Марям Исоева ба тамошобинони тоҷик ва олам ҳамчун як ҳунарпешаи театру синамо ошност, ки дар филмҳои маъруфи ватанӣ, аз қабили “Достони Рустам”, “Рустам ва Сӯҳроб”, “Ҳасани аробакаш” ва бисёр намоишҳои театрӣ нақш офаридааст. Аммо вақте номи ӯро ба забон меоранд, пеши назар, қабл аз ҳама, симои модар ҷилвагар мешавад. Ӯ на танҳо дар саҳна, балки дар ҳаёт ҳам модари беҳтаринест. Фоҷиаҳои зиндагӣ ва монеаҳо дар роҳи эҷодиаш иродаи ӯро шикастан натавонистанд. Дар арафаи 85-солагии зодрӯзаш бо ин ҳунарпешаи маъруф Амалхонум Гаҷиева ҳамсуҳбат шуд.
Ҳар яки шумо тӯли умри хеш ақаллан боре номи Марям Исоеваро шунидаед ва аз ҳунарнамоии беҳамтои ӯ ҳам дар синамо ва ҳам дар саҳнаи театр дар нақшҳои гуногун баҳра бурдаед. Ӯ дар кӯлвораш зиёда аз 150 нақш дар театр, синамо ва телевизион дошта, тавонистааст дар намоишномаҳои бисёр аз нависандагони классик, аз қабили Еврипид, Софокл, Шекспир, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ нақш бозад.
Марям Исоева 1 майи соли 1937 дар деҳаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон чашм ба дунё кушодааст. Соли 1960 студияи тоҷикистониро дар донишкадаи ҳунари театрии ГИТИС (курси Б. Бибиков ва О. Пижова) хатм кардааст. Соли 1960 ба Театри мусиқӣ ва драмаи ба номи А.С.Пушкин ба ҳайси ҳунарпеша ба кор қабул шуда, дар спектаклҳои «Ошиқ Ғариб ва Шоҳсанам», «Равшан ва Зулхумор», «Шаби видоъ» нақшҳо офаридааст. Аз соли 1961 дар Театри академии Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1979) мебошад. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ нақшҳои асосиро дар намоишҳо, аз ҷумла аз рӯйи асарҳои классикони ҷаҳон иҷро кардааст.
Марям Исоева ҳамроҳи Ҳунарпешагони мардумии Иттифоқи Шӯравӣ Муҳаммадҷон Қосимов, Туҳфа Фозилова, Аслӣ Бурҳонов ва Ҳунарпешаҳои мардумии Тоҷикистон С.Тӯйбоева, Ш.Қиёмов, М.Қосимова, М.Халилова ва дигар ситораҳои театру синамои ватанӣ ҳунарнамоӣ карда, номаш хеле зуд вирди забони бинандагон гардид. Чеҳраҳои офаридаи ӯ ба фонди тиллоии театри тоҷик дохил шуданд. Инҳо Эмилия дар «Отелло», модари Ҷулетта дар «Ромео ва Ҷулетта», Гертруда дар «Шоҳ Лир», малика Иокаста дар «Шоҳ Эдип», Медея дар «Медея», нақши Занна дар «Биваз, шамолак», Бонушаҳ дар «Фарёди ишқ», Таҳмина дар «Рустам ва Сӯҳроб», модар «дар Модар»-и Горкий ва бисёр дигарон буданд. Метарсам, ки барои номбар кардани ҳамаи нақшҳои ӯ инҷо ҷой камӣ мекунад. Аммо мехоҳам қайд намоям, ки ҳар нақши ӯ, хусусан нақшҳои фоҷиавӣ, хеле боварибахш, хотирмон буданд, тамошобинон, матбуот дар бораи онҳо мегуфтанду менавиштанд, аз истеъдоди ҳунарпеша ба ваҷд меомаданд.

М. Исоева махсусан дар нақшҳои зан, модар, ки на танҳо дар театр, балки дар синамою телевизион низ бозӣ кардааст, комёб гаштааст. Ва ҳангоме ки ӯ нақшҳои фоҷиавии модаронро иҷро мекард, ашкро нигоҳ доштан имкон надошт. Аммо ӯ дар нақшҳои ҳаҷвӣ низ муваффақ буд.
Дар ибтидои соли 1994 Марям Исоева театри бачагонаи «Гули умед»-ро таъсис дод. Ва аз намоишҳои аввалини худ театр ба пирӯзиҳо ва мукофотҳои пулӣ ноил гардид. Марям Исоева 14 сол бо ин театр ҳамкорӣ дошт ва театр бо гимназияҳо, литсейҳо, интернатҳо барои кӯдакони дорои нуқси чашму шунавоӣ ва ятимхонаҳо ҳамкорӣ дошт. Марям барои намоишҳо даҳҳо намоишнома навишт ва театри кӯдакона аз СММ, ҳукумати ноҳияи И.Сомонӣ ва ЮНИСЕФ ҷоизаҳои молиявӣ ба даст овард.
Танҳо барои номбар кардани ҷоизаҳояш ба ман чандин саҳифа лозим мешавад. Инҷо фақат мегӯем, ки вай аълочии синамои тоҷик, аълочии маориф, аълочии радио ва телевизиони тоҷик, аълочии фарҳанг аст. Бо ордени «Шараф», «Барои шуҷоат», ордени «Ситораи тилло» ва медалҳои гуногун қадрдонӣ шудааст.
Ва 1 майи соли равон Марям Исоева 85-сола шуд!
Бо ана ҳамин гуна як шахси ҷолиб ман суҳбат доштам.
«Маро кор наҷот медод…»
-Мехоҳам шуморо бо солгарди мавлуд табрик намуда, муҳимтар аз ҳама, саломатии бардавом орзуятон намоям. Акнун шумо ба синни хирад расидаед ва чун зиндагии хеле ҷолиб доштед, оё метавонед ба мо фаҳмонед, ки ишқ чист? Оё он ба кор кумак мерасонад ё халал? Метавонед ба мо дар бораи ишқи муҳимтарини ҳаётатон қисса намоед?
-Муҳаббат ҳама чиз аст! Худи зиндагӣ бе ишқ ғайриимкон аст, ишқ офтоб, осмон аст, ҳама чизест, ки моро иҳота мекунад. Ҳатто барои тайёр кардани таомҳои болаззат дар ошхона муҳаббат лозим аст. Ва ишқ боз ранҷу азоб, фидокорӣ ба хотири дӯстдошта, ҳамдардӣ низ ҳаст. Худи Зан ҳам як Муҳаббат аст! Муҳаббат метавонад шодии зиёд диҳад, аммо ғаму андӯҳи зиёдеро низ ба бор орад. Бе муҳаббат шоҳасарҳои бастакорон, шоирон, рассомон, ҳайкалтарошони бузург рӯйи кор намеомаданд.

-Шумо қариб ҳамеша нақшњои фоҷеабори модаронро бозӣ мекардед. Маъмулан, одамони эҷодкор боварҳои хурофотӣ доранд. Фикр намекунед, ки ҳамин нақшҳо ба фоҷеаҳои шахсии шумо сабаб шудаанд? Маро бубахшед, ки чунин саволи дарднок додам, вале мо ҳарду бадтарин фоҷеаи дунё – фоҷиаи аз даст додани фарзандонро аз сар гузаронидаем… Ва дар ин ду бор шумо чӣ тавр тавонистед ин ҳама ғамро паси сар кунед? Чӣ шуморо наҷот дод? Масалан, ман наҷотро дар кор ёфтам …
-Агар нақшҳои ман намебуданд, зинда намемондам… Чӣ тавр қатли духтарам, набераам, домодамро дар як ҳуҷра бардошт кардам?! Маро ҳам корам наҷот дод. Ба он ғӯта мезадам, ғарқ мешудам, то ин даҳшатро ақаллан муддате фаромӯш кунам… Аз сӯйи дигар, кӣ медонад, шояд маҳз ҳамин нақшҳо маро ба фоҷеаҳои мудҳиш омода карда бошанд?.. Ва боз ман шеърҳои зиёде аз шоирони дӯстдоштаам Гулрухсор, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва классикони мо хондаам ва ин ба ман дар ғаму андӯҳи ман кумаки зиёд расонд …
-Санъаткорон ҳам мисли лӯлиён ҳамеша дар сафаранд — сафарҳои ҳунарӣ, саёҳатҳо ба кишварҳои дигар. Чӣ тавр муяссаратон мегашт, ки ҳам корро уҳда кунед ва ҳам оиларо? Чӣ тавр барои ҳар ду фурсат пайдо мекардед? Ҳоло афсӯс намехӯред, ки ба фарзандонатон кам аҳамият медодед, театр ин қадар вақти шуморо мегирифт?
-Он замон ман дар як ҳолати эйфория будам ва ғайр аз театр чизеро намедидам! Ман хаста намешудам, кор ба ман неру мебахшид. Ҳоло афсӯс мехӯрам, ки фарзандонамро намешинохтам, зеро хеле кам бо онҳо муошират доштам… Ёд дорам, ки боре тавонистам ба занги охирини духтарам биёям ва танҳо он замон дидам, ки ӯ чӣ қадар зебо ва бо эҳсос шеър мехонад. Маълум шуд, ки духтарам орзуи санъаткор шуданро дар дил мепарваридааст, аммо аз иқрор шудан ба ман метарсидааст, зеро ба онҳо мегуфтам, ки ягон фарзандам санъаткор намешавад.
Афсӯс, барои онҳоро ба оғӯш гирифтан, навозиш кардан, бӯсидан фурсати кофӣ надоштам…

«Бузургон намондаанд…»
– Ба назари шумо, сабаби имрӯз холӣ будани толорҳои театр дар чист? Чаро замоне нисфи хоҳишмандон берун аз толор мемонданд? Ман солҳоеро дар назар дорам, ки намоишҳои Театри Лоҳутӣ дар тамоми Шӯравӣ ҳангома ба вуҷуд меоварданд… «Эдип»-ро ба хотир оред, ки хатто дар Москва ба ин намоиш бардавом кафкӯбӣ мекарданд! Оё имрӯз дар театр намоишҳое вуҷуд доранд, ки толорҳоро пур кунанд?
– Театр, пеш аз ҳама, драматургияи хуб, коргардонӣ ва актёрони хуб мебошад. Чунон ки мегӯянд, рӯйи ҳамин се фил пойбарҷой аст. Бадбахтии асосӣ дар он аст, ки ҳоло драматургияи хуб вуҷуд надорад. Вақте аз драматурги хеле хубу машҳури мо пурсидам, ки чаро дигар наменависад, ҷавоб дод: пуле, ки барои намоишнома медиҳанд, ҳатто хароҷоти коғазро намепӯшонад!.. Чунин аст муносибат ба фарҳанг, театр, драматургия… Пул нест! Дигар бузургоне ҳам бо мо нестанд, ки сутуни театр буданд. Пештар барои ба саҳна гузоштани спектакл аз ҳама ҷумҳуриҳои иттифоқӣ коргардонҳо даъват мешуданд, ин ҷаҳонбинии коргардонҳои моро низ васеъ мекард, онҳо чизи нав меомӯхтанд. Мунаққидони касбӣ меомаданд. Ва ҳоло чӣ? Ҳатто Фестивали ҷумҳуриявии театрҳо барои он гузаронда мешавад, ки гӯянд, “ҳа, дорем” – инро дигар хел номида наметавонам: театр аз минтақа меояд, саҳар намоиш нишон медиҳад ва худи ҳамон рӯз ба хона бармегардад. Шумо худатон қаблан ҳамчун рӯзноманигор дар чунин ҷашнвораҳо ширкат кардаед ва дар ёд доред, ки қаблан онҳо чӣ гуна мегузаштанд. Театрҳо то анҷоми фестивал пур буданд, ҳамагон спектаклҳои якдигарро тамошо мекарданд, баъд спектаклҳоро мунаққидон, тамошобинони театр, журналистон муҳокима мекарданд! Акнун пулро дар фарҳанг сарфа мекунанд!
Боз набояд интернет, телевизионро, ки рақибони тавонои театр шудаанд, фаромӯш сохт!
-Шумо зиёд дар театру синамо нақшҳо офаридаед, ки ба торҳои маҳрамтарини руҳияи тамошобинон таъсир доштаанд. Аммо нақши дӯстдоштаи худи шумо дар театр ё синамо кадом аст?
– Дуруст гуфтед, барои актёр ҳамаи нақшҳои ӯ азизанд. Аммо ба ҳар ҳол, бароям нақши Таҳмина аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ наздиктар аст, зеро ин аввалин нақши фоҷиавии ман буд. Он вақт яке аз рӯзноманигорон дар бораи ин нақши ман навишта буд: “Нақши Таҳмина аз ҷиҳати эҳсосотӣ чунон қавӣ буд, ки вақте гиря мекард, ба ҷойи ашк аз чашмонаш хун ҷорӣ мешуд”. Нақшҳои модарро дар «Модар ва Темур», «Модар ва хоинписар»-и М Горький қадр мекунам. Ҳама нақшҳоро номбар кардан инҷо душвор аст …
-Шумо шогирдоне доред, ки аз пайи идома додани кори шумо бошанд?
-Оре, Аловуддин Абдуллоев, Маҳмадсаид Пиров, Адҳам Холиқов ва бисёр дигарон. Мутаассифона Аловуддин моро тарк карда, дар дили мухлисонаш захми бузурге боқӣ гузошт…
– Вақте ки шумо худро бад ҳис мекунед, ғамгин мешавед, ба шумо чӣ кумак мекунад: мусиқӣ, китобхонӣ ё…?
– Ҳам хониш, ҳам мусиқӣ. Ман шеърҳои Ҳофиз, Хайём, мусиқии З.Шаҳидӣ, Э. Айрапетянро дӯст медорам. Мо, он замон санъаткорони ҷавон, бо ин бастакорон хеле зич ҳамкорӣ мекардем ва аз онҳо бисьёр чизҳоро омӯхтаем.
«Бо нақшҳои хуб қасос мегирифтам…»
— Тавре маълум аст, дар дунё театре нест, ки иғвову ҷанҷол надошта бошад. Оё зидди шумо ҳам иғвоҳо сохта мешуданд? Ва дар чунин лаҳзаҳо кӣ шуморо дастгирӣ мекард?
– Фитнаву иғво аз Марям Исоева пештар таваллуд шудаанд! Вақте ман бе дублёр нақш иҷро мекардам, ҳамааш хуб буд, вале ҳамин ки дар ин ё он наќш дублёр пайдо шуд, иғвою дасисањо сар мешуданд. Ва боз бемории миллии мо “бахилизм”-ро фаромуш намекунем… Ва як душмани асосии ман забони ман буд, чун ҳамеша ҳақиқатро ошкоро мегуфтам ва ин на ба ҳама маъқул буд… Ва агар дар хусуси дастгирӣ гӯем, дар замони шӯравӣ, вақте ташкилоти ҳизбӣ, кумитаҳои маҳаллӣ, мухлисони собиқадори театр буданд, ҳаминҳо маро дастгирӣ мекарданд, ҳоло афсӯс, дигар ҳеҷ кас…

— Ба фикри шумо, аз озордиҳанда интиқом гирифтан лозим аст? Ё нафрат нафрати навро ба вуҷуд меорад?
– Оё барои ин вақтро, ки бе ин ҳам намерасад, сарф кардан меарзад? Ман танҳо бо эҷодкорӣ, нақшҳои муваффақи худ аз озордиҳандагону ҳасудон қасос меситондам. Бо меҳнати худ душманонро мағлуб мекардам.
-Дар мардум чӣ чизе писандатон нест ва чиро ба онҳо намебахшидед? Умуман, шумо бадиро ба дил мегиред?
– Дурӯягӣ, хиёнат, ғайбат писандам нестанд. Ва ҳангоме ки дӯстони наздиктаринам ба ман хиёнат мекунанд, ихтисосам маро наҷот медиҳад, мухлисон, одамони одӣ, ки маро дӯст медоранд, табобатам мекунанд. Зиёд шудааст, ки тамошобине наздам омада пурсидааст: оё ман метавонам шуморо модар номам?! Ин малҳаме барои ҷони ман аст.
«Тани сиҳат, хотири ҷам, дили беғам!»
– Барои шумо миллати шахс муҳим аст ё худи шахс?
-Шумо худатон дар СССР зиндагй мекардед, оё ин савол боре ба миён меомад? Албатта, барои ман худи шахс муҳим аст, на миллаташ! Дар байни дӯстони ман қафқозиҳо, яҳудиён, русҳо, тоҷикон ва ғайра ҳастанд …
-Агар ҳоло имкони аз ибтидо оғоз кардани зиндагӣ мебуд, дар он чиро тағйир медодед? Касбатон, худи хаётро?
-Афсӯс, бозгашт ба ибтидо нест. Ва ман чунин зиндагии пурҷило, ҷолиб, ҳарчанд баъзан фоҷиабори худамро тағйир намедодам! Ягона ин ки бештар бо кӯдаконам, бо волидонам муошират мекардам.
-Дар ҷашни солгарди худ ба санъаткорони ҷавон ва тамошобинони мо чӣ таманноҳо доред?
– Тани сиҳат, хотири ҷам, дили беғам!
– Ташаккур, бори дигар ҷашн муборакатон бод!
Амалхонум ГАҶИЕВА