Мо кишвари муҳоҷирон нестем

Ё чӣ гуна буҳрони ҷаҳонӣ ба шиносоӣ бо Тоҷикистон мусоидат мекунад

То чанде пеш аксари сокинони Россия ва Ғарб дар бораи Тоҷикистон ва бахусус футболи тоҷик тасаввуроти ночиз доштанд. Аммо буҳрони ҷаҳонӣ, пандемияи коронавирус ва низои Россияву Украина боис гашт, ки кишвари мо имкон пайдо кард ба ҷаҳониён намоиш диҳад, ки мо танҳо як кишвари муҳоҷирони меҳнатӣ нестем.

Панҷшанбеи гузашта барои футболи Тоҷикистону Россия як рӯйдоди таърихӣ ба вуқуъ пайваст – дастаҳои мунтахаби ин ду кишвар бори аввал бо ҳам бозӣ карданд. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, ки 20 ҳазор ғунҷоиш дошта, аз мухлисон пур буд, баргузор гардид.

Миллионҳо нафар русҳо низ тавассути шабакаҳои телевизионии варзишӣ чӣ гуна дар пойтахти мо истиқбол гирифтани мунтахаби Россия, инчунин худи бозиро тамошо карданд.

Ба сабаби вазъияти душвор дар дунё дастаи Валерий Карпин дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда наметавонист, аммо ба қарибӣ барои ин иҷозат гирифт: рӯзи 11 ноябр УЕФА ва ФИФА, ки қаблан русҳоро аз имкони ширкат дар бозиҳои байналмилалӣ маҳрум карда буданд, барои баргузории вохӯрии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Россия ва Тоҷикистон иҷозати расмӣ доданд.

Аммо бозӣ дар Душанбе барои тими миллии Тоҷикистон, ки имкон дошт бо пурқувваттарин тими ИДМ ва яке аз беҳтаринҳои Аврупо, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ширкат варзидааст, рақобат кунад, на камтар аҳамият дошт.

Пеш аз бозии дӯстона дар Душанбе сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар тамрини кушодаи дастаи миллии кишвараш ширкат намуд.

Мо кишвари муҳоҷирон нестем
Пешвози футболбозон дар Душанбе. Акс: сайти тими миллии футболи Русия.
  • – Он, ки шумо ба Тоҷикистон омадед, як муъҷиза аст, – меорад суханони Григоревро агентии иттилоотии ТАСС. – Чунон ки мегӯянд, бе бадӣ хубӣ ҳам нест. Бадии кор дар он аст, ки футбол ва умуман варзиши мо аз майдонҳои байналмилалӣ маҳрум шудааст, аммо хубиаш ин аст, ки шумо ба кишварҳое меоед, ки онҷо аз дидани шумо шоданд. Мо шуморо хеле сахт мухлисӣ хоҳем кард, пагоҳ дар варзишгоҳ наздики ним ҳазор нафар шуморо дастгирӣ мекунанд.

Бозӣ шавқовар гузашт ва мусовӣ — 0:0 анҷом ёфт. Ва муҳимтар аз ҳама, пас аз ин бозӣ ҳам худи бозигарону мураббиён ва ҳам бисёр аз русҳо меҳмоннавозии тоҷикон, зебоии шаҳр ва ҳамчунин сатҳи хуби маҳорати футболбозони тоҷикро қайд карданд.

Мо кишвари муҳоҷирон нестем
Акс: сайти тими миллии футболи Русия.

– Зиёд мегуфтанд, ки чӣ лозим аст ба Тоҷикистон рафтан, сатҳи футболи онҷо паст аст ва амсоли ин. Дар ҳоле ки ин ҷумҳурӣ ҳанӯз аз замони Шӯравӣ бо футболбозони моҳири худ шуҳрат дошт. Таъсири ин ҳоло ҳам дида мешавад. Футболбозони дирӯза мураббӣ шудаанд, ба ҷавонон маҳорат меомӯзонанд. Тоҷикон нишон доданд, ки дар бисёр ҷузъҳои бозӣ аз русҳо кам нестанд. Ва ҳам он, ки дастаи моро онҷо хеле хуб истиқбол гирифтанд, хеле арзишманд аст, – гуфт пас аз бозӣ Евгений Ловчев, дар гузашта футболбози маъруф ва ҳоло коршиноси шабакаи телевизионии “Матч ТВ”.

Мухлиси испанӣ: «Ман барои худ кишвари нав – Тоҷикистонро кашф кардам»

Соли 2020 пандемияи COVID-19 тамоми оламро фаро гирифта, ба њаёти одамон, аз ҷумла ба варзиш, таъсири сахт расонд.

Қариб тамоми мусобиқаҳои муҳимтарини сатҳи ҷаҳонӣ ва қитъавӣ, инчунин мусобиқаҳои дохилӣ лағв ё ба санаи дертар гузаронида шуданд.

  • Ба ҳисоби коршиносон, футбол, ки яке аз сердаромадтарин ва маҳбубтарини варзишҳост, аз пандемия бештар аз навъҳои дигар зарар дидааст. 13 марти соли 2020 ФИФА эълон кард, ки бинобар пандемияи коронавирус бошгоҳҳои футбол набояд бозигарони худро ба бозиҳои тими миллӣ рухсати рафтан диҳанд ва худи бозигарон ҳақ доранд, ки бидуни оқибат даъват ба тими миллиро рад намоянд. ФИФА инчунин тавсия дод, ки ҳама бозиҳои байналмилалӣ мавқуф гузошта ё лағв шаванд.

Мусобиқаҳои қаҳрамонии миллии кишварҳои Аврупо, Африқо, Осиё, Амрико ва Австралия пайи ҳам қатъ гардиданд.

Ба моҳи апрели соли 2020 мусобиқаҳои варзишии касбӣ тақрибан дар тамоми ҷаҳон бекор карда ё ба санаҳои дигар гузаронда шуданд.

Яке аз охиринҳо ба коронавирус чемпионати Тоҷикистон таслим шуд. Ин мусобиқаи моро дӯстдорони футбол дар Аврупо, Осиё, Амрико ва ҳатто Африқо тамошо мекарданд.

Тавассути футбол миллионҳо одам аз кишвари мо ва аз тоҷикон хабар ёфт.

«Футболи тоҷик, голҳои зебои футболбозони тоҷик маро ба ваҷд оварданд. Ман кишвари нав – Тоҷикистонро барои худ кашф кардам. Дар ҳоле ки то ба наздикӣ ҳатто намедонистам, ки чунин кишвар вуҷуд дорад. Акнун ман дар бораи он бисёр чизҳоро медонам. Шояд рӯзе ба онҷо равам”,- навиштааст як мухлиси испанӣ дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоӣ, ки зиёд лаҳзаҳои ҷолиби чемпионати Тоҷикистон, манзараҳои кишварро онҷо ба маъраз мегузошт.

«Зебо, гарм, мардуми меҳрубон»

Ва ба наздикӣ ҳазорон шаҳрванди Россия низ, ки пас аз эълони фармон дар бораи сафарбаркунии қисмӣ ба Тоҷикистон фирор намуда буданд, ақидаашонро доир ба ин кишвар ва аҳолии он дигар карданд.

Мо кишвари муҳоҷирон нестем
Акс: https://tj.sputniknews.ru

Надежда, зани рус, зимни як видео дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоӣ мегӯяд: “Мо аз Москва бо аввалин ҳавопаймои дастрас рӯзи 21 сентябр парвоз кардем. Ба ман писанд омад, ки шахри шумо хеле сабз аст, боғҳои сершумор дорад. Шаҳр бо ободии худ дар ҳайрат мегузорад, ин ҷо зебо, гарм аст, мардуми меҳрубон дорад.

Русҳо бо тааҷҷуб нақл мекунанд, ки вақте ба Тоҷикистон расиданд, ба фазои комилан фарқкунанда аз он, ки қаблан тасаввур мекарданд, афтиданд.

-Душанбе дар муқоиса бо дигар пойтахтҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати экологӣ тозатар аст. Кӯчаҳои барҳавои сабз, фаввораҳои сершумор, иқлими гарми форам, – қайд кард Николай, ки аз Новосибирск омадааст. – Дар баробари ин, дар муқоиса бо Россия нархҳо дар Тоҷикистон хеле дастрастаранд.

Як сокини Санкт-Петербург Владимир бошад, зиндагии ороми шаҳрро қайд кард:

– Дар Тоҷикистон худро нисбат ба Россия оромтар ҳис мекунам, – мегӯяд Владимир. – Душанбе бо фазояш ба ман аз лаҳзаи аввал писанд омад, инҷо метавонӣ зери офтоб, ки дар Санкт-Петербург мо аз норасоияш азият мекашем, истироҳат карда, сатҳи стрессатро паст кунӣ.

Тавре бисёр аз сокинони Тоҷикистон, ки дар хориҷа қарор доранд, қайд мекунанд, онҳо зиёд ба ҳолатҳое дучор шудаанд, ки хориҷиён дар бораи кишвар, мардум, табиат, зиндагии тоҷикон ё тамоман тасаввурот надоранд, ё тасаввуроти ғалат доранд.

“Албатта, мо намехостем, ки моро танҳо тавассути ин гуна ҳолатҳо шиносанд, – мегӯяд ҷамъиятшинос Раъно Раҳматова. – Аввалан, дар бораи мо маълумоти хеле кам доштани хориҷиён оқибати нуқсон дар кори мост. Мо чизе дорем, ки бо он фахр кунем, чизе дорем, ки ба ҷаҳониён бигӯем”.

Асад Беҳрӯз

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.