Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Оё умеде ба сулҳ ҳаст?

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпаррониҳо рух дода, сабаби маргу ҷароҳатҳо шуданд. Чаро тарафҳо то ҳол пеши роҳи низоъҳоро гирифта наметавонанд? Барои хомӯш кардани оташи адоват чӣ кор бояд кард?

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тезутунд гашт. Ихтилоф миёни мардуми осоишта, ки шоми 27 январ оғоз шуд ва марзбонони қирғиз ба он дахолат карданд, ба даргирии навбатии ҳарбӣ табдил ёфт. Ин аввалин ҳодиса дар соли 2022 аст.

Маркази матбуотии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз кушта шудани ду нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳудуди 20 шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод, ки аз ин шумор 6 нафарашон низомиён будаанд.

Маркази матбуотии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабар дод, ки яке аз кушташудагон ронандаи мошини ёрии таъҷилии беморхонаи марказии Исфара Абдулатиф Шарифов буд, ки ҳангоми наҷот додани сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло аз таркиши тири миномёти ҷониби Қирғизистон ҷон бохт.

Сокини ин деҳа Тӯйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, низ талаф ёфт: ӯ ҳам бар асари таркиши гулӯлаи миномёте, ки низомиёни қирғиз ба ҳавлиаш партоб карданд, ҳаёташро аз даст дод.

Расонаҳои қирғиз сабаби муноқишаро бастани қитъаи роҳи Ӯш-Исфана аз ҷониби низомиёни тоҷик дар қитъаи 275-метрии мутааллиқ ба Тоҷикистон дар байни деҳаҳои тоҷикистонии Хоҷаи Аъло ва Сомониён ва айили Коктош дар Қирғизистон гуфтаанд. Аммо хадамоти марзбонии Тоҷикистон иддао дорад, ки муноқиша пас аз он оғоз ёфт, ки ҳудуди 50 шаҳрванди Қирғизистон сӯйи мошини як шаҳрванди Тоҷикистон сангпартоӣ карда, онро боздоштаанд. Бинобар иттилои хадамот, пас аз ин намояндагони мақомоти маҳаллии қирғизҳо ва тоҷикон қасд доштанд, ки барои баррасии вазъ мулоқоте баргузор кунанд. Аммо бино ба мавқеи Тоҷикистон, намояндагони Қирғизистон ба ин вохӯрӣ наомаданд ва дере нагузашта марзбонони қирғиз оташ кушоданд.

Бар асари тирборон деҳаҳои Сомониён, Хоҷаи Аъло, Сурх ва ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон осеб диданд.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, танҳо дар деҳаи Сомониён бар асари тирборон аз ҷониби нерӯҳои қирғиз 11 хона осеб дида, як маркази тиббӣ тахриб шудааст. Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло мегӯянд, бар асари партоби гулӯлаҳо ҳудуди 10 манзили онҳо оташ гирифта ва хароб шудааст. «Азия-Плюс» хабар медиҳад, ки баъзе гулӯлаҳои низомиёни кишвари ҳамсоя то ҳол дар ҳавлии сокинони деҳот ҳамчун далели он шаби хунин боқӣ мондаанд.

Ба иттилои хабаргузории 24.kg, ҷониби Қирғизистон 11 захмӣ дорад, ки ҳамагӣ низомиён мебошанд, дар миёни онҳо мардуми мулкӣ нест.

Рӯзи дигар, пас аз он ки сарони вилоятҳои Суғду Бодканд дар бораи хуруҷи нерӯҳои иловатан ба марз аз ду ҷониб овардашуда ба ҷойҳои истиқрори доимӣ тавофуқ ҳосил карданд, низоъ коҳиш ёфт.

-Барои таъмини назорати пурраи сарҳад комиссияи муштарак таъсис дода шуда, барои оромии мардуми маҳаллӣ ва ҷилавгирӣ аз авҷгирии минбаъда патрулҳои муштарак ташкил карда шуданд, хабар доданд аз ҳукумати шаҳри Исфара.

Дар музокирот, ки рӯзи 28-уми январ миёни раҳбарони мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратии кишварҳои ҳамсоя баргузор шуд, ба тавофуқоти пешакӣ тағйироти ҷиддӣ ворид нашудааст.

Дар робита ба низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки Тоҷикистону Қирғизистон шомили он ҳастанд, низ изҳори нигаронӣ шудааст.

Дабири кулли СПАД Станислав Зас хостори қатъи оташ дар марзи байни кишварҳо шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин созмон. СПАД ҳамчунин хабар додааст, ки ин иттиҳод омода аст ба Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли мусолиматомези низоъ кумак кунад.

-Задухӯрдҳои нав дар сарҳад, ки дар натиҷаи онҳо захмиён пайдо шуданд, нигаронии ҷиддиро ба бор овардааст. Муқовимати мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд фавран қатъ карда шавад. СПАД омода аст ба Қирғизистону Тоҷикистон дар ҳалли низоъ кумаки зарурӣ расонад,- гуфт С. Зас.

Дабири кулли СПАД изҳори итминон кард, ки раҳбарияти ҳарду кишвари узви СПАД роҳҳои барои ҳар ду тараф мақбули ҳалли ин мушкили марзиро пайдо хоҳанд кард.

Новый конфликт на таджикско-кыргызской границе. Есть ли свет в конце тоннеля?

Решаи бадӣ куҷост?

Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва коршиноси тоҷики масоили минтақавӣ, мегӯяд:

-Агар ба гузаштаи наздик назар андозед ва изҳороти раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборовро дар моҳи ноябр бихонед, маълум мешавад, ки ин иғво пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд.

Коршинос мутмаин аст, ки ин як бахше аз нақшаи ҳукумати Қирғизистон дар мавриди муқаррар кардани назорати низомӣ бар қитъаи 275-метраи роҳи Ӯш-Исфана мебошад, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад ва ба қирғизҳо ба иҷора дода шудааст.

-Пас аз он президент Ҷабборов дар моҳи ноябр раиси собиқи Шӯрои амнияти кишвараш Адахон Мадумаровро муттаҳам карда, гуфта буд, ки ин мавзеъ қаламрави Қирғизистон аст. Ин дар ҳолест, ки тамоми ҳавзаи рӯдхонаи Исфара ва ду соҳили он аз ҷониби деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло дар ҳама харитаҳои замони Шӯравӣ ҳамчун қаламрави Тоҷикистон сабт шудааст. Дар ин маврид ягон раиси ҷумҳури пешин ва ҳеҷ ҳукумати Қирғизистон то ба қудрат расидани Ҷабборов дар ҷараёни музокирот оид ба марз даъво надоштанд ва салоҳияти Тоҷикистонро бар ин қаламрав эътироф мекарданд. Аммо то чӣ андоза муҳим будани маҳрум кардани Тоҷикистон аз ин фишанги фишори эҳтимолӣ дар сурати даргириҳо дар марзро дарк намуда, Ҷабборов ва атрофиёни ӯ, аз эҳтимол дур нест, қасди бо кумаки нерӯи низомӣ ин қаламравро тасарруф кардан доранд.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки Қирғизистон тайи як соли ахир ба таври муназзам ва пайваста тавонмандиҳои низомии худро дар марз бо Тоҷикистон афзоиш додааст, аз ҷумла барои ин ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақтар”-ро ​​аз Туркия харидааст, Мирсаидов бар ин бовар аст, ки ҳамсояҳо аллакай ба иҷрои ин тарҳ шуруъ кардаанд.

– Эҳтимол, онҳо аз шикасти ҳарбӣ ва талафоти инсонӣ дар ҷараёни даргириҳои моҳҳои апрелғмайи соли 2021 ба изтироб афтода бошанд. Ногуфта намонад, ки Қирғизистон тамоми ин муддат барои интиқом омодагӣ дидааст. Аммо баъзе сарҳои гарм фаромӯш мекунанд, ки якчанд “Байрақтар” дар амалиёти низомӣ дар шароити кунунӣ метавонанд комилан ҳеҷ маъно надошта бошанд. Аз ин рӯ, мехостам онҳо андеша кунанд, ки задухӯрдҳо дар манотиқи сераҳолӣ чӣ оқибатҳо дошта метавонанд, – хулоса кард сиёсатшинос.

СПАД ба посбонии марз ҳамроҳ шавад?

Феликс Қулов, сиёсатшиноси қирғиз, дар шарҳи ин ҳодиса дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки ҳанӯз пас аз муноқишаи соли гузашта ӯ ҳамчун яке аз чораҳо барои барқароркунии зиндагии муътадили сокинони манотиқи марзӣ ташкили дидбонгоҳҳои муштараки иборат аз сарҳадбонони қирғизу тоҷик бо ширкати нерӯҳои посдори сулҳи СПАД-ро пешниҳод кардааст.

-Патрули якҷоя миёни аҳолии маҳаллӣ муҳити амният ва эътимодро ба вуҷуд меорад, зеро тарафҳои муқобил зери назорати тарафи сеюм қарор хоҳанд дошт, – шарҳ дод ӯ мавқеи худро.

Дар ҷавоб эътирозҳое садо доданд, ки Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳолатҳои ихтилофии байни кишварҳои аъзои СПАД-ро танзим намекунад.

-Ман ақида доштаму дорам, ки маъною муҳтавои матни Паймон, агар аз мавқеи расмӣ-ҳуқуқӣ ҳам нигарем, ба мо имкон медиҳад пешниҳоди маро қабул намоем. Наметавонам таъкид накунам, ки кишварҳои СПАД бо машваратҳои телефонӣ қаноат нанамуда, бояд оид ба қатъи низоъ, барқарор намудани сулҳ ва ташкил кардани минтақаҳои бехатарӣ тасмимҳои мушаххас гиранд,- менависад Феликс Қулов.

Коршинос барои тасдиқи гуфтаҳояш ба моддаи 1-и “Паймони амнияти дастаҷамъӣ” ишора мекунад, ки дар он омадааст: «Давлатҳои иштирокгар бори дигар уҳдадории худро оид ба худдорӣ аз корбурди зӯрӣ ва ё таҳдид бо зӯрӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ тасдиқ мекунанд. Онҳо уҳдадор мешаванд, ки ҳамаи ихтилофҳои байни худ ва давлатҳои дигарро тариқи осоишта ҳал кунанд». Ва дар моддаи 9 гуфта мешавад: «Ҳама гуна масъалаҳое, ки дар байни давлатҳои иштирокгар вобаста ба тафсир ё татбиқи ягон муқаррароти ин Паймон ба миён меоянд, якҷоя дар руҳияи дӯстӣ, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳал карда мешаванд».

-Аммо тавре мебинем, ду аъзои СПАД “якҷоя” натавонистаанд низоъро ҳал кунанд. Калимаи «якҷоя» маънии на танҳо сари як миз ташкил намудани ҷамъомадҳои муштарака, балки пеш аз ҳама маънии андешидани чораҳои самарабахшро дорад На танҳо баррасӣ, балки амал ҳам бояд кард. Матни Паймонро маҳз ҳамин тавр бояд маънидод кард, ба ҳеҷ ваҷҳ ба таври дигар не.

Аз ин рӯ, ман бори дигар таъкид мекунам, ки ҷониби мо тибқи моддаҳои 1 ва 9-и Шартнома ба кишварҳои узви СПАД дар мавриди истиқрори нерӯҳои посдори сулҳ барои посбонии муштарак дар минтақаҳои алоҳидаи наздимарзӣ дар давраи ҳалли баҳсҳо пешниҳод кунад. Ин як қадами аввалин ва мушаххасе хоҳад буд, ки барои кори самарабахши минбаъда оид ба ҳалли баҳсҳо бо роҳҳои дипломатӣ шароит фароҳам меорад, вале муҳимтар аз ҳама, изтироби мардумро рафъ мекунад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки ором ва бидуни тарсу ҳарос кору зиндагӣ кунанд, – мегӯяд сиёсатмадор.

Дар ин масъала Неъматулло Мирсаидов коршиноси қирғизро дастгирӣ кард:

– Ман кайҳо пешниҳод карда будам, ки ҷонибҳо мавзееро, ки дар он деҳаҳои қирғизии Коктош, Оқсой, Самарқандек, Ортабоз, Уч Добоо, Достук (Қарабоқ) ва деҳаҳои тоҷикии Ворух, Хоҷаи Аъло, Сомониён, Чоркӯҳ ва Сурх ҷойгир шудаанд, минтақаи озоди иқтисодӣ  эълон кунанд, то ки низомиён (сарҳадбонҳо, гумрукчиён, милисаҳо) ҳақ надошта бошанд худи мардуму борҳои онҳоро боздошт кунанд, ба ҳаракат монеъ шаванд. Тавре рафти ҳодисаҳои наздимарзӣ нишон медиҳад, мо натавонистем масъалаи қаламравро мустақилона ҳал кунем, сол аз сол вазъият бадтар мешавад. Ҳар як тараф худро ҳақ мешумораду масъала аз ҷояш намеҷунбад. Дар ин байн мардум азият мекашанд. Имрӯз мо бояд на дар бораи он фикр кунем, ки кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ – вақте дар минтақа ҳарбиву аслиҳаи зиёд мавҷуд аст, ин як бозии хатарнок мебошад, – мо бояд дар бораи сулҳ, барқарор кардани тарзи зиндагие, ки дар ин минтақа дар замони шӯравӣ вуҷуд дошт, фикр кунем. Ҳузури шумораи зиёди низомиён ва техникаи ҷангӣ дар минтақаи наздимарзӣ хатари даргириҳои навро ба вуҷуд меорад.

Ба гуфтаи коршинос, баргаштан ба тартиботи қаблӣ, вақте нафрат нисбат ба якдигар аллакай аз ҳад мегузарад, душвор мешавад. Ин корро худи ҳозир, замоне ки ҳанӯз одамоне дар ин маҳал ҳастанд, ки дӯстиро қадр мекунанд, бояд шуруъ намуд.

– Ҳама гуна саволҳо дар бораи қочоқ, убури ғайриқонунии сарҳад сафсаттае беш нестанд. Ин барои онҳое лозим аст, ки мехоҳанд аз ғами мардум пул кор кунанд, – мегӯяд Мирсаидов. – Ҳоло дар минтақаи номбурда сарҳад вуҷуд надорад ва дар бораи убури ғайриқонунии он, ки аксаран аз ҷониби низомиён анҷом дода мешавад, ки мехоҳанд даромад ба даст оранд ва бо ин амал вазъро ноором месозанд, гап задан аблаҳист. Аз ин рӯ, гузаргоҳҳои амалкунанда, яъне Қизилбел-Гулистонро марзи ду давлат шуморидан дуруст мебуд. То ба охир расидани таъйини хатти марз ба қаламрави боқимонда дар периметри маҳалҳои аҳолинишини номбаркардаам бояд мақоми махсус дода шавад. Ба ин асос нерӯҳои сулҳхоҳ аз кишварҳои СПАД бояд ба таври дарозмуддат ба ин ҷо ворид карда шаванд. Мо бояд ҳама корро кунем, то бозорҳои наздимарзӣ мисли пештара кор кунанд, то мардум озод савдо ва муошират намоянд. Ин барои ба вуҷуд овардани муҳити боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хеле муҳим аст. Инчунин ёрии Русия дар ҳалли баҳси марз зарур аст, зеро маҳз дар бойгонии ин кишвар ҳуҷҷатҳоеро пайдо кардан мумкин аст, ки мансубияти қаламравҳоро ба ин ё он ҷумҳурӣ тасдиқ мекунанд.

Новый конфликт на таджикско-кыргызской границе. Есть ли свет в конце тоннеля?

Таърихи муноқишаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон

Бо вуҷуди музокирот дар сатҳи олӣ ва омодагии ду кишвар ба ҳалли мушкилот дар марз ва ҷилавгирӣ аз низоъҳо, дар марзи ду ҷумҳурӣ муноқишаҳо, он ҳам зиёд бо истифода аз силоҳи оташфишон ва иштироки низомиён, ба таври мунтазам рух медиҳад. Баъзан ихтилофҳои байни сокинони маҳаллӣ ба задухӯрдҳои бузурги низомӣ табдил меёбанд. Охирин бархӯрди бузург дар охири моҳи апрели соли 2021 рух дод. Дар нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болооби дарёи Исфара, миёни сокинони маҳаллӣ муноқиша ба амал омада, ба задухӯрди мусаллаҳонаи низомиён мубаддал гашт. Сабаби асосии ихтилофот дар қитъаҳои делимитатсиянашуда аст, ки онҷо аз куҷо гузаштани марзи байни давлатҳоро муайян кардан ғайриимкон аст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба иғвоандозӣ дар марз муттаҳам кард.

Ҳамчунин дар охири соли гузашта, рӯзҳои 22 ва 23 декабр, як силсила ҳодисаҳои дигар бо иштироки шаҳрвандони Қирғизистон ва марзбонони тоҷик рух дода буд. Ду мошин бо рақамҳои қирғизӣ марзи Тоҷикистонро шикастанд, инчунин шаҳрвандони Қирғизистон манзили як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳро тирборон намуданд. Баъди ин ҳодисаҳо КДАМ Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба зиёд кардани амалҳои иғвоангез муттаҳам намуд.

То имрӯз аз 976 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш муқаррар ва аломатгузорӣ шудааст.

Nuqta.tj

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.