Дар бораи ҷорӣ кардани «андоз аз Гугл» дар Тоҷикистон қариб ҳамаи расонаҳо менависанд. Иқтибосҳо аз қонуни қабулшуда пайваста ба табъ мерасиданду мерасанд. Бархе коршиносон аз фарорасии «охирзамон» барои технологияҳои рақамӣ «мужда» медиҳанд, дигарон кўшиш мекунанд ҳамаро бовар кунонанд, ки ҳеҷ ҳодисаи ғайриодӣ рўй надодааст, ин танҳо татбиқи таҷрибаи умумиҷаҳонии андозбандӣ дар кишвари мо аст.
Аз онҳо кӣ ҳақасту кӣ хато мекунад, вақт нишон медиҳад.
Ҳоло бошад 16 январи соли 2021 паси сар шуда, эҳтимол дорад, «ҳаёти рақамӣ»-ро дар Тоҷикистон ба ду қисмат, ба «то» ва «баъд» ҷудо карда бошад.
Ин рўйдод барои тоҷикистониҳо эҳсоси номуайянӣ ва саволҳои сершумореро ба миён меорад, ки, афсўс, то ҳол бе ҷавоби возеҳу ошкоро мондаанд.
Мушкили дастрасӣ ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоии маъруфтарин, таъхирҳои нофаҳмо ҳангоми равона кардани паёмакҳо дар мессенҷерҳо ва бисёр дигар «рафторҳои ғалатӣ»-и олами рақамӣ дар кишвари мо аз чиянд? «Танҳо аввали кор» бошанд ва «туҳфаҳои ногувор» ҳоло дар пешанд? Ё тасодуфе ҳастанд ва минбаъд ҳаамааш хуб мешавад? Чиро дар вақтҳои наздиктарин чашмдор бояд буд? Дар дурнамо чӣ?
Саволҳо, саволҳо, саволҳо…
Доир ба меъёри фоиз ва вақту замони пардохт аслан саволе нест: 18%, ки Қисми 1-и Моддаи 181 КА ҶТ муқаррар мекунад ва он замони пешкаши эъломияи андоз пардохт карда мешавад.
Саволҳо дар робита ба муайян кардани ҷойи пешкашшавии хизматрасониҳои электронӣ ба миён меоянд.
Барои мақсадҳои андозбандӣ ҷойи хизматрасонӣ Тоҷикистон ҳисоб хоҳад ёфт, агар нисбати харидор лоақал яке аз ин шартҳо иҷро шавад:
– ҷойи иқоматаш Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
– ташкилоте, ки тавассути он харидор пардохт анҷом медиҳад (масалан, бонк), дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад;
– суроғаи шабакавии компютер, ноутбук, телефони мобилӣ ё дигар таҷҳизоте, ки харидор ҳангоми харидорӣ кардани хизматрасониҳо истифода мебарад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошад;
– рақами телефони харидор, ки ў ҳангоми хариди он-лайн пешкаш мекунад, рамзи байналмилалии кишвари мо +992 дошта бошад, яъне рақами яке аз танзимгарони алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Банди 1-и Моддаи 193(1), ки ба назар одӣ менамояд, мақбул аст: он ба сифати андозсупорандагон шахсони хориҷиро муайян мекунад, ки шахсан ё тариқи миёнаравҳо ба ашхоси воқеӣ дар кишвари мо хизматрасониҳои электронӣ пешкаш менамоянд.
Аммо мушкилот вақти назар кардан ба ҷузъиёти кор рў мезанад.
Агентҳои андоз
«Агентҳои андоз» ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ (давлатӣ ва хусусӣ – тиҷоратӣ, ғайритиҷоратӣ, ҷамъиятӣ) ва соҳибкорони инфиродии кишвар мебошанд, ки хизматрасониҳои электрониро харидорӣ мекунанд.
Яъне, тибқи Моддаи 13 КА ҶТ, масъулияти ҳисоб кардани маблағи андозҳо, нигоҳ доштани он аз шахсони хориҷие, ки хизматҳои электронӣ мерасонанд ва гузарондан ба буҷети давлатӣ ба дўши онҳо вогузор шудааст. Табиист, ки ҳамаи ин корҳоро сари вақт ва дуруст иҷро кардан лозим мебошад. Дар зимн бояд даромадҳо ва андозҳои ҳар андозсупоранда дар алоҳидагӣ ба қайд гирифта шаванд.

Аммо, то ки ба назари касе ҳаёт шаҳд барин ширин нанамояд, Банди 5 Моддаи 193 (3) масъаларо печида мекунад: «Шахсони хориҷӣ мустақилона андозро ҳисоб ва пардохт менамоянд, агар вазифаи пардохти андоз ба агенти андоз вогузор нашуда бошад».
Аз тарафи кӣ вогузор нашуда бошад? Ва бо кадом тартиби, ба истилоҳ, вогузоркунӣ? Агар мувофиқи Моддаи 13-и ҳамон КА ҶТ бошад, ин вазифа маҳз ба зиммаи агенти андоз гузошта мешавад. Ин хел бошад, аз аввал ворид намудани меъёре, ки хилофи Моддаи 13 аст, чӣ зарурат дошт?
Дар матни ислоҳот ба КА ҶТ протседураи ба сифати агентҳои андоз эътироф шудани шахсони миёнарави хориҷӣ, ки хизматрасониҳои электронии ширкатҳои хориҷиро пешниҳод мекунанд ва ҳисоббаробаркуниҳоро бо шахсони воқеӣ анҷом медиҳанд, равшану возеҳ ифода ёфтааст.
Вале чандон равшан нест, ки оё шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии тоҷик ба ҳайси агентҳои андоз (бо тамоми оқибатҳои ҳуқуқӣ ва андозӣ) дар сурати пешкаш намудани ҳамин навъ хадамоти миёнаравӣ (дар асоси шартномаҳои супоришӣ, комиссияҳо, шартномаҳои агентӣ ё марбут ба ин) эътироф мешаванд ё не.
ААИ аз хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ
Агар хизматрасонии электрониро ширкати хориҷӣ пешкаш кунад ва хизматрасонӣ оид ба ҷамъоварии пардохт аз шахсони воқеиро ширкати тоҷикистонӣ ё соҳибкори инфиродӣ бар дўш гирад, оё ў вазифаи ҳисоб кардани маблағи андозҳо, нигоҳ доштани онҳо аз шахсони хориҷие, ки хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд ва ба буҷети давлатӣ гузарондани маблағҳоро пайдо мекунад?
Агар ҷавоб «бале» бошад, суолҳои зиёд ба миён меоянд. Масалан, чӣ тавр баҳисобгирии тарафайни ААИ анҷом меёбад? Ва умуман, оё баҳисобгирии ААИ дар мавриди ААИ барои хизматрасониҳои электроние, ки шахсони хориҷӣ фароҳам мекунанд, имконпазир мешавад?
Агар чунин бошад, пас назорат ва бақайдгирӣ чӣ тавр ба роҳ монда мешавад, дар ҳоле ки барои хизматрасониҳои электронии ширкатҳои хориҷӣ ҳисобнома-фактураҳои андоз пешкаш намешаванд? Журналҳои бақайдгирии ҳисобномаҳо-фактураҳои ААИ ҳам, на дар коғаз ва на дар шакли электронӣ, пешбинӣ нашудаанд.
Бо мисол шарҳ медиҳем: ширкати хориҷӣ дар мутобиқат бо ислоҳу иловаҳо ба КА ҶТ худро сабтином мекунад ва ба хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ шурўъ менамояд. Барои пардохтани хизматрасониҳо ширкатҳои тоҷикистониро ҷалб менамояд, ки ба қабули пардохтҳо аз шахсони воқеӣ розигӣ медиҳанд ва, мутобиқан, 18% ААИ-ро аз ҳар пардохт нигоҳ дошта, ба буҷети давлат мегузаронанд. Мутаносибан, ширкати хориҷӣ дар ҳаҷми 18% камтар воситаҳои пулӣ мегирад.
Мувофиқи Банди 3-и Моддаи 193 (3) КА ҶТ, заминаи андозбандӣ ҳамчун арзиши хизматрасониҳои электронӣ аз тарафи ширкатҳои хориҷӣ бе баҳисобгирии маблағи андоз таъриф мешавад. Яъне, бидуни назардошти 18% ААИ. Шартан тасвир кунем, ширкати хориҷӣ ба харидори тоҷик дар ҳаҷми 100 доллар ҳисобнома пешкаш мекунад, вале ба сифати заминаи андозбандӣ (100-18%=) 82 долларро қайд менамояд? Ва ҳисобҳои минбаъдаро аз ҳамин 82 доллар мебарад, на аз 100 доллари воқеӣ?

Оё мунтазир метавон буд, ки дар оқибат номуназзамиҳо, нофаҳмиҳо ба миён меоянд? Ё ҳамааш сад аст?
Ва чаро, масалан, дар Моддаи 174.2 КА Федератсияи Россия (дар мутобиқат бо ҚФ №244-ҚФ аз 3 июни с. 2016) ё дар Моддаи 282 КА Ҷумҳурии Ўзбекистон, нисбати шахсони хориҷие, ки дар қаламрави ин кишварҳо хизматрасониҳои электронӣ фароҳам мекунанд, заминаи андозбандӣ ҳамчун арзиши хизматрасониҳо «бо баҳисобгирии маблағи андоз» (ААИ) муайян карда мешаваду дар Тоҷикистон – «бе баҳисобгирии маблағи андоз»?
Пешкаши маълумот оид ба пардохтҳо ба хориҷиён
Иловае, ки ба Қисми 2, Моддаи 58 КА ҶТ ворид карда шудааст, хеле мароқовар аст. Тибқи он, роҳбари мақоми давлатии ваколатдор, яъне Кумитаи андози кишвар, на танҳо аз ташкилотҳои қарзӣ[1], Хадамоти алоқа ва субъектҳои дигар, балки инчунин аз шахсони воқеӣ, яъне аз шаҳрвандони одӣ низ доир ба гузарондани маблағҳо ба суроғаи шахсони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои электронӣ мерасонанд, маълумот талаб мекунад. Ва боз дар давоми 5 рўзи корӣ.
Чӣ хел? Мувофиқи кадом тартиб?
Ҷавоб одист: тартибро Кумитаи андоз дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Дар оқибат ин меъёр барои шаҳрвандони одӣ чӣ шакл мегирад, алъон пинҳон мемонад. Аммо дил гувоҳ медиҳад, ки дар бастагӣ ба ин, баъзе «эҷодкориҳо» ва сюрпризҳои ғайримунтазира имкон доранд.
РИА барои шахсони хориҷие, ки хизматрасониҳои электронӣ пешкаш менамоянд
Суолҳои дигари аз назари аввал начандон назаррас низ вуҷуд доранд. Масалан, оё РМА ба шахсони хориҷие, ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ анҷом медиҳанд, дода мешавад? Ислоҳу иловаҳои воридгардида ҳатмӣ будани ин амалро пешбинӣ намекунанд. Зиёда аз ин, расондани хизматҳои электронӣ дар қаламрави кишвари мо барои барпо кардани муассисаи доимамалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикисон сабаб намешавад, ки мутаносибан, уҳдадории ҳатман гирифтани РМА-и тоҷикистониро ба дўши шахсони хориҷӣ бор намекунад.
«Хайр чӣ?- суол мекунад шояд хонандаи бетоқат.- Кори мо чӣ? Магар ин мушкили истифодабарандагони хизматрасониҳои электронӣ дар Тоҷикистон нест?!». Мумкин, ки ин хел набошад.
Лекин… Мувофиқи банди 6 Моддаи 26 КА ҶТ, барои интиқол додани воситаҳои пулӣ ба берун аз ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дохили он, ҳамаи шахсоне, ки хариду фурўш ва амалиёти дигарро ба манфиати шахсони хориҷии таъминкунандаи хизматрасониҳои электронӣ ба амал меоранд, вазифадоранд аз шахсони мазкур исботи рақами мушаххаси андозсупоранда гирифтани онҳоро талаб намоянд.

Ва шахсони хориҷие, ки хизматрасониҳои электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё мекунанду дар мақомоти андози кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, дар навбати худ, вазифадоранд РМА-и худро дар ҳисоботи андоз, ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, расидҳо, санадҳои корӣ (шартномаю қарордодҳо) ва ғ. дарҷ намоянд.
Забони ҳисоботдиҳӣ ва пардохтҳо
Ба ҷуз суолҳои рўзмарраю мубрам, ки гуфтан метавон, ба ҳар сокини кишвар дахле доранд, масъалаҳои махсус ҳам ҳастанд, ки бештар барои коршиносони соҳа ҷолибанд. Масалан, шахсони хориҷии машғул ба хизматрасониҳои электронӣ дар кишвари мо ба кадом забон (давлатӣ ё англисӣ) вазифадор мешаванд ҳисобот пешкаш намоянд? Зарурати пешкаши ҳисобот ба забони русӣ, масалан, боиси танқиду эродҳои сершумори ширкатҳои хориҷие гардида буд, ки дар Русия хизматрасониҳои электронӣ пешкаш мекарданд.
Пардохти андозҳое низ, ки шахсони хориҷӣ аз суратҳисобҳои хориҷии худ ба буҷети Русия бояд равона мекарданд, ба мушкили азим табдил ёфт. Шахсони хориҷие, ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ пешкаш мекунанд, ба ин навъ мушкилот дар кишвари мо дучор мешаванд ё не, суоли матраҳ аст. Аммо яқин аст, ки ин навъ мушкилиҳо, дар сурати ба миён омаданашон, метавонанд ҳар гуна хоҳиши хизматрасониро дар кишвари мо ҳатто аз дили андозсупорандагони пурсабртарин ҳам бароранд.
Дар як моҳ ё дар се?
Масъалаҳои, аз нигоҳи аввал, «техникӣ» ҳам зиёданд, ки бо вуҷуд, қодиранд ҳаёти бисёр ширкатҳоро «душвор кунанд».
Ба ин тариқ, масалан, Моддаи 19 КА ҶТ андозсупорандагонро (агентҳои андозро) ба моҳе як бор тартиб додани санади муқоисавӣ бо мақомоти андоз муваззаф мекунад (дар таҳрири Қонуни ҶТ аз 02.01.2020, №1676). Аммо тибқи Моддаи 193 (3) КА ҶТ, давраи андозӣ семоҳаи тақвимӣ маҳсуб меёбад, дар ҳоле ки мувофиқи Моддаи 193(4) эъломияи андоз, ҳуҷҷатҳо (маълумот) ва ахбори дигар на дертар аз санаи 10-уми моҳе, ки баъд аз анҷом ёфтани давраи ҳисоботӣ меояд, пешкаш мегарданд.

Суоле ба миён меояд, ки барои, пеш аз ҳама, ширкатҳои тоҷикистонӣ (агентҳои андози шахсони хориҷие, ки дар Тоҷикистон хизматҳои электронӣ мерасонанд) кўндаланг меистад: муқоиса чӣ тавр иҷро мешавад? Ҳар моҳ ё ҳар семоҳа? Агар ҳармоҳа бошад, чӣ тавр дақиқии маълумоти пешкашшавандаро таъмин кардан мумкин аст, дар ҳоле ки шахсони хориҷӣ мувофиқи моддаҳои 193(3) ва 193(4) иттилоотро дар 3 моҳ як бор пешкаш мекунанд, аммо агентҳои андози тоҷикистонии онҳо маҷбур мешаванд дар ин миён 3 бор маълумот пешкаш кунанд.
Воқеияти нав барои соҳибкорон ва содироткунандагони IT
Гурўҳи ҷудогонаи суолҳо ба моликони ширкатҳои IT-и тоҷикистонӣ, таҳиякунандагони нармафзорҳо, барномаҳои замимавӣ ва бозиҳодахл дорад, ки ба воситаи шахсони хориҷӣ имкони дастрасӣ ба маҳсулоти хешро фароҳам меоранд.
Масъалаи соҳибкорони тоҷики соҳаи IT, ки маҳсулот ва хизматрасониҳои худро тавассути шахсони хориҷӣ пешкаш мекунанд, камубеш фаҳмо аст. Бо эҳтимоли зиёд, ҳамон модели муносибатҳое ба кор бурда мешавад, ки дар кишварҳои пасошўравӣ, ки “андоз аз Гугл”-ро ҷорӣ кардаанд, роиҷанд. Ё ширкатҳои хориҷӣ пардохтҳоро барои фурўши хизматрасониҳо/ маҳсулот ба соҳибкорони соҳаи IT-и Тоҷикистон кам мекунанд (дар ҳаҷми 18%), ё нархҳои ин гуна хизматрасониҳоро боло мебардоранд (то 18%). Роҳи дуюм эҳтимоли камтари воқеӣ шудан дорад, зеро ба коҳиш ёфтани рақобатпазирӣ мебарад.
Қайд бояд кард, ки ҳарду роҳ ба соҳибкорони IT-и ҶТ, ки дар бозорҳои IT-и ҷаҳон дар асл қадамҳои нахустинашонро мегузоранд ва ба дастгирӣ ва имтиёзҳои гуногун барои рушд шадидан ниёзманданд, метавонад таъсири начандон хуб расонад.
«Андоз аз Гугл» чӣ меорад?
Аммо суолҳои бештар дар мавриди ширкатҳои тоҷикистоние (бонкҳо, операторҳои мобилӣ, таҳиягарони маҳсулоти IT ва замимаҳои мобилӣ) ба вуҷуд меоянд, ки ба корбарон имкони ройгон боргирӣ кардан ва истифода бурдан аз маҳсулот ва хизматрасониҳои, масалан, Play Market ва App Store-ро пешкаш мекунанд. Зеро онҳо хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷиро истифода бурда, дар зимн аз шахсони воқеӣ музд намегиранд. Ба ин гуна фаъолият чӣ хел баҳо диҳем? Инҷо асос барои ситондани андоз аз шахсони хориҷие, ки дар мавридҳои мазкур хадамоти электронӣ пешкаш мекунанд, вуҷуд дорад? Агар чунин бошад, заминаи андозбандиро чӣ тавр бояд ҳисоб кард? Бо такя ба принсипҳое, ки дар Моддаи 24-и КА ҶТ «Нархҳои бозорӣ» инъикос ёфтаанд?

Оё, барои мисол, чунин ҳолат рух намедиҳад: бонк ё оператори мобилиро (ки муштариёни он замимаи онлайниро барои идора кардани суратҳисобҳо/ сафҳаҳои худ боргирӣ мекунанд) вазифадор менамоянд, ки миқдори боргириҳои замимаҳоро дар моҳи ҳисоботӣ шуморанд, ин ададро ба нархи бозории ҳамин гуна мол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он (имкон дорад тариқи усули нархи фурўши оянда, усули харҷ, усули муайян намудани фоидаи пешгўишаванда ё усулҳои дигар муайян карда шавад) зарб зананд ва заминаи андозбандиро ба ин тариқмуайян намоянд?
Шояд, бисёр суолҳо хаёлӣ, содалавҳона ва ҳатто бофта бошанд.
Хуб аст, ки суол зиёд аст. Бад аст, ки аз ҳад зиёд аст. Ва хеле бад аст, ки маълум нест, ҷавобҳои самимӣ ба бисёр аз онҳо кай дода мешавад…
Ҳоло бошад… don’t worry, be happy, ҳамватанони азиз…
Михаил Петрушков, Раиси Анҷумани миллии муҳаққиқони сиёсат ва идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
[1] Ташкилотњои ќарзї – шахсони њуќуќї (бонкњо, ташкилотњои ѓайрибонкии ќарзї, аз љумла ташкилотњои молиявии хурд), ки дар асоси литсензияи Бонки миллии Тољикистон њама ё ќисме аз амалиётњои бонкиро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї мекунанд, иљро менамоянд, инчунин бо њадафи андозбандї – Бонки миллии Тољикистон, ки дар мутобиќат бо ќонун њама ё ќисме аз амалиётњои бонкиро амалї мекунад, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї мекунанд (дар тањрири Ќонуни ЉТ аз 21.02.2018 № 1511 – эзоњи муаллиф)