Мансабдорони ғайрисиёсӣ

Мансабдорони тоҷик кай эҳсос менамоянд, ки шахси сиёсианд? Ё мекунанд?

Дар кишварҳои пешрафта мансабдорон, хоса дар сатҳи вазирону раисон талош доранд, ки мардум ҳар қадар онҳоро бештар шиносанд. Кам иттифоқ пеш наомадааст, ки як вазир, ё губернатор ба курсии шахси аввали кишвар нишастааст.

Иттифоқи комилан мухолиф ба ин равандро дар Тоҷикистон мушоҳида намудан душвор нест. Курсинишинон дар ҳар сатҳ кӯшиш мекунанд, ки аз мардум ва журналистон фосила бигиранд. Дар натиҷа, мардум аз камтар шинохтани мансабдорон, ҳатто раисону вазирони тоҷик изҳори назар мекунанд. Ҳамагӣ чанд нафаранд, ки одамон мегӯянд аз онҳоро то ҷое мешиносанд. Ин қишри мансабдорон низ бештар аз ҷумлаи курсинишинони бахши низомиву ҳуқуқианд, ки на кам аз 10 сол собиқаи роҳбарӣ доранд.

Аз роҳбарони дигар, ҳамон тавре ишора рафт,  ҳамагӣ чанд нафар ҳаст, ки барои мардум то ҷое муаррифишудаанд. Аммо шинохти инҳо ҳам ба ду маъност: хуб, ё, агар хеле малеҳ бигӯем – нохуб.

“Хуб” онҳоеро мегӯянд, ки бо вуҷуди нав ба курсӣ нишастан, бо кадом иқдоме анҷом додаанд, ё тавассути ягон мусоҳибаашон дар расонаҳои хабарӣ ба одамон умед бахшиданд. Ба назар мерасад, ки аз ин қишр кам дорем. Ҳатто хеле кам.

Аммо “нохуб” –ҳо гапи бисёр доранд. Хеле зиёд! Аҷиб аст, ки ин қабил мансабдорон бештар ба назар мерасанд. Хоса вақте онҳо дар маҳзари омм пайдо мешаванд, ё дар кадом нишасти муҳимме.

Чаро чунин аст?

Акнун “хомӯшӣ тиллост?”

Таъини аъзои ҳукумат дар он замон бештар аз рӯи низоми ҳосилшудаи шӯравӣ: қаноат додани минтақаҳо ва ҷо додани намояндаи онҳо сурат мегирифт. Бар илова қумандонҳои он вақт пурнуфуз, гуфта мешавад дар таъини “одамони худ” ба мансабҳои баланд дасти дароз доштанд. Бо имзои Созишномаи сулҳ ва баргашти мухолифон дар соли 1998 як миқдор нафарони дигар, ки ба унвони “сифоизаҳо” машҳур буданд, дар курсиҳои гуногуни ҳукумат ҷо гирифтанд. Охиринҳои ин қабил пас аз интихоботи президентии соли 2006 бо мансабҳои худ хайрухуш карданд.

Ин ёдовариҳо ба он хотир аст, ки то он замон вазирону мансабдорони ҳукумат то ҷое фаъол буданд, бо журналистон сӯҳбатҳо анҷом медоданд. Ҳатто дар сафи ҳукумат роҳбарони аҳзоби мухолифро ҳам вохӯрдан имкон дошт, ки дар курсии ҳукуматӣ нишаста, танқиди онро ба худ муносиб медиданд. Зимнан, ин фаъолмандии онҳо боис ба шинохти бештарашон мегашт.

Мансабдорони ғайрисиёсӣ

Аммо баъд давраи “мансабдорони хомӯш” пеш омад, ки доираҳои таҳлилии ҳукумат онро марказгароӣ ном мебаранд. Ин пуштгардонӣ аз воқеият нест, ки бигӯем аз ин ба баъд ками мансабдоронро одамон мешинохтанд ва ин раванд то имрӯз давом дорад. Ҳатто назарҳое пеш меоянд, ки ба мансабҳои ҳукуматӣ маҳз онҳое таъин хоҳанд шуд, ки мардум онҳоро аслан намешиносанд. “Ситораҳо” – онҳоеро дар ҳукумат мегуфтанд, ки зуд-зуд дар сафҳаҳои матбуот ва гузоришҳои ТВ ва радио пайдо мешуданд, акнун замони худро пушти сар карданд.

Ҳукумат дар назари аввал гӯё иқдомҳое анҷом медиҳад, ки чунин мансабдорони камгап надошта бошад. Масалан тибқи амри Президенти Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд ва “майдони ҷавлон”-и мансабдорон хоҳад буд. Намешавад гуфт, ки ин иқдом маҳз ба хотири шинохти мансабдорон гирифта шудааст. Ба эҳтимоли қавӣ он посух ба онҳое дар дохилу хориҷ буд, ки мегуфтанд Ҳукумати Тоҷикистон шаффофияти зиёд надорад.  Дар ибтидо тасмим ин буд, ки мақомдорон ҳар се моҳ ба саволҳои журналистон ҷавоб бидиҳанд. Дертар ин мӯҳлат ба шашмоҳа иваз гардид. Ин ҳам як муаммост, ки чаро чунин шуд.  Маълумоти кофии ҳамоҳангшуда надоштанд? Мансабдорони зиёд “ситора” хоҳанд гашт?

Саволи дуюм дар кишварҳое мисли мо метавонад ҷиддӣ бошад. Тавре ишора кардем, даври ин гунаҳо гузашт. Аммо ҳамин нишастҳои шашмоҳа низ “қаҳрамон”-ҳои навро ба миён меорад. Гап сари мансабдороне меравад, ки пас аз нишастҳои матбуотӣ ба ангуштнамои ҷомеа табдил ёфтанд. Фикр накунам, ки Бег Сабур – раиси Хадамоти алоқа ва Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм дар ин росто танҳо буданд.

“Гапҳои қизиқ” – и мансабдорони ношинос, вале “ситорашуда”

Ҳарчӣ буд ё не, Бег Сабур пас аз як ё ду нишасти “аҷиб”-и матбуотӣ (аз ҷумла вақте сабаби қатъ шудани интернетро ба “тири шикорчӣ” нисбат дод)  дар маъракаҳое ҳамчунин дигар ҳозир намешавад.

Аммо маълум мешавад ҷомеаи тоҷик бе Бег Сабур ва нишастҳои ӯ “зиқ” намешавад. Аз вазири собиқи кишоварзӣ Иззатулло Шарифӣ мешавад мисол овард, ки ҳарчанд аз ӯ ба сифати академики номдор, ректори собиқи Донишгоҳи кишоварзӣ ва Президенти Академияи кишоварзӣ шинохт доштем, тобистони соли гузашта бо як хулосааш дар бораи баланд шудани нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва онро ба … ”хуб шудани зиндагии мардум” нисбат доданаш шинохти дигар пайдо гардид. Тарбузи мардум замоне аз бағал афтид, ки академики номдор ҳамон вақт гуфт, ки болоравии нархи тарбузу харбуза воҳимае беш несту «1 ҳандалак 50 дирам аст. Ман худам доим мехарам. Тарбуз 5 сомонӣ. Бо чӣ мехоҳед, мардум?. Акнун мегуфтанд: ин вазир ҳатто маълумоти оддитаринро аз соҳаи худ надорад! Вагарна он шабу рӯз нархи тарбузу харбуза дар бозор аз 20-30 сомонӣ кам набуд…

Вазири нави кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода низ дар нишасти аввалини матбуотиаш нишон дод, ки аз Шарифӣ кам намеояд, хоса вақте дар бораи захираи дусола доштани беш аз 70% мардум сухан кушод. Шояд манзураш ҳамон 70% аҳолиест, ки дар деҳот ба сар мебаранд. Аммо ин маълумотро дар пояи чӣ гуфт? Оё вазорат таҳқиқе анҷом додааст, ё чӣ ченаки дигар дорад барои ин даъво? Мутаассифона намедонем…

Мансабдорони ғайрисиёсӣ

Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанг ҳам “одами шӯх” будааст. Махсусан вақте дар бораи иштироки донишҷӯён дар маршировкаҳо изҳор назар кард ва гуфт: “ ҷавонон ба наздам меоянду мепурсанд кай маршировкаҳо шуруъ мешаванд, то ки иштирок намоем. Бовар мекунед, ҳатто ду ҷавон ба ман сидқан арзи сипос карданд, ки онҳо маҳз якдигарро дар ҳамин «маршировка» вохӯрдаанд ва ишқи худро пайдо кардаанд. Сахт аз ман миннатдоранд!».

Як “асрори” дигари мансабдоронро Фотеҳ Аминзода – раиси ноҳияи Темурмалик, ки пас аз пешвозгириҳояш барои кушодани як дорухона дар сармои зимистон духтаронро бо либоси тунук бароварда буданду соли гузашта хеле “машҳур” буд, ошкор намуд. Ба саволи як журналист, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дахл доштааст, ӯ мегӯяд: «Гӯш кун, дар ҳамин ноҳия суд ҳам манам, прокурор ва милиса ҳам ман ҳастам. Дар назди шумо ман ҷавоб мегӯям. Аммо агар зарур бошад, онҳоро даъват мекунам».

Журналистон ҳамеша нишастҳои матбуотии Рамазон Раҳимзода – вазири корҳои дохилиро таъриф мекарданд, ки бо омодагии ҳамаҷониба ба назди онҳо меояд. Мулоқотҳояш ҳам 2 то 3 соат идома меёфт ва низ бо тамоми сохтору шӯъбаву раёсатҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо дар реҷаи онлайн робита барқарор менамуду дар сурати пайдоиши савол онҳо посух медоданд. Аммо дар нишасти ахир, мисле, ки ба эшон ҳам чашм расид. Дуруст, ба дилхоҳ савол посух медод, аммо ба назар мерасид, ки як қадар бепарвоёна, ки хос ба як мансабдори сатҳи ӯ нест.

Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён агарчӣ дар нишастҳои матбуотиаш ваъда дода буд, ки қазияи журналист Маҳмадюсуф Исмоиловро, ки бо иттиҳоми гирифтани 400 сомонӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст, ба зудӣ ба баррасӣ хоҳад гирифт, ки накард. Ваъда дод, ки барои пешгирӣ аз ҳукмҳои ноодилонаи судяҳо ва барои маълумоти воқеии ҷомеа аз ин пас навори ҷараёни мурофиаҳоро дар сомонаи Суди Олӣ ҷой медиҳанд, ки он ҳам то ҳол пеш наомадааст ва яке аз шикоятҳои асосии мардум аз ҳукмҳои ба қавли онҳо ноодилонаи судяҳост.

Нуриддин Саид, ки акнун дар курсии раиси Кумитаи ТВ ва радио мешинад, дар нишасти ахири матбуотиаш ошкор кард, ки як марди хоҷагидор аст, то ин ки яке аз идеологҳои ҳукумат бошад.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, ки дар нишасти аввалаи худ бо гуфтани муборизааш ба маҳалгароӣ ва наовардани “командаи худ” мавриди ситоиш қарор гирифт, ин дафъа мисле сӯҳбат мекард, ки дар симои журналистон “одамони худӣ”-ро мебинад. Дар натиҷа, шояд ё фикрашро дуруст фаҳмонида натавонист, ё бовар кард, ки ин сӯҳбаташ “не для прессы» хоҳад буд. Ҳамин тавр мавзӯи пешвозгирии духтарон ҳангоми сафари раҳбарон ба минтақаҳо ӯро низ ангуштнамои ҷомеа гардонд.

Мансабдорони ғайрисиёсӣ

Шералӣ Кабир, вазири нави саноат ва технологияҳои нав, ки аз ҷумлаи менеҷерҳои муваффақ дониста мешавад, бо пахши як хабари расонаи давлатии “Ховар” дар бораи таъсиси 300 коргоҳ барои 7000 корманд чанд рӯз шабакаҳои иҷтимоиро ба худ машғул дошт. Шояд ин маълумот дар хабарномаи вазорат зикр шудааст, вагарна дар суханронии вазири нав, ки ба саволҳо хеле коршиносона ҷавоб медод, чунин рақамро нашунида буданд.

“Усули очагӣ”-и назорати сарфи нерӯи барқ, ки аз сӯи Далер Ҷумъа, вазири нави энергетика ва захираҳои об гуфта шуд, шубҳаҳоро дар мавриди менеҷери муваффақ буданаш ба миён овард.

Раиси ноҳияи Вахш Қурбон Қувватзода бошад тамоман гузаронд, вақте гуфт, ки “Раис дар 6 моҳ як бор ҳаққи вохӯрӣ бо журналистонро дорад”. Агар гап дар бораи нишастҳои матбуотии ҳисоботӣ меравад, дуруст аст. Аммо дар ягон қонун гуфта нашудааст, ки мансабдор фақат дар доираи ин нишастҳо бо журналистон сӯҳбат намояд.

Ана ҳамин тавр мансабдорон дорем…

Барои чӣ чунин аст?

Агар дар маҷмӯъ хулоса намоем, вуҷуди ин гуна ҳарфҳо ва муносибат аз ҷониби мансабдоронро дар доираҳои коршиносӣ ба чанд омил вобаста медонанд:

  • Ҷомеа намедонад, ки ин мансабдорон бо кадом махсусиятҳояшон курсиро банд кардаанд ва чаро маҳз онҳо интихоб шуда? Дар натиҷа онҳо худро ба гунае “мустақил” ва танҳо масъул дар назди як нафар эҳсос мекунанд;
  • Гапи мегуфтанӣ надоранд, чун мушкилот аз ҳад зиёд асту дар ҳалли онҳо ночоранд;
  • Ташаббускор нестанд, зеро фазои умумӣ инро намебардорад;
  • Доираи салоҳиятҳояшон маҳдуд аст ва аз зинаҳои болотар вобастагии бештар доранд;
  • Бархе воқеан ба мансаби худ муносиб нестанд, ки инро хуб медонанд. Аммо барои қаноат додани кадом гурӯҳҳое онҳо бояд бошанд. Ин барояшон иҷозат медиҳад, ки ҳар гуна бемасъулиятона изҳори назар кунанд;
  • Аъзои ҳукумат ва раисони кумитаву идораҳои миллӣ аслан мансаби сиёсист. Аммо дар мисоли кишварҳое чун мо ҷавлони сиёсӣ хуб нест…
  • Назарҳое ҳам ҷо дорад, ки мисли интихоботи президентӣ номзадҳое ба маърака раҳ меёбанд, ки дили мардум аз онҳо монад ва ба номзади асосӣ ҳарчӣ бештар овоз диҳанд. Мансабдорони дигар ҳам шояд пас аз рӯи ин формула таъин мешаванд, то мардум бовар кунанд, ки дар Тоҷикистон сазовори курсиҳои баланд танҳо як ё ду нафаранд?

Чизи дигареро шумо илова мекунед?

Бифармоед…

Раҷаб Мирзо

Оцените статью

Мансабдорони ғайрисиёсӣ Мансабдорони тоҷик кай эҳсос менамоянд, ки шахси сиёсианд? Ё мекунанд? Дар кишварҳои пешрафта мансабдорон, хоса дар сатҳи вазирону раисон талош доранд, ки мардум ҳар қадар онҳоро бештар шиносанд. Кам иттифоқ пеш наомадааст, ки як вазир, ё губернатор ба курсии шахси аввали кишвар нишастааст. Иттифоқи комилан мухолиф ба ин равандро дар Тоҷикистон мушоҳида намудан душвор нест. […]
4.33 1 5 6
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.