Бонки аврупоии таҷдид ва рушд тамоюли афзоиши шумораи аҳолиеро дар кишварҳои собиқ лагери сотсиалистӣ қайд намуд, ки ба шакли давлатии моликият бартарӣ медиҳанд. Ҷумҳурии мо дар роҳи хусусигардонии амволи давлатӣ чӣ масофаеро тай кардааст ва ин чӣ андоза хуб ё бад аст?
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 10 ноябри соли ҷорӣ доир ба рафти ислоҳот ва гузариш ба шакли кушодаи иқтисодиёт дар кишварҳои собиқи сотсиалистӣ, ки ба онҳо Тоҷикистон низ чун яке аз 15 ҷумҳурии Шўравии собиқ тааллуқ дорад, гузориш ба табъ расонд. Муаллифони гузориш ба тарафдории моликияти давлатӣ моил шудани аҳолии ин кишварҳоро қайд мекунанд. Барои ин шакли моликият тахминан нисфи пурсидашудагон дар кишварҳои мазкур раъй додаанд.
Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки муассисаҳои давлатӣ дар минтақаҳои амалиёти БАТР то ҳанўз нақши муҳим дошта, беш аз нисфи аҳолиро бо ҷойи кор таъмин менамоянд. «Ба одамон имкони кор дар замони таназзули иқтисод фароҳам оварда ва дар навоҳии камрушдкарда ҷойҳои корӣ ташкил намуда, онҳо метавонанд ба ҳайси як омили суботовари иқтисод хизмат намоянд», – ақида дорад сариқтисодчии БАТР Беата Яворчик.
Аммо, қайд мекунад иқтисодшинос, давлат дар идоракунии корхонаҳои давлатӣ, ки маъмулан аз корхонаҳои хусусӣ аз лиҳози инноватсионӣ ақиб мемонанд, самаранокӣ нишон намедиҳад.
Назаре ба таърих
Имкони хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Тоҷикистон, мисли дигар ҷумҳуриҳои Шўравии собиқ, дар оғози солҳои 90-ум, пас аз пошхўрии сохти коммунистӣ пайдо шуд, ки он аслан зидди моликияти хусусӣ буд. Вале хусусигардонӣ дар Тоҷикистон ба тарзи хеле хос ҷараён мегирифт: замоне ки ҷумҳуриҳои дигар ба созмон додани асосҳои ҳуқуқӣ барои хусусигардонии моликияти давлатӣ шурўъ намуданд, Тоҷикистонро оташи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, ки ҷараёнро ба таъхир меандохт.
Санадҳои нахустини меъёрии ҳуқуқӣ барои гузариш ба модели бозаргонӣ дар ҷумҳурии мо танҳо дар миёнаҳои солҳои 90-ум пайдо шуданд. Дертар президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фармонро дар бораи тезондани раванди хусусигардонӣ имзо кард, ки пайомади шарти асосии Бунёди байналмилалии асъор барои ба кишвар додани қарз буд.
Шаҳрвандони қаторӣ имкони иштирок дар хусусигардониро қариб надоштанд, корхонаҳо бо нархи хеле кам ва бисёр вақт бо нақзи қонунгузорӣ харида мешуданд.
Масалан, рўзномаи «Азия-Плюс» соли 2005, пас аз боздошти қумондони саҳроӣ Ғаффор Мирзоев менавишт, прокуратура исбот намуд, ки тамоми моликияти ў бо қонуншиканиҳои зиёд харидорӣ шудааст. Дар ин қатор иншоотҳо бо нархи аз арзиши воқеӣ ба маротиб паст буданд, таъхир дар пардохт барои иншоотҳои хусусишаванда (беш аз ним сол) ё «то муҳлат», яъне то баргузор шудани музояда, ба расмият даровардани харид мушоҳида мешуд.
Ҳолати имрўза
Дар оғози солҳои 2000-ум, тибқи омори расмӣ, дар дасти моликони хусусӣ тақрибан 70 дарсади корхонаҳо буд. Инҳо аксаран корхонаҳои соҳаи хизматрасонии маишӣ, савдо, саноат ва сохтмон буданд. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ, то лаҳзаи ҷорӣ атрофи 12 ҳазор объекти хурд ва 1,5 ҳазор корхонаи миёна ва калон хусусӣ карда шудаанд.
Зери идораи ҳукумат танҳо субъектҳои монополияи табиии давлатӣ монданд: бахши нерўи барқ, сохтори ҳавопаймоӣ, интиқолот тариқи роҳҳои оҳан, хадамоти хоҷагии обу корезӣ ва монанди инҳо.
Вале қадамҳои аввалин оид ба гузариши корхонаҳои мазкур ба ихтиёри моликони хусусӣ аллакай гузошта шудаанд. Бисёр аз онҳо аз реструктуризатсия гузашта, акнун ҷамъиятҳои саҳҳомии шакли кушода шудаанд, ки ин ба бахши хусусӣ имкон фароҳам меорад, ки соҳиби ҳиссаи онҳо шавад. Масалан, дар натиҷаи реструктуризатсия ҶСШК-ҳои ҷудогона дар заминаи «Тоҷик Эйр», «Телерадиоком», «Тоҷиктрансгаз» пайдо шудаанд, ҷараёни мазкур дар «Барқи тоҷик» низ наздик ба анҷомёбист.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ, феълан дар ҷумҳурӣ 789 корхонаи давлатӣ амал мекунад.
Ҳукумат дар сармояи оинномавии 140 ширкат ҳисса дорад, аз ҷумла дар 136 ҷамъияти саҳҳомӣ ва 4 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд. Дар байни онҳо 47 корхонаи истеҳсолӣ, 19 ширкати сохтмонӣ ҳаст, 74 ҷамъияти дигар ба хизматрасониҳои гуногун машғуланд.
Дар сармояи оинномавии 118 ширкати саҳҳомӣ бастаи саҳмияҳо комилан (100%) ба ҳукумат тааллуқ дорад.
Муассисаҳои бузургтарине, ки саҳмияҳояшон дар моликияти ҳукуматанд, «Барқи точик», «Ширкати алюминийи тоҷик», «Тоҷиктрансгаз», ҶСШК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСШК «Тоҷик Эйр», ҶСШК «Сементи тоҷик» мебошанд. Ҳамчунин ҳукумат бастаи назоратии саҳмияҳои корхонаҳои бузургеро монанди ҶСШК «Роғун» (95%) ва ҶСШК «Тоҷиктелеком» (95%) дар даст дорад.
Корхонаҳои давлатӣ – садди рушди иқтисод?
Реструктуризатсияи минбаъдаи корхонаҳои давлатӣ ва гузариши онҳо ба дасти моликони хусусӣ яке аз шартҳои асосӣ ҳангоми гирифтани қарзу грантҳои ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ боқӣ мемонад.
Мутахассисони ташкилотҳои мазкур дар ҳисоботҳои худ фаъолияти аз нигоҳи даромад зараровари корхонаҳои калони давлатиро қайд менамоянд, ки ин хавфҳои азимро барои иқтисоди ҷумҳурӣ эҷод мекунад.
Иқтисодшиносони Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ба наздикӣ нашркардаи хеш аз ҳукумат дастгирии мунтазами молиявӣ ёфтани корхонаҳои давлатии зиёноварро қайд намуда, ба ҷорӣ намудани қоидаҳои ягона барои ҳамаи субъектҳо даъват мекарданд. Дар муддати солҳои охир чандин бор ниҳоди молиявии номбурда аз қарзҳои калони корхонаҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар навбати аввал, зиёдии қарзҳои корхонаҳои калони давлатӣ аз андоз таъкид мешуд. «Нисфи ҷамъи қарзҳо аз андоз ба корхонаҳои калони давлатӣ тааллуқ дорад»,- гуфта мешавад дар гузориши охирини Бонки ҷаҳонӣ доир ба иқтисоди Тоҷикистон.
Бино ба иттилои Кумитаи андоз, Буҷаи давлатии Тоҷикистон тайи 9 моҳ аз лиҳози маблағҳои андоз дар ҳаҷми 646 млн. сомонӣ камбуд дошт. Қариб ҳамаи қарздорони асосӣ корхонаҳои таҳти идораи ҳукумат мебошанд.
Инчунин мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ аз он нигаронӣ баён менамуданд, ки қисми бештари қарзҳои бонкӣ ба корхонаҳои давлатӣ рабт доранд, дар ҳоле барояшон сиёсати молиявии масъулиятшиносона хос нест.
«Бо вуҷуди вазъи душвори молиявӣ,- қайд мешуд дар гузориш,- ҳукумат мусоидат карданро ба чунин корхонаҳо тариқи ҷалби қарзҳо идома медиҳад».
Бино ба ахбори Агентии омор, ҳаҷми умумии қарзҳои корхонаю ташкилотҳои Тоҷикистон аз рўйи кредитҳо ба оғози нимаи дуюми соли ҷорӣ зиёда аз 53,3 млрд сомониро ташкил медиҳад. Қарзи мазкур асосан аз ҳисоби корхонаҳои давлатӣ ба вуҷуд омадааст. Қарздори калонтарин дар байни онҳо «Барқи тоҷик» бо 29,5 млрд сомонӣ аст (55% аз ҳаҷми умумии қарзҳои корхонаҳо).
Иқтисодшиносони Бонки ҷаҳонӣ дар ин шароит тезондани суръати ислоҳоти корхонаҳои давлатиро зарур медонанд, то ки роҳи бохти маблағҳо баста ва истифодаи ғайрисамараноки захираҳои давлатӣ пешгирӣ шавад.
Намояндагони Барномаи рушди СММ дар гузориши қарибулвуқўи хеш қайд менамуданд, ки мавқеи корхонаҳои хурд ва миёна аз тарафи корхонаҳои калони давлатӣ танг карда мешавад.
Таъкид мешуд, ки тамоюли мазкур роҳи ба бозор баромадани фирмаҳои хурди хусусиро мегирад ва ба эҷодшавии шароити аз нигоҳи рақобат ва дастрасӣ ба захираҳо баробар монеъ мегардад.
Муаллифони таҳқиқот қайд мекунанд, ки ҳукумат тавассути корхонаҳои давлатӣ татбиқи назоратро аз болои бахшҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳим, монанди нерўи барқ ва гармидиҳӣ, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати истихроҷи маъдан, саноати хўрокворӣ, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсияҳо, ҳавопаймоӣ ва ғайра идома медиҳад.
Бизнес кори бизнесменҳост
Иқтисодчии шинохта Илҳом Маҳкамбоев бар он аст, ки ба тиҷорат, соҳибкорӣ бояд соҳибкорон машғул бошанд, вазифаи давлат қоидаҳоро таъин намуда, ба сифати «чароғаки роҳнамо» хизмат кардан аст.
«Агар давлат ба бизнес машғул шавад, ин ба шикасти иқтисод мебарад. Ба сифати мисол метавон «Тоҷик Эйр», «Барқи тоҷик» ва дигар корхонаҳои зери назорати ҳукуматро ёдовар шуд»,- гуфт Маҳмакбоев.
Албатта, таъкид намуд ў, соҳаҳои ҷудогонае ҳастанд, ки дар онҳо ба ҳиссадории муайяни давлат роҳ додан мумкин аст, аммо ин набояд бастаи назоратии саҳмияҳо (зиёда аз 50% – эзоҳи муаллиф) бошад.
Ба ақидаи шореҳи масъалаҳои иқтисодӣ Нур Сафаров, дар шароите, ки имрўз ташаккул ёфтааст, мафҳумҳои «давлатӣ» ё «хусусӣ» сарҳадҳои возеҳ надоранд. «Ҳама кор ба манфиати гурўҳҳои ба давлат наздик иҷро мешавад ва ин мушкилии хеле ҷиддӣ аст»,- гуфт шореҳ.
Ў қайд намуд, ки сармоягузорони хориҷӣ ба иштирок дар хусусигардонии моликияти давлатӣ дар аксари ҳолатҳо ҷалб намешаванд.
Мутахассис бо шарти зикр нашудани номаш қайд намуд, ки корхонаҳои калони давлатӣ, дар навбати аввал корхонаҳои саноатӣ бояд кайҳо реструктуризатсия (тақсим) карда шуда, тадриҷан ба дасти моликони хусусӣ супурда мешуданд. Сабаб, ба ақидаи ў, дар он аст, ки дар ин навъ корхонаҳо бо сохторе, ки доранд, муайян кардан хеле душвор аст, ки талафоти маҳсулот ё маблағҳои молиявӣ дар кадом зина рух медиҳад. «Солҳои охир моликияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ танҳо ба гурўҳи муайян бо нархи паст дода мешавад, ки ин нақзи қонунгузорӣ мебошад. Агар хусусигардонӣ шаффоф ва бо ширкати маблағгузорони хориҷӣ сурат мегирифт, беҳбудиеро чашмдор шудан мумкин мебуд, аммо воқеият дар мо алъон тамоман дигар аст»,- афзуд ў.
Зимнан барои шаҳрвандони одӣ шакли моликияти корхонаҳо чандон муҳим нест. Муҳим он аст, ки онҳо босамар амал кунанд, кормандон музди кори арзанда дошта бошанд, истеъмолгарон маҳсулоту хизматрасониҳои босифат ва буҷа андоз ба даст орад.
Дилшод Шарафов