Бахшида ба хотираи Малика Собирова
Малика Собирова. Ин ном ба кӣ ошно нест? Худро шахси хуштолеъ меҳисобам, зеро бахти баланде насибам кардааст, ки ҳунарнамоии ӯро зинда дар саҳнаи балет аз толори моломол аз мухлисонаш бинам.
То ҳанӯз, вақте Жизели Маликаро аз балети ҳамноми Адан ба ёд меорам, ба баданам мурғак медамад…
Малика Собирова барои бисёр аз дӯстдорони балет ситораи дурахшон, меъёри касбият, ҳусну мавзунӣ дар саҳнаи театр боқӣ мемонад.
Вай анқариб дар тамоми нақшҳои асосӣ рақсида, зимнан, ҳамаро дар ҳайрат мегузошт. Назокати ҳаракатҳои дақиқу мавзуни ӯ дустдорони санъати балетро ба ваҷд наоварда наметавонист.
Репертуари Собирова гуногун ва хеле ғанӣ буд. Малика актрисаи хуби драмавӣ низ буд, метавонист эҳсосот ва ҳаяҷони худро тавассути ифодаи чеҳра баён кунад…
Чеҳраҳои пурҷилои офаридаи ӯ – Жизел дар балети «Жизел», Одетта дар балети «Кӯли қувон», Ҷулетта дар «Ромео ва Ҷулетта», Зарринаи «Афсонаи кӯҳистон», Беренис дар «Шабҳои Миср», Золушка дар «Золушка», Лайлӣ дар «Лайлӣ ва Маҷнун», Никия дар «Баядерка», Китри дар «Дон Кихот» ва ғайраҳо фаромӯшношуданиянд.
«…Пеши одамони азхудгузашта, равон сӯйи мақсади хеш, заҳматдӯст сари таъзим фуруд меорам. Малика чунин буд. Бештар аз ин мегӯям — ӯ дар роҳи меҳнат як шахси маниакалӣ буд”.
Ин ҳарфҳоро аз китоби чопнашудаи собиқ муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Тамара Рустамова овардам. Дар ҳақиқат, меҳнатдӯстии ин ҳунарпешаи балет ҳамаро ба ҳайрат меовард, ҳар касе, ки ӯро мешинохт, аз ирода ва ғайрати ӯ ба ваҷд меомад.

Фикр мекунам, насли ман хуб дар хотир дорад, ки толорҳои театр ҳангоми намоишҳо бо ширкати Малика чӣ хел пур мешуданд. Барои дидани ӯ ҳатто аз хориҷа меомаданд. Пораеро аз номаи як зани полшагӣ ба Малика инҷо овардан мехоҳам:
«Маликаи азиз! Шуморо чӣ гуна дарёб кардан мумкин аст?! Ман ба Тоҷикистон бо роҳхати сайёҳӣ омадам, то ба спектакли шумо роҳ ёбам, аммо вақте ба Душанбе омадам, гуфтанд, ки шумо ба сафари ҳунарӣ ба… Полша рафтаед!”
Ин солҳои 70-ум, замоне буд, ки Малика аллакай яке аз примаҳои балети ҷаҳонӣ гашта буд.
Дареғо, рӯзи сиёҳ ба сари ҳама мухлисони Малика Собирова 27 феврали соли 1982 омад: се моҳ пеш аз чилсолагияш ӯ аз саратони шуш фавтид. Мутаассифона, табибон пеши бемории ӯ оҷиз монда, ситораи балети ҷаҳониро наҷот дода натавонистанд…
Ҳунарпеша дар тан либоси сафеди Жизел дар Душанбе, дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд.
Дар ёд дорам, ки дар Театри опера ва балет бо Малика чӣ тавр видоъ карда будем ва устоди маҳбубаш Галина Уланова болои сари ӯ гириста мегуфт: «Ӯ на танҳо шогирди дӯстдоштаи ман, ӯ духтари ман буд!»…
Балет бе Малика: бохту умедҳо…
Моҳи феврали соли 2010 ман ба балети Дон Кихот дар Театри опера ва балет рафтам. Чи ҳузновар буд дидани он, ки раққосҳои балет нимпӯш дар сардии як толори нимхоливу гармнашаванда мерақсанд!Бо ҳасрати талх аз замони шукуфоии балет дар замони зиндагии ситораи балети ҷаҳонӣ Малика Собирова ёд мекардам.

Малика Собирова нест, дигар ҳунарварони балет: Музаффар Бурҳонов, Холовҳо, Бозгул Исоева тарки кишвар карданд. Ш Турдиева дигар нест. Афсӯс, вазъи балет алъон буҳронист. Дар ин бора Ҳунарпешаи мардумии ҷумҳурӣ шодравон Сталина Азаматова чунин мегуфт:
— Мушкили асосии балет нарасидани кадрҳо аст. Гурӯҳи ҳунарӣ хурд аст, мо бо қувваи охирин корро идома медиҳем, баъзан ба раққосон лозим меояд, ки дар спектакл ҳамзамон чанд нақш офаранд, борҳо либос иваз намоянд. Мо бесаброна интизорем: як сол пас бояд шаш дастпарвари аввалин аз омӯзишгоҳи хореографии Перм баргарданд, мактаби балети онҷо хеле хуб аст, дар солҳои ҷанг театри ба номи Кировро ба он ҷо эвакуатсия карда буданд, бинобар ин муаллимони хеле хуб дорад, мактаб қариб мисли Ленинград ё чунон ки ҳоло мегӯянд, Санкт-Петербург аст.
Аз ҳайати имрӯзаи балет аз мардон Александр Бахман, Бахтиёр Давлатов ва Искандар Раҷабовро номбар кардан мумкин аст, аз занҳо Зуҳра Беляева мондааст, бори асосӣ ба дӯши вай меафтад, бо ин ки ҷавон нест!

Ва ниҳоят шаш хатмкардаи Коллеҷи хореографии Перм соли 2011 дар балети театр бомуваффақият ба кор шуруъ карданд. Дастпарварони Коллеҷи хореографии Пермь ҳамроҳ бо дастпарварони Коллеҷи ба номи ҳунарпешаи мардумии СССР Малика Собироваи Душанбе консерти калон омода карданд, ки дар он вариатсияҳо ва па-де-де аз балетҳои классикӣ ва муосири “Корсар”, “Жизел”, “Корнелия”, “Оташи Париж”, “Карнавали Венетсия”, «Дон Кихот», «Баҳори Тоҷикистон” намоиш дода шуданд.
Агар гӯям, ки бо омадани ин бачаҳо эҳёи балет дар Тоҷикистон оғоз шуд, хато намекунам. Ҳамаи онҳо, гӯё гулчин шуда бошанд, хеле боистеъдод, меҳнатдӯст ва дар роҳи мақсад устувор мебошанд. Аз байни онҳо ҳамсарон Фарангис Қосимова ва Муҳаммад Азимзода, ки ба зудӣ раққосони примаи театр шуданд, сазовори зикри алоҳида мебошанд.
Дар зер аз мақолаи худам дар соли 2016 чанд иқтибос меорам:
«Консерт бо «Сегидилла» аз балети «Дон Кихот»-и Минкус дар иҷрои гурӯҳи театр оғоз ёфт — инҳо дастпарварони омӯзишгоҳи хореографии Перм мебошанд. Хурсандам, ки бачаҳо вақташонро беҳуда сарф накарда, воқеан рақсро ёд гирифтанд, санъати балетро омӯхтанд ва акнун метавонанд маҳорати худро дар Ватан ба тамошобинон нишон диҳанд. Ин ҳунарнамоӣ назаргир ва зебо буд.
Фарангис Қосимова чун ҳамеша дар «Нозанини хуфта»-и Пётр Чайковский дар иҳотаи баҳодурони худ – Бахман Александр, Умед Сангализода, Хайём Хоҷаев маҳину нозукадост.
Ман барои худ боз як раққосаи нозанин – Асил Нилобекова ва раққоси боистеъдод Фарҳод Камоловро кашф кардам, ки Па де деи Флорин ва Мурғи кабудро аз балети «Нозанини хуфта» моҳирона иҷро карданд. Чун ҳамеша дуэти Фарангис Қосимова ва Муҳаммад Азимзод дар адажио аз балети «Анюта»-и Гаврилин дар хореографияи В. Василевро тамошобинон бо қарсакҳои пурмавҷ пешвоз гирифтанд».
Заур Дахте: “Балети тоҷик ба дастгирӣ ниёз дорад…”
Дар бораи Малика Собирова ва балети имрӯза арбоби маъруфи маданияту ҳунари мо, наворбардор ва аккос Заур Дахте чунин мегӯяд:
– Малика, бо вуҷуди нотакрор ва нобиға буданаш, аслан як одами хеле хоксору шармгин буд. Аз ин рӯ, бисёриҳо ӯро мағрур ва дастнорас медонистанд. Ӯ нисбати худ ва атрофиёнаш – кордебалет, раққосони дигари балет ниҳоят серталаб буд. Малика хеле меҳнатдӯст буд, метавонист рӯзҳои дароз машқ кунад. Одатан соати ҳафт-ҳашти пагоҳӣ барои тамрин омада, ӯ то нисфирузӣ ва баъд аз он то бегоҳӣ кор мекард. Гӯши мутлақи мусиқишиносӣ дошт, аз ин сабаб зиёд бо дирижёрҳо барои саҳв дар мусиқӣ баҳсҳо мекард. Вақте 7 ноябр дар Маскав будем, ҳама роҳҳо баста буданд ва ӯ бояд ба тамрин дар Театри Калон мерафт, маро соати шаши саҳар бедор кард ва хоҳиш намуд, ки ӯро то театр ҳамроҳӣ кунам! Вай ба касби худ ҳамин тавр муносибат мекард. Директори омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Ленинград гуфта буд: «Малика Собирова балеринаи рақами 3-и омӯзишгоҳи мост!». Ин баҳои хеле баланд буд!
Воқеан, соли гузашта ман дар ҷашни солгарди ӯ филми худро дар бораи Малика ба театр пешниҳод кардам. Аммо моро ҳатто тавассути телефон ба чорабинӣ даъват накарданд…

Дар хусуси балети имрӯз бошад, гуфтан мехоҳам, ки бад нест, вале он қадар хубе ҳам нест, ки кас мехоҳад! Чанде пеш филмеро дар бораи Фарангис Қосимова тамошо кардам, ки онҷо ӯро аз ҳар ҷиҳат васф мекунанд, прима-балерина меноманд. Ба фикрам, барои прима шудан заҳматҳои зиёд кашидан лозим аст. Шояд Фарангис дар ниҳоят прима шавад! Бояд гӯям, ки хатмкардагони мактаби Перм аз Тоҷикистон хеле боистеъдод ва мехнатдӯст баромаданд. Умедворам, ки онҳо метавонанд балети моро эҳё кунанд.
Агар дар хотир дошта бошед, дар замони шӯравӣ омӯзгорон аз Россия ба тамоми шаҳру деҳоти ҷумҳурии мо сафар карда, кӯдакони болаёқатро ҷустуҷӯ мекарданд. Ҳоло бошад, кӯдакон аксар вақт бо шиносоӣ ё бар ивази пул ба ҳунар роҳ меёбанд! Магар онҳо ҳунарманди хуб шуда метавонанд?! Охир, боз хоҳиши худи кӯдак ҳам лозим аст! Масалан, вақте падару модараш дар соли аввал Маликаро барои хондан рафтан намонданд, ҳатто дар мактаб таҳсилаш бад шуд – ин андоза ӯ дар орзуи балет буд! Ва волидайн дар ниҳоят маҷбур шуданд, ки пас аз як сол ба ӯ иҷозати барои таҳсил рафтан диҳанд!
Боз лозим аст, ки давлат балетро дастгирӣ кунад, ҳунармандонро бо манзил, маоши муносиб таъмин намояд, имтиёзҳое эҷод кунад, ки ба хотири онҳо дар Тоҷикистон кор кардан хоҳанд, дар он сурат беҳтарин мутахассисон тарки кишвар намекарданд! Ва ҳунарпешагони балет бояд болои худ сахт кор кунанд. Ба онҳо маслиҳат медиҳам, ки тез-тез филмҳоро бо ҳунарнамоии Малика Собирова тамошо кунанд, аз онҳо бисёр чизҳоро омӯхтан метавонанд.
Собиқ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Тамара Абдушукурова маҳбубият ва муваффақияти театрро дар он солҳо чунин шарҳ медиҳад:
– Шуҳрати балети тоҷик пеш аз ҳама ба маҳорати баланди касбии ҳамаи эҷодкорони спектаклҳо асос меёфт: беҳтарин бастакорон, драматургҳо, сарояндагон, раққосони балет, дирижёрҳо ва дигарон даъват, беҳтарин асарҳо интихоб карда мешуданд. Метавонем инчунин аз овозхонони беҳтарини опера Ҳанифа Мавлонова, Аҳмад Бобоқуловро ёд кунем, ки дар инкишофи санъати опера дар ҷумҳурӣ саҳми калон гузоштаанд. Аввалин дастпарварони Омӯзишгоҳи хореографии Ваганковский ва баъдан Омӯзишгоҳи хореографии Москва гашта омаданд. Талабот нисбати ҳамаи санъаткорон хеле баланд буд. Дар театр ба ғайр аз роҳбари бадей ва саррежиссёр боз роҳбарони гурӯҳҳои опера ва раққосони балет буданд, ки бо онҳо ҳар рӯз тамрин доир мекарданд, машқҳои махсус иҷро менамуданд, яъне ҳар ҳунарманд ҳар рӯз болои худ кор мекард. Малика Собироваи азизамонро ба ёд орем, ки агар ҳатто садумин бор дар “Жизел”, “Кӯли қувон”, “Корсар” ё балети дигар рақс мекард ҳам, аз субҳи барвақт ба тамрингоҳ меомад ва бо ҷаҳди тамом тамрин мекард, тамоми гурӯҳи балетӣ дар гирди ӯ ҷамъ омада, чӣ тавр кор кардани ӯро тамошо мекарданд ва ин ба пешрафти касбии тамоми балет такон мебахшид. Агар ба рухсатӣ баромада, ба ягон ҷо сафар ҳам мекард, онҷо низ имкон барои тамрин пайдо мекард…
Мутаассифона, мо балетмейстерҳои хуб надорем. Раққосони балет бояд ҳар рӯз соатҳои зиёд кор кунанд, вагарна маҳорати касбии худро гум мекунанд. Хушбахтона, ду насли бачаҳои хеле боистеъдод Омӯзишгоҳи хореографии Пермро хатм карда омаданд. Ба онҳо балетмейстери хуб лозим аст, ки истеъдоди худро пурра ошкор созанд, балети моро ба сатҳи баланд бардоранд.
Хурсандиовар аст, ки ситораи балет Фаррух Рӯзиматов ба Тоҷикистон омада, барои сарбалетмейстери театр шудан розигӣ додааст. Мо ҳама аз ин устоди саҳна умеди калон дорем, бовар дорем, ки ӯ бо эҳтиром ба хотираи Маликаи бузург боз балети тоҷикро ба сатҳи ҷаҳонӣ мебарорад.
Амал Хонум ҲОҶИЕВА
Малика Собирова – раққосаи балети шӯравӣ ва тоҷик, омӯзгори балет.
Прима-раққосаи балети Театри академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1961-1982).
22 майи соли 1942 дар Сталинобод (Душанбе, Точикистон) таваллуд шудааст.
Аз кӯдакӣ ба балет меҳр пайдо намуд.
Моҳи июни соли 1952 ба Омӯзишгоҳи хореографии Ленинград дохил шуд. Пас аз хатми он, аз соли 1961 раққосаи балети Театри опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ шуд.
Аз мавсими аввали кор ба ӯ иҷрои нақшҳои асосӣ ва рақсҳои яккаро дар намоишҳои балетӣ бовар намуданд.
Дар театрҳои Ҷопон, Ҳиндустон, Туркия, Эрон, Миср, Чехословакия, Куба, Норвегия, Булғористон, Венгрия, Австралия, Фаронса, Амрикои Лотинӣ ҳунарнамоӣ кардааст.
Як силсила раққосони ҷавони балетро ба воя расондааст.
Соли 1964 Ҷоизадори озмуни байналмилалии ҳунармандони балет дар Варна (ҷоизаи II) гардид.
Ҷоизадори озмуни байналмилалии раққосон ва хореографҳои балет дар Москва (Мукофоти 1, 1969).
Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1964).
Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1969).
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС (СССР) (1974).