Мастона Эргашева: «Барои ҳадафҳои нав вақт лозим аст!»

М. Эргашева дар байни занҳои шашмақомсаро бо услуби хосаи овозхонӣ фарқ мекунад, дорои овози ширадори ба худ хос аст. Вай  ба иҷрои шашмақом шуруъ карда, ба хониши он тобиши тозае ворид намуд.  

Хусусияти дигаре, ки миёни М. Эргашева ва дигарон фарқ мегузорад, ин аст, ки вай аз зумраи занон аслан ягона сарояндаи «Шашмақом» мебошад, ки ҳамзамон бо овозхонӣ бо рубоб ё тор оҳанг менавозад. Ва ин корро хеле моҳирона иҷро ҳам мекунад. Бо ин амал қаҳрамони мо дар фарҳангу анъанаи овозхонӣ роҳу имконоти наверо барои занон боз кардааст. Дар баробари ин, ӯ гурӯҳи духтарони дуторнавозро ташкил намуд, ки тӯли шаш соли фаъолият ҳунарпешагони зиёдро тарбия карда, ба руҳу хотири шунавандагон бо савту таронаҳо фараҳ мебахшид. Мастона Эргашева дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун сароянда  на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ маъруф гашт.

Мастона Эргашева: «Барои ҳадафҳои нав вақт лозим аст!»

Пас аз 25 соли фаъолияти овозхонӣ Мастона Эргашеваро шодравон Талабхуҷа Сатторов ба Консерваторияи милӣ ба ҳайси омӯзгори овозхонии анъанавӣ даъват намуд. Ҳунарпешаи маъруф то имрӯз дар ин даргоҳ фаъолият мекунад. Иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедра мебошад. Бо ин ситораи ҳунар, шашмақомсарои камназир дар остонаи солгарди зодрӯзаш Амалхонум Ҳоҷиева суҳбате дошт.

– Аввалан, ба Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам сарояндаи писандидаи худи ман Мастона Эргашова  ҷашнашро табрик мегӯям. Ба Шумо таманно дорам, ки бо ҳамин гуна зеҳну тани солим ба садсолагӣ бирасед! Ҳафтод сол… Ба фикри Шумо, ин бисёр аст ё кам? Оё ин муддат барои расидан ба тамоми орзуву омолатон кофӣ буд?

– Барои расидан ба ҳадафҳои пешин кофӣ буд, аммо боз ҳадафҳои нав пайдо мешаванд, ки низ вақтро металабанд.

-Оё Шумо тамоми нақшаҳои зиндагиатонро амалӣ карда тавонистед?

– Фикр мекунам, тавонистам. Ба ҳайси як сароянда, зан ва низ чун ҳамсару модару бибӣ ба тамоми мақсадҳое, ки доштам, расидам.

–  Овозхон будан орзуи кӯдакиатон буд ё Шуморо ба саҳна тасодуф овард?

-Аз хурдӣ, аз синни панҷсолагӣ сурудхонӣ мекардам ва дар даҳсолагӣ аллакай рубоб менавохтам.

Мастона Эргашева: «Барои ҳадафҳои нав вақт лозим аст!»
Акс аз бойгонии М Эргашева

– Духтаре аз ноҳияи дурдаст ба мусиқӣ чӣ тавр меҳр пайдо кардааст? Ё дар оилаатон касе сурудхонӣ мекарду дар хонавода муҳити ҳунар ҳукфармо буд?  

– Дар хотир дошта бошед, як вақтҳо дар сутунчӯбҳо баландгӯякҳои калон насб мекарданд ва тавассути онҳо барномаҳои радиои ватанӣ пахш мешуданд. Ман ҳамеша ҳама сурудҳоеро, ки аз онҳо садо медоданд, гӯш мекардам. Онҷо сурудҳои ҳам тоҷикӣ ва ҳам ӯзбекӣ буданд. Аммо дар оилаамон касе суруд намехонд.

-Дар роҳи ҳунар киро устоди худ мешуморед? Овозхониро аз кӣ омӯхтаед?

-Аз Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова, ӯ дар донишкада устоди вокал буд.

– Мехри шашмақом чӣ тавр ба дили Шумо роҳ ёфт?

Падару модарам шашмақомро хеле дӯст медоштанд ва ҳамеша гӯш мекарданд.

– Шумо як ансамбли олии дуторнавозон доштед, ки зиёда аз панҷ сол комгорона ҳунарнамоӣ мекард. Чаро он пош хӯрд?

Сабаб як ҳодисаи тасодуфӣ ва нохушоянд шуд… Гап дар он аст, ки ба ансамбл аз Донишкадаи санъат мутахассиси ҳунари дуторнавозӣ ҷалб карда шуд ва ӯ оҳиста-оҳиста ба даъват намудани шогирдони худ аз Донишкадаи санъат ба ансамбл cap кард. Дар яке аз консертҳо ровӣ моро ҳамчун ансамбли Донишкадаи санъат эълон кард, на Кумитаи давлатии телевизион ва радио. Он гоҳ раиси Кумита Ғоиб Назарович Қаландаров ба хашм омада, ансамбли моро пароканда кард.

-Мастонахонум, Шумо боз мусиқӣ ҳам эҷод мекунед. Мехоҳам бори дигар барои мусиқии зебое, ки ба шеъри ба ман бахшидашудаи Гулрухсори бузургвор «Зани танҳо» навиштед, миннатдорӣ изҳор намоям. Ва сипос барои хониши самимонаатон, мардум Шуморо бе ашк гӯш карда наметавонанд… Ҳатто мардҳо мегирянд! Шумо асосан чӣ гуна мусиқӣ менависед? Аз шеъру мусиқии кӣ барои эҷод илҳом  мегиред?

– Ман дар сабки анъанавии тоҷикӣ мусиқӣ менависам. Гулрухсор, Фарзонаро дӯст медорам, боз истеъдодҳои ҷавон пайдо шудаанд – Зарафшони Хуросон, Адиба Ҳабибова, Абдуҷаббор Суруш, Шараф Пайдовар Умарзода ва ғайраҳо, аз ӯзбекҳо Ҳамид Олимҷон ва Зулфия – онҳо ҳамсаранд, ҳарду дар ятимхона ба воя расидаанд. Оҳангсозони писандидаам Зиёдулло Шаҳидӣ, Дамир Дустмуҳаммадов, Талабхуҷа Сатторов, Амирбек Мусоев, Қудратулло Яҳёзода мебошанд. Аз сатҳи ҷаҳонӣ Шопен, Чайковский, Мотсартро дӯст медорам.

-Дар роҳи эҷодиатон оё монеаҳо зиёд буданд? Ба ҳасудон дар ин роҳ дучор гаштаед? Шумо ин ҳамаро чӣ гуна паси сар кардед?

-Ман танҳо дӯстонамро мешинохтам, душманам  кист ё кӣ ҳасад дорад, ҳеҷ гоҳ надонистаам, зеро ҳамеша бо ҳама муносибати хуб доштам.

– Шумо, эҳтимол, сафарҳои зиёде доштаед. Дар кадом кишварҳо будаед? Ва кадоми онҳо ба шумо бештар писанд омад?

– Ман дар бисёр диёру кишварҳо будам: Полша, Югославия, Фаронса, Белгия, ИМА – шумораашон хеле зиёд аст. Ба ман Ҳонконг писанд омад, маданияти хеле баланд дорад, дар толор кормандони телевизионро намебинед, ки пасу пеш ҳаракат кунанд. Дар консерте дар Фаронса Оғохони IV бо ҳамсараш дар толор нишаста буд, ногаҳон чашмони мо бо ҳам вохӯрданд ва ӯ ба ман ишора  кард, ки «Браво!». Ин бароям чунон як шараф буд!

-Дар бораи вазъи имрӯзаи ҳунари мусиқии Тоҷикистон ва сарояндаҳои ҷавон чӣ назар доред? Чӣ кор кардан лозим аст, ки мусиқии тоҷик дар саросари ҷаҳон шуҳрат пайдо кунад?

– Қаблан, дар замони шӯравӣ шӯрои бадеии иборат аз бастакорон, шоирон, сарояндаҳои маъруф вуҷуд дошт. Ҳар як баромадро санҷида, аз ғалбер мегузаронанд. Ҳоло бошад ҳама ҷо техника, компютерҳо, озодии комил аст. Агар сароянда нотаи баландро гирифта натавонад, компютер ин корро ба ҷойи ӯ мекунад. Бисёр ҷавонон худашон суруд навиштан натавониста, мусиқии халқҳои дигарро медузданд, касе онҳоро тафтиш намекунад ва ҳамааш ба эфир роҳ меёбад. Афсус, ки ҳоло ҳама чизро пул ҳал мекунад. Истеъдодҳои ҳақиқӣ, ки пул надоранд, ба эфир баромада наметавонанд… Сабаби ҳама балоҳо ҳамин аст… Коррупсияро аз байн баранд, сарояндаҳоро бе ичозати шӯроҳои бадеӣ, ки онҳоро эҳё кардан лозим аст, ба эфир роҳ надиҳанд. Баъдан, бубинед, ки чӣ гуна шеърҳои бемаънӣ паҳн шудаанд, ҳол он ки мо, тоҷикон, ин қадар адабиёти бой, шеърҳои бузург дорем!

Мастона Эргашева: «Барои ҳадафҳои нав вақт лозим аст!»
Мастона Эргашева бо писараш Отабек ва духтараш Максадхон. Акс аз бойгонии М Эргашева.

– Пӯшида нест, ки ҷавонони имрӯза бештар мусиқии хориҷиро гӯш мекунанд, на мусиқии худӣ, тоҷикиро. Чӣ тавр таваҷҷуҳи онҳоро ба мусиқии худӣ баргардондан мумкин аст?

– Саволи душвор, гарчанде гуфтан осон аст, ки «сифати мусиқии тоҷикиро баланд бардоред, онро ба сатҳи зарурӣ расонед». Аммо инро чӣ тавр дар амал татбиқ кардан мумкин аст? Охир, асарҳои мусиқӣ бо пахш кардани як тугмача офарида намешаванд. Бояд дар ҷавонон завқи шеъри ҳақиқиро тарбия кард, аммо чӣ тавр ин корро кардан метавон, дар ҳоле наврасони имрӯза танҳо дар интернет мешинанд ва мусиқии пастсифат гӯш мекунанд.

– Муҳаббат барои шумо чист? Оё Шумо дар пояи муҳаббат оила бунёд кардед? Ба мо нақл кунед, ки бо шавҳари ояндаатон чӣ гуна шинос шудед. Оё ӯ зидди фаъолияти Шумо дар саҳна набуд? Рашк намекард? Боз луфтан бигӯед, ки чанд фарзанд доред ва онҳо чӣ кор мекунанд.

-Муқаддастарин ва поктарин эҳсос аст муҳаббат. Дили ман ҳамеша пур аз муҳаббат буду ҳаст. Ман Ватанамро дӯст медорам, шавҳари ҳоло фавтидаамро дӯст медоштам, фарзандон, набераҳо, дӯстонамро дӯст медорам. Инсон бе ин хис зиндагӣ карда наметавонад. Мо бо шавҳарам ҳангоми сафари ҳунарии театри Лоҳутӣ ба Исфараю Ашт таҳти рохбарии Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Туҳфа Фозилова шинос шудем. Дар қисми якум спектакл намоиш дода мешуд, дар қисми дуюм ман суруд мехондам. Соли 1973 буд. Дар ҳамон ҷо бо доиранавоз Камолиддин Икромов аз Исфара шинос шуда, ба зудӣ ба якдигар дил бастем. Ман ду фарзанд – як духтару як писар, ҳашт набера ва чаҳор абера дорам.

– Ба хонандагони мо чӣ таманно мекунед?

-Аз ҳама муҳим, саломатӣ, бахту саодат, меҳру мухаббат, ба ҷавонон меҳри китобхонӣ ва болои сарашон осмони осударо таманно дорам.

– Ташаккур барои суҳбат.

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.