Толибон кулли ноҳияҳои пойтахти Афғонистон шаҳри Кобулро ишғол намуда, зери назорат гирифтанд. Президент Ашраф Ғанӣ фирор кард ва намояндаи расмии созмони террористии «Толибон» Муҳаммад Наим изҳор намуд, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расид. Ҳамзамон фурудгоҳи Кобул дар дасти низомиёни ИМА боқӣ мемонад. Як қисми кормандони сафоратхонаи Амрико аз кишвар бароварда шуд, қисми дигар дар фурудгоҳ қарор дорад. Аммо сафоратхонаи Тоҷикистон, бинобар хабари «Азия-Плюс», дар Кобул бо тартиби муқаррарӣ корашро идома медиҳад. Дар ин росто рўзноманигорони тоҷик назари худро доир ба вазъи Афғонистон баён карданд ва гуфтанд, ки аз толибон, ки худро ҳокимони комилҳуқуқи Афғонистон эълом доштаанд, ба андешаи онҳо, чиро мунтазир метавон буд.
Вазъ дар Кобул
Бино ба хабари агентии «Россия 24», дар Кобул ҳамчунин сафоратҳонаҳои Русия ва Чин кор мекунанд. Тавре сафири ФР дар Афғонистон Дмитрий Жирнов гуфт, «вазъ дар шаҳр ором аст, ҳарчанд бесомонӣ эҳсос мешавад”. Ў ҳамчунин иброз дошт, ки «тори мўе аз сари онҳо намеафтад». Ба назар мерасад, дипломатҳои кишварҳои дигар, ки осемасар кишварро тарк мекарданду мекунанд, ба назари хушбинонаи ў шарик нестанд.
Фурудгоҳи Кобул дар ихтиёри низомиёни ИМА аст, аз ин сабаб ба он ҷо кормандони сафоратхонаи ИМА низ гузаронда шуданд, як қисми онҳо то ин вақт аз кишвар бароварда шуд.
Дар изҳороти муштараки Департаменти давлатии ИМА ва Пентагон, ки рўзи якшанбе пахш гардид, гуфта мешавад, ки ҳузури низомии ИМА дар Афғонистон тайи 48 соат ба 6 ҳазор нафар расонда мешавад. Зимнан, вазифаи ягонаи онҳо мусоидат ба кўшишҳо оид ба баровардани амрикоиҳо ва афғонҳое хоҳад буд, ки ба онҳо кумак мекарданд.
«Пагоҳ ва рўзҳои наздик мо аз кишвар ҳазорҳо шаҳрвандони ИМА-ро, ки дар Афғонистон қарор доранд ва инчунин кормандони рисолати дипломатии ИМА-ро дар Кобул, ки аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ киро шуда буданд, аъзои оилаҳои онҳо ва ҳам афғонистониҳои дигареро, ки ба ҳолати осебпазир афтодаанд, тахлия хоҳем кард»,- гуфта мешавад дар санад.

Вале имрўз дар фурудгоҳ садои тир шунида мешавад. Бо ин роҳ низомиён мехостанд вазъро ба тартиб оранд. Reuters иттило медиҳад, ки дасти кам панҷ нафар рўзи душанбе дар натиҷаи давуғеҷ ва тирпаронӣ дар фурудгоҳи Кобул ба ҳалокат расиданд.
Толибон алъон ҳеҷ чораи қатъӣ намебинанд ва эълом медоранд, ки кишварро ҳамаи хоҳишмандон метавонанд тарк намоянд. Лекин агар касе хоҳиши мондан дошта бошад, бояд барои ин аз онҳо иҷозат бигирад.
Коршинос: Толибон ба ваъдаҳои худ вафо накарданд
Бо вуҷуди ин, вазъ ташвишовар ва, бино ба суханони рўзноманигорони тоҷикистонӣ, пешгўинашаванда аст.

-Алъон гуфтан душвор аст, ки воқеаҳо чӣ гуна сурат мегиранд,- мегўяд шореҳи сиёсӣ Нуралӣ Давлатов.- Толибон бо истифода аз мавқеи ҷониби ғолиб дар навбати аввал ваъдаи худро оиди ба шаҳрҳо ҳамла накардан шикастанд. Зиёда аз ин, дирўз бар хилофи ваъдаҳояшон онҳо неруҳои худро ба Кобул ворид намуда, қасри президентро ишғол намуданд. Онҳо ҳамчунин изҳор доштанд, ки аз ташкил намудани ҳукумати муваққатӣ ё муштарак даст мекашанд.
Қатъи назар аз ин, рақибони ИМА – Русия, Чин ва Эрон омодаанд, ки аморати толибонро эътироф намоянд, зеро толибон ба онҳо ваъдаи ҳамкорӣ додаанд. ИМА бо толибон бозии худро мебарад. Ман шубҳа надорам, ки бохти ҳукумати Афғонистон дар оқибати паймони сеҷонибаи махфӣ миёни ИМА, ҳукумати Афғонистон ва толибон рух дод.
Журналисти шинохта Раҷаб Мирзо низ аз мушкил будани ҳар гуна пешгўӣ гуфт:

-Пешгӯӣ душвор аст. Ҳоло ҳамаи кишварҳои абарқудрат мавқеашонро маълум накардаанд. Бо гумони ғолиб, ин ба ниҳоят зуд сурат гирифтани воқеаҳо бастагӣ дорад. Фикр мекунам, Россия дар минтақа тамаркузи бештар ба Ӯзбекистон мекунад ва онро ба маркази зиддитолибонии худ табдил медиҳад. Путин маҳз ба ҳамин хотир дина ба Мирзиёев занг зад, на ба Раҳмону дигарон. Шояд то 11 сентябр гардишҳои нав пеш оянд. Россия ҳам, ба фикрам, вобаста ба ин дурнамо таҳия мекунад. Мавқеи Хитой ҳам шояд то он замон аниқтар мешавад. Ё бо маркази зиддитолибонии Россия ҳамроҳ мешавад, ё барномаи ҷудогона таҳия мекунад.
Вале Хуршед Атовулло, мудири Маркази тадқиқотҳои журналистӣ, назари қатъитар дорад.
– Давоми кор танҳо бадтар мешавад, – гуфт Х.Атовулло ба Nuqta.tj. – Толибон алҳол худро як неруи мутамаддин ва боандешае нишон додан мехоҳанд, ки аз зўроварӣ, хароб намудани шаҳрҳо худдорӣ мекунад ва ғайра. Аммо ин ҳама то он рўзе аст, ки онҳо ҳокимиятро пурра ба даст мегиранд.
Бино ба суханони ў, дар воқеаҳои мазкур абарқудратҳои ғарбӣ даст доранд. «Ҳадафи Амрико ва Аврупо ташкил кардани минтақаи бесубот дар марзи давлатҳои иттифоқчии Россия аст. Албатта, ФР талош хоҳад кард, ки аз ҳаракати минбаъдаи толибон ба кишварҳои ОМ, яъне ба минтақаи таъсири худ пешгирӣ намояд,- қайд мекунад Х. Атовулло.
Аз сабабҳои ин гуна зуд Афғонистонро ба дасти толибон додани ҳукумат гуфта, Х. Атовулло таъкид мекунад, ки сабаби ин ҳама пул аст.

-Бисёр қумондонҳои ҳукуматӣ бо фармони Ғанӣ тоҷикон, ҳазораҳо ва ўзбекҳоро фурўхтанд ва ба толибон бе ҷанг таслим шуданд,- мегўяд Х. Атовулло. – Тоҷикон устухоне дар гулўи Покистон буданд. Ғанӣ ба Толибон хизмати беназир кард, барои ин хизмат Покистон метавонист ба Ғанӣ унвони қаҳрамонӣ диҳад! Ва чунин босуръат ба толибон таслим кардани мавқеъ амали пешакӣ нақшарезишударо мемонад. Акнун парастори Ҷунбиши Толибон – Покистон метавонад дар харитаҳо марзи давлати худро аз Ҳиндустон то Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркманистон ва Эрон нишон диҳад.
Бино ба гуфтаҳои Атовулло, танҳо ду минтақа берун аз таъсири толибон мондаанд, ки инҳо Панҷшер ва Парвон – маҳалли сукунати ҳазораҳо мебошанд. «Танҳо онҳо муқовимат мекунанд ва ман фикр мекунам, ки ҷанг дар Афғонистон ба ин наздикӣ ба охир намерасад. Намояндагони миллатҳои дигар, ки маҷбур ба фирор аз Афғонистон шуданд, ҳоло баргашта бо Толибон меҷанганд. Мумкин аст, аз байни онҳо пешвои наве мисли Аҳмадшоҳ Масъуд зуҳур кунад ва ҳамаро муттаҳид намояд. Мунтазир мешавем»,- мегўяд Х. Атовулло.
Раҷаби Мирзо ба масъалаи ҳаракати босуръати толибон ва зуд ҳукуматро ба даст гирифтани онҳо назари худро дорад.
– Бозгашти дубораи низомиёни Амрико, ба фикрам, дар заминаи маълумотҳои бадастовардаашон аз абарқудратҳои дигар аст, ки шояд ба хоки Афгонистон ворид шуданӣ буданд,- арз кард ў андешаҳояшро ба Nuqta.tj. – Аз ҳамин сабаб истеъфои зуд ва бе ҷанг супурдани қисматҳои бештарро натиҷаи барномаи хос медонанд.
Пешомад чист?
– Акнун назди толибон вазифае истодааст, ки чандон саҳлу осон нест – вафо кардан ба ваъдаҳое, ки ҳам ба амрикоиҳо ва ҳам ба рақибони онҳо додаанд,- мегўяд Нуралӣ Давлатов. – Мушкилӣ он аст, ки манфиатҳои геополитикии кишварҳои мазкур ба ҳам мувофиқ нестанд. Масалан, ман алъон гуфта наметавонам, ки ИМА бо кадом ҳадаф 6 ҳазор низомии худро ба Афғонистон пас меорад. Сабаб расман мусоидат ба баровардани дипломатҳо ва шаҳрвандони ИМА аз Афғонистон гуфта мешавад. Вале ман истисно намекунам, ки онҳо барои ташкили гузариши осоиштаи ҳокимият ба дасти толибон омадаанд.
Ҷараёни минбаъдаи ҳодисаҳо аз рафтори худи толибон вобаста аст, ки аз ҷумла ваъда кардаанд, ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандонро риоя менамоянд. Аммо ман бовар дорам, ки онҳо ин ваъдаҳои худро амалӣ намекунанд. Дар ҳафтаҳои охир миқдори кофии рўйдодҳои собиткунандаи инро дарёфтан мумкин аст.
Ҳамчунин бисёр чиз аз қавмҳои пашту, ки ба онҳо ИМА, НАТО хиёнат карданд, инчунин аз президенти акнун собиқи кишвар Ашраф Ғанӣ вобаста хоҳад буд. Суоли матраҳ он аст, ки оё онҳо метавонанд дар вулусволиҳои худ ба толибон муқовимат ташкил намоянд. Захираҳои инсонӣ барои ин ҳастанд, хусусан дар артиш, пулис ва неруҳои амниятӣ, ки аз президент Ғанӣ хиёнат диданд.
Артиш ҷангро дар оқибати забон як кардани роҳбарони паштутабори Афғонистон бо ҳамқавмҳои худ – толибон бохт.
Толибон мансабдорони афғонро мехариданд
The Washington Post бо истинод ба манбаъҳояш дар ИМА ва Афғонистон боз як хабари ҳангомаангезро паҳн намуд: ҷангиёни «Толибон» мансабдорони афғонро мехариданд, то ки ба онҳо силоҳи мавҷудро бифурўшанд.
Аз оғози соли 2020 ҷонибҳо маслиҳатҳое мепазондаанд, ки ашхоси расмии афғон «мувофиқаи оташбас» меномиданд. Дар асл, бино ба маълумоти WP, сухан аз супоридани аслиҳа ба толибон бар ивази пул мерафтааст. Маҳз ин харидуфурўшҳо буданд, ки «Толибон» ҳокимиятро дар кишвар ба даст гирифт, менависад рўзнома.
Дар давоми якуним сол чунин маслиҳатҳо дар сатҳҳои мухталиф ҷой доштанд: аз сатҳи ашхоси масъул дар деҳоту шаҳрҳо то роҳбарони вулусволиҳо. Ба қавли манбаъҳои WP, ғайр аз ин, дар як қатор ҳолатҳо музокирот ба «таслимшавии неруҳои ҳукуматӣ» оварда расондааст.

Ба таъкиди ҳамсуҳбатони нашрия, баъди дар моҳи феврали соли 2020 дар Давҳа ба имзо расидани мувофиқаи байни амрикоиҳо ва толибон, ки тибқи он Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёнаш дар 14 моҳ аз кишвар баровардани низомиёнашонро ваъда карданд, бархе аз намояндагони неруҳои амниятии Афғонистон дарк намуданд, ки ба зудӣ онҳо дигар наметавонанд такя ба ҳавопаймоҳои Амрико ва дастгирии дигар намоянд. Дар ин шароит онҳо ба хулосае омаданд, ки толибон сари қудрат бармегарданд ва хостанд ба худ ҷойгоҳе дар сафҳои ғолибони оянда пайдо намоянд. «Баъзеҳо танҳо пул мехостанд»,- хабар дод ба нашрия як корманди хадамоти махсуси афғонӣ.
Сарчашмаҳои нашрия ҳамчунин иттило доданд, ки музокироти Давҳа (пойтахти Қатар) бисёр аз кормандони хадамоти махсуси Афғонистонро ноумед кард, дар оқибат тайи якчанд моҳи пас аз он бо толибон аҳдҳои таслимшавӣ баста мешуданд.
Ёдрас мекунем, ки вазъ баъди он бад шуд, ки моҳи апрел президенти ИМА Ҷо Байден хуруҷи қарибулвуқуи неруҳои худро аз Афғонистон эълом дошт.
Ба моҳи июл аз кишвар беш аз 90%-и гурўҳи низомии ИМА берун рафт. Пас аз ин толибон ба ҳамлаҳояшон зидди неруҳои низомии ҳукуматӣ шиддат бахшида, ба ҳуҷуми васеъ гузаштанд. 15 август ҷангиён ба кохи президент дар Кобул ворид шуда, тасарруфи пурраи Афғонистонро эълом доштанд. Президент Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор намуда, дертар изҳор дошт: инро ба он хотир кард, ки аз хунрезӣ дар сурати ҳуҷуми толибон ба пойтахт пешгирӣ намояд.
Nuqta.tj