Чанд сол боз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъҳо сар мезананд. Пас аз ҳар ҳодиса тарафҳо якдигарро ба тамоми гуноҳҳо муттаҳам мекунанд, комиссияҳо таъсис медиҳанд, роҳҳои ҳалли масъала омўхта мешаванд, аммо масъала ҳалношуда боқӣ мемонад.
Ҳанўз соли 2019 коршиноси тоҷик Уткир Умарбоқиев дар саҳифаи фейсбукиаш андешаҳои худро доир ба он арз кард, ки чаро масъалаи наздимарзии миёни ду кишвар ҳеҷ ҳалли худро намеёбад ва барои ба сулҳу муросо расидан чӣ тавр амал кардан мебояд.
Доғ будани мавзўи мазкурро ба назар гирифта, Nukta.tj қарор дод онро имрўз бознашр кунад.
“Халқҳои мо ҳанўз маслиҳат карданро ёд нагирифта, ба мушкилиҳо аз мавқеи худбинонаю прагматикӣ менигаранд ва мавқеи тарафи дигарро ба эътибор намегиранд. Афсўс!
Инак, чандумин бор аст, ки роҳбарони сатҳи баландтарини кишварҳои ҳамҷавор дар заминҳои баҳсӣ вохўрӣ мекунанд. Зоҳиран ба муросое ҳам мерасанд… Аммо идро надидем.
Ба андешаи хоксоронаи камина, ин вохўриву машваратҳо чашмдориҳои сокинони ҳарду тарафи сарҳадро қонеъ накарданд. Худи шахсони расмӣ ҳам мегўянд, ки «гуфтушунидҳо идома доранд, лекин, албатта, камбудиҳо ҳастанд». Зеро вохўриҳои ғайринақшавии ашхоси расмӣ танҳо як «хомўш кардани аланга» буданд ва ба халқҳо на хатҳои марзии дақиқро дар ин қитъаҳои ҳарду кишвар пешкаш карданд, на тақсими одилонаи захираҳои обиро, ки сабаби зиддияти сокинони як замон бародари деҳаву ноҳияҳои маҳаллӣ шудаанд.
Комиссияҳои байниҳукумативу байниидоравии созмонёфта зиёд бо гуфтаҳое аз қабили «қарор шуд масъала таҳқиқ шавад ва пас аз кўшишҳои муштарак вазъ арзёбӣ гардад» (қаноат мекунанд). Чӣ? Дар куҷо? Кай?
Тавре ҳамсуҳбатам аз Қирғизистон арз намуд, «Тарафи қирғиз аз сабаби ғайримарказонида будани кишвар намедонад, чӣ кор кунад. Тарафи Тоҷикистон бошад, суханеро аз боло мунтазир мешавад, зеро онҷо ҳукумати марказӣ қавӣ аст, аммо дар маҳалҳо чизеро ҳал карда наметавонанд».
Ў аслан ҳақ аст. Охир, сарфи назар аз ҳодисаҳои иғвоандозӣ аз тарафи нафарони мушаххас, гунаҳкорон мувофиқи қонун муҷозот нашуданд. На дар ҶТ, на дар ҶҚ.
Роҳҳалҳое, ки мардум пешниҳод мекарданд, аз ҷониби роҳбарони минтақаҳо хилофи одоби сиёсӣ ва манфиатҳои миллӣ арзёбӣ мегардиданд ё бо ифодаи «метавонад сабаби ҷанҷоли байналмилалӣ, ҳатто ҷанги минтақавӣ шавад» рад мегардиданд.
Дар ҳар сурат, дар ВАО-и сершумор атрофи ин масъалаи минтақавӣ ҳамин гуна манзара ба мушоҳида мерасад.
Чӣ қадар аз ҷангҳо, маъмуриятҳои бесамари минтақавӣ ва фитнаангезон, ки ба осиёби нашъаҷаллобони байналмилалӣ об мерезанд, қочоқгарон ва мансабдорони маҳаллии «сиёсатӣ» хаста шудаем! Мо ҷангро намехоҳем! На шаҳрвандиро, на минтақавиро!
Вақти он расидааст, ки сарварони кишварҳо иродаи сиёсӣ ва заковат намоиш дода, ин мавзуъро барои ҳамеша ҷамъбаст кунанд. Охир, масъалаи мазкур ба рушди минтақаҳои томи Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон монеа мешавад. Зеро вақте дар барат захми хуншор дорӣ, на хурсандӣ мехоҳӣ, на варзиш, на шеъру на тиҷорат.
Агар аз ман пурсед, мегўям, ки бисёр касон «бадии камтар»-ро интихоб намуда, роҳи имконпазири барои ҳарду ҷониб манфиатовари баромад аз вазъи ноустувори тўли даҳсолаҳо ташаккулёфтаро намебинанд.
Роҳҳои “хуб” ва “бад”
Мо ба ҳоли имрўз чӣ гуна роҳҳалҳо дорем?
Вариантҳои зеринро радикалӣ ва харобиовар/дарднок мешуморам:
A. Ивази мардуми Ворух ва Ҷиргатол ва ба Қирғизистон додани заминҳои Ворух.
B. Дар ин минтақаҳои ихтилофӣ ҷой додани пойгоҳҳои низомии Чин ё Эрон… Ҷонибдорони ин усул тахмин мекунанд, ки ҳузури гурўҳи пурзўри низомӣ аз кишвари сеюм сарҳои тасфидаи ҳарду ҷониби низоъро сард мекунад.

C. Бозгашт ба сарҳадҳои соли 1924 ё 1970. Бо вуҷуди муносибати ретроспективии бештар мантиқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ мафҳуме чун «заминҳои бадастоварда» дорад, ки халқҳои маҳаллӣ ҳам аз як ва ҳам аз дигар тараф онҷо рўзгор обод кардаанд. Маҳз «ободӣ» ва «ғасб» имрўз тухми низоъ шудаанд.
Такрор мекунам, инҳо вариантҳои «бад» буданд. Ба ман мегўянд, ки агар танқид кунӣ, вариант пешниҳод намо. Бифармоед.
Ба андешаи ман, вариантҳои зайл аз сабаби манфиати дутарафаашон дар ҳалли низоъҳо ё ҳамкориҳо бештар созанда мебуданд:
1. Ҳолатҳои кадастрии ҳар хоҷагиро дар маҳалҳо ба қайд гирифта, мутаносиб ба ин замин, роҳ ва обҳоро тақсим кардан. Аммо инҷо «нимкоса» ҳаст: на ҳамаи заминҳо баробар барои обёрӣ мувофиқанд, на ҳамаи қитъаҳои роҳҳо арзиши баробар доранд ва на дар ҳама ҷо имкониятҳои мелиоративӣ баробар тақсим шудаанд.
Маълумоти таърихии харитаҳо, решагирӣ дар минтақа, ҳамгироии иқтисодӣ ва амнияти аҳолиро низ ҳангоми чунин тақсимот ба эътибор бояд гирифт.
2. Ҳамаи дарёҳо, кўлҳо, обанборҳо ва заминҳои обёришавандаро дар мавзеъ «минтақаи муҳофизатшаванда» эълон карда, гузарондани бозтақсимкуниҳои худсаронаи яктарафаи обу заминро бе розигии тарафи дигар манъ намудан. Ин роҳ албатта, комиссияву мувофиқаҳои доимиро талаб мекунад, аммо дипломатия беҳтар аз ҷанг бе равандҳои гуфтушунидӣ аст.
3. Манъ намудани сохтмони фонди иқоматӣ дар нуқтаҳои аҳолинишини ҳарду кишвар, ки низоъ доранд, маҳз дар деҳоту ноҳияҳое, ки ба қайд гирифта шудаанд. Заминҳои барои сохтмони манзил ва хоҷагидорӣ мувофиқро дар минтақаҳо, ки мавзуи баҳс нестанд, тақсим намудан.
4. Тақсим намудани оби дарёи Оқсой/Исфара ва сарчашмаҳои дигар, инчунин обҳои скважинаҳо дар заминаи таносуби шумораи аҳолӣ дар минтақа бо ёрии таҷҳизоти обкашӣ, ки метавон бо дарназардошти истеҳсолнокӣ (обгузаронӣ), мавсим, меъёри шабонарўзии мувофиқашуда ва давраҳо ин тақсимотро ба таври автоматикӣ ба роҳ монд.
Боб дар боби иғвогарон
Тарафҳо ҳама вақт ба иғвоандозӣ якдигарро айбдор мекунанд. Ва хеле зиёд аз ҳар тараф даъватҳо садо медиҳанд, ки ба иғвоҳо дода нашавед.
Иғвогар, фитнаангез кист ва ўро чӣ тавр шиносем?
Аввалан, иғвогар онест, ки ба эҳсосот дода мешавад, ба харобкорӣ ва зўроварӣ даъват мекунад. Ва зиёд инро бо як ҳадаф мекунад – ҷангандозӣ. Дар бораи оқибатҳои мудҳиши кору гуфторашон ин гуна иғвогарон зиёд фикр намекунанд.
Сониян, иғвоандозон ҳадафмандона амал мекунанд. Ҳамчунин, иғвогарон метавонанд фармоишгирифта, кирошуда бошанд. Иғвогарон метавонанд нутқи буррову зебо дошта бошанд ё ҳамлагари асабонӣ бошанд. Зиёд бесарусомонӣ ва дарҳамбарҳамӣ барои иғвоандоз майдони беҳтарин аст.

Боз як навъи иғвоандозон ҳаст, ки худро «ватанпарвари сидқӣ» вонамуд карда, даъват ба муқобилият ба таҷовузгарон мекунад. Ҳарчанд худаш ҳам пай намебарад, ки таҷовузгар худи ўст, зеро бе силоҳу зўроварӣ нисбати тарафи дигар нафратро ба вуҷуд меорад. Ба ин қатор ман «таҳлилгарони хонагӣ»-ро низ ворид мекунам, ки барои ватан аламашон меояд, аммо ба ҷанг намераванд, кор доранд – то омадани завҷа/шавҳарашон бояд хўрок пазанд. Аммо ба гўшҳои дигар сурудашонро хонда, ҳазорон дилро таҳрик медиҳанд.
Боз чунин як синфи иғвоандозон ҳаст, ки барояшон ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ – ба ҳар арзише набошад! – муҳим аст. Маҳз дар ҳамин гуна шароит гуфтаҳои онҳо ба назари ҳамагон аз ҳама солим ва мантиқӣ менамоянд. Вале кибри ватанпарваронаи онҳо харобиовар аст!
Ҳайрон шудед?
Мефаҳмонам.
Ин гуна «ҳимоятгарони манфиатҳои миллӣ», эҳтимол, аз лиҳози зеҳнӣ ва дарки вазъ болотар бошанд, вале қарорҳое, ки онҳо пешниҳод менамоянд, танҳо яке аз тарафҳои мухолифро метавонад қонеъ гардонад – худи онҳоро. Аз сабаби итминони кўр-кўрона ба ҳақ будани худ онҳо омодаанд то охир барои пештар аз ҳар роҳҳали дигар гузарондани таклифи худ пойфишорӣ намоянд. Онҳо фикри худро ба мақоми «кори муқаддаси нангу номус» мебардоранд. Зиёд номзад ба ин нақш сиёсатмадорони маҳаллӣ, рўзноманигорони ношинохта, ҳар навъ популистҳо ва «фабрикаҳои ҷавоб» мешаванд. Зеро онҳоро барои ин касе танбеҳ намедиҳад – онҳо «манфиатҳои миллии муқаддас»-ро ҳимоя мекунанд-ку. Баръакс, барои ин имтиёз ва ҳатто ордену ифтихорномаҳо мегиранд. Онҳо популизми барои худ аз ҳама бехавфро интитхоб мекунанд, вале он барои халқҳои дар паҳлуи якдигар ҷойгир яке аз хавфноктаринҳост.
Боз бисёр мешавад, ки худи иғвоандозон дигаронро иғвоандоз меноманд.
Пас роҳи раҳоӣ аз ин вазъ кадом аст?
Ҳар низоъ роҳҳои зиёди ҳал дорад. Дар мавриди Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳим беист роҳҳал тавлид кардан аст. Аммо аз ҳамаи онҳо танҳо он замон суде мешавад, ки тарафҳо ба шунидани якдигар, фаҳмидани назари тарафи дигар, дуруст ифода кардани мавқеи худ ва тасмими то охир идома додани музокираи созанда омода бошанд,
Чор роҳи расидан ба сулҳ
Як ҷузъи хеле муҳим дар тасмими ҳалли ҳолатҳои низоӣ вуҷуд дорад. Ин омодагӣ ба қабули қарори тамоман дигар аст, ки аз мавқеи ибтидоии ҳарду тараф фарқ мекунад.
Як мисоли одӣ меорам. Ҷониби А бо талаби А меояд, ҷониби Б – бо талаби Б.

Якчанд роҳи ҳалли ин навъ ихтилоф вуҷуд дорад:
1.Ҳар кадом аз роҳҳалҳо (А ё Б) барои ҳарду тараф қобили қабул аст. Яъне метавон ҳар кадом аз онҳоро мувофиқа кард ва ин роҳи ҳалли масъала хоҳад буд. Роҳи дуюмро метавон фаромўш карду дигар ба ёд наовард.
Алъон на Тоҷикистону на Қирғизистон чунин роҳеро пешниҳод накардаанд. Ҳар кадом, тавре аз вокунишҳои ВАО-и маҳаллӣ ва байналмилалӣ бармеояд, кўрпаро сўи худ мекашад
2. Яке аз роҳҳалҳо (А ё Б) барои ҳарду тараф қобили қабул аст. Барои муайян намудани ин ҷонибҳо бояд онҳоро омўзанд ва варианти мақбултарро бипазиранд. Дар ин сурат қарори дуюм «партофта» мешавад ва ҷонибе, ки онро пешниҳод намуд, норозӣ намемонад, баръакс, ў ҳам қонеъ мешавад. Зеро ҷонибҳо роҳҳали барои ҳарду тараф манфиатоварро пайдо карданд.
Гуфтугузорҳо дар сатҳи минтақавӣ ё олӣ ин гуна роҳро пайдо накарданд. Ҳеҷ кадом аз ҷонибҳо (ҶТ ё ҶҚ) таклифи ҳарифро ба пуррагӣ қабул надорад. Ин раванди танзими ихтилофро, махсусан дар навоҳии наздисарҳадӣ, кашол медиҳад.
3. Ҷонибҳо, ки роҳҳалҳои А ва Б-ро пешниҳод намудаанд, ба муросо омада наметавонанд. Зеро ки на А ва на Б ба ҳалли низоъ мусоидат намекунад, барои ҳарду тараф манфиатовар намебошад. Ман дар моҳҳои охир маҳз ҳамин гуна ҳолатро мушоҳида мекунам.
Дар ин сурат бесамар будани пойфишориро барои гузарондани манфиатҳои худ дарк намуда, ҷонибҳо ба як қарори умумӣ дар он хусус меоянд, ки роҳҳои дигарро ҷустан ва онҳоро миёни ҳам муқоиса намудану қарори барои ҳарду тараф нисбатан манфиатовартари қобили қабул ва ҳам иҷрошавандаро интихоб бояд кард.
Ва акнун ба варианте мегузарем, ки то ҳанўз дар амал санҷида нашудааст.
4. Гоҳо мешавад, ки тарафҳо наметавонанд ба далелҳо, талабот ва ифодаҳои тарафи муқобил розӣ шаванд, ҳатто агар дар ин мантиқро ҳам дарёбанд. Вақте эътимод ба якдигар нест, гоҳо чунин ҳолат рўй медиҳад. Тарафҳо «таги коса нимкоса», иғво меҷўянд, бозиҳои ифлос мебаранд, ба гуфтушунид монеа месозанд ё боз бештар вазъро метасфонанд, то ки тарафи дигарро тарсонда, онро ба мавқеи худ (А ё Б) моил созанд.
Агар чунин бошад, тарафи сеюмро ба ҳайси миёнарав, ҳаками арбитражӣ ё лоақал мушоҳиди холис даъват кардан лозим аст. Кори ин гуна довар он вақт босамар мешавад, ки ҳарду тарафи низоъ ба салоҳияту нияти неки ў бовар дошта бошанд. Ҳамчунин агар ин миёнарав қодир бошад ягон роҳи тамоман фарқкунанда аз чашмдоштҳои тарафҳои А ва Б-ро пешниҳод намояд, ба шарте ки роҳи сеюм ба зарари ҳеҷ кадом аз тарафҳо набошад. Дар баробари ин аз А ва Б талаб намояд, ки ба муросову гузашт розӣ шаванд. Ба ин тариқ, А ва Б аз ибтидо бояд сари мизи музокира бо ҳаками мушоҳид бо омодагӣ ба гузашт нишинанд.
Фикр мекунам, варианти чорум дар вазъияти ташаккулёфта аз ҳама мақбултар мебошад, чун вариантҳои дигар натиҷаҳои лозима наоварданд, ҳатто вазъ дар баъзе қитъаҳои сарҳад сол то сол бад мешавад.
Инак, навбати гашт аз шумо, ҷанобон роҳбарони навоҳию вилоёт ва кишварҳо!
Ва дуое дар охир
Парвардигоро, моро аз танбалии журналистон, назари нохолисонаи муҳаррирон, иғвоҳои сиёсатмадорони популист ва шоирони яктарафа, иддаоҳои носолими таърихшиносон, заифии роҳбарони ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ноустувории марзбонон, қасосгирии мардуми маҳаллӣ аз ҳамсоягони хеш, пешқазоваткунӣ ва тамаъкории миёнаравон-ҳакамон-мушоҳидон, ватанпарастии бардурўғи шарҳнависони шабакаҳои иҷтимоӣ, қочоқгарони фаромарзӣ, шарикони стратегии бадхоҳ, пойгоҳҳои низомии нав, ашкҳои модарон, беадабӣ ва ситезҷўии ҷавонон, тарҷумонҳои бесавод, гуфтушунидгарони тарсу, бафурҷагии мутасаддиён ҳангоми тасмимгириҳо, кушта шудани Интернет дар минтақа ва минаҳои наздимарзию тирҳои дайду нигаҳ дор!
Ба мо ниятҳои нек, покдилӣ, ҳамсоягии дўстона, малакаҳои муошират, равандии доимии дипломатияи «мокугӣ», комиссияи байниидоравии меҳнатдўст бо иштироки ҳарду ҷониб, гурўҳи экспертии байниҳукуматӣ, мушоҳидони байналмилалӣ, алоқаи қавӣ тариқи Интернет ва хатти алоқаи байниҳукуматӣ, фактчекинг – далелсанҷиҳои доимӣ, инсондўстӣ дар муносибат бо худию бегонаҳо, таъиннамоии одилонаи сарҳадҳо, тақсимоти мутаносиби замину об, рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар минтақа ва… сулҳро дар рўи Замин бидеҳ!
Омин!