Ҳикмати халқӣ исрор мекунад, ки аз ишқ то нафрат масофа як қадам аст. Ба «набарди тамаддунҳо», афту дарафтҳо, ҷанҷолу арбадаҳое, ки аз сабаби ба озмуни сурудҳои Евровидение интихоб шудани зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия Манижа Сангин бархостааст, назар карда гуфтан метавон, ки аз нафрат то ишқ (ва баръакс низ) масофа на як қадам, балки аз он ҳам кўтоҳтар аст. Дар ҳоле – агар ба навиштаҳои шумораи хеле зиёди одамон, ки мавзеъгирии комилан муқобили якдигар доранд, нигарем, – фосила миёни ишқу нафрат ниҳоят азим аст.
Бархе шарҳнависони «Фейсбук» аз ғояти меҳр ба қуллаҳои суханпардозӣ мерасанд. Баъзе сатрҳо, ки лоиқи дарҷшавӣ дар «Маҷмўаи иқтибос, ҳикматҳо ва суханҳои бузург» мебошанд, яқинан шуморо низ бетараф намемонанд. Масалан, ин: «Дилам саршор аз ҳисси ифтихор барои Манижа аст, шарҳҳоро хонда, мехостам аз гуфтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосе орам: «Мо аз он ифтихор мекунем, ки тоҷикон, ки яке аз халқҳои қадимтарини дунё мебошанд, бо мероси бойи маънавию моддии хеш ба рушди халқҳои дигар саҳми сазовор гузоштаанд».
Ҳаргиз суханони Пешвои Миллати мо ё истеъдоди Манижаро зери шубҳа гузоштанӣ нестам, суоли ман дар дигар маврид аст: оё суруди «Зани рус» «саҳми сазовор ба рушди фарҳанги халқҳои дигар» аст? Ё қисмате аз мероси бойи маънавию моддии яке аз халқҳои қадимтарини олам?
Гуфтаҳои намояндагони гурўҳи муқобил низ лоиқи дар сафҳаҳои таърих нигошта шудан мебошанд. Масалан: «На худашу на сурудаш бўйи моро надорад…». Узр мехоҳам, суруд ва худи Манижа бояд бўйи чӣ дошта бошанд, ки чунин шарҳнависон «худӣ» будани ўро эътироф намоянд?
Ба сифати комёбии бешаки ҷонибдори феминизм ва ҳимоягари «ЛГБТ» Манижа таваҷҷуҳи самимонаи раиси ҳизби либералӣ-демократии Русия Владимир Жириновскийро ба ўву офаридааш метавон зикр кард. ЛГБТ Vs. ЛДПР, ба қавле. Аз рўи шарҳҳои Владимир Волфович фаҳмидан мумкин аст, ки суруди ҳамватани моро ў гўш кардааст. Шояд ҳатто на як бору ду бор. Шарҳҳои пешвои ЛДПР аз қабили «ба Русия чунин суруд лозим нест» ва норозигиаш аз мисраи «Писар бе падар, духтар бе падар» ғайричашмдоштӣ набуданд. Аммо лаҳзаи нозуку ҷолиб ҳам буд. Чунин ба назар расид, ки таронаи Манижа торҳои ниҳонии қалби Владимир Волфовичро нохун зад, ки ў бо шеваи барои худаш маъмулии бидуни шак мавқеъ баён намуд, аммо сипас аз таъсир доштани ин тарона ба обурўи зани рус ва умуман Русия изҳори шубҳа кард, «боварӣ надорам» гуфт.

Ҳамчун муваффақияти на камтар аз ин барои Манижа ва продюсерҳои ў метавон таваҷҷуҳи мунаққидони соҳаи мусиқиро шинохт, ки мисли ҷаноби Соседов омодаанд барои ҳимояи гўши сокинони Аврупо сина сипар кунанд: «Ман ба раъй надодан ба тарафдории ин тарона намояндагони кишварҳои бародаронаи мо, ҷумҳуриҳои шўравиро даъват хоҳам кард, то ки на Беларус овоз диҳад, на Украина, на кишварҳои соҳили Балтика. Ба ин таронаи шармовар бойкот эълон бояд кард». Ба ақидаи мунаққид, офаридаи Манижа «масхараи гўши мардуми мусиқишинос аст». Яъне садоҳои номафҳуми ғолибони Евровидение-2006, гурўҳи финландии «Lordi» хониши булбул буданд?
Дўстдорони алоҳидаи эстрадаи муосир зимни шарҳҳои худ аз ин ҳад ҳам мегузаранд: «Ин барои ҳамаи халқҳои Осиёи Марказӣ шармандагист, алалхусус барои тоҷикон. Барои ҳамаи мусулмонон. Духтарро густохона дар лоиҳаҳои зиддифарҳангии глобалистон истифода мебаранд, ки зарба ба пояи тамоми анъанаву динҳо мезанад…». Ба назар мерасад, мисраи «все по кругу борются, да не молятся» (ҳама мубориза мебаранду ибодат намекунанд) ба андешаи фалсафии зиддиглобалистон ва ҳимоягарони арзишҳои анъанавӣ таъсири сеҳрофар расондааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мутаассифона, онҳое кам набуданд, ки умуман ҳамватан будани Манижаро ба мо зери суол мегузоштанд. «Ҳамватан онест, ки Ватанро тарк накарда, ба манфиати тамоми кишвар зистану кор карданро идома медиҳад».
Суоле кардан мехостам: ҳамватании онҳое, ки аз ин ё он сабаб тарки ватан кардаанд, бо мо қатъ мегардад? Ё номи Ватани худро берун аз ҳудуди он бардоштан имкон надорад?
Аммо мегузарем аз гуфтори эҳсосотию баландпарвоз ба насри зиндагӣ.
Оё аз он ки Русияро дар Евровидение ҳамватанам Манижа намояндагӣ мекунад, ман ифтихор мекунам? Бешак!
Ба он амиқан муътақидам, ки аз дастовардҳои ҳамватанон ифтихор бояд кард. Сарфи назар аз миллату мазҳабашон. Афсўс, инро бисёр вақт ҳам дар Русия аз ёд мебароранду ҳам дар Тоҷикистон.
Ва хеле таассуфовар аст, ки дар мо хеле кам, ҳатто аз кам ҳам камтар тоҷикистониҳоеро ёд мекунанд, ки кишвари моро дар гўшаҳои мухталифи олам машҳуру маъруф мекунанд. Дар ҳоле ки нафарони лоиқи ифтихор дар мо ҳастанд! Ва онҳо тоҷикистониёни ҲАМАИ МИЛЛАТҲО ҳастанд!
Ва маҳз аз сабабе, ки мо ба PR (пиар)-и ҳамватанони хеш дар хориҷа машғул нестем, аз бисёр кишварҳо ақиб мемонем. Сар аз ҳамсояҳоямон дар Осиёи Марказӣ.
Оё аз Манижа қаҳрамони миллӣ сохтан, ўро мадҳу ситоиш кардан, аз ў «бут» сохтан лозим аст? На кам аз гуфтаи боло бовар дорам: на, лозим нест.
Ва умуман, хеле мехостам, ки ҳарчи зудтар ин ҳаяҷон фурў нишинад ва ҳамаи мо тавонем Манижаро, таронаи ўро ва дар маҷмўъ озмуни Евровидениеро оромона қабул кунем.

Ҳамватани мо, продюсери шинохтаи русиягӣ (писари оҳангсози маъруф Толиб Шаҳидӣ) Табрез Шаҳидӣ, озмуни Евровидениеро нишонрас тавсиф карда, идомаи ҳодисаҳоро чунин тасвир кард: «озмун, сарфи назар аз беарзишии мутлақи он аз лиҳози рушди касбӣ ва майдони муаррифии сарояндаву оҳангсозон, ба ҳар сурат такони ҷиддиро ба рушди «бренд» таъмин менамояд» (бренди Manizha дар назар аст – муаллиф).
Як-ду сухан дар бораи суруд: бо вуҷуди танқидҳои зиёди тарона ва маънии он, мехостам қайд намоям: ба ақидаи ман, он як шоҳкорист ва дар қолаби пирўзиовар сохта шудааст. Барои ҳаводорони сабки маъруфи «фюжн» дар он қариб ҳамаи тамоюлҳои мусиқавии мўдшуда ва «хайп»-овар ҷамъ оварда шудаанд. Ба назар чунин менамояд, ки ҳангоми офаридани он ба ҳайси намуна суруди машҳур ва ҳангомадори «Prince Igor» The Rapsody Feat Warren G & Sissel интихоб шудааст.
Барои зебоишиносон ва дўстдорони ҷустани маъниҳои жарфнуҳуфта ва пинҳонӣ тарона фазои фаррох мекушояд. Инҷо ҳам ишора ба «Бодбонҳои арғувонӣ» («Алые паруса»)-ю Ассол, ҳам ба ҳикматҳои халқӣ ба он маънӣ, ки тай кардани роҳи зиндагӣ осон нест, дида мешавад, ҳам мубориза алайҳи манъкуниҳо ва масъалагузории чуқури иҷтимоӣ.
Албатта, эътироф бояд кард: Манижа натавонист ба сурудаш хислати асосии зани русро дохил кунад, ки «ҳам боздорад аспи давгирифта, ҳам дарояд ба хонаи алавгирифта».
Аммо… лозим ба қайд аст, ки ҳар чизи дигар: аз «гиряи Ярославна» то «эй, русский женщина, голосуй за меня» (сухани русӣ бо иштибоҳҳои хоси миллатҳои қафқозӣ ва осиёӣ – т.)-ро тавонистааст ҷой диҳад.
Ва ҷойи тааҷҷуб ҳам нест. Зеро, тавре худи Манижа эътироф мекунад: «… тамоми ҳаёти ман лоиҳаи ҳунарии модари ман аст».
Ва вақти он расидааст, ки ба ҳамаи ин рўйдод чун як лоиҳаи ҳунарӣ муносибат намоем. Зимнан, бояд гуфт, лоиҳаи дар сатҳи ҳирфавӣ иҷрошуда ва дорои имкониятҳои баландтарин барои пирўзӣ дар бозори шуҳрату ҷоҳталабӣ бо номи «озмуни Евровидение».
Михаил Петрушков