Тӯли даҳсолаҳои охир дар бархе давлатҳо муҳокимаи ҷамъиятии раванди буҷетӣ дар маҳалҳо ба як чорабинии маъмулӣ мубаддал гашт. Ин таҷриба дар тӯли ду даҳсолаи охир ба ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ расид.
Ҷиҳатҳои мусбату манфӣ
Бояд гуфт, ки ширкати намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокимаҳои ҷамъиятӣ на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии мардум, балки ҳамчунин ба беҳтар гардондани шаффофияти буҷет низ мусоидат мекунад.
Омӯзиши мавзӯи мазкур нишон дод, ки ин раванд дар Тоҷикистон бо тавсияи як қатор созмонҳои байналмилавии молиявӣ ҳанӯз 12-13 сол қабл шурӯъ гардида, чандин лоиҳа аз ҷониби Барномаи рушди СММ, Бунёди Сорос, Фонди Евразия татбиқ шудаанд.
Аз ҷониби дигар, дар соли 2011 Вазорати молияи ҷумҳурӣ Инструксияи “Дар бораи таъмини шаффофият дар соҳаи буҷетӣ дар сатҳи маҳалҳо”-ро қабул кард, ки он барои ҳалли масъалаи мазкур нақши муҳим бозида.
Дар Инструксияи мазкур, ки пурра ба муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ва ҷалби шаҳрвандон дар раванди буҷетӣ бахшида шудааст, гуфта мешавад, ки мақсади баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ошкор намудани маълумоти буҷетӣ; баланд бардоштани дониши молиявии аҳолӣ; ҷалби шаҳрвандон дар идоракунии молия; ҷамъ кардани пешниҳодҳои шаҳрвандон; самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ; ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ мебошад.

Самаранокии ширкати ҷомеа дар санади мазкур вобаста ба омилҳои зерин дониста мешавад: дастрасии иттилоотӣ барои ҷомеа; раванди ошкори тайёрӣ ва иҷрои буҷет ва ҳисоботи буҷетӣ; кафолати саҳеҳияти маълумот; такмили равобити дуҷониба; таъмини муколамаи баробар миёни ҳамаи ширкаткунандагон, ки дар муваффақияти раванди буҷетӣ манфиатдоранд.
Бояд гуфт, ки ҷалби шаҳрвандон на ҳамеша ба осонӣ даст медиҳад, зеро баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки имконият, вақт ва ё шубҳа доранд. Гоҳо онҳо ба муваффақияти муҳокимарониҳои ҷамъиятӣ вақт надоранд ё вақту соати мулоқот барояшон мувофиқ нест.
Мақсади асосии муҳокимаи ҷамъиятии буҷети маҳаллӣ иборат мебошад аз ошкор намудани маълумоти буҷетӣ; баланд бардоштани дониши молиявии аҳолӣ; ҷалби шаҳрвандон дар идоракунии молия; ҷамъ кардани пешниҳодҳои шаҳрвандон; самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ.
Коршиносон таъйид мекунанд, ки муҳокимаҳои ҷамъиятӣ тарафҳои мусбат ва ҳам манфӣ доранд. Маъмулан, ба тарафҳои манфӣ омилҳои зерин дохил карда мешаванд: шаҳрвандон имконият ва ё вақт надоранд, ки дар чунин чорабинӣ ширкат кунанд ва ё ба муваффақияти он шубҳа мекунанд. Гузашта аз ин, буҷет ҳуҷҷати иқтисодӣ аст ва барои фаҳмидан ва дарк кардани он дониши кофӣ зарур аст, ки онро на ҳама шаҳрвандоне, ки дар чунин муҳокимаҳо ширкат мекунанд, доранд.
Дар навбати худ, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ба ин боваранд, ки раванди буҷетӣ ба салоҳияти онҳо медарояд ва шаҳрвандон таҷрибаи кофӣ дар ин самт надоранд, аммо ҳоло ин масъала дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳалли худро ёфтааст.
Ба ин мақсад Буҷети шаҳрвандӣ махсус барои шаҳрвандони оддӣ, ки ба раванди мураккаби буҷетӣ сарфаҳм намерафтанд, таҳия мегардад. Ҳуҷҷати мазкур, ки ба таври оммафаҳм тартиб дода мешавад, имкон фароҳам овард, ки шаҳрвандон даромадҳо ва хароҷотҳои буҷетиро беҳтар дарк кунанд.
Дар Тоҷикистон ин таҷриба бори нахуст соли 2015 истифода гардид ва дар сайти Вазорати молия ҳуҷҷатҳои молиявӣ – буҷетҳои маҳаллӣ нашр шуданд. Ин санадҳо асосан дахл доштанд ба шаҳри Душанбе, ҳафт ноҳияи тобеи марказ ва ду шаҳр.
Ҷиҳатҳои мусбату манфӣ
Дар дастури методие, ки Фонди Сорос дар соли 2012 зери унвони “Муҳокимарониҳои ҷамъиятӣ” нашр кардааст, ишора мешавад, ки маъмулан, дар чунин чорабиниҳо теъдоди зиёди одамон ширкат мекунад ва ин ба мақомоти давлатӣ имкон медиҳанд дастгирии шаҳрвандонро пайдо кунанд, зеро шароит барои табодули озоди афкор ба вуҷуд меорад.
Яке аз вазифаҳои асосии мақомоти маҳаллӣ дар ин раванд иборат аз он аст, ки бояд ба ҷомеа иттилооти пурраро дар бораи протседура ва рафти муҳокимаҳои ҷамъиятӣ аз қабл ба ҷомеа расонад.
Дар ин иттилоия бояд мақсади муҳокима, формат ва вақти муҳокима зикр гардад, зеро ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандон дидгоҳҳои худро дар бораи буҷет пешниҳод кунанд ва аз ҷониби дигар, мақомоти маҳал бояд ба онҳо хабар расонад, ки кадом пешниҳодашон ба назар гирифта шуду кадоме не ва барои чӣ?
Барои таъмини ширкати самараноки ҷомеа дар раванди буҷетӣ, мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ метавонанд аз каналҳои дахлдори алоқа истифода баранд, аз ҷумла, аз сайтҳои худ, матбуот, радио ва телевизион.
Роҳи дигар ин аст, ки дар гуфтугӯҳои мустақими телефонӣ, мулоқотҳои шахсӣ, семинарҳо ва ғ. ҷонибҳои манфиатдор масъалаҳои вобаста ба равандҳои буҷетиро муколама кунанд, ба ин хотир, бояд ширкати намояндагони ҷомеа дар марҳилаи иҷрои буҷет низ таъмин шавад.
Бинобар ин, дар рафти иҷрои буҷа зарур аст, ки дар муҳокимаҳои ҷамъиятӣ мавзӯъҳои зерин баррасӣ шаванд: даромадҳои буҷетӣ, пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоӣ ва маблағгузории сиёсати иҷтимоии давлат, дефитсити буҷа ва ё профитсити он, қарзи давлатӣ ва ҷорӣ кардани барномаҳои инвеститсионии давлатӣ.
Дар марҳилаи аудити буҷет бояд механизмҳое истифода шаванд, ки ба шаҳрвандон имкон диҳанд пешниҳодҳои худро доир ба мавзӯъҳои дахлдор барои ворид кардан ба аудит ироа намоянд.
Масалан, шаҳрвандон метавонанд идеяҳоро дар иртибот ба барномаҳо ва лоиҳаҳое, ки нисбаташон санҷиши аудиторӣ гузаронда мешавад, пешниҳод кунанд.
Бояд механизмҳое ба кор бурда шаванд, ки ба шаҳрвандон имкон диҳанд саҳми худро дар таҳқиқотҳои аудиторӣ (масалан, ба сифати ҷавобдиҳанда ва ё шоҳид) гузоранд. Дар айни ҳол, зарур аст, ки ҷомеа на танҳо саҳм гузошта тавонад, балки дарёбад, ки пешниҳодҳои ироакардааш дар раванди аудити буҷет истифода шудаанд ё не.

Қарорҳои муҳокимаҳои ҷамъиятӣ дар натиҷаи овоздиҳии ошкор бо аксари овозҳо қабул карда мешавад. Дар ин муҳокимаҳо сокинон, намояндагони ассотсиатсияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, гурӯҳ ва дигар иттиҳодияҳо, ки дар территорияи мазкур (вилоят, шаҳр, ноҳия, ҷамоат) зиндагӣ мекунад, ширкат мекунанд ва масъалаҳоеро, ки ба буҷети маҳаллӣ дахл доранд, муҳокима менамоянд.
Мутахассисоне, ки амалан ба корҳои ташкилию ҷалби аҳолӣ ба раванди муҳокимаҳои ҷамъиятӣ машғул шудаанд, мегӯянд, ки дар оғоз татбиқи ин лоиҳа мушкил буд, зеро аз як ҷониб, худи масъулони барномаи мазкур таҷрибаи кофӣ надоштанд, аз ҷониби дигар, намояндагони расмии маҳалҳо ва сокинон вазифаву мақсади баргузории чунин чорабиниҳоро дарк намекарданд.
Ҳам масъулон ва ҳам аксари касоне, ки дар ин лоиҳаҳо дар солҳои гуногун ширкат кардаанд, эътироф мекунанд, ки дар рафти ин чорабиниҳо тасаввуроташон дар бораи раванди буҷетӣ тағйир ёфта, масъаларо беҳтару хубтар дарк карданд
Аз ҷониби дигар, аҳолӣ ба буҷети маҳаллӣ на танҳо дастрасӣ пайдо кард, балки имкон пайдо кард, ки назари худро дар ин маврид баён кунад.
Тасаввурот ва муносибат ба ташаккули буҷети маҳаллӣ ҳам дар миёни мутахассисон ва ҳам ширкаткундагони муҳокимаҳои ҷамъиятӣ тағйир ёфт.
Таҷрибаҳои нахустин
Дар Тоҷикистон нахустин муҳокимаҳои ҷамъиятӣ дар соли 2008 дар бархе ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла: Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода ва Файзобод доир гардиданд. Дар рафти татбиқи барномаи мазкур, ки аз ҷониби Бунёди “Мадад” сарпарастӣ мешуд, кӯшишҳое сурат гирифтанд, то ки ҳарчӣ бештар таваҷҷӯҳи аҳолӣ, аз ҷумла намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, коршиносони мустақилро ба муколама бо намояндагони мақомоти расмӣ ҷалб намояд.
Дар соли 2012 Институти “Ҷомеаи Кушода” – Фонди Сорос дар доираи лоиҳаи “Идораи самаранок” дар масъалаи дастрасӣ ба маълумоти буҷетӣ мавзӯъҳои зеринро татбиқ кард:
– таҳким и потенсиали иштирокчиёни раванди буҷетӣ ва ёрии техникӣ дар таъмини шаффофияти буҷа.
– ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ба мақсади беҳтар гардондани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасонии давлатӣ;
– мониторинги сифати хизматгузории давлатӣ.
Дар доираи лоиҳаи мазкур муҳокимаҳои буҷетӣ, конференсияҳо, мизҳои мудаввар дар як қатор ноҳияҳо баргузор шуданд, аз ҷумла дар Ҳисор, Ҷаббор‐Расулов, Сарбанд ва Қайроққум.

Дар таҳқиқоте, ки зери унвони “Таҳлили шаффофияти буҷет ва раванди буҷетӣ” Рафқат Ҳасанов соли 2012 бо дархости Котиботи Комитети иқтисодӣ ва моливия Маҷлиси намояндагон таҳия кардааст, дар мавриди муҳокимаҳои буҷетӣ тавсия дода мешавад, ки дар қонун “Дар бораи молия” тағйирот ворид карда шавад ва ба мақсади таъмини шаффофият ва маҷлисҳои ҳамаи сатҳҳо ва худидораи маҳаллӣ муҳокимаҳои ҷамъиятӣ бо ширкати ҳама ҷонибҳои манфиадор гузаронда шавад.
Дар ин тавсия мушаххасан чанд нукта пешниҳод мешавад, аз ҷумла: бояд тартиби баргузор кардани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ баррасӣ шавад; доираи шахсоне, ки ҳуқуқи ширкат кардан дар ин чорабиниҳоро мегиранд, муайян гардад; тартиби иттилоърасонӣ дар иртибот ба муҳокимаҳои ҷамъиятӣ муайян шаванд; доираи маблағгузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ муайян шавад.
Гулру Аъзамова, роҳбари Маркази рушди мунитсипалӣ ки чандин сол ба татбиқи барномаи “Ҷалби шаҳрвандон ба раванди буҷетӣ ва муҳокимаи ҷамъиятӣ” дар 6 ноҳия – Ваҳдат, Файзобод, Рӯдакӣ, Турсунзода, Қайроққум ва Ҳисор машғул буд, мегӯяд, ки дар тӯли ин муддат ба як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуд, аз ҷумла аксар вақт машғул будани роҳбарони маҳаллӣ ва аз ҷониби дигар, саводнокии пасти молиявии шаҳрвандон.
Аммо новобаста аз ин, Маркази мазкур тавонист, ки дар 6 ноҳияи мазкур проблемаро ҳал кунад ва муҳокимаҳои ҷамъияти ро дар ҳама ноҳияҳои зикршуда баргузор кунад.
Г. Аъзамова мегӯяд, ки дар моҳҳои июн –июли соли 2012 ба мақсади татбиқи лоиҳаи “Идораи самаранок –Ташаббуси шаффофият”, ки аз ҷониби Фонди Сорос маблағгузорӣ мешуд, барои андӯхтани таҷриба сафари корӣ ба Гурҷистон ва Қирғизистон доир гардид. Як қатор намояндагони мақомоти ҷумҳуриявӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ таҷрибаи ҳамкасбони худро дар масъалаи шаффофият дар ин ду кишвар омӯхтанд.
Ширкаткунандагони барномаи мазкур дар ду кишвар Гурҷистон ва Қирғизистон бо намояндагони мақомоти марказии кишварҳои мазкур, ТҒД-ҳо, сокинонашон вохӯрда, дар бораи вазъ ва дурнамои шаффофияти буҷет маълумот гирифтанд.
Ҳамчунин дар Тбилиси ва Бишкек бо кормандони вазоратҳои молия низ шинос гардида, бо ташаббусҳои маҳаллӣ шинос шуданд, ҳуҷҷатҳоро омӯхтанд ва аз таҷрибаи онҳо барои баланд бардоштани сатҳи шаффофияти буҷет маълумот гирифтанд.
Баъди бозгашти гурӯҳ татбиқи амалии барнома дар шаҳри Қайроққум шурӯъ шуд ва дар моҳи сентябри ҳамон сол гурӯҳи буҷетии ҷамъиятӣ бо ширкати намояндагони муассисаҳои давлатӣ, ВАО, фаъолони ҷамъиятӣ зери роҳбарии ҷамъиятӣ шинос шуданд.
Дар натиҷаи кӯшишҳои муштарак маводи иттилоотӣ дар бораи буҷети маҳаллӣ тайёр карда шуд.
Дар нахустин муҳокимаи ҷамъиятӣ, ки рӯзи 20 октябр сурат гирифт, беш аз 50 нафар ширкат карда, қисми хароҷоти буҷаро дар 9 моҳи гузаштаи соли 2012 баррасӣ карданд.
Барои баргузории чорабинии мазкур дар шаҳри Қайроққум гурӯҳи корӣ таъсис ёфт, ки он иборат буд аз намояндагони мақомоти маҳаллӣ, депутатҳо, ВАО ва Ташкилотҳои ғайридавлатӣ.
Гурӯҳи корӣ дар давоми 3 ҳафта корҳои ташкилиро анҷом дод ва ҷои баргузории муҳокимаи ҷамъиятиро муайян намуд, эълонҳоро дар ҷойҳои серодами шаҳр тақсим намуд ва ҳамчунин дар ҳафтаномаи шаҳрии “Соҳил” рӯзҳои 10 ва 17 октбяр паҳн кард.
Натиҷаи таҳқиқотҳо
Соли 2015 бо дастгирии техникии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон ва Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон нахустин таҳқиқот зери унвони “Шаффофияти буҷет дар сатҳи маҳаллӣ” гузаронда шуд.
Масъулони татбиқи ин лоиҳа олимони иқтисодшинос Мавзуна Каримова ва Баҳодур Маҳкамов буданд.
Таҳқиқоти мазкур дар 20 шаҳру ноҳияҳои кишвар дар масъалаи ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба раванди баррасӣ ва тасдиқи буҷа баргузор гардида, чунин натиҷаҳо ба даст омаданд.
Шохиси (индекс) фаъолияти мақомоти давлатӣ ба мақсади ҷалби раванди баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи солона дар бораи иҷрои нақшаи буҷет ба чунин натиҷа расиданд:
Ноҳияҳои тобеи марказ: Турсунзода -11, Файзобод -11, Ваҳдат -11, Ҳисор -11, Рӯдакӣ 11 холӣ. ВМКБ: Рӯшон -22, Шуғнон -11, Ишкошим -11, Хоруғ -22.
Вилояти Суғд: Б. Ғафуров -49, Истаравшан, 47, Конибодом -61 , Спитамен -59, Исфара -35. Вилояти Хатлон: Ёвон -11, Норак 0, Бохтар -11, Вахш -0, Қӯрғонтеппа -0, Душанбе -22.
Яке аз масъалаҳои муҳим дар ин таҳқиқот муайян намудани сатҳи шаффофияти буҷет ва имкониятҳои мақомоти маҳаллӣ ва иштироки шаҳрвандон дар раванди буҷет буд.
М. Каримова дар иртибот ба ширкати ҷомеа дар раванди буҷетӣ мегӯяд, ки тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, дар 20 ноҳияе, ки онҳо пажӯҳиш гузаронда буданд, нишондиҳандаи иштироки ҷамъиятӣ аз рӯи миёна 24 холро ташкил медиҳад. Яъне, каналҳои мақсадноки намояндагони ҷомеа дар раванди буҷетӣ дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ вуҷуд надорад.
Ба қавли номбурда, имкониятҳо барои иштирок дар тамоми марҳилаҳои раванди буҷетӣ кифоя нестанд, ҳатто вақте ки дар баъзе ноҳияҳо механизмҳо барои ширкати ҷомеа ташкил гардиданд, аксаран амалияи даркорӣ вуҷуд надошт.
Дар ҳамаи 20 ноҳияе, ки мавриди тадқиқот қарор гирифта буданд, муҳокимаҳои буҷетӣ баргузор шуданд, аммо танҳо дар баъзе ноҳияҳо иҷозат медоданд, ки дар ду намуди муҳокимарониҳои калидӣ (муҳокимаҳо аз аз рӯи дурнамои макроиқтисодӣ ва муҳокимаҳо аз рӯи буҷетҳои инфиродии воҳидҳои маъмурӣ, аз қабили тандурустӣ ва маориф) ширкат намоянд.
Дар иртибот ба ҷалби шаҳрвандон ба раванди баррасии буҷа М. Каримова мегӯяд, ки як қатор мушкилот дар ин самт вуҷуд дорад, ки муҳимтаринҳояш инҳоянд: сатҳи заифи омодагии кормандони соҳаи идоракунии молия ва дар кор бо аҳли ҷомеа, надонистани усулҳо ва механизмҳои ташкили кор бо аҳли ҷомеа ва расонидани иттилоот ба аҳолии ноҳия; мавҷуд набудани нақша ва механизми муҳокимаи лоиҳаи буҷет бо аҳли ҷомеа; мавҷуд набудани силсилаҳои баномаҳои радио бахшида ба сиёсати буҷетӣ ва огоҳии аҳолӣ ба раванди буҷет ва ғ.
Дар соли 2016 дар доираи барномаи “Проблемаҳои шаффофияти буҷет ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба равандҳои буҷетӣ”, ки масъулаш муовини директори созмони “Новая панорама” буд, таҳқиқот гузаронда шуд.
Дар ин таҳқиқот 1200 нафар сокинон аз панҷ минтақаи кишвар пурсида шуданд, 10 фокус-гурӯҳ бо аҳолӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ доир гардида, 20 мусоҳиба бо вакилони маҷлисҳои гуногун, кормандони вазоратҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ, вилоятӣ, маорифи вилоятҳо, обу корези шаҳрӣ, шабакаи барқӣ анҷом дода шуд.
Дар таҳқиқоти мазкур зикр мешавад, ки қисми зиёди намояндагони мақомоти давлатӣ иброз доштанд, ки аҳолӣ дар дастрасӣ ба иттилооти буҷетӣ мушкил надоранд, балки ин худи шаҳрвандонанд, ки ба ин масаъалаҳо камтар таваҷҷӯҳ мекунанд.
Масалан, 93,2% пурсидашудагон қайд карданд, ки аз сифати маълумотҳои буҷетӣ розӣ нестанд. Ҳамагӣ 8% гуфтанд, ки аз иттилооти буҷетӣ пурра қаноатманд мебошанд.
Дар навбати худ, зиёда аз 60% пурсидашудаҳо гуфтанд, ки барои аҳолӣ мушкил ва ё хеле мушкил аст, ки иттилоотро дар бораи буҷаи ҷумҳуриявӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои молиявӣ дастрас кунанд. Дар ҳамин ҳол, 64% чунин посух дар иртибот ба буҷаи маҳаллӣ додаанд.
Дар таҳқиқот ҳамчунин зикр мешавад, ки 15% пурсидашудаҳо ва ё аъзои хоҷагиҳо, ки дар чорабиниҳо дар иртибот ба масъалаҳои буҷетӣ ва ё дигар масъалаҳое, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар таи 12 моҳи охир баргузор кардаанд, ширкат намудаанд.
17% пурсидашудагон ба саволи он, ки дар ноҳия ва ё шаҳр доир ба масъалаҳои буҷетӣ ва дигар масъалаҳои молиявӣ дар таи 12 моҳи охир баргузор шудаанд ё не, посух гуфта тавонистанд.
5% -и пурсидашудагон ва ё аъзои хоҷагиҳо дар чорабиниҳо доир ба масъалаҳои буҷетӣ, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар ташкилотҳо дар 12 моҳи охир доир кардаанд ё не, ҷавоб дода тавонистанд.
Дар таҳқиқоти “Шаффофият дар сатҳи маҳаллӣ” ба мақсади рафъ кардани мушкилоти ширкати ҷомеа дар раванди буҷетӣ як қатор тавсияҳо дода шудааст, ки мо бархеи онҳоро ин ҷо зикр мекунем, аз ҷумла: иттилоъ додан ба шаҳрвандон дар бораи вазъи сиёсати буҷетӣ; эҷоди механизмҳо барои ба инобат гирифтани фикру андешаҳои шаҳрвандон дар марҳилаи ибтидоии раванди буҷетӣ; таҳия ва нашри ҳисоботҳои мунтазам, на танҳо барои мутахассисон, балки инчунин барои аҳолӣ; ҷалби фаъоли намояндагони ҷомеа ба муҳокимаи лоиҳа тавассути баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ва бештар нашр кардани адабиёт ба мақсади шарҳ додани хароҷоти молияи давлатӣ барои аҳолии калонсоли кишвар.
Нуралӣ Давлат
Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Бритониёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.