Мушкилоти умдаи забони тоҷикӣ

Андешаҳои забоншиносону коршиносон дар мавриди забони тоҷикӣ ва имлои он

Бо талоши зиёди зиёиён, донишмандон ва бархе сиёсатмадорони тоҷик 22 июли соли 1989 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Ин мақом ба таври осон ва муфт барои тоҷикон ҳадя нашуд. Барои то ба ин ҳад расидани мавқеи забони тоҷикӣ зиёиён, олимон ва донишмандони зиёде талош карданд ва, ба гуфтаи шоҳидон, ҳатто аввалин гирдиҳамоии тоҷикон дар даврони Шӯравӣ маҳз бо талаби мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ сурат гирифт буд.

Мақоми забон ва масъалаи имло

Журналист ва яке аз шоҳидони тазоҳурот барои додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ Салими Аюбзод менависад, ки “он аввалин гирдиҳамоии тоҷикон дар соли 1989 буд ва онро ду устоди донишгоҳ Барот Мақсудов ва Ҷумъахон Исоев ва як корманди фабрикаи пойафзол Сафари Мастонзод ташкил карда буданд”.

Ӯ дар идома менависад, ки “Президенти вақти кишвар ё Раиси президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон Ғойибназар Паллаев ба минбари ин тазоҳурот баромадаву бо мардум радду бадал карда буд. Вай ваъда дода буд, ки талаби тазоҳуркунандагонро ба ҷо хоҳад овард ва ба ваъдааш вафо ҳам кард”.

– Тоҷикон аввалин мардуме дар ҳамаи Осиёи Марказӣ буданд, ки барои забону фарҳанги худ ба майдон баромаданд…, – менависад С. Аюбзод

Ҳамин тариқ, зери “фишор”-и оммавӣ, 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул гардид. Тибқи қонуни мазкур забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт.

Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд. Аз он айём то имрӯз беш аз 30 сол гузашт. Дар ин миён чанд маротиба ба қонуни забон тағйиру илова ворид гардид ва он бори дигар қабул шуд.

Мушкилоти умдаи забони тоҷикӣ
Аввалин гирдиҳамоии дар Тоҷикистон. с. 1989. Акс аз интернет.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард. 5 октябри соли 2009, баъд аз имзо шудани он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонун ба амал даромад. Ҳамин тавр, шуруъ аз соли 2009 рӯзи 5 октябр ҳамчун  Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Дар ин байн чандин маротибаи дигар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ низ нав шуд. Бори охир тағйирот ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ 30 июни соли 2021 таҳти №268 тасдиқ шуд. Вале бо вуҷуди ин, дар расонаҳо, маҳфилҳои фарҳангӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ то ба ҳол баҳси забони тоҷикӣ доғ аст.

Воқеан, донишмандон ва забоншиносони зиёде аз коста шудани забони гуфтугӯӣ ва навишторӣ мегӯянд. Онҳо ҳамеша аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки сокинони кишвар, махсусан ҷавонон, забони тоҷикиро намедонанд ва суҳбат кардан бо ин забон барои онҳо бегона аст. Ҳамин тариқ, онҳо аз забони матбуот, китобҳои дарсӣ шикоят мекунанд. Мардум, дар навбати худ, аз он шикоят доранд, ки харҷу марҷ дар забони тоҷикӣ зиёд аст, онҳо намедонанд, ки кадоме аз калимаҳои зиёди пешниҳодшавандаро истифода намоянд.

Мо дар зер кӯшиш намудем, ки бо забоншиносон ва донишмандон сари мушкилиҳои аслии забон, омилҳои аслии пайдоиши баҳсҳо суҳбат намоем.

Умед Ҷайҳонӣ: Дигар имлоро ислоҳ накунед, то вазъ бадтар нашавад!

Забоншинос ва яке аз ҳимоятгарони забони тоҷикӣ дар кишвар Умед Ҷайҳонӣ дар мавриди мушкилоти забони тоҷикӣ гуфт, ки бештари таъсирро ба забони тоҷикӣ забонҳои русӣ ва узбекӣ доранд ва вожасозии тоҷикӣ умуман рӯбардор аз русиву узбекӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, калимаҳои арабиро ҳам аз фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ мегиранд, ки дар онҳо ғалат тавзеҳ дода шудаанд.

Мушкилоти умдаи забони тоҷикӣ
Умед Ҷайҳонӣ

– Дар як сухан вазъи забони тоҷикиро метавон чунин бознамоӣ кард: омӯзиши забон дар мактабу донишгоҳ уфт кардааст. Расонаҳо ба забони кӯчабозории бемояву суст менависанд. Муҳоҷират забонро бештар ба русӣ олуда мекунад. Ин равандҳои табииро ҳеч идорае наметавонад мудирият кунад. Дар натиҷа, забони тоҷикӣ ҷояшро ба русӣ хоҳад дод. Шояд дар шеъру адаб чанд соле дигар касе чизаке гӯяд, ки он ҳам арзишу аҳамияте нахоҳад дошт, – гуфт Умед Ҷайҳонӣ.

Вай мегӯяд, набояд дигар имлоро ислоҳ кунанд, то вазъ бадтар нашавад.

– Равиши омӯзиши забон дар мактабу донишгоҳ ниёз ба ислоҳ дорад. Аммо чун ба андозаи кофӣ омӯзгор надорем, ин масъала ҳал намешавад. Дигар мушкилот ин аст, ки ниҳодҳои давлатӣ худ забони расмиро дуруст ба кор намебаранд. Бештар аз русӣ тарҷума мекунанд, ки забонро хароб мекунад, – хулоса намуд ин забонишиноси тоҷик.

С. Назарзода. Масъалаи садонокҳо ва йотбарсарҳо

Собиқ директори  Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва раиси Кумитаи ҷумҳуриявии истилоҳоти назди Акдемияи илмҳои кишвар Сайфиддин Назарзода дар мавриди мушкилиҳои забони тоҷикӣ, раванди он ва нофаҳмиҳо дар Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бо мо муфассал суҳбат намуд.

Ӯ гуфт, ки сабаби бори дигар қабул шудани Қонуни забон дар он аст, ки асосҳои ҳуқуқии истифодаи забони тоҷикӣ дар сатҳи давлатӣ муайян гардид ва вақте он дар даврони Шӯравӣ қабул гардид, масъалаҳои сезабонӣ – тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ вуҷуд дошт. Яъне, ба гуфтаи ӯ, ин қонун фаъолияти идораҳои давлатиро ба се забон муқарар мекард.

– Қонуне, ки соли 2009 қабул шуд, ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дод ва муносибати ин забонро бо дигар забонҳо муайян намуд. Яъне, принсипи асосии қабул кардани қонуни забон муайян кардани истифодаи забони тоҷикӣ дар сатҳи давлатӣ буд, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

С. Назарзода дар мавриди хатоҳое, ки дар гузашта содир шуданду то ба ҳол барои забони тоҷикӣ ва имлои он мушкилӣ месозанд, муфассал суҳбат намуд.

Мушкилоти умдаи забони тоҷикӣ
Сайфиддин Назарзода

– Мо то соли 1930 алифбои арабӣ доштем. Дар алифбои арабӣ низоми шашсадонокии забон мустаҳкам карда шуд буд. Яъне забони мо асосан шаш садоноки устувору ноустувор дорад. Масалан, агар “и” дар калимаи “бино” садоноки устувор бошад,  дар калимаи “дил” садоноки ноустувор аст. Яъне ҳарфи “и” дар калимаи “дил” кутоҳ ва дар калимаи “бино” дароз талаффуз  мешавад. Ҳарфи “у” ҳам устувор ва ноустувор аст. Яъне дар калимаҳои “буз”, “гул” овози “у” кутоҳ аст. Мо ҳамин “у”-и кутоҳро бар асари қабули алифбои лотинӣ ва баъдан русӣ ба дароз ва ё устувор табдил додем. Хато ё иштибоҳи асосие, ки дар давраи қабули алифбои кирилӣ рафтааст, ин аст, ки “и” ва “у”-и устувор ва ноустуворро  бо як ҳарф ифода карданд. Дар инҷо як овози маҷҳули “и” ва “у” монд ва мо онҳоро бо “и” ва “у”- и хатакдор ифода кардем.

Ҳамин масъала дар вақти имлобандии солҳои 40-ум ба назар гирифта нашуд. Ба ҷои он ки системаи шашсадонокии забонро бо ҳарфҳо муайян кунанд, онҳо барои дуто садоноки устувору ноуствори аз ҳам ҷудо як ҳарф таъин карданд ва барои овози дарози таърихӣ, ки аз садонокҳои мураккаб пайдо шуда буд, як “у”-и дароз монданд. Дарҳамбарҳамӣ аз ҳамин иштибоҳ оғоз шуд ва баъд оҳиста оҳиста овозҳои устуворро ҳам бо “у”-и хатчадор ифода карданд. Баъд аз ин калимаҳои арабиро, туркиро. Яъне дар забон як бесарусомонӣ халқ карданд. То ба ҳол дар истифодаи садонокҳои забони тоҷикӣ ҳамин дарҳамбарҳамӣ ба назар мерасад.

Масъалаи дуввум, мо чор ҳарфи йотбарсар дорем. Ин чор ҳарфи мураккаб дар зери таъсири алифбои русӣ ба забони мо қабул шуданд. Дар забони тоҷикӣ ҳеҷ ҷойи истифода надоранд. Вале онҳоро зўран  бор карданд, барои онҳо қоидаҳо сохтанд ва  он ворид шуд ва имрӯз  як ҷузъи алифбои тоҷикӣ аст. Аммо дар оянда онҳо ҳам тағйир хоҳанд хурд ва аз алифбои забони тоҷикӣ бояд бароянд.

Рустами Ваҳҳоб: Дар асоси принсипи Айнӣ

Забоншиноси тоҷик Рустами Ваҳҳоб мегӯяд, мушкили умдаи забони тоҷикӣ имрӯз худраъйӣ ва амал накардан мувофиқи дастурҳо аст, ки пайомадаш баҳсу пархошҳо дар байни бархе донишмандон ва корбарони он мешавад.

Мушкилоти умдаи забони тоҷикӣ
Рустами Ваҳҳоб

Ӯ қайд намуд, ки дар ҳеч забони дунё баҳси имло хатм нашудааст ва дар миёни ҳамзабононамон ва русзабонҳо камтар аз баҳсҳои мо нест.

Ҳамчунин ӯ гуфт, “дар ҳеч илми дигаре, аз ҷумла назарияҳои илмии ҷаҳонии мавҷуд, дар ҳеч амре нуқтаи таммат гузошта нашудааст, зеро он нуқтаи марги илм хоҳад буд. Аммо дар ҳар марҳалае, дар ҳар амре гурӯҳе мунтахаб аз намояндагони ҳар донише бар чизе тавофуқ ва қарор мекунанд, то нуқтаи мадори амал ба вуҷуд ояд. Дар акси ҳол беамалию беназмӣ ва ошуфтабозориву ҳарҷу марҷ ҳама корро хароб мекунад”.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз сабабҳо ва ангезаҳои аслии баҳсҳо атрофи забони тоҷикӣ ин аст, ки бархе забони роиҷ дар Тоҷикистонро ба забонҳои роиҷ дар дигар бахшҳои ҳамзабонон ба қиёс месанҷад ва ҳар чизе, ки дар он ҷоҳо набошад, мавриди тафтиш ва танқиду шакку шубҳа қарор дода мешавад.

– Инҷо асл (принсип) дуруст нест. Зеро дар забони зиндаи роиҷ дар Тоҷикистон ва умуман Мовароуннаҳр захираи азими калимаҳои ноби тоҷик-форсӣ-дарие ҳаст, ки дар дигар ҷойҳо нест. Хеле вақтҳо ба чунин калимаҳо ки дар навиштори мо роиҷ, вале дар ҳамзабононамон нестанд ва ба ҷойи онҳо ҳатто баъзан калимаҳои ғайрифорсӣ ба кор бурда мешавад, эрод мегиранд, – гуфт ин забоншиноси тоҷик.

Ӯ дар мавриди бартараф намудани баҳсҳо атрофи забони тоҷикӣ ва боз ҳам рушд додани он пешниҳод кард, ки ба асоси он асле (принсипе), ки аз устод Айнӣ мерос монда ва ҳанӯзу ҳамеша дуруст хоҳад буд, бояд амал намуд. Яъне меъёр ва захираҳои забони адабиёту илми классик+захираҳо ва тавоноиҳои наҳвии забони зиндаи мардум+ҳамкории муътадил ва баробар бо ҳамзабонон дар навиштору гуфтор.

Дар баробари ин, Рустами Ваҳҳоб зимни як навиштаи худ дар “Фейсбук” ҳамаро ба риояи Қоидаҳои имлои тасдиқшуда, сарфи назар аз паҳлуҳои баҳсбарангез, даъват намуд.

Мазхаб Ҷумъа

Оцените статью

Мушкилоти умдаи забони тоҷикӣ Андешаҳои забоншиносону коршиносон дар мавриди забони тоҷикӣ ва имлои он Бо талоши зиёди зиёиён, донишмандон ва бархе сиёсатмадорони тоҷик 22 июли соли 1989 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Ин мақом ба таври осон ва муфт барои тоҷикон ҳадя нашуд. Барои то ба ин ҳад расидани мавқеи забони тоҷикӣ зиёиён, олимон ва донишмандони зиёде […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.