Қисми 2 (Акс аз сахифаи сафорати ҶТ дар Белорусия)
Наврўз суханпардозӣ нест, Наврўз амал аст
Чун агар аз ин дидгоҳ ба Наврўз рў оварем, бовар дорем, ки Наврўзи фардои мо боз ҳам Наврўзи умедбахш, навовар, пурмуҳтаво, созанда хоҳад буд. Зеро дар ибтидо то интиҳо Наврӯз моро ба амалгароӣ ва талошварзӣ даъват менамояд. Ин нукта маънои суханпардозиро надорад, чун агар ҳар касе дар дилу дида як зарра завқу зебоиро парастиш менамояд, бидуни ҳеч мушкилие бевосита худ амалгароии наврӯзиро мебинаду эҳсос мекунад. Дар пеши чашми мо табиат чӣ бас амалгароиҳоеро анҷом медиҳад, ки ин ба одамон, ки ҷузъи ҷудоинопазири табиат мебошанд, бетаъсир намемонад. Наврӯз ба амалгароии худ ҳастии табиатро бо рангу намоди гуногун дигар мекунад ва ин ҳамаро инсон бо чашми худ мебинад ва албатта, инсон ҳам ин ҳамаро дида, дар як нуқта шахшуда намеистад. Дар баробари табиат ҳам инсон ба амал кардан шурӯъ мекунад. Сухану амалӣ инсон яксон мешавад. Таваҷҷуҳ намоед, ки дар баҳор касеро бекору фориғбол намебинед, ҳама мекӯшанд, ки як порча заминро шудгор кунанду ба он рӯзии худро пошанду дар пайи парвариши он мепардозанд.
Чунончи, шоири бедордиле сурудааст:
Наврӯзи ҷавон кард бадал кору ҷавонро,
Айёми ҷавонист заминрову замонро.
Ҳар сол дар ин фасл барорад фалаки пир,
Чун табъи ҷавонони ҷаҳондӯст ҷаҳонро.
Аз дидгоҳи эҳсоси дӯстиву ишқу муҳаббат низ инсону табиат дар Наврӯз хеле самимитару содиқтар ба назар мерасанд, ки ин ҳам нерӯи наврӯзист, ки дӯстиро қавитару ошиқонро ошиқтар мекунад. Ҳатто яке аз суннатҳои наврӯзӣ аст, ки нафароне бо ҳам қаҳрӣ ҳастанд, дар рӯзи ҷашни Наврӯз бидуни ҳеч баҳонае оштӣ мекунанду нисбати ҳамдигар кинаву адоватро аз дил берун мекунанд. Гул, ки рамзи ҷунуниву ошиқист, ошиқон дар Наврӯз ба дашту пуштаҳо мераванду ба ҳамдигар гул тақдим мекунанд ва изҳори муҳаббаташон низ чун Наврӯз нав асту ба ҳамдигар аз хушбахтиву хушрӯзии ояндаашон сари суҳбат менишинанд. Нерӯву қудрати Наврӯз то ба ҳадде бузург аст, ки одаму оламро ба куллӣ тағйир медиҳад.
Аз ин хотир, суннату маросимҳои Наврӯз боястӣ дар ин замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо, ҳифз карда шавад, агар ин кор сурат нагирад, мо ончи дар боло дар зикри нерӯву суннатҳои вижаи наврӯзӣ, ки беш аз пеш ба инсонҳо аҳамияти бузург дорад, аз даст медиҳем ва аз Наврӯзи куҳан танҳо ном мемонаду бас.
Пешниҳод менамоем, ки суннату маросимҳои хоси ҳар маҳалу музофотро, ки аҳамияти таърихи куҳанро доро мебошанд, дар сенарияи баргузории Наврӯзи пойтахт, вилоятҳо ва ноҳияҳо ворид карда шаванд. Ин яке аз роҳҳои ҳифзи маросиму суннатҳои Наврӯзи таърихӣ мебошад, ки албатта, бо ин мақсад фарҳангу фалсафаи дирӯзи ниёгони худро аз газанд эмин медорем.
Чӣ тавре, ки дар боло зикр намудем, Наврӯзи суннатӣ усули ҷашнгирии куҳанаш дар баъзе музофотҳо боқӣ мондааст. Албатта, он суннату маросимҳои куҳан фарҳанги зиндаи мост, ки дар тайи қарнҳои бешумор аз аҷдодонамон ба мо мерос омадааст.
Ҳамчунин, Наврўзро дар шакли карнавал бештар густариш дод ва ин усули ҷашнгириро дар маркази вилоятҳову ноҳияҳо ташвиқ намуд. Ин ҳам метавонад асолату ҷибиллати Наврўзро ҳифз намояд ва дар ин росто, василаи хубе барои муаррифии фарҳангу фалсафаи Наврўз хоҳад буд.
Азбаски Наврўз ҷашни сирф мардумӣ ва тақвимист, бигзор коргардонҳову сенаристони ватанӣ ин паҳлуи муҳими ҷашни Наврўзро ба назар бигиранд ва дар вақти эҷоди сенария ва ба саҳнагузории ҷашни Наврўз аз таркиботи вижаи он истифода намоянд. Албатта, ҳар замон бо дарназардошти пешрафту талаботи вақти худ бо ину он падидаи фарҳангиву иҷтимоӣ муносибат мекунад, аз ин рў, ҳамасола (сарфи назар аз вируси КОВИД-19, ки бо пайдо шудани ин вирус ин ъанъана муваққатан боздошта шуд) баҳри таҷлили Наврўз меҳмонони зиёде аз ҳар гўшаи дунё ба Тоҷикистон меоянд. Идеяи дар шакли КАРНАВАЛ гузаронидани ҷашни НАВРЎЗ аз қадим расм будааст. Масалан, дар барелйефҳои Тахти Ҷамшед намунае аз ин карнавал забт шудааст. Яъне ҷашни Наврўз маҷмўан идеяи карнавалро бо хусусияти гуногунҷабҳагиаш дар худ ғунҷондааст.
Ҳунари замони Истиқлол чӣ гуна бояд бошад?
Инҷо бештар сухан сари омилҳои ормонӣ меравад ва фарзияҳо. Барои чӣ гуна будани ҳунари тоҷик дар давраҳои аввали Истиқлол мо бояд аз талаботу омилҳо ҳарф занем.

Гўё чизи фавқулоддае инҷо вуҷуд надорад. Ҳамон омилҳои маъмули ҷаҳонӣ лозиманд – яъне интихоби мавзўъ мубрам ва доғ бояд бошад ва он мавзўъ ба тариқи консепсияи рушани бадеӣ бояд шакл гирад, эҷодгар ба тариқи тоза ва нотакрор дар ҷузъ кулро бояд ғунҷонад, дар қатра дарёро баррасӣ намояд, дар шакл ва мундариҷа бояд навовар бошад. Ҳамчунин, тавре, ки устод Мирзо Турсунзода таъкид кардааст: «Ба андешаи ман масъалаи сифат низ бевосита ба масъалаи умумибашарӣ иртибот дорад. Гузаштагони мо хуб менавиштанд, аз ин рў, асарҳояшон шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд, оҳанги байналмилалӣ пайдо намуданд». Устод Турсунзода беҳамто ва намунавӣ будани асарҳои ниёгонро дар назар доштанд. Асари бадеии тозаэҷодшудаи миллӣ бояд дар меъёри арзишҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад.
Ҳунарҳои зебои кунунии тоҷик дар давраи аввали Истиқлол воқеан чӣ гуна аст?
Бигирем назму насрро, ки аз замонҳои қадим то кунун поягузори арзишҳои асил буданд ва дар болоравии тафаккури ҷомеа нақше доштанд беназир. Агар ба гузаштаи начандон дури адабиёти бадеии тоҷик назар афканем, мебинем, ки устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода дар замони худ саҳм гирифтанд, ки фарҳанги бадеии қурунвустоии тоҷикро сифати тоза бахшанд, модели нави назму наср ва ҳунарҳои зебои тоҷикро ба вуҷуд биоваранд.
Дар замони марҳилаҳои аввали Истиқлолият зарурат ба таҳқиқи бадеияту эстетикаи замони нав, мафкураи нав, арзишҳои нав хеле рўзмарра ва доғ гардид. Мутаассифона, мо имрўз дар назму насри тоҷик чунин ташаббусро мушоҳида намекунем. Ба гуфтаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим шоирон бисёранд, аммо шеъри хуб кам дида мешавад.
Мутаассифона, дар адабиёти бадеии имрўза руҳияи худнамоию бетарафӣ, бепарвоӣ нисбати мардуми хеш ғолибан рўҳияи бештари аҳли адаб гардидааст. Қаҳрамоне, ки мо имрўз ба он ниёз дорем, қаҳрамоне, ки ифодагари ормонҳои баланди дунёи маънавӣ, барандаи арзишҳои волои тамаддуни имрўза бошад, дорои ҷаҳони комили ботинӣ бошад, имрўз хеле кам ба чашм мерасад. Он чизе, ки имрўз ҳам ба адабиёт ва ҳам дар дигар намудҳои ҳунар намерасад – ин дар баробари нигоҳи иҷтимоӣ, яъне дар баробари даст задан ба масоили доғи ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистони азиз, боз ниёз ба нигоҳи равониву фалсафӣ ба олами ботинии фард аст. Ва бахусус набудани ин чиз дар адабиётамон намоёнтар аст. Аз он хотир, ки адабиёт сароби тамоюли маънавии ҳунарҳои дигари миллат аст. Бе мавҷудияти ин тамоил дар адабиёт на театр онро кашф мекунаду на кино ва ҳам на дигар анвои ҳунарҳо.
Дар адабиёт набудани чизи дигар низ боиси сукути он аст дар гуфтани навои нав. Мо тафаккури фалсафиро парастиш надорем. Аз он ҳазар мекунем. Аз он ҳатто шарм медорем. Танҳо дар танҳоӣ, дар рафти гуфтугў бо худ мо фалсафӣ андеша меронем. Ҳол он ки яке аз сифатҳои хос ва волои назми тоҷик аз қадим то кунун ҳикматгароӣ буду ҳаст.
Хушбахтона, дар кинои тоҷик ҳамин ниёзро дарк кардаанд ва кўшиши ҷустуҷўи чунин қаҳрамон эҳсос мешавад (манзур филмҳои “Қиёми рўз”, “Оинаи беҷило”, “Муаллим”, “Тасфия”, “Хоби ҳамдуна” “Бачаи обӣ”, “Додораки фариштаҳо” ва чанд филми дигар). Яъне дар синамои ватанӣ дарки рисолати ҳунару эҷодгар ҳис карда мешавад.
Дар мавриди меъморӣ ва сохтумони биноҳои нав ба ақидаи баъзе аз мутахассисон ҳанўз на ҳамаи биноҳои сохташуда ҷолибу муфид ва модерн ва масалан, меъмории пойтахти кишварамон – Душанбешаҳр ҳанўз симои меъмории хоси хешро наёфтааст. Усули гунбазшаклии меъмории имрўза ҳанўз комилу намунавӣ ва рангоранг нашудааст. Ва умуман, хуб мебуд, агар муҳокимаи ин масъаларо шаффоф менамудем ва истиқоматкунандагони Душанбешаҳрро низ ба муҳокима ва баррасии идеяи шаҳри оянда чӣ гуна бояд бошад, даъват менамудем…
Ҳамчунин, мавриди сохтумону меъмории дигар маркази вилоят ва ноҳияву шаҳрҳо хуб мебуд агар, роҷеъ ба сохтумону симои меъмории ин мавзеъҳо консепсияи наву комили худро баррасиву таҳия менамудем.
Замони имрўза ва оянда аз мо биноҳои наву хушфазо ва бисёрфунксионалиро тақозо мекунад. Мо фарҳанг ва тамаддуни навро сохта истодаем. Ва маҳз меъморӣ бе ҳеч тарғибу ташвиқи иловагӣ мафкураи мову шуморо дигар карда метавонад. Яъне вақте, ки шаҳрванд дар фазои архитектураи нав кор ва фаъолият менамояд, худ ба худ мафкурааш, ҷаҳонбиниаш, рафтору кирдораш, балки олами равониаш тағйир меёбанд. Инро таҷрибаи иҷтимоӣ собит кардааст…
Вале ин нукта он маъниро надорад, ки пурра аз меъмории пешин даст кашем. Табиист, ки биноҳои зебову арзандаро, ки дар онҳо завқи баланди меъморӣ зўҳур ёфтааст, мо бояд нигаҳ дорем. Биноҳо ба мисли бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, бинои собиқ китобхонаи миллии ба номи устод Фирдавсӣ ва амсоли ин биноҳо бояд ҳамчун намунаи архитектураи олӣ ва нодири гузашта ҳифз гарданд, зеро онҳо баробари нодирӣ ва таҷассуми баланди завқи эстетикиашон боз дар маҷмўъ рамзи пайвандгари наслҳо мебошанд…
Дар мавриди аз байн бурдани ин ё он биноро комиссияи махсуси салоҳиятноки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг бояд бар дўш дошта бошанд, то иштибоҳе раҳ наёбад…
Оид ба санъати тасвирӣ. Ҷустуҷўйҳои инъикоси арзишҳои марҳилаҳои аввали Истиқлол дар ин намуди ҳунар оғоз шудаанд. Ин ҷустҷўйҳоро шартан ба ду бахш ҷудо кардан мумкин аст: яке ҷустуҷўйҳои шаклӣ ва дигараш – зеҳнӣ. Албатта, ҷустуҷўйҳои шаклӣ ва зеҳнӣ гоҳе сахт ба ҳам печидаанд ва баъзан ғайри чашмдошт худ ба худ метавонанд мазмуни нав тавлид кунанд.

Намунаи исботи ин тамоюлро дар мисоли эҷодиёти як нафар рассоми ҷўянда метавон баррасӣ кард. Мавзўи олами нав, замони Истиқлолият, қаҳрамони нав ба тариқи бунёдӣ ва пурмуҳтаво дар асарҳои рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзодаи Шариф бештару хубтар таҷассум ёфтаанд. Дар эҷодиёти ду- се рассоми ҷавон низ дида мешавад. Яъне устод Сабзалӣ ва рассомони ҷавон дар муқоиса бо бештари рассомон, ки барои асарҳояшон пеш аз ҳама шакл меҷўянд, ў ва рассомони ҷавон баркс, аввал аз мазмун, аз муҳтаво шурўъ намуда, баъд ба ҷустуҷўи шакл мепардозад. Балки аниқтараш ҳам мазмуну ҳам шаклро тавъам эҷод мекунад.
Мутаассифона, дар эҷоди аксарияти рассомони дигар ба ҷуз истиснои ду – се нафар ҳанўз диди нав, мавзўъ, ғоя ва образҳои нав ҷойгоҳи худро ба тариқи асарҳои волову ҷолиб пайдо накардаанд…
Қисмати театру мусиқии тоҷик боиси нигаронист.
Иннамудҳои ҳунар на дар фазои мунтазаму ороми таҳаввулӣ, балки бо ҷаҳишу дакка, дар фазои шиддатноки равонӣ мушоҳида мешавад. Мушоҳидаи ин ҳодиса касро ба эътимоди комил намеорад, ки фардо ин навовариҳо идомаи хешро хоҳанд ёфт. Ин навовариҳоро на фазои воқеию объективонаи иҷтимоӣ таҳия кардааст, балки онҳо бо ташаббус ва кўшишҳои нафарони алоҳида рўи саҳна омадаанд.
Муаллифи мақолаи “Опять душа, как Родина, больна” (“Боз ҷон мисли Миҳан дардманд аст”) аз маҷаллаи «Петербургский театральный журнал» Виктория Аминова менависад, ки ин спектакль мебояд дар Русия нишон дода мешуд, таассуроташ даҳчанд зиёд мебуд. “Дар шаҳрҳои калони Русия мо оҳиста-оҳиста ба будани муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари собиқ шўравӣ хоҳ нохоҳ одат карда истодаем. Нигоҳамон некбинона нест. Мо парвои онро надорем, ки ин нафарон кистанд, чикораанд, чӣ андеша доранд, чӣ расму оин доранд, чӣ ғаме, андўҳе доранд дар ҳолати дур аз Ватан будан. Спектакли Нозим Меликов – фоҷиа аст, вале умедбахш аст. Вай нафақат эътимоди бозгашт ба Ватанро дар вуҷуди муҳоҷирон ҷо медиҳад, балки чун моли ҷаҳонӣ ба ҳар инсон, ки ногаҳон худро дар танҳоӣ мебинад, дур аз арзишҳои азиз мебинад, дилгармӣ ато мекунад” (Http://Artculture.Tj/Index.Php?Option=Com_Jevents&Task=Icalrepeat.Detail&Evid=263.)…
Театр мисли дигар намуди ҳунарҳо мебояд шуҳрати ватан ва мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо тамоми ғаму шодиаш бо истеъдоди баланд баррасӣ намояд. Мутаассифона, ҳамин рисолаташонро театрҳои академӣ аз даст додаанд. (Истисно- театри Конибодоми ба номи Т. Фозилова мебошад. Ин театр ба вазъияти душвори моливу пулӣ нигоҳ накарда, мунтазам намоишҳои наву ҷўянда ва олӣ рўи саҳна меорад).
Ва баъд дар ҳама гуна маҷлисҳои расмӣ ва ғайри расмӣ шикоят мекунем, ки тамошобин ба театр намеравад. Тамошобини театр имрўз аз нигоҳи завқу ҳавас ва талаботу ниёзаш рангоранг аст. Ва миёни онҳо тамошобине низ ҳаст, ки тавассути театр худашро кашф кардан, худашро шинохтан мехоҳад. Барояш ба театр омадан кори сода нест. Барояш як воситаи вақтгузаронӣ нест. Ў дар толори театр барои андеша меояд, барои чизеро ёдгирифтан, ҳаловати эстетикӣ бурдан меояд. Ў ба театр барои дарёфти муаммоҳои ҷаҳони хеш меояд. Ва агар мисли намоишҳои “Шабе дур аз Ватан”, “Ҳикоятҳои аввалини Антоша Чехонте”, “Чархи гардон”, «Вакхахонумон», “Мурофиаи девонагон” он чизи ба ҷаҳони ботиниаш мубрамро пайдо кунад, рўҳаш болида мегардад. Театр барояш мисли рафиқе мегардад. Рафиқе, ки бо ў дарди дил мекунад, яке аз тамошобинони фаъоле мешавад, ки баробари ҳунарпешагон, баробари муаллифи намоишнома ва коргардон ҳаммуалифи асари саҳнавӣ мегардад.
Аммо имрўз театр бо тамоми имкониятҳои фанниву молиаш хеле кам қонеъкунандаи ҳамин гуна талаботи тамошобини ҷўянада шудааст…
Мо хушнуд ҳастем, ки анъанаи “Шашмақом”-ро дубора зинда мекунем. Вале дар баробари ин, моро ҳисси истироб фаро гирифтааст. Агар мо ин меросро танҳо дар ҳамин шакли классикиаш нигаҳ доштанӣ шавем, дар ин сурат мо метавонем онро дер ё зуд боз ба олами фаромўшӣ бубарем.
Рушди ин мероси гаронбаҳои мусиқӣ ва “Фалак” муфид ва арзишноктар мешуд, агар суннатҳои ин меросҳои гаронбаҳои мусиқиро бастакорони мо ҳам дар сатҳу сабки мусиқии эстрадӣ ва симфонӣ идома ва такмил медоданд. Нишонаҳои ҳамин корро мо дар эҷодиёти солҳои охири Т. Шаҳидӣ ва Амирбек Мўсоев (асари ў бо номи “Мақом”) мушоҳида мекунем. Вале ин асарҳо бо сабаби тавассути радио ва телевизион пахш нашуданашон ба ҳаводорони мусиқӣ маъмул нестанд. Ҳол он ки маҳз ба ҳамин восита мо метавонем “Шашмақом”, “Фалак” ва дигар асарҳои меросии арзишнокро барои наслҳои оянда нигаҳ дорем. Зеро замони нав, ҳаёти нав ритму навои худашро мехоҳад. Ва барои он ки “Шашмақом” ва ин қабил асарҳо ба рўҳу ҷони насли оянда дарояд, онро дар баробари нигоҳ доштани падидаҳои таърихиву асилаш боз коркардҳои ба замона мувофиқ таҳияву пешкаш намоем. Танҳо дар ин шакл мо метавонем ба мероси мусиқии гузаштагонамон умри дубора бахшем ва онро зинда нигаҳ дорем.
Фарҳанги гомогенӣ (ё якзайлӣ, якрангӣ), ки дар фарҳанги мову шумо тавассути фарҳанги фолклорӣ бештар ба назар мерасад. Ин тамоюл дар асл фолклорӣ ҳам нест, балки бештар тақлиди ноуҳдабароёна ба фарҳанги шифоҳии мардум аст. Эҷоди мардумии вилояту ноҳияҳои кишвар назокату покизагиҳои касбию маънавии хос доранд. Нотакрору кайфияти беҳамтои эстетикӣ эҳдо менамоянд. Аммо мо ин боигариро дар шакли ноуҳдабароёна, ба хотири шуҳрат ёфтани инфиродӣ истифода мекунем.
Аз ин ҷост, ки тафовути талаботи фарҳангиву эстетикии қишрҳои ҷомеаи мо рўз аз рўз зиёдтар шуда, фазои бефарҳангӣ афзуда истодааст…
Кўшиш ба навоварӣ хеле кам дида мешавад. Даствовардҳои навини фарҳанги пешқадами ҷаҳонӣ ба душворӣ қобили қабул мегардад. Рўз то рўз таассуби консервативӣ фарогири завқу табъи бадеии мо гаштааст…
Пас чӣ бояд кард?
Ба ақидаи мо корро аз ташаккулу тарбияи тафаккури интиқодӣ бояд оғоз кард. Моро аз таҳдиди бозгашт ба арзишҳои ақибмондаи фарҳангӣ танқид раҳо дода метавонад. Имрӯз фоизи тафаккури танқидӣ дар ҳама ҷабҳа ва хосатан дар фарҳанги бадеӣ қариб ки ба сифр расидааст. Нақд мисли санитар аст, завқ ва шуури моро бедор менамояд, боло мебарад. Нақду муқоиса ва маърифати ҷаҳондонӣ моро ба арсаи тамаддуни пешсаф мерасонад. Аз тафаккури хурофотӣ раҳо месозад.
Маъмул аст ин гап, ки миллате, ки худаш худашро нақд мекунад, миллати ҳушёр, миллати бедор, миллати хушбахт аст…
Ҳамаи ин аз мо талаб мекунад, ҳамқадами замони нав, ҳамқадаму ҳамрадифи тафаккур, фарҳангу ҳунари Истиқлол бошем. Мутахассисони ҳар соҳа доир ба пешрафти соҳаҳои хеш андеша кунанд ва ба рушди фарҳанги Истиқлолият саҳмгузор бошанд.
Саъдулло Раҳимов, профессор,
Зоҳири Сайфулло, ходими хурди илмӣ