акс: GettyImages
Муқовимати иттилоотӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон солҳои охир шадидтар мегардад. Вале чаро мо дар ин раванд наметавонем ташаббусро ба дасти худ гирем?
Ва инак соли нав низ бо задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оғоз ёфт. Хушбахтона, тарафҳо тавонистанд ба созиш оянд, вале муқовимати иттилоотӣ тоҳол идома дорад.
Ин зиддият охирҳои моҳи апрели соли гузашта, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳонаи байни ду давлат, авҷ гирифт, ва пас аз ҳодисаҳои январи соли ҷорӣ дубора боло рафт.
Дуруст аст, ки қабл аз ин ҳам муқовимати иттилоотӣ вуҷуд дошт, аммо то ин сатҳе, ки имрӯзҳо дида мешавад набуд.
Ки бохту, ки пирӯз гашт?
Дар муқовимати иттилоотӣ аксарият бар он назаранд, ки ҷониби Тоҷикистон бохт. Ҳатто ҳолатҳое низ шуда, ки мардум дар шабу рӯзи авҷи задухӯрди соли гузашта журналистонро бар он гунаҳкор намуданд, ки аз дасташон чизе намеояд. Вазифаи худро сари вақт иҷро карда натавониста истодаанд. Яъне, ки мардум интизори хабарҳои нав аз марз буд.
Рӯзноманигороне, ки дар ҳамон шабу рӯз дар марз буданд, аз он шикоят доштанд, ки наметавонанд маълумоти зарурӣ ба даст оварда бошанд. Ба гуфтаи онҳо мақомотҳои дахлдор аз шарҳи аксар хабару воқеаҳо худдорӣ мекарданд. Бинобар ин рӯзноманигорро зарур меомад то худ маълумоти лозимаро пайдо созад.
Аммо ҷониби Қирғизистон доимо фаъол буд ва сомонаҳои қирғизӣ ҳар дақиқа аз воқеъоти марз гузоришҳо дода меистоданд. Сомонаҳои машҳури kloop.kg ва 24kg пайваста гузоришоти худро аз марз тариқи сомонаҳои интернетӣ паҳн менамуданд.

Шаҳноз Комилзода хабарнигоре, ки дар шабу рӯзи воқеаҳои моҳи май дар марз қарор дошт ва аз он ҷо гузоришҳо омода карда буд. Ӯ бар ин назар аст, ки дар муқовимати иттилоотӣ ягон тараф набохт.
– Воқеан ҳам дар ҳамон шабу рӯзи оғози ҷанги мусалаҳҳона, муқовимати иттилоотӣ ҳам хеле шадид буд. Ҷониби Қирғизиситон дар муқовимати иттилоотӣ хеле фаъол буданд, хусусан дар Твиттер он шадид дида мешуд. Чун дар Твиттер аксаран созмонҳои байналмилалӣ ва шахсиятҳои таъсиргузори ҷаҳонӣ ҳузур доранд ва як сухани онҳо, як гуфтаи онҳо хеле муҳим буд, дар ҳамон шабу рӯз ва дар аввал воқеан ҳам он шахсиятҳо ба хабарҳои бардурӯғ, фейкии фаъолони шабакаҳои иҷтимоии қирғиз бовар карданд ва ба доми онҳо уфтоданд. Вале бо мурури замон, чун муайян шуд, ки онҳо хеле зиёд аз дасткорӣ истифода мебаранд, аз манипулятсия истифода мебаранд, хабарҳои бардӯрғ зиёд нашр мекунанд, дигар эътимод ба чунин хабарҳо кам шуд. Худи он мардуми Қирғизистон, ки соҳибэҳтиром ҳастанд, дигар аз дурӯғпарокании фаъолони фейсбукии қирғиз хиҷолат мекашиданд. Дигар медидем, ки онҳо камфаъол шуданд, ақибнишинӣ мекарданд – мегӯяд ӯ.
Комилзода бар он назар аст, ки ҷониб Қирғизистон метавонист дар муқовимати иттилоотӣ дастболо шуда. Аммо аз сабабе, ки хабарҳои фейкиро бисёр истифода бурд дигар аз боварии мардум баромад. Инчунин ҳамсӯҳбати мо қайд намуд, ки ҷониби Тоҷикистон новобаста ба фаъол набудани худ, дуруӯафкани накард. Ин буд ки, дар муқовимати иттилоотӣ ҳарду тараф ҳам бохтанд.
– Ҳамин фейкҳо, паҳнкардани дурӯғҳо сабаб шуд, ки муқовимати иттилоотӣ бетарафона ба поён расад, вагарна мо як рақиби пурқувваттар медоштем, муқовимати иттлоотиро бой медодем. Вале чун қирғизҳо ҳам таҷрибаи хуби итлоотӣ надоштанд, аз фейкҳо зиёд истифода бурданд ва фейкҳояшон “профессионали” набуд, пур аз иштибоҳ буд барои ҳамин мо дар муқовимати иттилоотӣ бохта шуда набудем, – гуфт Комилзода.
Вале Хуршед Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон акси гуфтаҳои боло мегӯяд, ки ҷониби Тоҷикистон муқовимати иттилоотиро дар шабу рӯзҳои ҳассос бохт. Яке аз сабабҳои бохтро ӯ дар ҳамкории зичӣ мансабдорони қирғиз бо журналистон мебинад.
– Мо бохтем! Сабаб он буд ки мо на забони англисиро медонем ва на русиро. Баъд чиновникҳои қирғиз дар муқоиса бо мо фаъолтаранд, бо журналистон ҳамкории хуб доранд, – мегӯяд Хуршед Атовулло.
“Ҳамкорӣ нест”
Чанде аз ҳамсӯҳбатони дигар, ки нахостанд номаш зикр гардад, гуфтаҳои болоро тасдиқ намуданд. Ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, ҳамкории мақомотҳои тоҷик бо журналистон хеле суст буд. Бинобар ҳамин журналистон натавонистанд саривақти муқобили навиштаҳои ҳамтоҳои қирғизашон истодагарӣ намоянд.
Аммо аз як ҷиҳат ба кори журналистони тоҷик дар он шабу рӯзҳо баҳои баланд дода мешавад. Чун аз паҳнкунии хабарҳои фейки худдорӣ намуданд ва ба фейкҳои ҷониби Қирғизистон бо факту далелҳои пухтае ҷавоб мегардонданд. Журналистони тоҷик баръакси ҳамтоҳои қирғизи худ, ҳаракат мекарданд то мавзӯъро дуҷониба инъикос намоянд.

Мушоҳидаҳо дар ҳамон шабу рӯзи задухурди мусаллаҳонаи моҳи май нишон доданд, ки ҷониби Қирғизистон бисёр фаъол буданд.
– Тавре медонем, аксар давлатҳои ҷаҳон хабарҳоро аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз манъбаҳои русизабон ва англисизабон мегиранд. Дар Қирғизистон хабаргузориҳое ки бо ин забонҳо фаъолият менамоняд, зиёданд. Дар мо чи? Ин аст яке аз мушкилиҳои асосии бохти мо дар муқовимати иттилоотӣ, – гуфт яке аз рӯзноманигорон.
Рӯзноманигори дигар будани монеаҳоро ҳангоми рунамоии руйдодҳои марзӣ таъкид намуд. Ба гуфтаи ӯ чи тавре, ки мақомоти қирғиз бо рӯзноманигорон ҳамкорӣ доштанд, ҷониби мо ингуна ҳамкорӣ накарданд. Ҷониби Қирғизистон пайваста аз вазъи марз гузориш медоданд. Аммо аз чӣ бошад ҷониби Тоҷикистон хомуширо ихтиёр карда буданд.
Вале ҳамсӯҳбати мо таъкид намуд, ки мақомотҳои дахлдор аз рӯзноманигорони тоҷик даъват ба он намуда буданд, ки то онҳо ба эҳсосот дода нашаванд ва танҳо аз сулҳ гӯянд.
Бахтиёр Раҳматуллоев