НАВРЎЗ, ИСТИҚЛОЛИЯТ, ФАРҲАНГ ВА ҲУНАРИ НАВИН (1)

https://www.advantour.com

Қисми 1 (Акс аз www.advantour.com)

Ҳар баҳор, вақти омад-омади Наврўз мардуми мо сару либос ва ҷои зисташонро тамиз мекунанд, ба таҷдиди соли нав, ҳаёти нав, таҷдиди назар ва андешаи нав омодагӣ мегиранд.

Мо низ имрўз тибқи ҳамин суннат ба рўзгор, ба андеша ва хосатан ҳунарҳои худ таҷдиди назар мекунем. Шукри тақдир мекунем, ки дар давраи истиқлол умр ба сар мебарем, дар ҳамин фазо кору фаъолият менамоем, Наврўзи наву комилро ҷашн мегирем.

Имрўз баъди 30 соли Истиқлол ба ҳаёту дастовардҳои хеш назар карда, онро баҳо медиҳем.

Яъне биёед аз таҷрибаи 30 соли гузаштаи хеш хулоса барорем, ки чӣ будему чӣ шудем. Истиқлолият ба рўзгор, олами ботиниамон, ба фарҳангамон чӣ овард?

Таҷриба нишон медиҳад, ки Истиқлолияти давлатӣ бо истиқлолияти иҷтимоӣ, истиқлолияти фардӣ, истиқлолияти кору эҷодиётамон пайванди ногусастанӣ доштааст.

Дар давраи нави таърихӣ – давраи Истиқлол ва фарҳанги тоҷик дар муқоиса бо давраҳои қаблӣ, бахусус бо замони шўравӣ дорои вижагиҳои хос аст.

Муҳим он аст, ки дар қадамҳои аввалини Истиқлолият мо бузургсолон ба насли наврас на дидгоҳи муваққатӣ, “гузаранда”, на арзишҳои нисбии тасодуфӣ ва якрўза, на маънавиёти яктарафаю маҳдуд ва заҳролудкунанда ё таассубӣ, балки арзишу маънавиёти воқеан асил, устувору ҷавҳарие пешниҳод кардем, ки аз сарчашмаи арзишҳои худӣ ва умумибашарӣ баҳравар буданд.

Истиқлолият – он озодиест, ки дар ҷомеаи инсонӣ зиндагӣ карда, қоидаву қонунҳои онро бояд дониста, тибқи он амал намуда, роҳеро бояд пеш бурд, ки ба рушди шахсу рушди ҷомеа монеа набошад, натиҷаи фаъолияти ҳар шахс ба ҳифзи арзишҳои миллат ва аҳли башар хидмат намояд.

Аз ин ҷост, ки Истиқлолият фазои нави иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва пеш аз ҳама мафкуравӣ мебошад. Истиқлолият пеш аз ҳама дидгоҳи нав, тафаккури нав аст.

Дидгоҳи нав, яъне чӣ?

Истиқлолият – раванд аст, протсесс аст ва пеш аз ҳама раванди комилшавии шуури ҷомеа. Диди нав ҳамчун падидаи ташаккулкунандаи иҷтимоӣ, акнун нишонаҳояшро зуҳур менамояд.

Истиқлолият – аз дидгоҳи равониву фарҳангӣ – худшиносист. Расидан ба тафаккури нав, ба худшиносии нав он маъниро надорад, ки аз ин пеш мо худшиносии хешро надоштем. Худшиносии пешина дар партави дигар мафҳуму арзишҳо ва дар қолаби дигар сохтори иҷтимоӣ ва сиёсӣ вуҷуд дошт, ба истилоҳ, худшиносии миллии шўравӣ буд, ки хусусиятҳои хоси худро дошту аз худшиносӣ ва истиқлолияти воқеию комили миллӣ ҳанўз дур буд. Акнун имрўз дар фазои истиқлолияти комили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ мо ба давраи ташаккулёбии худшиносии миллӣ расидаем. Шояд ин худшиносӣ ҳанўз комилу сабзида набошад, чароки ҳанўз дар баъзе мавридҳо тафаккури шўравӣ, тафаккури асотирӣ ва ҳатто хурофоти асримиёнагӣ худро зоҳир менамоянд. Вале набояд фаромўш кард, ки тафаккури миллат ё қавм аслан мисли тахтаи мактабӣ нест, ки битавонӣ онро фавран чизе бинависӣ ва  баъд ҳамон зайл фавран покаш кунӣ. Барои комил шудани худшиносии миллӣ, рушди он даҳсолаҳо лозим аст. Аммо муҳимтарин дастоварди истиқлолият ин буда, ки ниҳоли худшиносӣ дубора шинонда шуд ва он алъон месабзад ва боиси рушду камоли ҳар шаҳрванд ва тамоми ҷомеа гардида аст.

Диди нав – ин шинохтани масъулият пеши худу таърих ва пеши наслҳои оянда аст. Тақдиру таърих ҷомеаи мову шуморо интихоб кардаву шанс додааст, ки миёни роҳҳои гуногун роҳеро интихоб намоем, ки минбаъд шоҳроҳи ҳаёти миллату кишвар гардад. Диди нав – интихоб аст, интихоби худӣ аз нохудӣ, интихоб аз ғайр. Ва дарку фаҳмиши ин чиз аз мову шумо ҳам хирадмандӣ ва ҳам иродаву ҷасорати қавиро тақозо дорад. Диди нав – ин интихоби роҳи дурусти таърихиест, ки моро бояд ба сўи демократия, парастиши арзишҳои дунявӣ, волоияти қонуну хирад, маърифат ва ҳуқуқи инсону ҷомеа бубарад. Диди нав моро аз вартаи тафаккури кўҳнаи хурофотӣ бояд бираҳонад. Аммо ин он маъноро надорад, ки аз омўхтани мероси бойи гузаштагонамон даст бикашем. Маҳз аз дидгоҳи нав омўзишу шинохти мероси гузаштагонамон методологияи ҷадиду ҷиддиро ниёз дорад, методологияеро, ки ба ҳадафу манфиатҳои умдаи миллии мо ҷавобгў бошад.

Файласуфи Олмонӣ Нитше дар ин раванд моро огоҳ карда аст: «На фақат ҳикмат, балки ҷунунии асрҳо низ дар вуҷуди мо талотум мезанад. Меросбар будан хатарнок аст».

Дар мероси гузаштагонамон мо бояд оташеро ҷўё бошем, ки барои афрўхтани тафаккури наву пешқадами миллат саҳм гирад, нерўбахш бошад. Мероси гузашта моро сарчашмаи сабақу илҳом бояд бошад, сарчашмаи ғояҳои баланди инсонгароӣ, худогоҳӣ, созандагӣ, сарчашмаи илҳому касбияти хеле олӣ, сарчашмаи ифтихор ва омўзиши шахсиятҳои хеле барҷаста, ки ҳар кадом дар кайҳони фарҳанги башарӣ ҷоеву мақоме доранд. Гузаштаи фарҳангии мо барои сохтани тақдири кишвари соҳибистиқлол ва истиқлолияти фардии ҳар кадоми мо бояд саҳм бигирад. Мо набояд аз гузаштаи хеш меҳроб созем. Мову шумо бояд тавоноие дошта бошем, ки арзишу суннатҳои бойи гузаштаро бо талаботи замони нав, бо тамоили арзишҳои башарӣ қиёсу мутобиқ карда тавонем. Вагарна маҳдуд мемонем. Вагарна танҳо барои ниёзҳои якрўзаву музофотии хеш амале содир мекунем ва ба рушди миллатамон зомин мешавем.

Азхудкунӣ ва интихобу татбиқи мероси гузашта ба контекст ё раванди ҳаёти имрўзаи миллат муносибати кўр-кўронаро намебардорад. Наметавон ҳаёти навро бо ченак ва арзишҳои кўҳна ифода ва ё таҷассум кард.

Мо бояд ба оянда назар кунем, қуллаҳои навтарини маънавиёту беҳбудии зиндагиро фатҳ кунем. Барои ин мо бояд мероси маънавии худро аз ин нигоҳ дубора мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор диҳем, ба тамаддуни кишварҳои пешсаф назар андозем, аз онҳо сабақ омўзем ва тарзу усулҳои ба зиндагии мову шумо мувофиқро интихобу ихтироъ намоем. Аз ин хотир, диди нав диди музофотӣ, диди деҳотӣ нест, диди сивилизатсионӣ, тамаддунӣ, диди стратегӣ аст.

Хуллас, диди нав ин дарки он аст, ки ҳар фард ва ҷомеа дарк ва шууран донистааст, ки ў соҳиби истиқлолият аст.

Пайваста ба ин дар фазои фарҳанг ва маънавиёт диди нав инъикоси ҳамаи ин самтҳои шуури ҷомеаи мост, дидест, ки орӣ аз боқимондаҳои принсипҳои арзишгароии ақибмондаи давраи пеш, парастиши нерўҳои созандагии инсон ва ҷомеа, парастиши касбияту бадеияти баланди нотакрор, парастишу такмили анъаноту суннатҳои баланди ҳунари бобоӣ дар контексти принсипҳои маънавиёти нави миллӣ. Диди нав дар худ идея ва идеали нави иҷтимоӣ дорад. Диди нав – ин инсони нави соҳибистиқлолу созанда аст.

Диди нав дар ҳама сатҳу намудҳои зиндагии мардум бояд зуҳур ёбад.

НАВРЎЗ, ИСТИҚЛОЛИЯТ, ФАРҲАНГ ВА ҲУНАРИ НАВИН (1)
Акс: www.advantour.com

Истиқлолияти Тоҷикистон ва шуури нави иҷтимоӣ, ки барои ба вуҷуд омадани он вазъи соҳибихтиёрӣ ва интихоби роҳи демократӣ, дунявии кишвар таҳкурсӣ гузошт, аҳли фарҳанг ва ҳунарро имрўз вазифадор менамояд, ки ба муродифи арзишҳои пешинаи ҷомеа, бахусус дастовардҳои адабу ҳунар диду назари тозае пешниҳод кунанд. Диди нав дар худ бояд тарғиби идея ва идеали нави иҷтимоӣ дошта бошад. Воқеияти нави таърихӣ дар худ ҳодисаҳои нав, бархўрду низоъҳои нав, қаҳрамони навро ба миён овард ва минбаъд меоварад.

Ҳамаи ин нафақат андеша ва таҳлилҳои фалсафӣ, илмӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро тақозо менамояд, балки ба инъикосу баррасиҳои бадеию эстетикӣ низ ниёз дорад.

Аз ин сабаб, ҳунари замони Истиқлол аз давраҳои пешин бояд фарқи зиёде дошта бошад. Тавре ки ишора шуд, санъату ҳунари Истиқлол паёми нави созанда, мавзўи нав, методологияи нав, консепсияи нав, қаҳрамони навро тақозо менамояд. Аз ин рў, суол пеш мояд, ки оё ҳунари имрўзаи тоҷик ба ҳамин қутбҳои зикршуда наздик шудааст ё не?

Дар мавриди ҷашнҳои ниёгонамон, ки мо дар замони Истиқлолият бештар тавонистем онҳо таҳқиқу баррасӣ намоем, чанд нукта бахусус, роҷеъ ба Наврӯз мегӯем, ки албатта, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада инҳо ба ҳамдигар пайвандии ногусастанӣ доранд ва тавъам ҳастанд. Дар масири таърих ин ҷашнҳо зиёд осебу таҷовуз аз ҷониби аҷнабиён дидаанд, алалхусус ҷашни Наврӯз марҳилаҳои аҷибу ғариберо пушти сар карда ва ба гунаи як тани захмӣ то ба мо омада расид, нобуд нашуд ва имкони нобуд карданашро душманонаш надоштанд, зеро ин ҷашн сирф бо табиат ва гардиши моҳу ситора алоқамандӣ дошту дорад ва аз нигоҳи илми нуҷумшиносӣ низ ин ҷашн тақвимӣ асту ҳеч иртиботе бо ҳеч кешу оине надорад. Вале дар тӯли таърих нисбати ин ҷашн хурдагириҳои зиёде намуданд, бахусус баъди истилои сарзаминҳои ориёӣ аз ҷониби арабҳо, Наврӯз қисмати сангинеро пушти сар гузошт. Арабҳо бидуни фаҳму тақиқ Наврӯзро ҳамчун ҷашни кеши Зардуштӣ дониста, барои таҷлил ё тадқиқот бурдан иҷоза надоданд ва ин рафтор то аввали асри 20 нисбати Наврӯз анҷом дода шуд ва баъд аз истилои русҳо низ Наврӯз мақоме пайдо накард, зеро русҳо низ ин ҷашни диниву мазҳабӣ гуморида, барои таҷлилаш монеаҳо эҷод намуданд, вале Истиқлолият ба мо имкон дод, ки бо ҳама нафосату ҷибиллаташ Наврӯзро ҷашн бигирем, то ҷое пажуҳиш намоем ва ҳам ба ҷаҳониён пайғом бидиҳем, ки ин ҷашни умумибашарист.

НАВРЎЗ, ИСТИҚЛОЛИЯТ, ФАРҲАНГ ВА ҲУНАРИ НАВИН (1)
Акс: www.advantour.com

«Нарўзи суннатӣ»-ро дар асл ягон маъхазу маводи таърихӣ ё артефакт таъкид накардааст ва таъкид карда ҳам наметавонист, чаро ки ҷашни мазкур пеш аз воқеаҳои таърихӣ ба вуқўъ омада, аз ҳодисаҳои таърихӣ низ қадимтар аст. Фақат мусаллам аст, ҳар давра ва тамаддун кўшидааст, Наврўзро ба раванду парастишҳо ва арзишҳои хеш каме ҳам бошад ба худ ром кунад. Ками андар ками ин ромкуниҳо аз тарафи Наврўз қабул мешуд (агар аз ин пешниҳодҳо ба муҳтавои он мувофиқ мебуд), дигар ғолибан инкор мешуд ё зўракӣ истифода мешуд, то фаро расидани давраи навбатӣ ва тамаддуни нав боз кўшишҳои беҳуда мекард. Ҳамин тавр ин ҷашн то давраи мо расид. Аз рўи баъзе нишонаҳо метавон доир ба Наврўз дар давраи Ҳахоманишиён, давраи Сосониён, Сомониён, давраи ислом, давраи шўравӣ ҳарф зад.

Фарҳанги Наврўз дар замони Истиқлол чӣ гуна аст? Бо кадом мушкилӣ ва таҳдидҳо дучор мегардад?

Дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон ҷашни Наврўз дар ду шакл – суннатӣ ва нав маъмул шуд.

«Суннатӣ»-ро дар нохунак мегирем, барои он ки ин мафҳум дар ин раванд ба маънои нисбӣ истифода шуда, шакли нисбатан қадимаро ифода намуда, бештар ҷашни деҳоту музофотро дар бар мегирад, ҷашнест, ки унсурҳо ва мундариҷаи анъанавии Наврўз зикр мешавад. Вале бе шак ҳар музофот, деҳа, вилоят усулу тарзи хоси ҷашнро анъанавӣ зоҳир менамояд. Яъне, дар Бадахшон як шаклу муҳтаво, Зарафшон дигар, Кўлоб дигар, Бухорову Самарқанду Ҳисору Суғд шакли ба худ хос доранд.

Шакли суннатӣ дар Тоҷикистон боз дорои чунин хусусиятҳо мебошад:

Деҳотиён бо коркарди баҳории замину чорво машғул мешаванд. Ҷӯйю каналҳоро ба обёрии замин тайёр мекунанд. Говҳо ё техникаро ба ҷуфти замин омода менамоянд. Заминро шудгор мекунанд. Тухмӣ мекоранд. Ниҳол мешинонанд ва амсоли онҳо.

Ҷашнро аввал дар оила ва баъд сарҷамъона дар маҳал, деҳа мегузаронанд, занҳо “Суманак” мепазанд.

Марду зан рўзона ҳар касе чӣ ҳунаре дорад, намоиш медиҳад. Занҳо даф мезананд, рақсу сурудхонӣ мекунанд. Мардҳо Фалак мехонанд, най менавозанд, ромишгарӣ мекунанд, ба хотири хушҳолии хеш ва дигарон саҳнаҳои ҳаҷвӣ иҷро мекунанд. Масалан, ба тарзу усули юрмон, дигар ҳайвонот тақлидкорӣ мекунанд, аз чўбу латта «асп» сохта, рақси «аспсаворӣ» мекунанд ё ба пойҳои худ хода баста, дорбозӣ мекунанд, ширинкорӣ менамоянд.

Дар ин ҷашн, ба истилоҳ, ҳар кас (зану мард) ба таъбири М. Бахтин (пешниҳод кардаи назарияи карнавал) худ ҳам тамошогар ва ҳам актёр мешаванд.

Мусобиқаҳои варзишии мардумӣ аз қабили гўштини миллӣ, бузкашӣ ва ғайра ташкил мекунанд, кўдакон бозиҳои наврўзӣ меороянд.

Наврўз фарҳангест, ки покизагиву оростагиро мепарастад. Ҳамин чиз сабаб мешавад, ки дар баъзе маҳалҳо манзили зистро аз ғубори яксола тоза мекунанд, ҳатман рўзи наврўзӣ либоси тозаву идона ба бар мекунанд. Расму оинҳои бобоиро ба ёд оварда, аз паи иҷрои он мешаванд. Масалан, этнограф Муҳиддинов доир ба расму оини бобоии бадахшониён тадқиқот гузаронидааст, ки муҳтавояш аз замонҳои дури гузашта, аз давраи устуравӣ хабар медиҳад.

Дар ҷашни суннатӣ ҳаҷву хушнудӣ, зарофат мақоми аввалиндараҷаро касб мекунад. Наврўз ба ҷашни хушҳоливу ҳаҷвнигорӣ табдил ёфта, он дар тамоми ҳунарҳои мардумӣ ҷой меёбад. Яъне дар Наврўзи суннатӣ ҳаҷву танз, лутфи латиф мақеи калидиро касб мекунад.

Ҷашни нав дар Тоҷикистон аслан дар марказ тавлид ёфта, бисёриҳо онро моли Ҳукумат медонанд. Ин ҷашн аз чунин хусусиятҳо иборат мебошад:

Ҳашарҳои ниҳолшинонӣ, умуман ободонии боғу гулгаштҳо.

Оростани варзишҳои касбӣ, аз қабили дави миллӣ, мусобиқаҳои велосипедронӣ ва ғайра.

Намоишҳои ғизопазӣ ва кондитерӣ

Гуфем, ки Наврўз фарҳангест, ки покизагиву оростагиро мепарастад. Аз ин рў, дар ҷашни Наврӯз низ намоиши либоси миллӣ, («Чакомаи гесу»), дигар озмунҳои ҳунарӣ ва касбӣ, ки зимнан рўҳияи зебоипарастӣ доранд, дар рўзи ҷашн зуҳур меёбанд.

Вале аз ҳама муҳим намоиши театрӣ мебошад. Хусусияти ин намоиш дар он аст, ки тамошобинон дар курсиҳои стадион ё монанди ин марказҳои намоишию серодам нишаста, барномаҳои пешакии варзишию ҳунарии артистони касбӣ ва варзиширо тамошо мекунанд. Яъне тамошогар дар ин маърака мисле, ки дар намоиши Наврўзи суннатӣ ҳам актёр асту ҳам тамошогар, фаъол нест, пассив аст. Ҳама тибқи сенария сурат мегирад, ҳама чиз пешакӣ муайян шуда, чизи ғайричашмдошт кам дида мешавад. Дар ин намоиш ҳаҷвнигорӣ низ дида мешавад, вале дар вақту соати муайян, тибқи намоишнома ва бо меъёраш.

Рўҳияи асосии ин намоиш, дар муқоиса бо Наврўзи суннатӣ, ки хурсандии ҳозирин аст, тантана аст – тантанаи баҳор, тантанаи Истиқлол, тараннуми дигар чизҳо. Яъне тарзи нави ҷашнгирӣ оҳанги расмӣ (ё ба истилоҳи дигар пафос) дорад.

Дар рафти ин намоиш технологияи навин, лазеру компютер, аниматсия, дрон ва мушакпаррониҳо истифода карда мешаванд.

Яъне дар ин контекст ҷашни Наврўз – ҷашни иҷтимоӣ аст, на ҷашни оилавию маҳал.

Бо сабаби он ки дар ҷомеа ҳанўз проблемаҳои тарғиби тафаккури нав, арзишу диди нави Истиқлол вуҷуд дорад, ин намоиши театрӣ ба ташвиқи ин ҳадафҳо мепардозад. Аз ин рў, баъзан ба шиорпартоӣ ва шаклҳои соддалавҳона роҳ медиҳад.

Дар тарғиби он воситаҳои ахбори умум истифода мешаванд (бештар телевизиону радио). Дар тағиби Наврўзи суннатӣ фақат завқи соҳибкасбони хос аз телевизиону радио мушоҳида мешавад…

Ин ду шакли ҷашнгирӣ байни худ ҳарчанд тафовут дошта бошанд ҳам, аммо якдигарро инкор намекунанд, баракс, фазои Наврўзро васеъ менамоянд. Ин ҳар ду дар маҷмўъ ба баррасии ҳадафу мақсадҳои Наврўз, ба фалсафаву муҳтавои он хидмат мекунанд.

Фалсафаи Наврўз чӣ аст? Чӣ чиз онро писандидаи ҷаҳон кардааст?

Пеш аз ҳама барои Наврўз, ки маросими тақвимӣ аст, парастиши замин, экологияи он ва умуман экологияи табиат муҳим аст. Ягона нерўе, ки нигаҳбону парастандаи замину табит мебошад, инсон аст. Аз ин рў, инсон низ бо тамоми арзишҳои созандаву гуманистиаш дар қатори арзишҳои наврўзӣ меистад. Фалсафаи Наврўз – фалсафаю фарҳанги ҳувиятсоз буда, фазои олами моддӣ ва маънавии мардумро муайян менамояд, ба вай рўҳияи оптимистӣ эҳдо менамояд. Наврўз аз мероси моддӣ ва маънавии инсоният (пеш аз ҳама ориёиҳо) мебошад, ки аз давраҳои гузашта, то ба имрӯз расидааст. Ин мерос то ба имрӯз иборат аз бахшҳои калидӣ буда, заминагузори ҳувияти инсонӣ мебошад.

Наврўз ҳар чанд маросими тақвимӣ аст, яъне гўё сарбаставу такроршаванда, вале ҳамеша ба нерўи инсонӣ, ки дар маҷмўъ нерўи пешраванда ва навовар, тарафгири фарзияву пешгӯиҳои илмӣ буду ҳаст, такия мекарду мекунад.

Такроршавии Наврўз феъли спиралӣ дорад, яъне вай гўё такрор мешавад, вале ин такроршавӣ дар нуқтаи пешина не, балки дар нуқта болотар мавқеъ мегирад.

Аз ин рў, ҳаёти имрўзаву оянда ба ҳамин сифатҳо ниёз доранд. Аз ин ҷост, ки миллати тоҷик кўшиш дорад рў ба рушду инкишоф оварда, муаммоҳои зиндагии худро дарёфта ва шароити моддиёту иҷтимоиёти худро рўз то рўз беҳтар намояд ва рў ба кишварҳои мутараққӣ биоварад. Албатта, ин кор кори сода нест, вале азми миллати мо дар ин раванд қавиирода аст. Масалан, мо медонем, ки дар Тоҷикистони имрўза протсессҳои табаддулсозии иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва пеш аз ҳама арзишиву мафкуравӣ дар мадди аввал истодааст. Масалан, ташаббуси давлат дар ба низом даровардани расму оинҳо, пайдо намудани захираҳои табиии ҳаётан муҳим, барқарор кардани инфрасохторҳои саноатӣ, хизматрасонӣ, ҷоннок кардани соҳаи туризми дохилӣ ва хориҷӣ, бо кор таъмин намудани аксарияти аҳолии коршоям, ба назар гирифтани фазои экологии мамлакат, тандурустии аҳолӣ, тадбири воситаҳои пешсафона ва босифати таълим ва тарбияи насли наврас, барқарор намудани мақоми муаллим дар ҷомеа, эҳёи оинҳои азбайнрафта, ба мисли “Шашмақом”, “Фалак”, расму оини либоспўшӣ, ҳунарҳои мардумӣ, нақши зиёиёни миллат дар интихоби роҳҳои дурусти пешрафти миллат ба сўи оянда, минбаъд пайдо кардани роҳҳои бартараф намудани монеаҳое, ки метавонанд дар пешрафти фарҳанги миллат мушкилӣ эҷод намоянд, аз қабили таъсири протсессҳои ҷаҳонишавӣ ба забони модарӣ, ҳувияти миллат ва ғайра мебошанд.

Яке аз мавзўҳои мубрами рўз – масъалаи решаёбӣ аз ақибмондагӣ, консерватизм, васоити рушди ҷомеа ва фарҳанг, роҳҳои дар ҷомеа ҷорӣ кардани диди нав, андешаи нави созанда, тафаккури нави инсони пешқадам, ба фарҳанги асил ворид намудани унсурҳои навини созанда ва бунёдӣ мебошанд. Мардуми мо таҳти роҳбарии донишварони зеҳнии худ ҳалли ҳамин муаммоҳоро ҷустуҷў ва ҳал намуда истодааст, кишвари моро аз асорати сирф аграрӣ, падарсолорӣ, косерватизм, парастиши хурофот халос намуда истода, рў ба инкишофи иқтисодиёт, парастиши истеҳсолоти агросаноатӣ, рў овардан ба бозори воқеии рақобатпазири ҷаҳонӣ намудааст. Дар ҳамин радиф моҳият ва падидаҳои идеали иҷтимоӣ, арзишҳои навин, мақсаду мароми ҷомеаи нави мутамаддин роҳи худро ёфта истодааст.

Дар ин раванд болоравии вазъи зист ва фарҳанги моддию маънавии мардум аз дидгоҳи нав мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Бахусус, мавзўи қонуну дастурҳои давлатӣ оид ба фарҳанг ва ҳунар, механизми амалигардонии онҳо ва натоиҷи онҳо дар ҳаёти мардум таҳлили илмиро касб кардааст.

Яке аз вазифаҳои аслии Наврўз – муттаҳид кардан, ба ваҳдат овардан аст. Аз ин боис ваҳдати мардумони ҷаҳон ва тоҷикони бурунмарзӣ аз беҳтарин кўшишҳои ин маросим мебошад.

Бояд таъкид кард, ки мавзўи иртиботи фарҳанги тоҷик бо фарҳанги ҷаҳонӣ, бахусус иртиботи Тоҷикистон бо тоҷикони бурунмарзӣ, яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии андешаи миллӣ гардида аст. Аз ҳамин ҷиҳат, ташаббуси мо ориёиҳо дар ҷаҳонишавии Наврӯз мантиқан дуруст ва муҳим буд.

Масъалаи муҳимтарини мерос ва тафаккур ва арзишҳои нав дар раванди модернизатсиякунонии ҷомеа яке аз бахшҳои афзалиятноки минбаъда мебояд шавад. Зиёиёни мо ҳамин меъёрҳоро дар мадди назари аввалиндараҷаи хеш бояд қарор диҳанд.

Ҳамаи ин моро даст медиҳад, ки сабабу натоиҷи протсессҳои дар дохил ва берун рухдиҳандаи фарҳанги наврўзиро дуруст инъикос намуда, ба раванди он таъсири дилхоҳ расонем, самтҳои таҳаввули ояндаи онро пешбинии илмӣ намоем.

Саъдулло Раҳимов, профессор,

Зоҳири Сайфулло, ходими хурди илмӣ

Оцените статью

НАВРЎЗ, ИСТИҚЛОЛИЯТ, ФАРҲАНГ ВА ҲУНАРИ НАВИН (1) Қисми 1 (Акс аз www.advantour.com) Ҳар баҳор, вақти омад-омади Наврўз мардуми мо сару либос ва ҷои зисташонро тамиз мекунанд, ба таҷдиди соли нав, ҳаёти нав, таҷдиди назар ва андешаи нав омодагӣ мегиранд. Мо низ имрўз тибқи ҳамин суннат ба рўзгор, ба андеша ва хосатан ҳунарҳои худ таҷдиди назар мекунем. Шукри тақдир мекунем, ки дар давраи […]
5 1 5 1
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.