Маъюбӣ миёни муҳоҷирони кории баргашта дар Тоҷикистон

Опасные условия труда причина роста инвалидности среди мигрантов

Сабабҳои маъюбии муҳоҷирони меҳнатӣ гуногун буда метавонанд, вале аксаран ба шароити вазнин ва хатарноки меҳнат, таъминоти нокифояи ёрии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин табъиз ва беэътиноӣ аз ҷониби корфармоён алоқаманданд. Барои мисол, тибқи маълумоти Хадамоти федеролии давлатии омори Федератсияи Русия, шумораи садамаҳое, кидар натиҷаи афтидан аз баландӣ сурат гирифтаанд, дар Русия нисбат ба дигар кишварҳои олам ба маротиб бештар аст. Ин яке аз сабабҳои маъмули маргу маъюбӣ дар Русия аст ва аксари қурбониён афроде ҳастанд, ки дар сохтмонҳо кор мекунанд. Ҳар сол дар онрҷо ба ҳисоби миёна тақрибан 10 ҳазор садамаи марбут ба афтидан аз баландӣ рух медиҳанд.

Маъюбӣ миёни муҳоҷирони кории баргашта дар Тоҷикистон
Маъюби гурӯҳи аввал Умарҷон Гадоев.

Маъюби гурӯҳи аввал Умарҷон Гадоев, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 6 сол қабл комилан солим буд ва барои мардикорӣ ба Русия рафта, мисли бисёриҳо дар сохтмоне ба кор даромад. «Бо камоли масъулият ва хеле самимӣ кор мекардам, аммо рӯзе бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба садама дучор шудам, аз баландӣ афтида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштам. Ман дар як ширкат кор мекардам ва суғуртаи тиббӣ надоштам, аз ин рӯ корфармоям ба ман танҳо кӯмаки ҳадди ақал дод. Бахтам омад карду он вақт ҳамватанони мо, муҳоҷирони корӣ ба ман кӯмак карданд. Онҳо якҷоя шуда, барои ҷарроҳӣ ва табобатам пул ҷамъ карданд ва баъди ду моҳ ба Ватан баргаштам. Имрӯз бо такя ба таҷрибаи ғамангези худ аз онҳое, ки ба кор мераванд, хоҳиш мекунам, ки ба таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, махсусан суғуртаи тиббӣ диққат диҳанд».

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ)/Агентии Муҳоҷирати СММ дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Хазинаи Рушди СБМ тадқиқоти “Маъюбӣ миёни муҳоҷирони кории баргашта дар Тоҷикистон: омӯзиши ҳамаҷониба”-ро анҷом додааст. Ҳадафи ин пажӯҳиш омӯзиши афзоиш ва сабабҳои маъюбӣ дар байни муҳоҷирони кории баргашта дар Тоҷикистон ва муайян кардани ниёзҳо ва мушкилоти онҳо, бахусус дар робита ба дастрасӣ ба хадамоти иҷтимоӣ ва тиббӣ буд. Тадқиқот нишон дод, ки пеш аз рафтан ба муҳоҷират вазъи саломатии аксари муҳоҷирони меҳнатии баргашта хуб буд, вале саломатии онҳо ҳангоми кор дар кишвари таъиншуда (ҳатто то ба дараҷаи маъюбӣ) бад шудааст.

Омилҳои асосии хавфи маъюбӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон муайян карда шуданд: риоя накардани меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ дар ҷои кор; бе шартномаи расмии меҳнатӣ ва имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бе суғуртаи тиббӣ ва дастрасӣ ба ёрии тиббӣ кор кардан; шароити ғайриқаноатбахши зиндагонӣ ва таъсири иқлими сард ва албатта, кор дар соҳаҳое, ки меҳнати вазнини дастӣ ва шароити меҳнати зарарнок  мавҷуд аст (сохтмон ва ғайра).

Маъюбӣ миёни муҳоҷирони кории баргашта дар Тоҷикистон
Сергей Рязянтсев, мушовири байнулмилалии СБМ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

Ба гуфтаи мушовири байнулмилалии СБМ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Сергей Василевич Рязянтсев, ӯ бисёр ҷавонон ва пиронсолонеро, ки чанд сол дар Маскав ва дигар минтақаҳои Русия кор карда, мутаассифона, саломатии худро аз даст доданд, бисёриҳо маъюб шуданд, вохурдааст. Омӯзиши мушкилоти маъюбӣ дар байни муҳоҷирон, пеш аз ҳама, аз нигоҳи башардӯстона хеле муҳим аст, зеро саломатӣ ва ҳаёти ҳар як инсон муҳимтарин сармояи инсонист. «Сониян, аз нигоҳи сиёсӣ муҳим аст, зеро Тоҷикистон танҳо ин мушкилро ҳал карда наметавонад, онро бояд дар ҳамкорӣ бо кишваре ҳал кард, ки муҳоҷиронро қабул мекунад ва аз меҳнати муҳоҷир истифода мебарад, барои суханам маъзарат мехоҳам, вале истифодаи қувваи корӣ низ масъулияти давлат аст ва дар ин маврид Федератсияи Россия (РФ) ва дигар кишварҳои қабулкунанда. Боварӣ дорам, ки гузориши тадқиқотии мо дар оянда метавонад ба сиёсати муҳоҷиратӣ, аз ҷумла ба Федератсияи Русия ҳамчун иштирокчии калидии ин раванд таъсир расонад. Дар доираи лоиҳа СБМ имкон ба даст омад, ки тадқиқоти миқдорӣ, аз ҷумла масъалаҳои муҳоҷират дар тадқиқоти миллӣ оид ба маъюбӣ, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии рушди байналмилалии Ҷопон гузаронида шавад ( JICA). Тибқи Протоколи Вашингтон, бо нафарони дорои маҳдудиятҳои функсионалӣ, аз қабили нуқсони шунавоӣ, биноӣ, ҳолати равонӣ ва ғайра мусоҳиба гузаронида шуданд. Ин як категорияи муҳим буд, зеро аксари онҳо дар хориҷа кор карда, дар муҳоҷирати меҳнатӣ саломатии худро аз даст додаанд»гуфт профессор.

Дар тадқиқоти СБМ омадааст, ки ҳуҷҷатгузорӣ нашудни вазъи бисёре аз муҳоҷирон аз Тоҷикистон боиси нақзи доимии ҳуқуқи меҳнат аз ҷониби корфармоён ва адами ҳифзи иҷтимоӣ мегардад. Тақрибан ҳамаи пурсидашудагоне, ки дар тадқиқот ширкат варзиданд, ба омилҳои хатарноки истеҳсолӣ дучор шудаанд, зеро аксари муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар корҳои каммузд кор мекунанд: мардон дар сохтмон (45%) ва дар соҳаи хизматрасонӣ (22%), занон дар тозакунӣ (27)%) ва хизматрасонӣ (18%). 17% пурсидашудагон гузориш доданд, ки ба ду ё зиёда омилҳои зараровар дучор шудаанд. Аз ҳама маъмултарин омилҳои зараррасон маводҳои кимиёвӣ ва намӣ (барои занон) инчунин чангу ғубор, бардоштани бори вазнин ва садои баланд (барои мардон) мебошад.

Сарфи назар аз шароити хатарноки кор, аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ барои тағйир додани вазъият (49% занон ва 56% мардон) ягон чорае наандешиданд. Дар байни муҳоҷирони кории пурсишшуда бо маҳдудиятҳои функсионалӣ 40% занон ва 56% мардон шартномаи меҳнатӣ имзо накардаанд. Ва танҳо 33% занон ва 37% мардон кӯшиш карданд, ки бо корфармои худ барои беҳтар кардани шароити корӣ гуфтушунид кунанд;  мутаносибан 11 ва 12 фоиз барои пайдо кардани кори дигар талош кардаанд. Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, шуғли ғайрирасмии аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бо корфармоён шартномаи меҳнатӣ намебанданд, боиси беэътиноӣ ба меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, инчунин набудани дастрасӣ ба ҳифзи иҷтимоӣ, хизматрасонии тиббӣ, пардохт нагардидани ҷубронпулӣ барои коргарони дар истеҳсолот ярадоршуда ва нафақаи маъюбӣ мегардад.

Аксари муҳоҷирони корӣ таъкид мекунанд, ки шароити ғайриқаноатбахши зиндагии онҳо интихоби бошууронаи онҳо буда, хостаанд ҳарчи бештар маблағ ҷамъоварӣ карда, ба хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон фиристонанд. Дар баробари ин, онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи бештар маблағ сарфа намуда, аз пардохтҳои гуногун даст кашидаанд, аз ҷумла аз суғуртаи тиббӣ: танҳо 52% мардон ва 47% занон суғуртаи тиббӣ доштанд. Ин вазъиятро беэътиноӣ кардани муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба саломатии худ бадтар мекунад: ҳамагӣ 19% муҳоҷирони меҳнатӣ бо маҳдудиятҳои функсионалӣ, ки ба Тоҷикистон баргаштаанд, дар Русия аз хизматрасонии тиббӣ истифода кардаанд.

Муҳоҷирони маъюб пас аз баргаштан ба ватан кӯшиш мекунанд, ки бо ҳамкорон ва дӯстонашон дар алоқа бошанд, ӯҳдадориҳои иловагии оилавиро ба дӯш мегиранд ва кӯшиш мекунанд, ки ба кор дубора баргарданд.

Тавре ки Умарҷон Гадоев мегӯяд: “Имрӯз бо вуҷуди маҳдудияти ҷисмонӣ доштанам, гуфтаниам, ки ноумед нашудам, дарк мекунам, ки мисли пештара бояд хонаводаамро нигоҳубин кунам. Курси дӯзандагӣ хондам ва дар хона кор мекунам, барои духтани либосҳои занона ва мардона фармоиш мегирам ва ба шарофати ин касбам худамро нотавон эҳсос намекунам”.

Аммо ин пажӯҳиш мавҷудияти муносибати манфиро нисбат ба маъюбони ҷисмонӣ аз ҷониби як қишри ҷомеа низ ошкор кардааст. Ин боиси афсурдагӣ, халалдор шудани хоб ва баъзан боиси андешаҳои худкушӣ дар муҳоҷирони нав маъюбшуда мегардад. Вазъият аз сабаби бекории зиёд дар байни муҳоҷирони меҳнатии баргашта, ки дорои маҳдудияти ҷисмонӣ мебошанд, бадтар мешавад. Хосса занон аз бекорӣ азият мекашанд. Сабабҳои бекорӣ ин вазъи саломатӣ ва мушкилӣ дар иҷрои корҳо, ки ба нуқсонҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ марбут мебошанд. Бархе аз пурсидашудагон набудани кори мувофиқ ё маоши камро низ қайд карданд. Ин нияти дубора ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани аксарияти муҳоҷирони кории пурсидашударо шарҳ медиҳад, ки новобаста ба маҳдудиятҳои функсионалӣ ва сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи саломатӣ талоши сафар карданро доранд.

 Аз ин рӯ, барои ин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои маҷмӯии мутобиқшавӣ ва барқароршавӣ, аз ҷумла таъмини дастгирии иҷтимоӣ, рушди малакаву донишҳо оид ба фаъолияти даромаднок ва кӯмаки равонӣ муҳим аст.

Опасные условия труда причина роста инвалидности среди мигрантов
Ҳунармандони сехи қаннодии «Машҳур».

Масалан, имрӯз қариб ҳар як оилаи ҷамоати деҳоти Хистерварзи ноҳияи Бобоҷони Ғафуров дар рӯзҳои ид аз сехи хурди қаннодии «Машҳур» ширинӣ мехаранд. Ҳунармандони варзидаи коргоҳ сокинони маҳаллӣ буда, қисме аз онҳо занони маъюби дараҷаҳои гуногун, қисми дигарашон муҳоҷирони баргашта ё аъзои оилаи онҳо мебошанд, вале ҳамаи онҳоро як чизи умумӣ бо ҳам тавъам месозад: муддати тӯлонӣ ба кӯмаки равонӣ ниёз доштанд ва кор ёфта натавонистан. Онҳоро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират «шунид», ва дар доираи Лоиҳаи «Ҳуқуқ ва шаъну шараф», ки дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» дар вилояти Суғд бо мақсади ҷалби муҳоҷирони кории баргашта ба рушди даромади пулӣ амалӣ менамояд, дастгирӣ намуд. Иштирокчиёни лоиҳа қайд карданд, ки онҳо худашонро дигар барои наздиконашон сарборӣ эҳсос намекунанд. Вақте ки онҳо болои дастархони сокинони маҳаллӣ – пухтупази хушбӯю болаззат, самараи меҳнати худро мебинанд, дарк мекунанд, ки на танҳо ба аҳли оилаашон, балки ба ҷомеа низ нафъ меоранд.

Ҳамин тавр, барои ҳалли мушкили маъюбӣ дар миёни муҳоҷирони тоҷик тадбирҳои фарогир лозим аст. Пеш аз ҳама, ин омӯзиши қабл аз сафар барои муҳоҷирон оид ба қонунгузории муҳоҷират дар кишвари қабулкунанда, касбомӯзӣ ва такмили ихтисос, инчунин омӯзиши чораҳои бехатарӣ дар ҷои кор, пешгирии ҷароҳат ва дигар масъалаҳои саломатӣ мебошад. Ҳамчунин зарур аст, ки корро бо корфармоён дар кишварҳои қабулкунанда ҷиҳати таъмини шароити муносиби корӣ ва дастрасии муҳоҷирон ба хадамоти тиббӣ тақвият бахшид.

Ҳалли мушкилоти ҳамгироӣ дар ватан, махсусан барои муҳоҷирони маъюб бояд аз расонидани кӯмаки равонӣ, кӯмак дар мутобиқшавии иҷтимоӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои фаъолияти даромаднок, аз ҷумла пешбурди соҳибкории хурд иборат мебошад. Ҳалли вазифаҳои ба миён гузошташуда танҳо дар сурате имконпазир меградад, ки муносибати серсоҳа ва ҳамкории байни давлат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳли сайёра вуҷуд дошта бошад.


[1] https://play-side.ru/хабарҳо/омори афтидан аз баландӣ дар Россия

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.