Натиҷаҳои тадқиқоти афзалиятҳои расонавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид

Ҳамкасбони арҷманд!

Тадқиқоти мо таҳти унвони “Афзалиятҳои расонавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, матбуоти чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо” ба анҷом расид. Шакли чопӣ ва электронии ҳисобот низ омода шудааст. Ҳамаи хоҳишмандон ба осонӣ натиҷаҳои тадқиқотро дастрас карда метавонанд. Барои ин ба суроғаи mediaconsulting@inbox.ru  нома бояд навишт. Дар мактуб ному насаб ва номи ташкилотеро, ки шумо намояндагӣ мекунед, навиштан лозим аст. Инчунин ишора кунед, ки ба шумо бо кадом забон хондани ҳисоботи мо роҳаттар аст. Ин маълумот ба мо зарур аст, то бидонем, ки тадқиқотамон барои кӣ ҷолиб аст ва онро ҳангоми пажуҳиши оянда ба назар бигирем.

Ғайр аз ин, агар шумо худатон онро ба дигарон ирсол накарда, ба хоҳишмандон суроғаи почтаи зикршударо медодед, хеле сипосгузор мешудем.

Тадқиқот дар моҳҳои январ-феврали соли 2022 баргузор шуд.

Ҳисоботро ТҶ “Машварати расонавӣ” ва ТҶ “МТС “Зеркало”, ки додаҳоро ҷамъоварӣ, коркард ва  таҷассум кардааст, омода намудаанд.

Муаллифони ҳисоботи тадқиқотӣ:

Набӣ Юсупов –директори ТҶ “Машварати расонавӣ”

Қаҳрамон Бақозода, MBA, таҳлилгар. Тадқиқот дар шарикӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор шудааст.

Оцените статью

Натиҷаҳои тадқиқоти афзалиятҳои расонавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид Ҳамкасбони арҷманд! Тадқиқоти мо таҳти унвони “Афзалиятҳои расонавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, матбуоти чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо” ба анҷом расид. Шакли чопӣ ва электронии ҳисобот низ омода шудааст. Ҳамаи хоҳишмандон ба осонӣ натиҷаҳои тадқиқотро дастрас карда метавонанд. Барои ин ба суроғаи mediaconsulting@inbox.ru  нома бояд навишт. Дар мактуб ному насаб ва номи ташкилотеро, […]
5 1 5 1
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.