Муайян кардани номи машҳуртарини ҷаҳон бисёр душвор аст, чунки дар ин хусус омори расмӣ вуҷуд надорад. Мо ҳафт номи маъмултарин- аз Муҳаммад то Андрейро интихоб намудем, ки дар кишварҳои мухталиф бештар ба назар мерасанд.
- Муҳаммад
Ба ақидаи яке аз оҷонсиҳои бритонӣ, дар Британияи Кабир имрўз номи аз ҳама машҳуртарин Муҳаммад ба ҳисоб меравад. Ин оҷонсӣ инчунин муайян намуд, ки номҳои Ҷек, Дэниэл ва Томас низ дар Британияи Кабир маъруфанд.
Барои мисол, дар Лондон соли 2013-ум 1800 кўдаки навзодро Муҳаммад ном гузоштанд. Барои қиёс, исми Дэниелро барои фарзандони худ ҳамагӣ 800 оила интихоб намуданду халос. Дар дигар минтақаҳои Британия вазъият дар мавриди номҳо монанд аст ва бартарӣ бештар ба исми Муҳаммад дода шудааст- дар Йоркшир ин таносуб 1255 ба 854 нафар, дар Уэст-Милендс 1399 ба 768 нафарро ташкил медиҳад. Танҳо дар Уэлс исмҳои Ҷек ва Оливер назар ба номи Муҳаммад бештар ба назар мерасад.
Тааҷҷубовар аст, ки дар дигар шаҳрҳои аврупоӣ низ исми Муҳаммад маъруф аст. Коршиносон ба ин кишварҳо Дания, Нидерландия, Норвегия ва Белгияро шомил кардаанд. Ин ҳеҷ боиси тааҷҷуб нест, агар ба инобат гирем, ки вақтҳои охир раванди муҳоҷират аз кишварҳои арабӣ ба Аврупо рў ба афзоиш аст. Агар ба инобат гирем, ки дар кишварҳои Ховари Наздик исми Муҳаммад дар қатори аввал ҷойгир шудааст, пас метавон гуфт, ки ин ном чун исми маъруфтарини ҷаҳон бо дигар номҳо рақобат намояд. Аз рўи баъзе маълумотҳо дар сартосари ҷаҳон қариб 150 миллион нафар исми Муҳаммадро доранд.
2. Иван
Исми Иван ончунон дар Русия маъруф шудааст, ки онро аллакай чун номи аслии русӣ муаррифӣ мекунанд. Зиёда аз ин, насаби машҳури Иванов дар Русия маънои онро дорад, ки ин шахс руси асил аст. Бо вуҷуди ин, номи Иван мансуб ба яҳудиҳои қадима аст. Йехоан- ҳамин тавр садо медиҳад ин ном ва дар тарҷума маънои «меҳрубон бош»-ро дорад.
Ин ном давоми садсолаҳои зиёд маъруфиятро пайдо кард ва вариантҳои гуногуни он дар кишварҳои мухталифи олам ҷой доранд: Jhon, Evan (Британия), Giovanni (Италия), Jan, Janusz (Чехия, Полша), Hans, Johann (Олмон), Jean (Фаронса) -ва ин номгўи пурраи исме намебошад, ки аз Йехоани яҳудиҳои қадима пайдо шудааст ва варианти занонаи он низ дар шакли Иванна ё Johanna дар мамлакатҳои мухталиф ба назар мерасад.
Агар ҳар як кишварро дар алоҳидагӣ аз назар гузаронем, пас исми Иван чандон исми маъруф ба ҳисоб намеравад, ба истиснои Швейтсария, ки варианти он ба шакли Jan ҷой дорад. Аммо агар ба доираи тақсимшавии ин ном дар сартосари ҷаҳон назар андозем, пас он метавонад дар қатори лидерҳо ҷойгир шавад.
3. Анна
Исми қадимаи яҳудии Анна чун «ба некӣ майлкунанда ва озодандеш» тарҷума мешавад. Ба ақидаи муҳаққиқон, шахси дорои ин ном ҳам аз тарафи Худованд чун шахси некхоҳ муаррифӣ шудаву ҳам аз ҷониби одамон. Дар ниҳоят, яке аз сабабҳои маъруфият пайдо кардани ин исм маҳз ҳамин ба ҳисоб меравад.
Исми Анна қариб дар ҳамаи забонҳо ба назар мерасад. Шакли инглисии он чун Ann(e) навишта мешаваду шакли олмонӣ ва итолиёвии он Anna, тарзи испаниаш Ana, шакли лаҳистониаш Hanna ва белорусиаш Ганна навишта мешавад. Зиёда аз ин, исми Анна дар забонҳои ҷопонӣ ва чиноӣ низ ба назар мерасад, вале шакли навиштаи он куллан аз забонҳои аврупоӣ фарқ мекунад. Шакли мардонаи номи Анна дар Ҳиндустон низ ба назар мерасад.
Воқеан, ягон забони дигар наметавонад дар вариантҳои навозишонаи ин ном ба забони русӣ баробар шавад: Анна- Аня, Анечка, Аннушка, Анюта, Нюра, Нюся, Ася: -метавон ин рўйхатро идома дод. Аз рўи маълумотҳои як қатор тадқиқотҳо, исми Аннаро қариб 100 миллион зан дар сартосари ҷаҳон доранд ва он исми аз ҳама маъруфтарини занона дар ҷаҳон ҳисобида мешавад.
4. Александр
Исми Александр асосан ба Юнони Қадим марбут аст. Дар Эллада он ба маънои «одам, мард, муҳофиз» омадааст. Бо гузашти айём ин ном на танҳо маъруфияти зиёд пайдо кард, балки шакли занонаи он низ ба миён омад.
Имрўз дар забонҳои мухталифи олам мо метавонем бо вариантҳои гуногуни ин ном дучор шавем- Олес, Алекс, Искандар, Алехандро, Сандор, Лесо. Дар Русия исми Александр кайҳост, ки дар байни даҳ номи маъруфтарин ҷойгир шудааст. Дар замони худ ба маъруфият пайдо кардани ин ном Екатеринаи 2 мусоидат намуд ва дастур дода буд, ки ба фарзандони сулолаи императорӣ ин ном дода шавад.
Аз рўи маълумотҳои то соли 2011, исми Александр дар қатори даҳ номи маъруфтарин дар Эстония ҷойгир шуда буд. Дар Олмон ва Италия бошад ин ном дар байни сегонаи аввал ва дар Шветсияву Украина дар ҷойи аввал қарор дорад.
5. Пётр.
Дар забони қадимаи юнонӣ исми Пётр маънои «санг, қулла»-ро дошт. Тақдири ин ном сарнавишти номи Иванро дорад- он дар сартосари ҷаҳон паҳн шуда, вариантҳои гуногуни навишт ва талаффузро дар кишварҳои мухталиф дорад.
Дар забони инглисӣ он ба шакли Peter, дар испанӣ Pedro, дар лаҳистонӣ Piotr, дар чехӣ Petr, дар руминӣ Petru, дар фаронсавӣ Pierre, дар итолиёвӣ Pietro ва дар забони белорусӣ ба шакли Пятро навишта ва талаффуз карда мешавад.
Бо гузашти замон исми Пётр шакли зиёди навозишкоронаро гирифт ва он дар забони русӣ аз ҳама бештар ба назар мерасад- Петро, Петрусия, Петруха, Петряй ва шакли маъруфи он дар намоишномаву ярмаркаҳо- Петрушка ва Перо низ ба назар мерасанд.
6. Мария.
Маънои исми Марям (Мария) «талх» аст. Тибқи ривоятҳо, ин ном дар давраи душвори ҳуҷум ва ронда шудани яҳудиҳо аз ҷониби мисриҳо пайдо шудааст. Аз рўи тахмини дигар, он аз решаи калиамаи «оқшуда» пайдо шудааст.
Исми Мария ба яке аз номҳои маъруфтарини насронӣ мубаддал гашт ва дар Русияи шоҳӣ машҳуртарин исм ба ҳисоб мерафт. Дар анъанаҳои православянӣ он ба маънои «хонум» тарҷума карда мешавад.
Аз рўи маълумотҳои оморӣ, дар охири асри 19 ва аввали асри 20 дар Русия аз панҷ нафар духтарчаи таваллудшуда ба як нафараш номи Марияро мегузоштанд. Баъди инқилоби соли 1917 исми Мария маъруфияти худро аз даст дод: шаклҳои зиёди дағали он пайдо шуданд- Маня, Мася, Муля ва ғайра. Баъдан ин ном умуман аз байни номҳои машҳур нопадид гашт.
Вақтҳои охир исми Мария дар Русия аз нав маъруфияти худро барқарор карда истодааст. Аз рўи маълумотҳои ШСҲШ (Шўъбаҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ) ин ном дар қатори се исми маъруфтарин ҷойгир шуда истодааст.
7. Андрей.
Аз рўи маълумотҳои ҷойдошта исми Андрей тадриҷан ба қатори даҳгонаи аввали номҳои маъруфтарин ҷой гирифта истодааст. Ин ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб нест, чун ба атроф назар кунем ва бо ин исм зиёд дучор мешавем.
Аз забони юнонӣ исми Адрей ба маънои «боҷасорат, мардонагӣ» тарҷума мешавад. Бо гузашти айём дар аксари кишварҳо варианти мувофиқ ба забони онҳо пайдо шуд: Andrea -дар Италия, Andreas– дар Олмон, Andrze-дар Лаҳистон, Andrias -дар Венгрия, Андрiй -дар Украина, Andre – дар Фаронса, Antti -дар Финляндия ва ғайра.
Маъруфияти исми Андрей дар қатори русҳо дар байни дигар халқиятҳои Русия низ ба назар мерасад: масалан, дар забони чувашӣ он ба шакли Унтри, дар забони удмурдтӣ ба шакли Ондӣ ва дар забони хантҳо ба шакли Вантар дучор мешавад.
Nuqta.Tj