Камчинии пул дар банкоматҳо: талаботи зиёд ё таъминоти бад?

Охири ҳар моҳ, вақте маоши кормандони давлатӣ ва нафақаи аҳолӣ ба ҳисобашон (кортҳояшон) мегузарад, мушкили дастрасии пули нақд дар банкоматҳои БДА «Амонатбонк» ба миён меояд. Муштариёне, ки барои гирифтани пул назди банкоматҳо меоянд, махсусан аҳолии навоҳӣ, зиёд бо дасти холӣ бармегарданд. Масъулини «Амонатбонк» сабаби инро талаботи бештари аҳолӣ ба пул дар ин давра медонанд. Коршиносон мегўянд, бояд талаботи аҳолӣ дар аввал – замоне ки ҳамаро ба хизматрасонии кортӣ мегузарониданд, ба назар гирифта мешуд. Дар ҳоле, ки баҳсҳо идома меёбанд, наёфтани пул мардумро дар ҳолати ногувор мегузорад.

«Аз хизматрасонӣ ба омӯзгорону донишҷӯён даст кашед…»

Рўзи 3 майи соли равон корбари «Фейсбук» бо номи Мирзоодил Қобилзода ба таваҷҷуҳи кормандони «Амонатбонк» навишт, ки ҳарчанд ба воситаи телефонҳои боварии бонк мардум аз камбуди пул дар банкоматҳо шикоят мекунанд, вале масъулини он чорае намеандешанд. Ў инро ба ду омил рабт дод: яке ноуҳдабароии масъулини бонк, дигаре аслан аз пайи кор набудани онҳо.

«Ин ҳама омӯзгорон, донишҷӯён ва дигар шаҳрвандон магар барои шумо эътиборе надоранд? Чаро бояд бо гуноҳи шумо мо соатҳоро пеши банкомату марказҳои хизматрасонӣ гузаронем ва асабҳои худро хароб гардонем? Он ҳам барои ҳаққи ҳалоли худамон», – шикоят кардааст М. Қобилзода.

Номбурда дар идома талаб намудааст, ки масъулини бонк мушкилро бартараф кунанд ва ё «аз хизматрасонӣ барои омӯзгорону донишҷӯён даст кашанд».

Охири ҳар моҳ ба мисли Мирзоодил Қобилзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо нафар аз камчинии пули нақд дар банкоматҳои кишвар, махсусан «Амонатбонк» шикоят мекунанд. Аз ҷумла, охири моҳи апрел ва авоили моҳи майи соли равон шумораи шикояткунандагон якбора афзуд. Инро масъули «Амонатбонк» ҳам тасдиқ намуд. Яке аз муштариёни бонк гуфт, дар сурати набудани пули нақд маҷбур мешаванд бо истифода аз хадамоти бонкҳои дигар пули худро бигиранд, вале дар ин сурат чанд сомонӣ фоиз гирифта мешавад. Маошу нафақаи сокинон дар Тоҷикистон зиёд нест, вале барои бисёр касон тамоми танзими зиндагияшон аз он вобаста аст.

 “Амонатбонк”- бонки худсар?!

Як корманди давлатӣ, Фаттоҳов Воҳид, ки аз корти “Амонатбонк” истифода менамояд, мегўяд, “Амонатбонк” аз зумраи бонкҳои худсар аст ва то ба ҳол бо муштариёнаш ба таври ношоиста муносибат мекунад.

Ў гуфт, роҳбарияти бонки мазкур аз сабаби он, ки муштариёнаш ҳама корхонаҳои давлатианд ва онҳо хоҳу нохоҳ бояд маблағҳояшонро маҳз дар ҳамин бонк нигоҳ доранд, бо муштариёнашон рафтори носавоб мекунад.

Камчинии пул дар банкоматҳо: талаботи зиёд ё таъминоти бад?

Мавсуф зимин суҳбат бо мо қайд кард, ки илова ба камчинии маблағи нақд дар банкоматҳои ин бонк мушкили дигаре муштариёнро нороҳат кардааст, ки дер гузаштани маблағ ба кортҳо аз бонк аст.

– “Амонатбонк” маблағҳои маоши муштариёнашро дер медиҳад. Ҳатто кор то ҷое мерасад, ки муштариён барои гирифтани маблағҳои худашон то як ҳафта мунтазир мешуданд. Албатта, муштарӣ дер интиқол ёфтани маблағ аз суратҳисоби бонк то корти бонкиро таҳаммул накарда, ба бонк шикоят мекунад. Аммо кормандони бонк қасдан баҳона пеш оварда мегӯянд, ки системаи интиқоли маблағ ё кор намекунад, ё маблағ аз бонки марказӣ то ҳол ба филиал нарасидааст. Дар муддати аз бонк то корти бонкӣ расидани маблағ муддати зиёд гузашта, нақшаҳои муштарӣ хароб мешаванд,- изҳори нигаронӣ намуд В. Фаттоҳов.

Ҳамсуҳбати мо аз мушкили дигари ин бонк ёдовар шуд, ки гирифтани корти бонкӣ аст. Барои ин муштарӣ маҷбур аст як–якуним моҳ мунтазир шавад. Ҳол он ки, ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо, бонкҳои дигар амалиёти додани кортро дар муддати як рӯз ё чанд соат анҷом медиҳанд. Ў ба таври мисол аз “Алифбонк” ном бурд.

Вай гуфт, ки чунин ҳолатҳоро роҳбарияти “Амонатбонк” бояд ҳатман ислоҳ кунад, вагарна эътимоди бе ин ҳам костаи мардум аз бонкҳо боз ҳам костатар мегардад.

Масъули “Амонатбонк”: “Талабот ба пул зиёд аст”

Сухангўи БДА “Амонатбонк” Дилафрўз Раҳматова тасдиқ намуд, ки мушкили камчинии пул сари чанд вақт дар байн ва охири моҳ пайдо мешавад ва сабаби ин зиёд будани талаботи аҳолӣ ба маблағи нақд дар ин давра аст.

Ў гуфт, ки банкоматҳои “Амонатбонк” лимит доранд ва вақте аҳолӣ дар як рўз тамоми маблағи худро мегирад, мушкили камчинии пул пайдо мешавад. Ў сабаби якбора гирифтани маблағи нақд аз сўйи аҳолиро шояд аз нобоварии аҳолӣ ба бонкҳо ва хизматрасониҳои бонкӣ рабт дод.

Корманди бонк ҳаҷми лимити маблағ дар банкоматро нагуфт, танҳо иттилоъ дод, ки барои аз байн бурдани камчинии пул дар банкоматҳо “Амонатбонк” бештар хизматрасониҳои ғайринақдиро тарғиб менамоянд, то аҳолӣ аз он бештар истифода намояд.

Камчинии пул дар банкоматҳо: талаботи зиёд ё таъминоти бад?

Мавсуф мушкили дигари камчинии маблағро дар банкоматҳо таъмини пули нақд аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон маънидод кард.  Ў гуфт, вақте онҳо маблағи нақд дархост мекунанд, Бонки миллӣ ба онҳо аз ҳаҷми хоста камтар пешниҳод менамояд.

Доир ба масъалаи мазкур мо ба шӯъбаи матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намудем, вале онҳо гуфтанд, ки посух ба суолҳо дар ҳоли баррасӣ аст.

Д. Раҳматова дар идома гуфт, ки ҳар саҳар тариқи барнома банкоматҳое, ки дар онҳо маблағ тамом шудааст, санҷида шуда, ба онҳо маблағ гузаронида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 284 банкомати “Амонатбонк” амал мекунад, ки аз он 83 ададаш ба шаҳри Душанбе рост меояд. Барои беҳтар намудани хизматрасониҳои техникӣ 70 адад банкомати замонавӣ фармоиш додаанд, ки онҳо имкони гузаронидани маблағро ба корт доранд ва рўзҳои наздик дар кишвар насб мешаванд.

– Вақте банкоматҳо насб гардиданд, пурра ба талаботи аҳолӣ ҷавобгўй буданд. Ҳоло, ки аҳолӣ ва ҳам маошу нафақа зиёд мешаванд, талабот низ меафзояд. Аз ин рў, мо тасмим гирифтем, ки банкоматҳои иловагӣ насб намоем, то талаботи аҳолӣ қонеъ шавад, – мегўяд Д. Раҳматова.

Намояндаи Бонки миллӣ: “Набудани пулро метавон мушкили техникӣ номид”

Намояндаи шуъбаи матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон дар вокунише роҷеъ ба камчинии пул дар банкоматҳо, ки дар сомонааш нашр шудааст, навиштааст, ки «аввали ҳар моҳ ба кортҳои сокинон маош, нафақа ва дигар намуди пардохтҳои иҷтимоӣ гузаронида мешавад, онҳо назди банкоматҳо мераванд ва маблағи худро мегиранд. Аз ин сабаб дар оғози моҳ назди банкоматҳо навбат пайдо мешаваду маблағи баъзе аз банкоматҳо ба охир мерасад, аммо кормандони ташкилотҳои қарзӣ баробари хабардор шудан банкоматро бо пули нақд таъмин менамоянд”.

Ҳамчунин, ин ниҳод дар идома дар мавриди пур кардани маблағи банкоматҳо посух додааст, ки «бо тамом шудани маблағ дар банкомат барои пур кардани он бо пули нақд вақт зарур мешавад ва дар ин миён фосила ба вуҷуд меояд, инчунин барои дархости маблағи пули нақд низ расмиёти зарурӣ лозим аст, ки аз ҷониби бонки хизматрасон бояд сари вақт анҷом дода шавад”.

– Ҳамин тавр, сабаби асосии пайдоиши навбат ҳам якбора назди банкоматҳо барои гирифтани пули нақд ҳозир шудани сокинон мебошад, аммо ин ҳам барои як муддати кӯтоҳ аст ва онро метавон мушкили техникӣ номид, – гуфтааст намояндаи Бонки миллӣ.

Рӯзҳои камчинии маблағро медонанд, вале ҳал карданро-не…

Ҳанўз чанд сол пеш “бо тақозои замон” ҳамаи кормандони давлатӣ ва нафақахўронро барои гирифтани корт маҷбур карданд ва ваъда ҳам дода буданд, ки ин кори онҳоро осон мекунад. Вале тавре мебинем, вазъ тағйир наёфтааст. Пештар, махсусан нафақахӯрон, дар пушти дари марказҳои хизматрасонии ин бонк навбат меистоданд. Ҳоло ҳар моҳ, вақте пул ба ҳисоби корт мегузарад, онҳо маҷбуранд, мисли кормандони соҳаи буҷавӣ барои гирфтани пул ба суроғи банкоматҳо бираванд ва на ҳамеша банкомати пулдор ва дуруст пайдо мекунанд.

Тавре аз шарҳи намояндаи «Амонатбонк» ва Бонки миллии Тоҷикистон маълум шуд, муштариҳо якбора тамоми пули кортҳояшонро мегиранд, аз ин рӯ, маблағи банкоматҳо зуд тамом мешавад. Аммо масъулинро зарур аст, ки замони ба амал омадани ин гуна ҳолатҳоро аз қабл донанд ва барои пешгирӣ аз онҳо чора андешанд. Дуруст аст, ки одамон ҳамаи пули нафақа ва маоши худро ба якборагӣ мегиранд. Маҷбуранд, ки шитобанд, зеро чанд рўзу ҳатто ҳафта бепул монда, аз мағозаву ҳамсояву хешу табор қарз мегиранд ва бесаброна гузаштани маошро мунтазир мешаванд. Аҷаб ҳам нест, махсусан пас аз болоравии охири нархҳо – маоши миёна то охири моҳ намерасад. Ба ин тариқ, пешгўӣ кардани рўзҳои навбатии буҳронӣ душвор нест. Чаро чорае набинем?

 Тақаллуб аз сўйи кормандони «Амонатбонк»

БДА “Амонатбонк” бузургтарин ва ягона бонки давлатии Тоҷикистон аст, ки дар саросари кишвар намояндагӣ дошта, масъули пардохти нафақаи бознишастагон ва дигар кӯмакҳои иҷтимоии давлатӣ аст.

Дар гузашта “Амонатбонк”-ро барои роҳ додан ба тақаллуб танқид кардаанд. Моҳи феврали соли 2021 масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфтанд, дар пайи санҷиш ё аудит дар “Амонатбонк” беш аз 41 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Санҷиш фаъолияти ин бонк дар солҳои 2018-2019 ва нимсолаи аввали соли 2020 -ро дар бар гирифтааст.

Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, рӯзи 4-уми феврали соли равон гуфта буд, ки ин маблағ аз суратҳисоби муштариён бе иҷозати онҳо гирифта шудааст ва аксари ин маблағҳо ба филиали рақами панҷи “Амонатбонк”, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рост меояд.

Мазхаб Ҷумъа

Оцените статью

Камчинии пул дар банкоматҳо: талаботи зиёд ё таъминоти бад? Охири ҳар моҳ, вақте маоши кормандони давлатӣ ва нафақаи аҳолӣ ба ҳисобашон (кортҳояшон) мегузарад, мушкили дастрасии пули нақд дар банкоматҳои БДА «Амонатбонк» ба миён меояд. Муштариёне, ки барои гирифтани пул назди банкоматҳо меоянд, махсусан аҳолии навоҳӣ, зиёд бо дасти холӣ бармегарданд. Масъулини «Амонатбонк» сабаби инро талаботи бештари аҳолӣ ба пул дар ин давра медонанд. Коршиносон […]
3.75 1 5 4
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.