Коршинос: «Помир замини тоҷикон буд ва мемонад»

Коршиносони тоҷик ба таърихчиёни чинӣ, ки даъвои Помир мекунанд, посух медиҳанд

Расонаҳои Чин боз мавзӯи марзҳоро бардошта, аз ҷумла, ишора ба он мекунанд, ки Чин бояд заминҳои гӯё дар Помир аз даст додаашро пас гирад. Коршиносони тоҷик ин даъвоҳоро беасос ва хилофи манфиатҳои ду кишвар мешуморанд. Беш аз ин, дар заминаи воқеиятҳои таърихӣ тоҷикон метавонистанд худ даъвои хоки Чин ва Муғулистони ғарбӣ кунанд, ки замоне гузаштагони мо онҷо сукунат доштанд. Аммо «қисса бо тартиб хуш аст»…

Хитой даъвои Помир мекунад?

Дар оғози соли ҷорӣ баъзе аз васоити ахбори оммаи Чин ба мавзӯи даъвоҳои ҳудудии ҶМЧ аз Тоҷикистон баргаштанд. Бино ба маълумоти «Озодӣ», дар ду ҳафтаи охир на кам аз чор матлаб ба забони маҳаллӣ ба табъ расонда шуд, ки ба ин масъала дахолат мекард. Аз ҷумла, дар портали иттилоотии «Гул – инъикоси таърих» (鲜花畅谈历史), 3-юми январ зимни матлабе бо номи «Тоҷикистон бо 9 миллион аҳолӣ аз куҷо сарчашма мегирад» қайд гардид, ки «Тоҷикистон ҳама вақт қисми Чин буд».

«Аз замони ҳукмронии сулолаи Хан, Чин ба забт намудани давлатҳои хурди атроф шурӯъ кард ва Роҳи Бузурги Абрешимро барпо намуд. Дар замони империяи Син ва Тан Тоҷикистон қисми Чин буд. Дертар Чин аз Хутан то шарқи империяи форсҳоро тасарруф кард – акнун ин ҳудуд Осиёи Марказӣ ном дорад»,- қисса мекунад дар зимн матлаб. 

Лозим ба қайд аст, ин бори аввал нест, ки Чин даъвои як қатор заминҳои Тоҷикистон мекунад. Масалан, дар охири соли 2016 якчанд олими чинӣ ибтикори тафтиши масъалаи мутааллиқии таърихии баъзе ҳудудҳои Тоҷикистон ба Чинро гузошта буданд.

Моҳи июли соли сипаришуда расонаҳои чинӣ на як бору ду бор матлаби «Тоҷикистон ибтикори ба Чин пас додани заминҳояшро гузошт ва кӯҳистони аздастрафтаи Помир ба дасти соҳиби ҳақиқиаш баргашт»-ро бознашр карданд, ки сарлавҳаи он ишора ба 1150 километри мураббаъ қаламрави ба ҶМЧ дар ҳудуди Помир соли 2011 супоридашуда мекунад.

Дар матлаб танҳо манбаъҳои чинӣ истифода гардидаанд – андешаҳои таърихнигорони тоҷик ё санадҳои таърихии дигар сарфи назар шудаанд. Муаллифи матлаб рӯзноманигори таърихшинос Чу Йао Лу менависад, ки дар давраи охири ҳукмронии сулолаи Син (1644-1912) баъзе ҳудудҳои таърихӣ зери фишори Ғарб аз Хитой ҷудо карда шуданд, ки ин дар оқибат ба пошхӯрии давлат расонд.

Коршинос: «Помир замини тоҷикон буд ва мемонад»
ВМКБ дар шарқ бо Чин ҳамсарҳад аст

«Баъд аз ба по рост шудани давлати навини Чин вазифаи аввалиндараҷаи ҳукуматдорон гардонда гирифтани заминҳои аздастрафта шуд. Баъзе қитъаҳо пас гирифта шуданд, дигарҳо ҳанӯз таҳти идораи кишварҳои ҳамсоя боқӣ мемонанд. Яке аз ин гуна минтақаҳои қадима Помир мебошад, ки аз сабаби фишори қудратҳои ҷаҳонӣ 128 сол берун аз Чин монда буд», – навиштааст Чу Йао Лу.

Расонаҳои Чин ҳангоми баррасии ин мавзӯъ ба сарчашмаҳои чинӣ такя мекунанд, дар зимн боре ҳам ишора ба он накардаанд, ки санадҳои таърихии дигар ҳам вуҷуд доранд ва бисёр таърихнигорони шинохта, минҷумла академики фақид Раҳим Масов, ақидаи комилан муқобил доштанд.

Тоҷикистон: Ба нашри чунин матлабҳо дар ВАО роҳ набояд дод

Тоҷикистон дар посух аз ҳукуматдорони Чин даъват намуд, ки зидди нашри мақолаҳои иғвоангез дар робита ба марзу сарҳадоти ду давлат мубориза баранд.

Аз ҷумла, 22-юми июли соли гузашта муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо сафири ҶМЧ дар Душанбе Лю Бин мулоқоти фосилавӣ анҷом дод. Нозирӣ таваҷҷуҳи сафирро ба пайдо шудани матлабҳое дар ВАО-и чинӣ ҷалб намуд, ки ба мавзӯи сарҳадоти байни ду давлат назари муғризона баён мекарданд.

Коршинос: «Помир замини тоҷикон буд ва мемонад»
Сироҷиддини Муҳриддин

Бо дарназардошти муносибатҳои дӯстона, равобити ҳасанаи ҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ миёни кишварҳо, дар Душанбе қайд намуданд, ки тарафҳо бояд тадбирҳои заруриро оид ба пешгирӣ аз нашри чунин матолиб дар ВАО андешанд.

Ҳамчунин, 27 июли соли 2020 сардори ВКХ Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе иброз дошт, ки навиштаҳои таърихшиноси чинӣ ақидаи шахсии ӯ мебошанд, на мавқеи Пекини расмӣ.

Таърихи марзҳо

Пас аз ташкил шудани Тоҷикистони соҳибистиқлол Чин ҷиҳати зарурати ба тасвиб расондани шартномаи нав дар бораи марзҳо ва бознигарии баъзе хатҳои демаркатсионӣ изҳорот паҳн намуд. Дарозии марзҳои давлатии байни ду кишвар 414 километрро ташкил медиҳад.

Моҳи августи соли 1999 миёни ду кишвар созишнома «Дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин» ба имзо расид, ки мутобиқи он Тоҷикистон ихтиёри комили қонунӣ бар қитъаи баҳсӣ дар мавзеи ағбаи Карзакро нигоҳ медошт, аммо тақрибан 200 километри мураббаъ аз қитъаи дигарро дар наздикии дарёи Маркансу ба Чин месупорид, яъне масъала бо роҳи дуним кардани қитъаи дуюм дар байни Чин ва Тоҷикистон ҳал гардид.

Мушкили мутааллиқии қитъаи сеюм дар рафти ташрифи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ҳалли худро ёфт. Моҳи майи соли 2002 созишномаи иловагӣ «Дар бораи демаркатсияи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Хитой ва танзими баҳсҳои ҳудудӣ» ба имзо расид, ки мувофиқи он Тоҷикистон розӣ шуд аз 28 ҳазор километри мураббаи баҳсӣ дар минтақаи Помири Шарқӣ (ноҳияи Мурғоб дар шарқи Тоҷикистон) ба Чин 1 ҳазор км мураббаъро супорад. Дар моҳи майи соли 2004, дар мутобиқат бо созишномаи аз ҷониби ҳукуматҳои Чин ва Тоҷикистон имзошуда, дидбонгоҳи назорату убури марзии «Қаросу» ба кор шурӯъ намуд. 6 октябри соли 2011 раванди таҳвили 1 ҳазору 150 км мураббаъ қаламрави Тоҷикистон ба зери қалами Чин ба анҷом расид.

Хоҷаи Помир кист?

Тоҷикону чиниҳо таърихи тӯлонии робитаю додугирифт дар соҳаи савдо, фарҳанг ва дин доранд, хотиррасон мекунад таърихшиноси тоҷик Камолуддин Абдуллоев. Бино ба суханони ӯ, дар замонҳои қадим ва қарнҳои миёна тоҷикон, яъне эрониёни шарқӣ, Чинро бо Аврупо пайваст мекарданд, зеро маҳз эрониён дар обод кардани роҳҳои тиҷоратӣ ва зерсохтори дахлдор, ки Аврупоро бо Осиё васл менамуд, нақши асосӣ доштанд.

Коршинос: «Помир замини тоҷикон буд ва мемонад»
Камолуддин Абдуллоев

«Аз қадимулайём стратегияи сиёсати берунаи Чин кишварро ба «макони миёна», ки минтақаи зисти худи чиниёни хан буд ва «қитъаҳои буферӣ» ҷудо мекард, ки Синҷонро ҳамроҳи Муғулистон ва Тибет фаро мегирифт. Чин дар даврони болоравии қудраташ ҳудудҳои буфериро зери султаи худ мегирифт ва ҳамин ки заифтар мегашт, онҳоро боз аз даст медод. Аҳамияти Синҷон ва таърихи онро ҷиҳате муайян менамуд, ки онҷо таърихан халқҳои ғайрихании (яъне ғайричинии) аксаран мусулмон сукунат доштанд, ки ба мардуми Осиёи Миёнаи муосир пайванди таборӣ доштанд», – ёдрас мекунад таърихшинос.

Бино ба суханони Абдуллоев, дар гузариши Синҷон ба тобеияти Чин Россия нақши муҳим бозидааст. Мисли Пекин, Москва майл ба супоридани ин ҳудудҳо ба дасти халқҳои маскуни онҷо надошт. Дар қисмати мазкури Осиёи Миёна бунёд шудани давлатҳои мустақил метавонист ҷунбиши озодихоҳонаро бар зидди ҳукмронии русҳо дар Тошканд, Фарғона, Бухоро таҳрик диҳад.

«Ҳанӯз соли 1864 Россия ва Чин Протоколи Чугучакро ба имзо расонданд, ки мувофиқи он ба ихтиёри Россия Олтой ва Курчум, кӯли Зайсан, заминҳои Тарбагатой, Алатау, Тён-Шон мегузаштанд. Созишномаи соли 1873 байни Англия ва Россия хатти сарҳадро дар Помир матраҳ карда, «роҳрави Вахонро» ба сифати минтақаи буферӣ миёни Ҳиндустони Британия ва Осиёи Марказии тобеъ ба Россия ба вуҷуд овард.

Дертар Чини коммунистӣ нисбати созишномаҳои марзӣ бо Россияи шоҳӣ эътироз кард. Зимнан, ҷониби Чин иддаоҳои худро нисбати Помир бо истинод ба Протоколи Марғелон аз 22 майи соли 1884 асоснок мекунад, ки хатти сарҳадро аз вилояти Фарғона ва Қошғаристон танҳо то ағбаи марзии Уз-Бел (тахминан дар арзи 38°40′, дар наздикии ағбаи Оқ-Байтал) муайян мекард. Дар идома, мувофиқи моддаи 3-и протоколи мазкур, хатти марз бо ифодаҳои хеле номуайян ишора шудааст.

Коршинос: «Помир замини тоҷикон буд ва мемонад»
Гузаргоҳи назоратӣ дар шоҳроҳи Помир

Мувофиқи он, аз Уз-Бел сарҳади Россия ба Ҷанубу Ғарб дар самти Хоруғ тӯл мекашид, сарҳади Чин бошад ба самти ҷануб, ба истиқболи Афғонистон «мерафт» ва дар зимн қисми бештари ВМБК-и имрӯзаро «бесоҳиб» мемонд. Соли 1894, пас аз табодули нотаҳои дипломатӣ, чиниҳо ва русҳо охиран Помирро тариқи тӯли қаторкӯҳи Сарикӯл тақсим намуданд. Ин сарҳад то ба ҳанӯз побарҷо аст. Зимнан, тарафи Чин пинҳон намекард, ки аз ҳуқуқҳои худ ба Помир ба пуррагӣ даст намекашад ва ба ин мувофиқа ҳамчун мувофиқаи «муваққатӣ» назар дорад», – нақл мекунад таърихшинос.

Ӯ хотиррасон мекунад, ки Чини имрӯзаро бе донистани гузаштаи он наметавон фаҳмид: «Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки хатҳои марзӣ дар шароити исёнҳо тарҳрезӣ мешуданд, империяҳо кишварро он замон пора-пора мекарданд. Дертар таърихшиносони Чин давраи аз миёнаи асри XIX то миёнаи асри XX-ро «садаи таҳқири миллат» меноманд. Эҳтимолан, комёбиҳои иқтисодии Чини муосир, иқтидор ва итминони он аз нерӯи худ ба шифо ёфтани захмҳои таърихӣ, ки дар замони аз саҳнаи таърих ба канор партофта шудани Чин бардошта шуданд, мусоидат намекунанд».

Дар шароити феълӣ, мегӯяд коршинос, ҳизби коммунистии Чин маъракаҳои идеологиро оид ба тарбияи ватанпарваронаи ҷавонон доир мекунад, китобҳои дарсӣ, мақолаҳо бо мақсади муттаҳид намудани миллати Чин дар асоси идеологияи ягона ва хотираи ягонаи таърихӣ ба табъ мерасонад. Аммо танҳо неруҳои берунаро сабаби «таҳқири миллӣ» донистан, тавре доктрина арз мекунад, чандон дуруст нест.

«Дар мавриди тоҷикон бояд гуфт, онҳо таърихи худро бо забти заминҳои дигарон доғдор накардаанд. Дар хоки худ зиста, онҳо мисли чиниҳо қурбонии сиёсати мустамликавӣ мебошанд, гарчанде нисбати касе дар дил кина надоранд. Онҳо бар зидди Чин ягон амали ситезҷӯёна анҷом надодаанд ва ҳамзамон аз Россия барои ташаккул додани сарҳадҳои ҷорӣ дар Помир миннатдоранд. Даҳ сол пеш тоҷикон ба гузаштҳои маълуми марзӣ ба ҳамсояи худ бо умеди хотима бахшидан ба баҳсҳои ҳудудӣ иқдом намуданд. Мо ба истиқлолият ва тамомияти арзии кишвари худ на кам аз шаҳрвандони ҶМЧ арҷ мегузорем», – иброз дошт Камолуддин Абдуллоев.

Коршинос: «Иддаоҳои «чала-олимон»-и чинӣ беасос ва зиёноваранд»

Ба ақидаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Маҳмадазимов, ҳадди ақал ду омили муҳим вуҷуд дорад, ки аз беасос ва зиёновар будани даъвоҳи ҳудудӣ аз ҷониби олимони бесалоҳияти чинӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Коршинос: «Помир замини тоҷикон буд ва мемонад»
Абдуғанӣ Маҳмадазимов

 «Омили аввал таърихӣ аст. То ба вуҷуд омадани роҳи абрешим (охири асри II то мелод) музофотҳои имрӯзаи Синҷон-Ӯйғур ва Гансу ба Чин дахл надошта, макони сукунати таърихии гузаштагони халқи тоҷик буд: сакоиҳои кӯшонӣ (чинӣ: юэчжи), тахорҳо (ба биёбони Такла-Макан (тоҷикӣ: Тахор-Макон)  ва дертар, пас аз кӯчидан ба самти ғарбтар ба Тахористон ном додаанд), суғдиён, ки аз сабаби норозигӣ аз ислоҳоти мазҳабии шоҳаншоҳи ҳахоманишӣ Куруш (соли 486 то мелод) сӯйи шарқ (то Тибет) тағйири макон карданд. Сакоиҳои кӯшонӣ пасон империяи нахустини кӯчиёнро дар ҳудудҳои Ноҳияи Мухтори Синҷон-Ӯйғур ва Гансуи Чин ва Муғулистони ғарбӣ барпо карданд», – нақл мекунад коршинос.

Тавре А.Маҳмадазимов гуфт, ин далели таърихӣ фарзан метавонад ба ворисони муосири империя (яъне тоҷикон) барои даъвои қонунии соҳибӣ кардан ба ин заминҳо ҳуқуқ диҳад.

«Гунҳои даҳшатбор дар оғоз вассали сакоиҳои кӯшонӣ буданд. Қувват гирифта онҳо хоҷагони собиқи худро ба кӯчидан ба ғарби дур (ҳавзаи дарёи Вахш) ва пурзӯр намудани фишор бар зидди нахустин давлати муттамаркази чиниҳо Хан (асоси худро «хан» номидани чиниҳо аз ҳамин ҷост) маҷбур сохтанд.

Коршинос: «Помир замини тоҷикон буд ва мемонад»
Шоҳигарии Кӯшониён бо қаламравҳои вобаста дар давраи ҳукмронии Канишка солҳои 30-375.

Ба ҳампешагони чинии худ бори дигар мутолиа кардани порае аз 9-ҷилдаи «Қайдҳои таърихӣ»-и падари «таърихи чинӣ» Сим Сян «Қиссаи сюнну»-ро тавсия медиҳам. Маҳз мубориза барои ҳаёт бар муқобили ин душмани пурзӯр бори нахуст дар таърих гузаштагони халқҳои тоҷик ва чинро муттаҳид намуд. Императори хан У-ди намояндаи худро соли 138-и то мелод ба ғарб, барои ёфтани сакоиҳои кӯшонии рафта ва ба ватани таърихӣ (Гансу) баргардондани онҳо мефиристад. Сакоиҳои кӯшонӣ аз бозгашт рӯ гардонданд ва дар ҷойи нав империяи пуриқтидортари Кӯшоншоҳонро бунёд карданд», – нақл мекунад дар идома коршинос.

Бино ба суханони ӯ, пас аз кӯчидани сакоиҳо масъулияти иҷрои нақши муҳим ба дӯши суғдиён гузашт. Онҳо шаҳрҳои сершумори тиҷоратӣ-иқтисодии воҳагиро дар ҳудудҳои Синҷон-Ӯйғури имрӯза сохта, ин минтақаро ба маркази тақсимотии Роҳи бузурги абрешим табдил доданд. Дар илми муосири ҷаҳонӣ далелҳои сершумори таърихӣ дар бораи фаъолияти тиҷоратӣ-иқтисодии суғдиён ва дигар гузаштагони халқи тоҷик дар Гансу, Ноҳияи Мухтори Синҷон-Ӯйғури имрӯза ва дигар музофотҳои Чини ҳамсоя вуҷуд дорад.

«Ин собиқаи азими таърихиро мо қабл аз ҳама барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба бо такя ба шарикии стратегии фарогир истифода мебарем, на барои мақсадҳои дигар», – хотиррасон мекунад Абдуғанӣ Маҳмадазимов.

Омили дуввуми стратегӣ, ба ақидаи сиёсатшинос, он аст, ки сатҳи имрӯзаи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Чин мантиқан бояд ҳар навъ бофтаю сохтакориҳои марбут ба ҳудудҳоро қатъиян пешгирӣ намояд.

«Консепсияи машҳури чинӣ – «Ҳар ҷое аспам пой монд, замини ман аст», ки дар давраи империя ба кор мерафт, дар замони ҳозира нисбати тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ, ки худи ин «аспҳоро» ба гузаштагони мардуми Чин дар ҷангҳои одилонаашон бар зидди истилогарони сершумор дода буданд, ба ҳеҷ ваҷҳ корсоз нест. Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа яке аз аввалинҳо шуда ташаббуси нави раис Си Ҷинпинро «Ташаббуси як камар, як роҳ» дастгирӣ намуданд ва ҳамчун аъзои СҲШ бисёр ибтикорҳои сулҳофаронаи глобалии Пекини расмиро ҷонибдорӣ менамоянд ва, мутаносибан, аз ӯ иқдомҳои дорои чунин табиатро мунтазиранд.

Коршинос: «Помир замини тоҷикон буд ва мемонад»

Барпо кардани «ҷамъияти инсонӣ бо тақдири ягона», ки низ аз ибтикорҳои нави глобалии роҳбарияти Чин аст, бидуни дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳадаф намерасад, зеро дар Осиёи Шарқӣ (Ҷопон, Корея, АСЕАН) Пекин ин гуна симои мусбат надорад», – ақида дорад коршинос.

Ғайр аз ин, ба ақидаи сиёсатшинос, марзбонон ва артиши тоҷик ҳар кори аз дасташон меомадаро барои монеасозӣ дар роҳи бархе гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз Афғонистони бесубот тариқи Тоҷикистон ба Қошғар ва дигар шаҳрҳои Синҷон-Ӯйғур, ки мисли халтаҳои борут мунтазири алангаи гӯгирде аз хориҷ мебошанд, анҷом медиҳанд.

«Аз ин рӯ, ба баъзе ҳамкасбони чинии худ маслиҳат медиҳем, ки бори дигар «Мулоҳизаҳо дар бораи намак ва оҳан»-и Хуан Куанро бихонанд, ки аз зарароварии экспансияҳои ҳудудӣ қисса мекунад. Инчунин, ба таҷрибаи империяи Хан ва Тан таваҷҷуҳ кунанд, ки ихтиёран қисми даромадҳои худро ба кӯчиён мефиристоданд, то ки онҳо ба кишварашон ҳамла наоранд. Ба ибораи дигар, ба ҳар васила ба марзбонони мо дар мустаҳкам намудани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кӯмак расонанд, ки ин ба манфиати ҳам тоҷикону ҳам чиниён мебошад. Агар ин муборизаи муштарак заиф шавад, оқибатҳо ба маротиб мудҳиштар аз «эътирозҳои чатрии донишҷӯён»-и Ҳонконги сарватманд хоҳанд буд. Ба ақидаи мо, дар замони чунин муборизаи муштараки паҳлӯ ба паҳлӯ ба табъ расондани матолиби зиёновар бо иддаоҳои марзиро метавон ҳамчун «зарбае ба тахтапушт» маънидод кард. Помир бошад замини тоҷикон буд ва мемонад»,- хулоса кард сиёсатшинос.

Фаррух Бозоров

Оцените статью

Коршинос: «Помир замини тоҷикон буд ва мемонад» Коршиносони тоҷик ба таърихчиёни чинӣ, ки даъвои Помир мекунанд, посух медиҳанд Расонаҳои Чин боз мавзӯи марзҳоро бардошта, аз ҷумла, ишора ба он мекунанд, ки Чин бояд заминҳои гӯё дар Помир аз даст додаашро пас гирад. Коршиносони тоҷик ин даъвоҳоро беасос ва хилофи манфиатҳои ду кишвар мешуморанд. Беш аз ин, дар заминаи воқеиятҳои таърихӣ тоҷикон метавонистанд […]
5 1 5 11
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.