «забт» аст.

Тоҷикон ҳеҷ гоҳ аз тўл кашидани гуфтушунид манфиате надоштанд ва кайҳо боз мунтазири ба охир расидани раванди демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад мебошанд. Баръакс, ба ин Қирғизистон манфиатдор аст, ки даҳсолаҳо боз вазъро дар ҳолати номуайянӣ нигоҳ доштааст, то ки боз бештар дар заминҳои ишғолӣ мавқеъ устувор кунад.

– Дар расонаҳои қирғизӣ ва зимни суханрониҳои амалдорони сиёсии қирғиз борҳо садо додааст, ки ин хоки баҳсӣ ба Қирғизистон тааллуқ дорад. Яъне дар ҶҚ дар сатҳи ҳукумат ақидае талқин мешавад, ки онҳо барои қаламрави худ, барои хоки Қирғизистон мубориза мебаранд. Оё онҷо имкони дарки воқеӣ ва тасмимгирии дуруст вуҷуд дорад, ки тавонад дар пешгирӣ аз идомаи хунрезӣ ёрӣ расонад?

– Ин кор ҳаст ва онро намояндагони парлумону ҳукумати қирғиз ва роҳбарияти олии кишвар пеш мебаранд. Онҳо ҳақиқатро дар бораи мансубияти заминҳои соҳили дарёи Исфара ва гарданаи Ворух аз шаҳрвандони худ пинҳон медоранд. Охир, ошкоро гуфтани ҳақиқат маънии эътироф кардани онро дорад, ки ин сарзамин аз азал ба тоҷикон тааллуқ дорад. На ҳамаи қирғизон ба харитаҳои сиёсӣ дастрасӣ доранд – як назар ба онҳо кофӣ аст, ки бовар ҳосил кунӣ, замин замини тоҷикон аст ва онҳо истилогаранд. Дар зимн раванди забт хеле боз идома дорад ва кўшиши имрўзаи ба анклав табдил додани Ворух натиҷаи сиёсати пайвастаи истилогаронаи ҶҚ аст.

Неъматулло Мирсаидов: Ба комёбшавии ин гуфтушунидҳо дигар бовар надорам
Дар харитаи замони ИҶШС равшан аён аст, ки Ворух анклав нест. Ягон ҳуҷҷату санади расмие вуҷуд надорад ва ҳеҷ гоҳ вуҷуд ҳам надошт, ки ба кишвари ҳамсоя бахшида шудани ин заминҳоро исбот кунад.

Манфиати дигари Қирғизистон дар он аст, ки аз тариқи хоки мо роҳи бевосита ба ноҳияи Лайлак мегузарад. Ноҳияи мазкур аслан аз тамоми Қирғизистон ҷудо, дар инзиво аст. Роҳи рўизаминӣ тавассути қаламрави Қирғизистон ба ин ноҳия вуҷуд надорад – барои ин аз ҳудуди Исфара гузаштан лозим меояд. Ба дигар самтҳо аз ноҳияи Лайлак ҳаракат кардан ғайриимкон аст, зеро кўҳҳои баланде монеъ мешаванд, ки тариқи онҳо ҷодасозӣ имкон надорад. Роҳи ягона боқӣ мемонад – ба воситаи Тоҷикистон. Аммо Қирғизистон мехоҳад роҳи мустақими нақлиётӣ дошта бошад. Яъне дар ҳоле ки имкони бунёд кардани роҳҳои нақлиётиро тариқи қаламрави худ надорад, қаллобии сиёсиро ба кор мебарад. Рўйирост ба тақаллубкорӣ даст зада, қаламрави моро хоки худ эълон менамояд. Ҳамаи манбаъву ҳуҷҷатҳоеро, ки ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот месозанд, сарфи назар мекунад.

Аз ин сабаб ҳама он чизҳое, ки сиёсатмадорон мегўянд, илқои ошкори дурўғу фиреб тариқи расонаҳо аст. Ҳампешагони мо аз Қирғизистон низ кўшиши мустақилона таҳлил кардани масъаларо пеш намегиранд, зоҳиран, ба ҳаяҷони ватанпарастона дода шудаанд. Касе ба гуфтани ҳақиқат манфиатдор нест, зеро ҳақиқат муқобили манфиатҳои миллии Қирғизистон аст.

– Рўзноманигори тоҷикистонӣ Олта Тутубалина, муҳаррири рўзнома ва сомонаи «Азия-Плюс», дирўз пости зеринро ҷой дод: «Шояд, барои тағйироти демократӣ дар Қирғизистон ва хоса дар ВАО миллионҳо миллион сарфу харҷ шуда бошад. Худи мо ҳам онҷо таҳсил кардаем – кӣ аз мактаби САҲА (ОБСЕ) дар Бишкек нагузаштааст? Аммо дар натиҷа чӣ? Ҳеҷ як ВАО-и қирғизӣ – ман махсус пайгирӣ кардам (агар ёфта ба ман нишон диҳед, хурсанд мешавам) – ақида/ изҳороти тарафи Тоҷикистонро намеорад. Барои шумо ин қадар пулро аз баҳри чӣ сарф карданд? Ҳампешагонам мегўянд, ки ВАО-и русӣ низ ҳамин гуна яктарафа низоъро баррасӣ мекунанд (бо тарафдорӣ аз Қирғизистон). 

Бисёр рўзноманигорони тоҷик ақидаи О. Тутубалинаро дастгирӣ намуданд. Оё шумо бо диди ў розӣ ҳастед? Ва агар посух мусбат бошад, чӣ тавр шуд, ки кишвари аз ҳама демократии минтақаи ОМ ва расонаҳои он ҳодисотро чунин ғайрихолисона бозгў мекунад?

– Меъёрҳои журналистикаи байналмилалӣ ҳангоми баррасии воқеот дар хотир доштани он аст, ки бояд иттилоот саҳеҳ, объективӣ, мунсифона, бо риояи тавозун, истифода аз манбаъҳои ифодагари назару ақидаҳои гуногун бошад. Журналистони ОМ ин меъёрҳоро дар курсҳо, тренингҳо ва семинарҳои мухталиф меомўхтанд, онҳоро барои таҳсил ва таҷрибаомўзӣ ба кишварҳои гуногун даъват менамуданд. Ба Қирғизистон ҳам барои таҳсил мерафтанд. Худи ман дар мактаби ВВС дар Екатеринбург таҷрибаомўзӣ кардаам.

Мо воқеан мехостем баррасию пахши боинсифонаи ҳодисаҳоро ёд гирем. Назди он рўзноманигороне сари таъзим фуруд меорам, ки ҳеҷ гоҳ мавқеи худро тағйир намедиҳанд ва дар шароити душвортарин ҳам мекўшанд меъёрҳои байналмилалиро риоя намоянд. Баррасии дуруст, ҳақиқатнигорона барои ба субот овардани вазъ мусоидат мекунад. Вале вақте ба ҳодисаҳо баҳои яктарафа дода, ин яктарафагиро ҳамчун воқеияти ягона ҷилва доданӣ мешаванд, ки ба он хонандагон низ бовар мекунанд, бад аст. Ғайр аз он, ин навъ «маводи журналистӣ» барои ҳимояи гўё манфиатҳои миллӣ даъвате мешавад. Аммо, агар ҳимояи мазкур бо усулҳои ғайриодилона ба роҳ монда шуда бошад, худи журналист ҳам ба ин беадолатӣ ҳамроҳ мешавад. Мутаассифона, имрўз дар Қирғизистон ҳамин ҳол роиҷ аст.

Ман медонам, ки дар Қирғизистон журналистони ҳақиқатнигору воқеъбин зиёданд. Ва ин гуна журналистон дар ин рўзҳо бо ман тамос мегирифтанд, хоҳиш менамуданд, ки муносибати худро ба ин ҳодисаҳо арз кунам. Аммо онҳо қирғизҳое буданд, ки дар расонаҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд ва вазифадоранд меъёрҳоро риоя намоянд. Лек ВАО-и миллии қирғиз барои баррасии холисонаи мавзуъ кўшиш намекунанд. Имрўз дар саҳифаҳои нашрияе аз қабили, масалан, Turmush ҳодисаҳои марз аз оғоз то охир яктарафа инъикос меёбанд. Онҳо ҳатто барои тамос гирифтан бо намояндагони Тоҷикистон аз тариқи Интернет талош намекунанд, то ки мавқеи тарафи мухолифро низ инъикос намоянд.

Ман Олга Тутубалинаро ҳамчун як хабарнигори поквиҷдон мешиносам ва гуфтаҳои ў дар ин маврид дурустанд. Ва интишороти сомонаи «Азия-Плюс»-ро, ки ҳамеша кўшиш мекунад назари мухолифро ҳам баён намояд, аз назар мегузаронам. Ин нашрияи касбист, ки аз халалдор намудани меъёрҳо худдорӣ мекунад. Мутаассифона, дўстони қирғизи мо имрўз дар ин кор намунаи ибрат шуда наметавонанд.

–Барои суҳбат ташаккур.

Оцените статью

Неъматулло Мирсаидов: Ба комёбшавии ин гуфтушунидҳо дигар бовар надорам Қирғизистон ҳамсояи бисёрасраи мост. Муддати садсолаҳо мо дар шароити сулҳу муросо бари ҳам зистаем. Аммо пас аз пошхўрии давлати шўравӣ бисёр масъалаҳои марзии баҳсбарангез боқӣ мондаанд, ки мо ҳеҷ роҳи ҳаллашонро намеёбем. Ин ҳолат сабаби бархўрдҳои сершумор миёни кишварҳои ҳамсоя гардид. Дар рўзҳои охир низ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон вазъ тезутунд буд, ки оқибат ба […]
5 1 5 9
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.