Масунияти гибридӣ бар зидди COVID-19

Дар Тоҷикистон аз охири зимистони гузашта расман ягон ҳодисаи мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вазорати тандурустии кишвар хабар медиҳад, ки ин ҳолат сар аз 16 феврал мушоҳида мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар дунё омори бемории мазкур пас аз даҳ ҳафтаи поинравӣ ҳафтаи дуюм боз рў ба афзудан аст. Тавре аз ҳисобҳои расонаҳои ҷаҳонӣ бармеояд, теъдоди ҳолатҳои нави сирояти коронавирус тайи ҳафтаи охир 3 млн зиёд шудааст.

Дар Тоҷикистон мавсими зуком аст ё «корона»?

Дар Аврупо болоравии суръати паҳншавии сироят идома дорад. Дар ин қора манбаъҳои нав ба нави хуруҷи беморӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ҷойи якумро дар ҷаҳон аз рўйи омори беморшавӣ Олмон ишғол мекунад – дар кишвари мазкур дар як шабонарўз наздики 140 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ сабт мешавад. Ин гуна вазъ аз миёнаҳои тобистон боз мушоҳида нашуда буд. Дар Фаронса COVID-19-ро рўзе тақрибан дар 60 ҳазор нафар ошкор мекунанд. Дар Италия омори мазкур ба 50 ҳазор расидааст, ки назар ба ҳафтаи гузашта 25% зиёд аст. Ҳамчунин шиддати паҳншавии сироят дар Австрия, Белгия, Нидерланд ва кишварҳои дигар афзудааст. Дар як ҳафта аз COVID-19 дар дунё атрофи 9,6 ҳазор нафар фавтидааст. Бояд қайд кард, ҳафтаи чорум аст, ки шумораи ҳодисаҳои фавт наздики 10 ҳазор аст.

Дар баробари ин омори беморшавӣ дар Осиё ва кишварҳои Америкаи Ҷанубӣ поин меравад. Дар Тоҷикистон он умуман баробар ба сифр мебошад. Дар ду ҳафтаи охир на дар ҷадвали ҷаҳонии беморшавӣ кишвар номбар шудаасту на дар Вазорати тандурустӣ дар ин хусус қайде ҳаст.

Масунияти гибридӣ бар зидди COVID-19
Графики COVID-19 (натиҷаи ҷамъбасти омори 365 рўз/1 сол)

Бархе бар онанд, ки сабаби ин гуна вазъ дар Тоҷикистон эмкунии оммавӣ ва самаранокии тадбирҳои профилактикӣ аст. Аммо дар кишварҳои дигар низ ин навъ тадбирҳо бо вусъати на камтар аз мо татбиқ шуда буданд.

Ҳафтаҳои охир дар фазои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳое иброз меёбанд, ки шояд бо бозгашти сардиҳо COVID-19, ки барои як муддат Тоҷикистонро ба ҳолаш монда буд, пас гаштааст, зеро ду ҳафта боз сокинони ҷумҳурӣ беш аз пеш бемор шуда, аз нишонаҳои «зукоми ғайриодӣ» шикоят мекунанд.

«Ҳафтае пеш оилаи мо қариб ба пуррагоӣ зуком шуд. Бояд гуфт, духтар ва шавҳарам, ки на аз ҳамаи марҳилаҳои эмкунӣ гузашта буданд (танҳо аз дутоаш), аз ману писарам, ки чор бор эм гирифта будем, бемориро начандон вазнинтар гузаронданд», – гила кардааст, масалан, корманди маркази савдо бо номи Комила.

Масунияти гибридӣ бар зидди COVID-19
Тоҷикистон: маълумоти муфассал доир ба коронавирус дар ду ҳафтаи охир

Ба суоле, ки чаро ў барои муайян кардани навъи ин беморӣ аз тест нагузаштааст, Комила ҷавоб дод, ки агар дар наздикони ў коронавирусро пайдо ҳам мекарданд, ба гумон аст, ки ба ин иқрор мешуданд. Охир, расман дар мо бемории мазкур вуҷуд надорад. «Бо ҳамсояи ман чунин ҳодиса рўй дод, ки ў моҳи сентябр пеш аз иштирок дар чорабинии сатҳи баланд намуна барои санҷиш супорид, вале азбаски дар ў аломатҳои коронавируси беаломатро пайдо карданд, иҷозаташ надоданд, ки дар чорабинӣ иштирок кунад, аммо ба ў ҳеҷ ташхис нагузоштанд ва посухи мусбати тестро ҳам ба дасташ надоданд».

«Аввалан, ин оила на ба коронавирус (тест насупорида буданд-ку), балки ба бемории вирусии роҳҳои нафас дучор шудааст, ки шуморааш ҳар сол дар Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳ зиёд мешавад. Дуюм, маҳз аз он сабаб, ки аҳли оила ваксинагузаронӣ шуда буд (бигузор танҳо як ё ду воя гирифта бошанд ҳам), беморӣ дар шакли сабук гузаштааст. Ин аст натиҷаи тадбирҳо»,- гуфт сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров.

Мувофиқи маълумоти ў, ҳамарўза ба онҳо дар ҳолати зуком шаҳрвандони зиёде муроҷиат намуда, дар робита ба COVID-19, ҳатто агар симптомҳои беморӣ мушоҳида шаванд ҳам, посухи манфӣ мегиранд. Зеро маълум аст, ки давраи аввали зуком ба ҷараёни COVID-19 монанд аст. Аммо тафовути аслии COVID-19 аз зукому бемориҳои дигари вирусии респираторӣ дар давомнокии давраи инкубатсионӣ мебошад.

Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор ҳолати гирифторшавӣ ба бемориҳои вирусии роҳҳои нафас сабт мешавад. Соли сипаригашта дар кишвар ин омор наздики 130 ҳазор буд (рақам ҳолатҳои мубталошавӣ ба зуком (грипп)-ро низ фаро мегирад).

Ҳамасола, сар аз тирамоҳ то охири баҳор, дар Тоҷикистон мавсими бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла зуком оғоз меёбад. Бояд ба назар гирифт, ки зуком якчанд вариант дорад ва мувофиқи штаммҳои худ ба гурўҳҳои А ва Б тақсим мешавад. Онҳо метавонанд бо навбат вобаста ба он паҳн шаванд, ки гардиши кадом вирус шиддат мегирад. Таҳлили ҳарсола нишон медиҳад, ки дар оғози мавсим маҳз штамми зукоми АH1N1 ва ё АH3N2 бартарӣ доранд, аммо шуруъ аз моҳи январ зукоми гурўҳи Б бештар мешавад.

Иқтидори масунияти гибридӣ: «суперҳимоя» аз COVID-19

Тибқи пешгўйии мутахассис, поинравӣ ва хуруҷи пандемияи коронавирус дар олам вобаста ба мавсим идома хоҳад ёфт. Лекин худи вирус ба гумон аст, ки аз байн равад. Вазъ бо зиёд шудани теъдоди бемороне, ки пас аз эмгирӣ масунияти баланд ҳосил кардаанд, тағйир меёбад.

Масунияти аз ҳама баланди гибридиро эмгузаронӣ ба нафароне таъмин менамояд, ки қаблан COVID-19-ро паси сар кардаанд. Он сатҳи подтанҳои зидди коронавируси SARS-CoV-2-ро дар қиёс бо эмнагирифтагони бемориро аз саргузаронда чандин карат зиёд мекунад.

«Таҳқиқот нишон дод, ки дар ҳар нафари сеюм аз афроди эмнашуда ва ҳам бемориро аз сар нагузаронда ҳамагӣ бо гузашти як сол подтанҳои SARS-CoV-2 тамоман мушоҳида намешуданд,- шарҳ дод натиҷаҳои таҳқиқотро дар Telegram-канали худ биологи маъруф, профессори Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон Анча Баранова.- Камтар аз ҳама имкони ҳосил намудани масунияти табиии тўлониро тамокукашон ва афроди аз аз 60 боло доранд. Аммо ҳолати онҳое, ки пас аз беморшавӣ боз ваксина гирифтаанд, олиҷаноб, ҳатто беҳтар аз онҳое аст, ки танҳо ваксина гирифтаанд».

Масунияти гибридӣ якҷоягии масунияти пасосироятӣ ва пасоваксинавӣ мебошад, аммо он на ҷамъи одии арифметикӣ, балки сатҳи сифатан нав аст, зеро посухи масунӣ ба ваксина дар беморшудагон устувортар ва босифаттар аст», – шарҳ дод мутахассис.

«Дар Тоҷикистон маҳз ваксинагузаронии оммавӣ, ки аксари беморони шифоёфта аз он гузаштанд, як тадбири муассир ва натиҷабахш алайҳи коронавирус гардид. Тадқиқотҳои мо нишон доданд, ки дар хуни чунин одамон сатҳи подтанҳо зиёд мешавад ва дар натиҷа масунияти оммавӣ ташаккул меёбад. Аммо мардум бояд на танҳо ба таври сунъӣ, балки пеш аз ҳама бо роҳи бурдани тарзи солими ҳаёт масунияташонро баланд бардоранд», – тавсия додааст коршинос.

Ӯ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир мардум марҳалаи чоруми эмгузарониро пушти сар мекунанд. То имрӯз 36% ваксина гирифтаанд. Марҳилаи сеюм 95% аҳолиро фаро гирифт.

Зимни нишасти хабарии тобистона вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қайд карда буд, ки сарфи назар аз ба эътидол омадани вазъи марбут ба коронавирус дар Тоҷикистон, дар тамоми гузаргоҳҳои рӯйизаминӣ ва фурудгоҳҳо нуқтаҳои ташхиси беморӣ фаъолият доранд, ки ашхоси воридшударо дар ҳолати мушоҳида шудани ҳарорати баланд, нагузаштан аз санҷишҳои РСП (ПЦР) ё надоштани санади тасдиқкунандаи ваксинагирӣ ташхис мекунанд”,- гуфт ӯ.

Бино ба суханони вазир, аз аввали сол дар кишвар як асбоби махсус барои ошкор кардани шаклҳои коронавирус истифода мешавад. «Дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ шакли нави коронавирус – омикрон пайдо шуд, ки ҳамагӣ дар 299 ҳолат (34 ҳодисаи фавт) ба қайд гирифта шудааст. Хушбахтона, аз моҳи феврали соли 2022 дар Тоҷикистон дигар ҳодисаи беморшавӣ ба қайд гирифта нашудааст», – таъкид кард ӯ.

Пиешгӯйии хатои коршиносон

Умуман, ҳатто се сол пас аз сар задани пандемия, вазъ дар ҷаҳон вахим боқӣ мемонад. Тавре мебинем, пешгӯии коршиносон дар бораи беҳбуди ҳолати марбут ба коронавирус дар соли 2022 воқеӣ нашуд, яъне коронавирус аз байн нарафт. Ҳатто соли гузашта коршиносони раддаи аввали ҷаҳон ва инчунин шахсиятҳои маъруф аз анҷоми наздики “авҷи COVID-19” ҳарф мезаданд. Аксаран, дар пешгӯйиҳои вирусологҳо, сиёсатшиносон ва олимон сухан аз миёнаҳои соли 2022 мерафт. Ҳамзамон ҳама қайд мекарданд, ки пандемия танҳо дар сурати риояи шартҳои муайян хотима меёбад.

Билл Гейтс, яке аз миллиардерҳои бонуфузи америкоӣ, арз мекард, ки сатҳи марг аз “корона” то миёнаҳои соли 2022 коҳиш хоҳад ёфт ва ё ҳатто пандемия хотима хоҳад ёфт. Илова бар ин, штамми “омикрон”, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Африқо пайдо карда шуд, метавонист ба анҷоми ҳамлаи вирус мусоидат кунад. Беморӣ аз сирояти ин штамм мисли зукому шамолкашии одӣ мегузашт. Муассиси “Microsoft” низ инро зикр карда буд. “Ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо шаклҳои нави вирус беҳтар омода аст”,- бо ситоиш аз дастовардҳои илми муосир илова намуд Гейтс.

Сергей Вознесенский, дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия гуфт: “Ба зудӣ ин беморӣ ба зуком баробар мешавад ва дигар чунин оқибатҳои вазнинро дари пай намеорад”. “Пандемияи коронавирус ба зудӣ ба реҷаи эпидемияи зуком мегузарад, яъне як падидаи мавсимӣ мегардад. Ман ин вазъиятро бо солҳои 1960-ум, вақте мо хуруҷи зукоми Ҳонконгро мушоҳида мекардем,  ҳамқиёс медонам. Баъд мо ваксинаю доруҳо сохтем ва инак беш аз 60 сол аст, ки бо он зуком ҳамзистии осуда дорем.

Баъзеҳои дигар COVID-19-ро такрори “зукоми испанӣ” меномиданд ва қайд мекарданд, ки ҳамин вариант бо пандемияи коронавирус ҳам комилан имконпазир аст, яъне он метавонад дар соли 2022 аз байн равад.

 Тавре мо медонем, зукоми испанӣ маҳз пас аз тақрибан 2 соли хуруҷи аввалини васеъмиқёс ба таври пурасрор аз куштори одамон бозмонд. Гуё ба таркибаш барномаи махсусе гузошта шуда буд, ки таъсири марговари онро танзим мекард. Сабаби ин ҳанӯз равшан нест. Эҳтимол дорад, ки бо коронавируси кунунӣ низ ин ҳолат такрор меёбад. Ҳолате, ки  сирраш, аз эҳтимол дур нест, ҳамин тавр фошнашуда боқӣ бимонад.

Қисми назарраси аҳолии сайёра аз COVID-19 ҳимоя нашудааст

Дар ҳамин ҳол, вақте ин матлаб навишта мешуд, Ҷо Байден, Президенти ИМА дар мусоҳиба бо телевизиони CBS гуфт, ки пандемияи коронавирус ба охир расидааст.

 Вай ба поён расидани пандемияи COVID-19 эълон карда, қайд намуд, ки Иёлоти Муттаҳида корро сари ин мушкилот идома медиҳад: “Пандемия ба анҷом расид. Мо то ҳол бо COVID мушкилот дорем, мо то ҳол болои он сахт кор мекунем”.

Ба сифати далели қатъ шудани пандемия Президенти ИМА гуфт, ки “ҳеҷ кас ниқоб намепӯшад” ва ҳама “зоҳиран, ҳолати хуб доранд.”

Лозим ба қайд аст, ки худи Байден аз бемории коронавирусӣ танҳо дар моҳи август шифо ёфт. 21 июл сиёсатмадори 79-сола бо вуҷуди бо ваксинаҳои америкоӣ эмгузаронӣ шудан бемор гашт. 8 август санҷиш барои коронавируси ӯ посухи манфӣ дод, хотиррасон мекунад ren.tv.

Ҳафтаи гузашта директори барномаи СҶТ оид ба ҳолатҳои фавқулода Майкл Райан иброз дошт, ки низомҳои тандурустии кулли кишварҳои ҷаҳон бояд барои вокуниш ба пайдо шудани як штамми нави коронавирус, ки метавонад нисбат ба қаблӣ хатарноктар бошад, омода бошанд.

Ҳамзамон Райан таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар ҳоли ҳозир вазъ бо COVID-19 дар дунё беҳбуд ёфтааст, аммо бахши қобили мулоҳизаи аҳолии ҷаҳон аз он ҳимоя нашудааст.

Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, дар баъзе кишварҳо низомҳои тандурустӣ то ҳанӯз хеле заиф боқӣ мемонанд.

Лутфия Эшонқулова

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.