Натиҷаҳои соли 2022 дар ҷаҳон: чи тавре солро сар кунӣ … 

Итоги 2022 года в мире: как начнешь год … Итоги года от Nuqta.tj

Дар фарҷоми сол расм аст, ки аз рӯйдодҳои асосии соли гузашта ёд шавад.

Мутаассифона, соли 2022 аз ибтидо барои бисёриҳо андӯҳу нигарониро аз ояндаи кишвару ҷаҳон овард. Сол вазнин буд. Он эътирозҳои густурдаи хунин, иқдомҳои ҳарбӣ, ноустувории қурби асъор ва қимати маҳсулоти нафтӣ, табдили ҳукуматҳо ва марги маликаи Британияи Кабир Елизаветаи II-ро дар худ ғунҷонд.

Аммо, бигзор зиёд ҳам набошад, рӯзҳои хуб ҳам дар ин сол буданд. Масалан, миллионҳо сокинони сайёра барои як моҳи пурра ихтилофҳоро фаромӯш карда, ба олами футболи калон ғӯта заданд, то ба ҳам рӯ ба рӯ шудани тимҳои кишварҳои гуногунро на дар майдони набард, балки дар майдонҳои сабзи варзишгоҳҳои Қатар мушоҳида кунанд.

Nuqta.tj муҳимтарин рӯйдодҳои ҷаҳонии соли 2022-ро дар зер хотиррасон мекунад.

Эътирозҳо дар Қазоқистон

Аввали моҳи январ Қазоқистонро эътирозҳои оммавии сокинон фаро гирифтанд. Сабаби оғози онҳо ба кӯчаҳо баромадани мардум дар шаҳри Жанаозен пас аз якбора боло рафтани нархи гази моеъ буд. Пасон эътирозҳо ба Алмаато ва шаҳрҳои дигар паҳн гаштанд. Тазоҳургарон муҷассамаи Назарбоевро канда, талаб намуданд, ки ба фасод ва хешутаборбозӣ дар сохторҳои қудратӣ хотима дода шавад. Дар натиҷа президент Қосим-Жомарт Тоқаев истеъфои ҳукуматро ҳамроҳи роҳбари он Аскар Мамин қабул кард. Нисфи нухбагони ҳукмрон иваз карда шуд. Дар тамоми мамлакат вазъи фавқулодда (ВФ) ҷорӣ карда шуд. Президент Тоқаев эътирозгаронро “террорист” номида, ба СПАД барои кумак муроҷиат кард. Дар саросари кишвар боздоштҳои оммавӣ ба амал омаданд.

Украина дар оташ

21 феврал президенти Русия Владимир Путин қарор дар бораи эътироф намудани истиқлолияти ҷумҳуриҳои мардумии Луганск ва Донетскро ба тасвиб расонд ва субҳи 24-уми феврал хабар расид, ки қӯшунҳои рус ба амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди Украина шуруъ кардаанд.

Аз лаҳзаи оғози ҷанг то имрўз ҳазорон сарбон аз ду тараф кушта ё захмї шуданд, шумораи зиёди мардуми мулкї ҷон бохт, даҳҳо шаҳри Украина хароб гашт, миллионҳо нафар аз манзилҳои худ маҳрум гаштанд ё аз тарси ҷони худ тарки манзилҳояшон карданд.

Натиҷаҳои соли 2022 дар ҷаҳон: чи тавре солро сар кунӣ …
Қисми зиёди Украина чунин манзара дорад. Акс аз интернет.

Пас аз оғози амалиёти махсус бар зидди Русия таҳримҳои ҷиддї ҷорӣ карда шуданд. Қисми ҳангуфти ширкатҳои хориҷї, бо шумули ширкатҳои азиме чун IKEA, «МакДоналдс», Wolksvagen, H&M, Русияро тарк намуда, ба пешниҳоди маҳсулоти хеш ба  бозори он хотима гузоштанд. Аз маҳдудиятҳо соҳаи ҳавонавардӣ низ дар канор намонд: аксари кишварҳои аврупоӣ, инчунин ИМА ва Канада фазои ҳавоии худро барои ширкатҳои ҳавопаймоҳоии русӣ бастанд, ширкатҳои ҳавопаймосоз аз таъмини ФР бо қисмҳои эҳтиётї ва тармиму хизматрасонӣ ба нақлиёти ҳавоие, ки дар Русия истифода мешавад, даст кашиданд.

Созмонҳои варзишї низ ба кор ҳамроҳ шуданд. Варзишгарони русиягӣ тақрибан аз ҳамаи сабқатҳои байналмилалї ронда шуданд.

Бисёр шахсони шинохта муносибати манфии худро ба амалиёти махсуси низомӣ изҳор намуда, қишварро тарк карданд. Аз сафарбарии ҳарбӣ наҷот ҷуста, бисёр шаҳрвандони одӣ низ роҳи хориҷро пеш гирифтанд.

Дунё дар ҳадди буҳрони озуқаворӣ

Мавзуи дигари муҳими соли 2022 таҳдиди буҳрони хӯрокворӣ буд, ки аз сабаби масдудшавии бандарҳои Украина – роҳи содироти ғаллаи кишвар ба манотиқи дигар ба вуҷуд омад.

Моҳи июл намояндагони Русия, Туркия, Украина ва СММ кўшиши ҳал намудани мушкилиро бо роҳи созиши “озуқа” ё “ғалла” пеш гирифтанд. Ғайр аз интиқоли ғалла ва нуриҳои Украина тавассути баҳри Сиёҳ, он бардоштани садҳо дар роҳи содироти озуқаворӣ ва нуриҳои Русияро дар назар дорад.

Тамдиди созиш зери суол афтод, вақте дар моҳи октябр ФР пас аз ҳамлаи Киев ба киштиҳои флоти баҳри Сиёҳ дар ҳудудҳои обии Севастопол муваққатан иштироки худро дар он боздошт. Дар натиҷаи кафолатҳои пешниҳодкардаи Украина оид ба он, ки роҳравҳои башардўстона дар баҳри Сиёҳ барои ҳадафҳои ҷангї истифода нахоҳанд шуд. Маскав ширкати худро дар он аз нав гирифт ва дар моҳи ноябр шартнома боз барои 120 рўзи дигар тамдид ёфт.

Тавсеаи НАТО

Дар пасманзари амалиёти махсус Финландия ва Шветсия дар моҳи май ба котиби генералии НАТО дархостномаи қабул ба эътилофро ирсол карданд. Ба ҳоли ҳозир дархостҳои онҳоро аз 30 кишвар танҳо дуто ба тасвиб нарасондаанд – Венгрия ва Туркия. Зимнан Будапешт азми худро доир ба имзо кардани протоколҳо дар моҳи феврали соли 2023 изҳор дошт.

Анқара дар навбати худ аввал оғози  раванди баррасии дархостномаҳоро блок кард, зеро хавф дорад, ки аз ҷониби Стокҳолм ва Ҳелсинки “Ҳизби коргарии Курдистон”-и дастгирӣ меёбад, ки дар Туркия ташкилоти террористӣ эълом гаштааст. Вале дертар тарафҳо ёддошти тафоҳумро дар соҳаи бехатарї ба имзо расонданд, ки нигарониҳои Анқараро ба эътибор мегирад. Дар посух Туркия эътирозҳои худро дар мавриди ба НАТО қабул кардани Шветсия ва Финландия аз байн бардошт, аммо таъкид кард, ки агар кишварҳо ба ваъдаҳои худ вафо накунанд, ба узвияти онҳо дар НАТО розӣ намешавад.

Марги Елизаветаи II ва  “сарвазирталош” дар Британия

Дар оғози сентябр дар синни 96-солагӣ ҳаётро маликаи Британияи Кабир Елизаветаи II рамзи монархияи Британия падруд гуфт. Ў ба кишвар беш аз 70 сол роҳбарї карда, бо ин дар таърихи кишвар рекорд гузошт. Пас аз сари Елизавета ба тахт писари ў Чарлз нишаст, ки номи Карли III гирифт, ҳамсари ў Камилла соҳиби мақоми малика-консорт гашт.

Худи ҳамон моҳ сардори ВКХ Лиз Трасс ба курсии сарвазири кишвар дар ин вазифа Борис Ҷонсонро иваз карда, нишаст. Аммо дар ин вазифа ў танҳо 44 рўз монд. Нақшаи дастгирии иқтисод, ки ў пешниҳод намуд, ба мавҷи танқиду эътирозҳо дучор шуд ва ў маҷбур гашт ба истеъфо равад.

Натиҷаҳои соли 2022 дар ҷаҳон: чи тавре солро сар кунӣ …
Риши Сунак – дар таърихи Британияи Кабир аввалин сарвазирест, ки ниёгони ҳинду дорад. Акс аз интернет.

Сарвазири қаблї Борис Ҷонсонро низ пас аз як қатор шўру ҳангомаҳои вобаста ба сиёсати кадрии ў ва шабнишиниҳояш дар бошишгоҳи ҳукуматї дар Даунинг-стрит дар ҷараёни локдауни умумимиллии марбут ба коронавирус ин тақдир насиб карда буд. Пас аз истеъфои оммавии аъзои кабинети вазирон ва танқидҳое, ки ба унвони ў садо доданд, Ҷонсон маҷбур шуда буд, ки ба истеъфо равад.

Дар натиҷа, сарвазири сеюм дар як сол барои Британия вазири молияи собиқ Риши Сунак гашт, ки алъон 42 сол дорад. Ў сарвазири ҷавонтарини Британия сар аз соли 1812 ва нахустин дар таърихи Британияи Кабир сарвазири ҳиндиасл гашт.

Куштори Абэ

Моҳи июл ҷаҳонро марги сарвазири собиқи Ҷопон Синдзо Абэ такон дод, ки ҳангоми суханронӣ дар як тазоҳурот дар префектураи Нара кушта шуд. Тир синаи ӯро шикофта, ба дил расид. Сиёсатмадорро ба беморхона бурданд, аммо пас аз панҷ соат ӯ аз талафоти хун даргузашт. Синдзо Абэ 67-сола буд. Ҷасади ӯ рӯзи 12 июл сӯзонда шуд ва 27 сентябр маросими дафни давлатӣ баргузор гашт.

Қотили Абэ Тетсуя Ямагами, ки дар ҷойи ҳодиса боздошт шуд, ҳангоми бозпурсӣ иқрор гардид, ки аз тирамоҳи соли гузашта ба тарҳрезии ин куштор шуруъ кардааст. Ҳангоми ҳамла ӯ аз силоҳи оташфишони худсохт истифода намудааст. Бино ба гуфтааш, ӯ тасмими кушторро аз он сабаб гирифтааст, ки Абэро ба созмони мазҳабӣ, ки хонаводаи ӯро бенаво кард, алоқаманд медонистааст.

Эътирозҳои Эрон

Тазоҳуроти густурда саросари Эронро тирамоҳи имсол фаро гирифт. Онҳоро марги Маҳсо Аминӣ ном духтаре, ки рӯзи 13 сентябр бо иттиҳоми нодуруст пӯшидани ҳиҷоб аз ҷониби “пулиси  ахлоқ” боздошт карда шуд, таҳрик дод. Эътирозҳо ба зудӣ характери шадиди сиёсӣ пайдо карданд ва иштирокчиён талаб намуданд, ки низоми мавҷудаи мазҳаббунёди ҳокимият тағйир дода шавад.

Эътирозҳо беш аз 2,5 моҳ бо дараҷаҳои мухталифи шиддат идома доштанд – бо пулис ва нерӯҳои амниятӣ задухӯрдҳо сурат гирифтанд: ба иттилои Теҳрон, ҳадди ақал 200 нафар кушта ва ташкилотҳои мухталиф беш аз 200 миллион доллар хисорот диданд. Як қатор расонаҳо эътирозҳоро бузургтарин чолиш барои низоми кунунӣ аз замони ташаккулаш пас аз инқилоби соли 1979 унвон карданд. Натиҷаи нооромиҳо тасмими раҳбарияти Эрон дар бораи муҷозот кардани афроди масъули марги духтар ва маҳдуд кардани амали “пулиси ахлоқ” гашт.

Ташаннуҷи Тайван

Пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина Ғарб ҳадс зад, ки Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, аз ин ҳолат истифода карда, метавонад ба таҷовузи Чин ба Тайван шуруъ намояд, ки то ҳол аз истиқлолияти худ дифоъ мекунад.

Вашингтон Тайбэйро дастгирӣ мекунад, гарчанде расман ба сиёсати “Чини ягона” мувофиқ аст. Пекин ба он эътироз баён мекунад, ки хукуматдорони Амрико бо сиёсатмадорони Тайван бо сарфи назар кардани Чин дар алоқа бошанд.

Авҷи тезутундшавии вазъ дар атрофи Тайван сафари моҳи августии раиси конгресси ИМА Нэнси Пелоси  ба ҷазира буд. Дар Пекин инро иғво шумурда, аз чорахои ҷавобӣ ҳушдор доданд. Дар ҳамон давра Чин дар атрофи ҷазира машқҳои густурдаро оғоз кард. Ракетаҳо аз болои Тайван парвоз карданд ва нерӯҳои Чин ба минтақаи 12-милии атрофи он ворид гаштанд. Ин маърака як тамрини ҳамлаи эҳтимолӣ ба Тайван эътироф шуд. Пекин инчунин як қатор чораҳои иқтисодиро пиёда кард, аз ҷумла аз хариди як қатор маҳсулоти озуқавории истеҳсоли Тайван даст кашид.

Дар анҷумани ҳизбии моҳи сентябр раҳбари Чин гуфт, ки ба ҳам пайвастани Пекин ва Тайван ногузир аст ва мақомоти ин кишвар ҳаққи андешидани тамоми чораҳои аз назари онҳо заруриро дар ин самт дар ихтиёри худ мегузоранд.

Илон Маск ва инқилоб дар Twitter

Дар охири моҳи октябр миллиардери амрикоӣ Илон Маск доир ба хариди шабакаи иҷтимоии Twitter қарордод баст ва барои он 44 миллиард доллар пардохт кард. Ба гуфтаи ин соҳибкор, барои ояндаи тамаддун доштани як платформаи рақамӣ муҳим аст, ки дар он “доираи васеи андешаҳо ба шеваи солим баррасӣ шавад”. Ба ақидаи ӯ, маҳз Twitter бояд ба чунин платформа табдил ёбад.

Натиҷаҳои соли 2022 дар ҷаҳон: чи тавре солро сар кунӣ …
Парандаяки кабуд акнун ба Илон Маск итоат мекунад. Акс аз интернет.

Маск шӯрои директоронро пароканда кард ва шахсан  роҳбарии ширкатро ба уҳда гирифт. Бояд гуфт, ҳоло соҳибкор барои вазифаи директори Twitter номзад меҷӯяд, вале алъон дар ин кор чандон муваффақ нашудааст. Садҳо нафар коргар аз кор махрум гардид, ба дигарон фармон дода шуд, ки аз кори фосилавӣ ба кор дар идора баргарданд.

Соҳибкор тасдиқи пулакии эътибори саҳифаҳои шахсиро ҷорӣ намуд ва инчунин ваъда дод, ки дар моҳҳои оянда “тағйироти зиёде” хоҳад кард.

Қурби мубодила: Бути «тоҷикистонӣ» бар ивази баскетболбоззани амрикоӣ

Сарфи назар аз муносибатҳои сард ва қатъ кардани ҳар навъ гуфтушунидҳои сиёсӣ, Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар соли гузашта тавонистанд, ки бори аввал дар 12 соли охир ду маротиба маҳбусонро табодул кунанд. Дар поёни моҳи апрел дар натиҷаи музокироти пӯшида халабон Константин Ярошенко, ки соли 2010 дар Либерия боздошт ва баъдан ба Амрико истирдод шуда буд, ба Русия баргашт. Дар фурудгоҳи Анқара Ярошенкоро бо донишҷӯйи амрикоӣ Тревор Рид иваз карданд, ки дар Русия барои ҳамла дар соли 2019 ба афсарони пулис дар Маскав ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуда, ин муҳлатро адо мекард. Дар Иёлоти Муттаҳида Ярошенко дар навбати худ бо иттиҳоми  маслиҳат барои интиқоли миқдори калони маводи мухаддир ба қаламрави Амрико ба 20 соли зиндон маҳкум шуд, ҳарчанд гуноҳашро рад мекард.

Моҳи декабр тарафҳо мубодилаи дигарро барпо карданд. Ин дафъа АМА (ОАЭ) ва Арабистони Саудӣ миёнарав шуданд. Баскетболбози амрикоӣ Бриттни Грайнер, ки моҳи феврали соли 2022 барои ворид кардани равғани ҳашиш ба Русия боздошт шуда буд, дар фурудгоҳи Абу Даби ба Виктор Бути рус, ки дар Иёлоти Муттаҳида бо иттиҳоми омода кардани тавтеа барои куштори шаҳрвандони ИМА ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд, иваз карда шуд. Бут ҳама иттиҳомотро рад кард.

Тавре маълум аст, Виктор Бут зодаи Тоҷикистон мебошад. Ӯ, ки дар соли 2008 бо дархости Вашингтон дар Таиланд боздошт ва сипас ба Амрико истирдод шуда буд, тақрибан 15 сол дар зиндон монд.

Чемпионати ҷаҳон дар Қатар

Рӯйдоди охирини бузург дар соли гузашта мусобиқаи футбол барои Ҷоми ҷаҳон дар Қатар буд. Он аз 20 ноябр то 18 декабр дар ҳашт варзишгоҳи панҷ шаҳри Қатар баргузор гардид. Ин мусобиқа аввалин чемпионати ҷаҳонии зимистона дар таърих буд – фикри баргузории он дар тобистон аз сабаби ҳароратҳои ниҳоят баланди мавсимӣ дар Қатар рад карда шуд.

Натиҷаҳои соли 2022 дар ҷаҳон: чи тавре солро сар кунӣ …
Ҷашни бузурги футбол! Акс аз интернет.

Чемпионат тақрибан ягона воқеае дар соли гузашта буд, ки ба ҳамагон эҳсосоти мусбат ҳадя кард. Миллионҳо нафар аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон мушкилоти худро як муддат фаромуш карда, чашму ҳуш ба он шуданд, ки чӣ тавр беҳтарин дастаҳои Осиё, Аврупо, Африқо, Амрико ва Австралия дар майдони варзиш байни худ қувваозмоӣ мекунанд.

Аргентина пас аз мағлуб кардани Фаронса дар бозии ниҳоӣ барандаи Ҷоми ҷаҳони футбол гашт. Биринҷӣ насиби хорватҳо шуд. Беҳтарин нишонзани Чемпионати ҷаҳони соли 2022 ҳамлагари тими мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе, беҳтарин бозигар ситораи Аргентина Лионел Месси шуд, ки ин пирӯзӣ дар сабқати ҷаҳонии футбол барояш аввалин буд. Рақиби деринаи Месси, ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду пас аз даври чаҳорякниҳоӣ аз ҳаққи ширкати минбаъда дар мусобиқот маҳрум гардид.

Албатта, дар ҷаҳон соли гузашта воқеаҳои бешу кам муҳими дигар ҳам рух доданд. Масалан, филми “Аватар-2” баромад ва барои мухлисони футбол ин рӯзҳо хабари ғамангез расид – шоҳи футбол Пеле вафот кард. Аммо мо он чизҳоеро интихоб кардем, ки ба назари мо барои хонандаи васеъ ҷолибтар аст.

Nuqta.tj

Оцените статью

Натиҷаҳои соли 2022 дар ҷаҳон: чи тавре солро сар кунӣ …  Дар фарҷоми сол расм аст, ки аз рӯйдодҳои асосии соли гузашта ёд шавад. Мутаассифона, соли 2022 аз ибтидо барои бисёриҳо андӯҳу нигарониро аз ояндаи кишвару ҷаҳон овард. Сол вазнин буд. Он эътирозҳои густурдаи хунин, иқдомҳои ҳарбӣ, ноустувории қурби асъор ва қимати маҳсулоти нафтӣ, табдили ҳукуматҳо ва марги маликаи Британияи Кабир Елизаветаи II-ро дар худ ғунҷонд. […]
5 1 5 1
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.