Ковид-19. Зарба ба бозори кор

Бўҳрони иқтисодие, ки пандемияи КОВИД-19 ба вуҷуд овард, проблемаи бекории оммавиро тезутунд сохт: шумораи бекорон зуд афзуд, миқдори камбизоатон дар ҷаҳон (аз ҷумла камбизоатоне, ки кор мекунанд) метавонад соли 2020 аз 8,8 то 35 миллион нафар афзоиш ёбад[1].  Тақрибан ҳеҷ корхона ва ҳатто коргаре дар сар то сари ҷаҳон аз таъсири ин тағйирот эмин намемонад.  Дар Тоҷикистон сатҳи расмии бекорӣ дар сурати надидани чораҳои таъҷилии зиддибўҳронӣ метавонад ба 10-12% аз ҳаҷми умумии неруи корӣ расад. Зимнан, пандемияи коронавирус паҳлуҳои заифи иқтисоди кишварро ошкор кард.

Оқибатҳо вазнин мешаванд

Дар навбати аввал бўҳрон ба бахшҳои осебпазиртарин, бештар аз ҳама ба нақлиёт ва туризм зарба зад. Оқибатҳои ҷиддиро бахши хизматрасонӣ низ эҳсос намуд, ки дар саҳми соҳавии ММД-и кишвар зиёда аз 45% ҳисса дорад. Дар сохтори умумии иқтисод низ ҳиссаи соҳаи хизматрасонӣ дар муқоиса бо саноат ва кишоварзӣ дар якҷоягӣ танҳо андак камтар аст (49%). Ҳатто барои муддати кўтоҳ аз сабаби паҳншавии коронавирус баста шудани тарабхонаю қаҳвахонаҳо, меҳмонхонаю сартарошхонаҳо, қатъ гардидани фаъолияти қонунии таксиҳо (яке аз ҷузъҳои зуд рушдкунандаи бозор) боиси ба андозаи чашмрас коҳиш ёфтани даромадҳо гардид.

Оқибатҳои пандемия барои бисёр соҳибкорон аз чанд лиҳоз вазнин хоҳанд буд:

  1. Карантин фаъолияти бисёр ширкатҳоро аз сабаби одии ба кор нарафтани мардум қатъ мекунад;
  2. Муассисаҳое, ки ҳадаф аз корашон даромад аст, зарар мебинанд ва ин онҳоро ба маҳкам кардани тиҷораташон маҷбур месозад. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки вазъ ҳолати пардохтҳоро аз рўйи кредитҳо ҷиддан бад мекунад;
  3. Аҳолии аз музд маҳрумгашта ҳеҷ андозеро пардохт карда наметавонад.

Зиёд кишварҳо «таътили андозӣ ва кредитӣ» эълон намудаанд, то ки ба ҳадди имкон зарарҳоеро, ки соҳибкорон мебинанд, кам кунанд. Бонки миллии Тоҷикистон алъон масъалаи эълони «таътили кредитӣ»-ро баррасӣ ва вазъро таҳлил мекунад[2].

Муносибатҳои меҳнатии “рўпўшида”

Зимнан маҳз барои бахши хусусӣ муносибатҳои меҳнатии «рўпўшида» ва кори мустақилона хос аст. Мувофиқи таърифи СҶМ, муносибатҳои «рўпўшида»-и меҳнатӣ «мавҷуд будани чизеро вонамуд месозанд, ки дар воқеъ вуҷуд надорад ва ҳимояеро, ки қонун пешбинӣ мекунад, ба нестӣ мебаранд ё то ҳадди камтарин мерасонанд». Ин навъ муносибатҳои меҳнатӣ тавассути кирои коргарон бо миёнаравии ҷониби сеюм ё тариқи бо корманд бастани шартномаи шаҳрвандии ҳуқуқӣ ё шартномаи ҳамкорӣ ба ҷойи шартномаи меҳнатӣ шахсияти корфармои воқеиро пинҳон мекунанд, дар баробари ин онҳо фаъолияти кормандро раҳнамоӣ мекунанд ва доир ба чӣ гуна иҷро кардани кор дастур медиҳанд, ки ба мақоми мустақил доштани корманд хилоф аст. Ғайр аз ин, баъзе муносибатҳои корӣ метавонанд хусусияти духўра дошта бошанд, вақте ҳуқуқу вазифаҳои дахлдори тарафҳо дақиқан муайян нашудаанд ё дар мувофиқат ба қонунгузориҳо, аз ҷумла тафсири муқаррароти ҳуқуқӣ ва меъёрҳои корбурд номуайяниву номутобиқат вуҷуд дорад.  

Бино ба маълумоти Агентии омори ҶТ, ба ҳоли оғози моҳи январи соли ҷорӣ дар кишвар 561,3 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, танҳо дар январ-декабри соли 2019 24,4 ҳазор соҳибкори инфиродӣ фаъолияташро қатъ намуд, ки аз ин ҷумла 3 ҳазор бо шаҳодатнома, 19,4 ҳазор мувофиқи патент фаъолият мекарданд, 2 ҳазори дигарро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медоданд. Агар ба назар гирем, ки як қисми онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан натавониста, корро давом дода истодаанд, равшан мешавад, ки онҳо акнун дар бахши хусусӣ ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд.

Ковид-19. Зарба ба бозори кор

Таҳлил нишон медиҳад, ки айни замон дар ҷумҳурӣ Меъёрҳои байналмилалии меҳнат (МБМ), ки самтҳои асосии сиёсатро дар соҳаҳое муайян мекунанд, ки мустақиман ё бавосита бўҳрони дар оқибати пандемияи КОВИД-19 рухдода таъсирашон расондааст, қариб ки риоя намешаванд[3].

Барои таъмини натиҷанокии чораҳое, ки дар алоқамандӣ бо хурўҷи КОВИД-19 ва оқибатҳои он андешида шудаанд, муҳити эътимод зарур аст, ки тавассути гуфтугўи иҷтимоӣ ва трипартизм (системаи муносибатҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва давлат дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ) сохта мешавад. Таҳкими риояи механизмҳои гуфтугўи иҷтимоӣ ва такя ба ин механизмҳо заминаи мустаҳкамро барои бардоштани сатҳи устуворӣ ва таъмини майли корфармоён ва кормандон ба тадбирҳои дардовар, вале зарури сиёсӣ бунёд мекунад. Ин хосатан дар давраи ташаннуҷи баланди иҷтимоӣ зарур аст.

Коркунони бахши хусусӣ ва бўҳрон

Мувофиқи арзёбии СҶМ, дар шароити набудани манбаъҳои алтернативӣ аз даст рафтани даромадҳо метавонад боиси болоравии сатҳи камбизоатии нисбӣ миёни нафарони шуғлманд дар бахши хусусӣ ва кормандони ғайрирасмию оилаҳои онҳо гардад. Ин нишондод дар кишварҳои дорои сатҳи даромади аз миёна баланд 21 дарсад, дар кишварҳои дорои сатҳи баланди даромад 52 дарсад ва дар кишварҳои дорои сатҳи паст ва аз миёна поини даромад 56 дарсадро ташкил медиҳад[4]. Ба онҳо кормандони бахшҳое чун савдои чакана, меҳмонхонаҳо ва бисёр соҳаҳои дигар, аз ҷумла фермерҳое, ки барои бозорҳои шаҳр маҳсулот истеҳсол менамоянд, дохил мешаванд. Азбаски ба онҳое, ки дар иқтисоди ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд, кор кардан зарур аст, чораҳои карантинӣ боиси ташаннуҷи вазъи иҷтимоӣ ва эътирозҳо мегарданд, ки ин талошҳои ҳукуматро оиди ҳимояи аҳолӣ ва мубориза алайҳи пандемия зери суол мегузорад.

Агар ба бахши шуғли аҳолӣ нигарем, онҳое, ки дар бахши давлатӣ кор мекунанд, дар қиёс бо кормандони бахши хусусӣ ва ғайрирасмӣ мавқеи нисбатан афзалиятнок доранд. Ин дар навбати аввал ба он алоқаманд аст, ки кормандони бахши давлатӣ, ба ҷуз он ки аз кафолатҳое бархурдоранд, ки кодекси меҳнатӣ пешбинӣ мекунад, низ аз имтиёзҳои низоми ҳимояи иҷтимоӣ, ки қонунгузории ҷорӣ таъин менамояд, баҳра мебаранд. Мутаносибан, эҳтимоли он ки коркунони бахшҳои ҷамъиятӣ ба ҳар навъ хавфҳои воқеии маҳрумшавӣ аз кор (новобаста аз қобилияти кори фосилавӣ) дучор мегарданд, паст аст.

Аз ин рў, хеле муҳим аст, ки аз мушкилоти кормандони бахшҳои хусусӣ ва ғайрирасмӣ суҳбат кунем, зеро онҳо дар бозори миллии меҳнат саҳми назаррас доранд.

Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи муайян кардани сатҳи шуғлмандии ғайрирасмӣ, то ин вақт се “Таҳқиқоти нерўи корӣ”-ро анҷом додааст (с. 2004, 2009 ва 2016). Аммо маълум аст, ки омўзиши нерўи корӣ маъмулан иқтисоди ғайрирасмӣ, хоса соҳаҳоеро аз қабили кори пудратчиҳои мустақил, консертҳое, ки дар “олами маҷозӣ” гузаронда мешаванд, ба пуррагӣ инъикос намекунанд. Бо вуҷуди ин, равшан аст, ки ҳиссаи кормандони ғайрирасмӣ назаррас мебошад. Онҳо дар давраи бўҳрон гурўҳи аз ҳама осебпазирро ташкил медиҳанд, зеро музди корашон бевосита аз кори ҳаррўзаашон вобаста аст. Аз ин рў, хонашинӣ барояшон маънии бедаромад монданро дорад.

19 март Ҳукумати Тоҷикистон “Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид бапешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба иқтисоди миллӣ”-ро[5] қабул намуд. Нақша 23 банд, аз ҷумла афзоиши назарраси истеҳсолоти ивазкунандаи воридот, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, ҷалби маблағгузориҳо аз тарафи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ва созмонҳои байналмилалии донорӣ, эҳтимоли пешкаши имтиёзҳо аз рўйи андозро дар бар мегирад.

Кўмакро ба бахши хусусӣ бо шумули хоҷагиҳои деҳқонӣ зарурати татбиқи тадбирҳои босамари карантинӣ, коҳиш додани мушкилоти иҷтимоӣ ва хавфи офатҳои иҷтимоӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз бохти сармояи инсонӣ ва барқарор намудани мувозинати нави иқтисодӣ дар шароити депрессия, инчунин дастгирии талаботи истеъмолӣ, ки маънии дастгирии соҳибкории миёнаро дорад, ба миён меорад.

Тадбирҳои ҳукумат

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз таъсири КОВИД-19 ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба аҳолӣ, соҳибкории хурд ва миёна баъзе имтиёзҳо пешкаш кард. Қарор бо гузашти бештар аз як моҳ аз замоне, ки Ҳукумати Тоҷикистон расман дар кишвар вуҷуд доштани сирояти коронавирусиро эътироф намуд, қабул гардид. Дар ҳоле ки намояндагони соҳибкории хурд ва миёна ҳукуматро барои беаҳамиятӣ нисбати онҳо дар давраи бўҳрон мавриди танқид қарор медоданд.

Дар Фармоне, ки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд, як қатор тадбиру имтиёзҳо қайд мегарданд[6], ки бояд ба кам кардани таъсири пандемия ба намояндагони бахши хусусӣ мусоидат намоянд. Аз ҷумла, пешбинӣ кардани таътили андоз, аз пардохти ҳаққи иҷора барои моликияти давлатӣ озод кардани субъектҳое, ки фаъолияти худро аз сабаби КОВИД-19  қатъ намуданд, манъ намудани татбиқи чораҳои масъулият барои андоз, озод намудани соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият мебаранд, аз ҳисобу пардохти андозҳо ва бисёр ҷиҳатҳои дигар мусоидат менамуданд.

Дар Фармон ҳамчунин омадааст, ки то охири сол баррасии масъалаи боло бурдани тарофаи хизматрасониҳо, аз ҷумла барои неруи барқ, об, ирригатсия, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ мавқуф гузошта мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст воситаҳои фавқулодаи қарзиро ба ташкилотҳои молиявии қарзӣ барои дастгирии сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ дар шароити форс-мажор дар чорчўбаи қонунгузории амалкунанда фароҳам орад. Ҳамчунин талаб шуд, ки нисбати «субъектҳои хоҷагидорӣ ва ашхоси воқеӣ, ки имкони иҷро кардани ўҳдадориҳои қарзии худро аз рўйи қарзҳои муҳлатнок аз 1 май то 1 октябри соли 2020 надоранд», ҷазоҳои ҷаримавӣ татбиқ нашаванд.

Зимнан, зарурати риоя намудани стандартҳои байналмилалии меҳнат равшан аст (хоса, дар ҳоле ки онҳо ба Конвенсияҳои СҶМ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расондааст, асос меёбанд).

Созмони ҷаҳонии меҳнат низоми меъёрҳои байналмилалии меҳнатро коркард намудааст, ки ба рушди имкониятҳои занону мардон барои дарёфти шуғли арзанда ва самаровар дар шароити риояи озодӣ, баробарӣ, бехавфӣ ва эҳтироми шаъну шараф равона гардидааст.

Ҳамзамон риояи муқаррароти асосии меъёрҳои байналмилалии меҳнат, ки ба ҳифзи меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ, шуғлмандӣ, пешгирӣ аз табъиз, шароити кор ва ҳимояи гурўҳҳои алоҳидаи коргарон равона мебошад, ҳамчунин ба татбиқи “принсипи шуғли арзанда” дар шароити пандемияи КОВИД-19 мусоидат менамояд.

Иқтисоди ғайрирасмӣ якнавъ нест

Мушкилоти дастгирии соҳибкории хусусӣ (аз ҷумла соҳибкорие, ки ғайрирасмӣ амал мекунад) дар Тоҷикистон чунинанд:

Соҳибкорони ғайрирасмии хусусӣ ва коркунони онҳо дар қайди расмӣ нестанд ва аз ин сабаб ба мақомоти давлатӣ маълум кардану фаро гирифтани гурўҳҳои осебпазир дар иқтисоди ғайрирасмӣ душвор аст. Онҳое, ки дар иқтисоди ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд, дар навбати худ, аз тамосгирӣ бо мақомоти давлатӣ хавф доранд.

Иқтисоди ғайрирасмӣ ниҳоят гуногуншаклу намуд аст, аз ин рў чораҳо дар соҳаи сиёсат бояд бо дарназардошти хусусиятҳо, шароитҳо ва талаботи кормандон ва воҳидҳои иқтисодӣ андешида шаванд.

Ба ҷараёни таҳия ва татбиқи чораҳои босамар ва одилонаи вокуниш иштирокдорони асосии бозори меҳнат, хоса ҳукуматҳо ва ташкилотҳои сернуфуси иттифоқҳои касаба ва корфармоёнро ҷалб бояд кард. Соҳибкорони инфиродӣ ва коркунони иқтисоди ғайрирасмӣ бояд имкони ибрози ақидаашонро доир ба чораҳое, ки бевосита ба онҳо дахл доранд ва имкони ҳимояи манфиатҳои худро дошта бошанд. Иштироки онҳо дар марҳилаҳои барвақтии ҷараён ҳамчунин имкон медиҳад, ки самараи тадбирҳои андешида боло бурда шавад.

Нақши иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои корфармоёнро дар ниҳоду равандҳои гуфтугўи иҷтимоӣ ба эътибор гирифта, дар шароити ташаккулёфта ҷанбае боз муҳимтар мегардад, ки онҳо тақвия додани робитаҳоро бо созмонҳо, кормандон ва корхонаҳои иқтисоди ғайрирасмӣ идома диҳанд. Ин ба барпонамоии гуфтугўи инклюзивии иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард, ки дар он талаботи мушаххаси субъектҳои иқтисоди ғайрирасмӣ пурратар ба назар гирифта хоҳад шуд.

Таъсири пандемия ба кишварҳо як хел нест

Пандемияи КОВИД-19 ба ҳамаи кишварҳо таъсири баробару ҳамзамон надорад. Ҳангоми он ҳамаи кишварҳо ба хавф дучор мешаванд ва бояд ба убур аз оқибатҳои пандемия дар соҳаи тандурустӣ, ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ омода бошанд.

Дар таҳкурсии чораҳое, ки дар соҳаи сиёсат дида мешаванд, бояд гуфтугўи се ва дуҷонибаи иҷтимоӣ ҷой дода шавад. Ташкилотҳои корфармоён ва коргарон метавонанд дар пешкаш ва дастгирии хизматрасониҳои иловагӣ аз қабили дастрасӣ ба технологияҳои нав, молия ва хизматрасониҳо барои рушди тиҷорат, инчунин рушди алоқаҳо бо корхонаҳои расмӣ ҳамчун воситаи таҳрикдиҳандаи гузариш ба кори расмӣ нақши ҳалкунанда дошта бошанд. Илова бар ин, азбаски худи ҳукуматҳо бо бўҳрони бемисли молиявӣ рўбарў мешаванд, сафарбар намудани захираҳои буҷавӣ, ки барои дастгирии корхонаҳои ғайрирасмӣ заруранд, бозтақсимкунии калонмиқёси маблағҳои буҷа, нашри коғазҳои қиматноки давлатӣ ё ҷалби қарзҳоро аз созмонҳои бисёрҷониба талаб менамояд. Аз ин рў, барои пешгирӣ аз таъсири имконпазири манфӣ дар маҷмўъ ба иқтисод аз бозтақсимкунии буҷа бо шарикони иҷтимоӣ машваратҳои натиҷабахш бояд доир кард.

Муносибати зина ба зинаи бисёрҷониба ба барқарорсозӣ бояд чораҳои фавриро дар соҳаи ҳимояи иҷтимоӣ ва шуғлмандӣ дар бар гирад, ки минҷумла ба барқарорсозии иқтисодиёт дар сатҳи маҳаллӣ равона бошад.

Дар шароити таназзули иқтисод ҳифзи сатҳи минималии музди меҳнат аҳамияти махсус дорад, зеро дар маҷмўъ он метавонад ба коркунон дар ҳолати осебпазирӣ ҳимояро таъмин намояд, ба коҳишёбии камбизоатӣ ва ҳифзи суботи иқтисодӣ мусоидат кунад.

Бобоҷонов Р.М., н.и.и., дотсент, узви вобастаи Академияи Муҳандисии ҶумҳурииТоҷикистон

[1]Вестник МОТ, выпуск 2: COVID-19 и сфера труда Обновленные оценки и анализ: https://www.ilo.org/wcmsp5/groups/public/—europe/—ro-geneva/—sro-moscow/documents/briefingnote/wcms_742254.pdf

[2]Вестник МОТ, выпуск 2: COVID-19 и сфера труда Обновленные оценки и анализ: https://www.ilo.org/wcmsp5/groups/public/—europe/—ro-geneva/—sro-moscow/documents/briefingnote/wcms_742254.pdf

[3] Лозим ба ќайд аст, ки Њукумати Тољикистон Наќшаи чорабинињо оид ба пешгирї ва коњиш додани таъсири хавфњои берунаи эњтимолї ба иќтисоди миллиро амалї мекунад. Наќша пешкаши имтиёзњои андозї ба соњибкории хурд ва миёна, мавќуфгузории санљишњои ѓайриандозї ва љалби ёрии молиявиро аз созмонњои молиявии байналмилалї пешбинї мекунад. Дар чорчўбаи наќшаи мазкури чорабинињо бо њадафи дастгирии истењсолкунандагони ватании молу мањсулот лоињаи санади дахлдори меъёрию њуќуќї оид ба пешкаши имтиёзњои андозї ва таътили андоз ба субъектњои осебпазири соњибкории хурд ва миёна коркард шудааст. Њамчунин санљишњои ѓайриандозии фаъолияти субъектњои соњибкорї ба маротиб кам карда мешаванд.

[4]МБТ: COVID19 and the impact on agriculture and food security,отраслеваясправкаМОТ (Женева, 17 апрели с. 2020).

[5]https://medt.tj/ru/news/novosti-ministerstva-ekonomiki/1493

[6]Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи пешгирї аз таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соњањои иљтимої-иќтисодии Љумњурии Тољикистон», №1544г., 5 июни с. 2020

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.