Пандемия, ки дар дунё ду сол пайиҳам ҳукмфармо аст, равандҳои гуногунсамт дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва кишварҳои ҳамсоя, вокуниши ҷомеаҳои кишварҳои фазои пасошўравӣ ба ҳодисаҳои солҳои охир боз як бор нишон доданд: сохтору ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ як иштирокдори беқадри интегратсияи авруосиёӣ боқӣ мемонанд.
Иқрор бояд кард: Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро оҳиста-оҳиста ба як механизми босамари ҳамгироии минтақавӣ табдил додан муяссар шуда истодааст. Аммо то ба фазои тамаддуни ягона, яке аз қутбҳои ҷаҳони имрўза (ки нақши васлаи босамарро миёни Аврупо ва минтақаи Осиёю уқёнуси Ором мебозад), механизми баланд бароштани сатҳи зиндагии аҳолии кишварҳои аъзо табдил додани ИИА роҳ ҳанўз хеле ва хеле дароз аст.
Ва яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи ҳамгироиҳои авруосиёӣ ТҒД-ҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки зидди ИИА мавқеъ мегиранд. Муносибати танқидкорона ба ғояҳое, ки асоси созмондиҳии иттиҳоди иқтисодии авруосиёиро ташкил медиҳанд, ба вуҷуд овардани руҳияи мухолиф тавассути фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатии гуногун, ки «аз берун идора/сармоягузорӣ мешаванд», намунаи аёнии корбарии василаҳои «неруи нарм» дар рақобати бозигарони геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошанд.

Дар Қирғизистон (дигар кишварҳои ОМ низ) гурўҳи хеле муқтадири ТҒД-ҳо, ки ба манфиати кишварҳои хориҷӣ амал мекунанд, корпоратсияҳо ва ҳукуматҳои фаромиллӣ ташкил ёфтааст. Тайи солҳои зиёд маҳз ҳамин шабакаи ба чашми одами одӣ ноаён ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷомеа ва давлатро фаро гирифта, манфиатҳои грантдиҳони хориҷиро дифоъ намуда, ба равандҳо дар кишварҳои фазои пасошўравӣ самти муайян медиҳад.
Ба ҳайси намуна метавон кори азими ҳамоҳангшудаи ТҒД-ҳо ва созмонҳои байналмилалиро овард, ки бо ташаккулдиҳии муносибати мусбати аҳолии кишварҳои пасошўравӣ ба масъалаи дохилшавӣ ба Созмони Ҷаҳонии Савдо (СҶС) марбут аст. Бояд қайд намуд, ки донорҳои байналмилалӣ грантдиҳиро ба хотири таъмини ҷонибдорӣ ва пешгирӣ аз норозигии аҳолии кишварҳои фазои пасошўравӣ аз оқибатҳои манфии дохилшавӣ ба СҶС идома медиҳанд.
«Индекси устувории ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки бо фармоиши USAID аз соли 1997 муайян карда мешавад, нишондиҳандаҳои муҳими қобилияти ҳаётӣ ва рушди ниҳодии ТҒД-ҳоро аз қабили мустақилияти молиявӣ, зерсохтор, пешкаши хизматрасониҳо муайян мекунад ва дар солҳои «токовидӣ» сатҳи баланди вобастагии ТҒД-ҳои кишварҳои пасошўравиро аз донорҳои хориҷӣ намоиш медод. Аз ҷумла дар Қирғизистон, ки барои бисёр кишварҳои фазои пасошўравӣ дар рушди ТҒД намуна маҳсуб меёбад, устувории молиявии ТҒД-ҳо дар баробари устувории ташкилотӣ, мувофиқи Индекси дар боло зикршуда, пайваста коҳиш меёбад. Мутаносибан, эҳтиёҷ ба кумаки беруна зиёд мешавад. Ва ин кумак асосан аз кишварҳое ворид мешавад, ки иттифоқчии геополитикии Русия ва ҷонибдори ғояҳои ҳамгироии геополитикӣ нестанд. Чунончӣ, мувофиқи ҳисоботи USAID, ба 115 лоиҳаи мухталифи аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим ва барои дастгирии ибтикороти ТҒД-ҳо дар Қирғизистон агентӣ дар соли 2020 зиёда аз 41 млн доллар ҷудо кардааст. Суоли матраҳ ин аст, ки оё Русия дар ҷавоб рақамҳои ҳамқиёсро пешниҳод карда метавонад ё на.
Иқрор шудан лозим меояд, ки аз сабаби пандемия ва якбора бад шудани вазъи иқтисодӣ дар тамоми кишварҳои фазои пасошўравӣ вобастагии ТҒД-ҳо аз ёрии берунаи грантдиҳандагон танҳо зиёд мешавад.
Пас, моҳияти сиёсати Русия дар соҳаи дастгирии ТҒД-ҳо дар кишварҳои ИИА ва кишварҳои фазои пасошўравӣ дар чист?
Афсус, амали мутақобилаи сохтору фондҳои Федератсияи Русия бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии давлатҳои хориҷиро беҳ аз ҳама суханони Президенти ФР В.В. Путин шарҳ медиҳанд (аз матлабе, ки дар “Московские новости” 27 феврали с. 2012 зери сарлавҳаи «Россия и меняющийся мир» ба табъ расидааст): «…Русия аз ТҒД-ҳои миллии кишварҳои дигар истифода намебарад, ин ТҒД-ҳо, ташкилотҳои хориҷии сиёсиро бо ҳадафи татбиқи манфиатҳои хеш маблағгузорӣ намекунад”. Аз ин рў ҷойи тааҷҷуб нест, ки Русия дар равандҳои таъсир ба рушду фаъолияти ТҒД-ҳо дар кишварҳои ИИА ва фазои пасошўравӣ аутсайдери яқину бечунучаро мебошад. Ин, бешак, мақоми Русияро дар ҷамъиятҳои кишварҳои мазкур хеле осебпазир ва ҳамаи ташаббусҳои ҳамгироии авруосиёиро инҷо ҳадафи танқид мегардонад.

ТҒД-ҳои русиягаро, ки аксаран танҳо созмонҳои “ҳамватанони русиягӣ” мебошанд, аксаран заминаҳои ташкилотӣ, молиявӣ, кадрии рушд надоранд. Зиёда аз ин, устувории ниҳодии онҳо аз қарорҳои мансабдорони русиягӣ ва дипломатҳои МХР вобастагии мустақим дорад. Ин заминаи эҳтимолӣ барои инкишофёбии ҳама навъҳои фасод мебошад, ТҒД-ҳои мазкурро барои гузарондани сиёсати мустақил ва мавқеи русиягаро доштан ноқобил месозад.
Дар маҷмуъ чунин ҳолати корҳо бешак ба манфиатҳои миллии Русия ҷавобгў набуда, ноилшавӣ ба ҳадафу вазифаҳо оид ба бунёди имиҷи мусбати Русия ва ғояҳои пешниҳодкардаи он оид ба ҳамгироиро ғайриимкон мекунад, имкон намедиҳад ба маъракаҳои геополитикии рақибон бар зидди Русия муқовимат кунад.
Бар хилоф, қудратҳои пешрафтаи олам аз қабили ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон ва ғ. ба воситаи хазинаҳои давлатӣ, хусусӣ ва муштарак, ташкилотҳои донорӣ на танҳо ТҒД-ҳои мавҷуд ва созмонҳои сиёсиро маблағгузорӣ мекунанд, балки дар бунёд ва ривоҷи ташкилотҳои нав фаъолона ширкат меварзанд. Зиёда аз ин, ба қайди алоҳида меарзад, ки ҳар кадом аз ин кишварҳо стратегия ва тактикаи возеҳи созмондиҳӣ ва рушди ташкилотии ТҒД-ҳоро дорад, ки амалисозии онҳо ба хостаҳо ва сифатҳои шахсии мансабдорон ва ходимони ҷамъиятӣ, ки ин навъ барномаҳоро назорат мекунанд, ҳеҷ бастагие надорад.
Ҳамчунин гуфтан мебояд, ки сарфи назар аз вазъи иқтисодӣ дар ҷаҳон, рушди бомароми ҳаҷми маблағгузории механизмҳои “неруи нарм” идома дорад, афзоиши бевоситаи маблағгузории ҳар ТҒД-и идорашаванда бошад бевосита ба натиҷаҳои кори он ба манфиати давлати грантдиҳанда асос меёбад, на ба муносибати фаъолони ин навъ ТҒД ба ин ё он мансабдор (ки, мутаассифона, зиёд дар муносибатҳои ташкилотҳои ҳамватанон ва масъулони сафоратхонаҳо дар маҳалҳо мушоҳида мешавад).
Тезиси В.В.Путин «…таъсир ба сиёсати беруна ва руҳияи ҷомеа дар кишварҳои дигар бояд комилан ошкоро бошад – он гоҳ иштирокдорони равандҳо ба амалҳои худ бо масъулияти ҳаддалимкон муносибат хоҳанд кард”, зебо ва наҷиб мебошад, аммо дар шароити зиддияти геополитикӣ як утопияро мемонад.
Эътироф кардан лозим меояд, ки кулли лоиҳаҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ ё иқтисодӣ муҳим дар кишварҳои фазои пасошўравӣ, ки минтақаи манфиатҳои ҳаётан муҳими ФР мебошад, қабл аз ҳама, дар кишварҳои аъзои ИИА (масъалаҳои бунёди давлат ва қонунгузории он, энергетика, ташкил намудани мактабҳои сиёсати оммавӣ, блогерҳо, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, “рўзноманигорони мардумӣ”, ахбор дар дастрасии озод, ҳукуматҳои электронӣ, бизнес-инкубаторҳо, ислоҳот дар бахшҳои стратегии иқтисод ва бисёр масъалаҳои дигар) бо маблағҳое амалӣ мегарданд, ки кишварҳои хориҷии дур ҷудо мекунанд.
Алоҳида бояд кори азими ҳамоҳангшудаи ТҒД-ҳо ва ташкилотҳои байналмилалиро тазаккур дод, ки ба ташкили иттиҳодияҳои ТҒД-ҳои самтҳои мухталиф, шабакаҳо ва платформаҳои ТҒД-ҳо дар фазои пасошўравӣ марбут мебошад. Ба роҳ мондани ҳамгироии минтақавӣ (дар Осиёи Марказӣ, ҷумҳуриҳои Паси Қафқоз ва ғ.) низ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти сохторҳои хориҷии донорӣ мебошад, ки бархе аз онҳо солҳои тўлонӣ боз барномаҳои махсуси мусоидат ба ин равандро доранд.

Албатта, барои баъзе мансабдорон ва фаъолони дигар ғояи ҷолибтарин сохтани ҳар навъ монеаҳо, садҳои маъмурӣ, ибтикорҳои қонунӣ мебошад, ки ба коҳиш додани ҳаҷми маблағгузории ТҒД-ҳо аз хориҷа равона мегарданд. Асос сода аст: нақшу аҳамияти ТҒД-ҳоро дар рушди ҷомеаҳои шаҳрвандии кишварҳои фазои пасошўравӣ “қайчӣ задан” мебояд. Аммо асоси мазкур чӣ андоза содаву осон намояд, ҳамон андоза барои ҷомеаҳои ҳар кишвар харобиовар аст.
Охир, ТҒД ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ неруи созанда мебошанд, ки аз онҳо барои рушд ва устувории давлат фаъолона истифода бурдан лозим аст. Ва маҳз дар ин давра масъалаи зарурат ба рушди ҳамкориҳои ТҒД ва давлат дар ин сатҳ дар дохили ҳар кишвар, миёни ҳукуматҳо ва ТҒД-ҳои кишварҳои минтақа ва қабл аз ҳама кишварҳои аъзои ИИА ва номзадҳо ба аъзогӣ тезутунд ба миён гузошта мешавад, ки имкон медод дар идораи рушди ИИА, механизми худтанзимнамоии ҷомеа, ҳалли масъалаю вазифаҳо ва ҳимоя аз “инқилобҳои ранга” ва садамаҳои дигари иҷтимоӣ нақши асосӣ дошта бошад.
Барои ин таъсиси “Маркази дастгирӣ ва рушди ниҳодҳои Ҷомеаи шаҳрвандии ИИА” ҳаётан муҳим аст, ки ҳамаи ташаббусҳои ҷамъиятии равона ба ҳамгироии авруосиёӣ ва бунёди фазои ягонаи авруосиёии тамаддунӣ ва менталиро дастгирӣ намояд. Марказ ҳам дар шакли трансфертҳои бевосита аз буҷаҳои давлатии кишварҳои Авруосиё ва ҳам фондҳои гуногун, ташкилотҳо, давлатҳои дўст, сохторҳои соҳибкорӣ ва ашхоси ҷудогона бояд сармоягузорӣ шавад.
Сармоягузории ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои ИИА (ва ҳам кишварҳое, ки масъалаи дохилшавӣ ба ИИА-ро баррасӣ мекунанд), ки ба дигаргун сохтани муносибатҳои кишварҳои ИИА ва ҳамгироии авруосиёӣ, таҳкими ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва тақвияи нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ равона мебошанд, барои коркарду татбиқи босамартари лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар дохили ИИА (аз ҷумла, миёни Русия ва Қирғизистон) ва бомуваффақият убур кардани монеаҳо дар роҳи ҳамгироии авруосиёӣ мусоидат хоҳад намуд.
Равшан аст, ки ҳар касе пул медиҳад, мусиқиро мефармояд.
Ва аз он, ки кӣ ва бо кадом мақсад ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии ИИА-ро маблағгузорӣ мекунад, вобаста хоҳад буд, ки дар фазои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё кадом мусиқӣ садо медиҳад ва он ба зеҳну дилҳои халқҳои Авруосиё чӣ гуна таъсир хоҳад дошт.
Михаил Петрушков