КӢ ВА КАЙ ҲАМЛА КАРД?

Тайи чанд рўзи охир дар маҳалли амалиёти ҷангӣ бо намояндагони аҳолӣ, низомиён, шоҳидони воқеаҳо аз тарафи Тоҷикистон суҳбат дошта, мустақилона хронологияи рўйдодҳоро тартиб додем, ки метавонад ба бисёр масъалаҳо равшанӣ андозад. Он, ки вазъ дар хатти марзи Тоҷикистону Қирѓизистон аз 14 то 16 сентябр чӣ гуна тағйир меёфт, бори дигар исбот мекунад, ки яке аз тарафҳо нақшаи пешакӣ ва муфассал таҳиякарда дошт. Тафсилоти бештар – дар матлаби шореҳи сиёсии Nuqta.tj Неъматулло Мирсаидов.

Ҳама чиз гувоҳи он мебошад, ки тарафи мазкур Қирғизистон аст, ки чанд соли охир ба ҷанг омодагӣ медид. Ҳам изҳороти ситезҷӯёнаи роҳбари “соягӣ”-и кишвар, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳам азми президент Садир Жапаров оид ба ҳалли масъалаи сарҳад, “агар бо роҳи сулҳомез нашавад, бо роҳи ҳарбӣ”, доир ба муҷаҳҳазгардонии Неруҳои Мусаллаҳи кишвар бо навъҳои муосири аслиҳа, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳамлакунанда ва бунёди истеҳкомҳо дар сарҳад шаҳодат аз инанд. Тамаркузи нерӯҳои иловагии низомӣ ва техникаи ҷангӣ дар хатти сарҳад то ҳодисаҳои 14-16 сентябр, парвозҳои озмоишии бесарнишинҳои зарбазани «Байрақтар» дар назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, мулоқотҳои Ташиев бо низомиён далели раднопазири он мебошанд. ки аскарони қирғиз ба ҳуҷум тайёрй медиданд. Шояд бе иштироки разведкаҳои хориҷӣ ҳам набуд, ки метавонистанд оғози амалиётро ба замони баргузории нишасти сарони СҲШ дар Самарқанд мувофиқ кунанд.

Низое, ки марзбонони қирғиз дар мавзеи Кехи ҷамоати Ворух барангехтанд ва ду марзбони тоҷик дар оқибати он талаф ёфтанд, эҳтимолан, ҳадаф дошт, ки  вокуниши ҷониби Тоҷикистонро ба миён орад – ин барои оғози амалиёти ҷангӣ зарур буд. Онро, ки Қирғизистон воқеан ба ҳамла пешакӣ омодагӣ медид, эвакуатсияи пешакии беш аз 86 ҳазор нафар низ тасдиқ мекунад. Инак, хронологияи ҳодисаҳоро, ки мо тартиб додем, манзуратон мегардонем.

ТАРТИБИ РЎЙДОДҲО ДАР МАРЗ

14 сентябр, 07. 15. Марзбонони қирғиз дар мавзеи Кехи ҷамоати Ворух ба дидбонгоҳи марзии Тоҷикистон аз пулемёту миномёт ва  силоҳҳои дигар тирандозӣ карданд. Ду марзбони тоҷик кушта шуданд. Ҳамзамон дар як қатор қитъаҳои марз интиқоли нерӯҳои иловагӣ ва техникаи вазнин ба қайд гирифта шудааст.

Худи ҳамин рўз пас аз мувофиқа кардани қатъи оташ нуқтаҳои аҳолинишини Сари Бозор ва Лангари ҷамоати Чоркӯҳи Исфара мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷа дари Лангар симчўб чаппа ва хатти баландшиддати интиқоли барқ канда шуд, ки ин барои ҳаёти шаҳрвандон хатар эҷод кард. Пораҳои  тири миномёт дар ҳудуди мактаби таҳсилоти ҳамагонии №47 пареш шуданд, ки онҷо ин вақт дарс мерафт. Якчанд гулўла ба хонаи шаҳрвандон афтид. 11 нафар дар оқибат захм бардошт, 2 нафар – захми вазнин. Ҳамчунин аз тиккаҳои гулўлае, ки дар наздикии бинои хоҷагии истеҳсолии кооперативии маҳаллӣ афтид, ду автомашинаи сабукрави тамѓаи “Жигули” осеб дид.

КӢ ВА КАЙ ҲАМЛА КАРД?
Акс аз Неъматулло Мирсаидов

15 сентябр ҷонибҳо доир ба қатъи оташ ба созиш расиданд.

16 сентябр соати 04.50 ҳамзамон маҳалҳои аҳолинишини Сомониён, Қуммазор, Хоҷаи Аъло, Сурх, Кулканди ноҳияи Исфара, Хистеварз ва Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо истифода аз техникаи ҳарбӣ мавриди тирборон қарор гирифтанд. Мавзеи Чорқишлоқи ноҳияи Исфараро аз БМП ва БТР-ҳо тирборон карданд.

Тахминан дар соати 07.30 бадеҳаи Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамла рух дод. Дар ин самт низомиёни қирғиз аз 20 адад мошинҳои зиреҳпӯш, ки қаблан дар ин ҷо ҷамъ оварда шуда буданд, истифода карданд. Дар шаҳраки Боғистони Исфара бо оташи мошинҳои зиреҳпӯшу танкҳо 8 манзил нобуд карда шуд. Хонаҳои сокинони деҳаи Сомониёнро 10 мошини зиреҳпӯши БРДМ оташборон карданд.

Акс аз Неъматулло Мирсаидов

Тақрибан дар ҳамин вақт  дар ҷамоати Хистеварз тирҳои миномёт ду зан – Файзиниссо Раҳимова ва Савринисо Ҳоҷибоева нобуд сохтанд. Панҷ нафар аз аъзои оилаҳои онҳо аз пораҳои гулўлаҳо захм бардоштанд.

Нисфирӯзӣ низомиёни нерӯҳои вижаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба деҳаҳои Боғдорӣ ва Чилгазии ноҳияи Исфара ворид шуда, ба ғорат кардани амволи шаҳрвандони Тоҷикистон машғул шуданд ва сипас 16 хонаро оташ заданд. Зани солхӯрда Мунаввара Маҳмудова дар хонааш кушта шуд.

Аз худуди иншооти ирригатсионии «Головное» деҳаи Хоҷаи Аъло тирборон карда шуд. Зарбаҳо мақсаднок ба иншоотҳои зерсохтори шаҳрвандӣ равона мешуданд.

КӢ ВА КАЙ ҲАМЛА КАРД?
Акс аз Шаҳноз Комилзода

Хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ​​дар шаҳраки Шӯроб, трансформатор дар ҷамоати Чоркӯҳ, пул дар деҳаи Чорқишлоқ ва иншоотҳои зерсохторӣ дар деҳаҳои Боғдорӣ ва Чилгазӣ осеб диданд.

Дар маҳаллаи Қуруқи ҷамоати Чоркӯҳ 6 узви як хонавода, аз ҷумла як писарбачаи 5-сола, духтарчаи 6-сола ва як зане, ки дар моҳи ҳаштуми ҳомилагӣ қарор дошт, аз оташи силоҳи низомиёни қирғиз ҷон бохтанд.

Наздиктар ба нимаи дуюми рӯз созиш оид ба оташбаси пурра дар тамоми самтҳо ба даст омад. Протоколи №41 ба имзо расид, ки зери он сарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар – Саймуъмин Раҳимов ва Қамчибек Ташиев, ки раисии Комиссияи байниҳукуматии барои аломатгузории марзро ба уҳда доранд, даст монданд. Тибқи протокол, аз соати 16:00 ҷонибҳо уҳдадор шуданд, ки оташбасро сар то сари хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон комилан риоя намоянд.

Соати 17.30-18.30 чархболҳои низомӣ ва ҳавопаймои бесарнишини Неруҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон бо поймол кардани протоколи имзошуда ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва масҷиди ҷомеи ҷамоати Овчӣ Қалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамла карданд. Дар ҷараёни ҳамла дар мактаб 6 нафар, 12 нафари дигар дар масҷид кушта шуданд. Зарба ба масҷид наздик ба вақти намози шом сурат гирифт. Зиёда аз 20 кас захм бардошт.

Соати 19.40 мактаби миёнаи  №25-и ҷамоати Чоркӯҳ тирборон карда шуд. Ба мактаби миёнаи  №64-и ҳамин ҷамоат низ зарба зада шуд. Тақрибан дар ҳамин вақт дар деҳаи Чорқишлоқ як мошини ёрии таъҷилӣ, ки захмиёнро берун меовард, аз тири мошини зиреҳпӯш оташ гирифт.

Субҳи рӯзи 17 сентябр дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Чоркӯҳ як қитъаи шоҳроҳи Исфара-Ворух мавриди гулӯлаборон аз миномётҳо қарор дода шуд. Тахминан соати 11:30 дидбонгоҳи сарҳадии “Душанбе” дар шаҳраки Сомониён мавриди тирборони шадид қарор гирифт.

Соати 11.50 шаҳраки Тоҷварони ноҳияи Ляхш бо истифода аз силоҳи” Град” тирборон карда шуд. Се хона тахриб шуд. Мактаби миёна низ мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа се хонанда захмӣ шуданд.

Манбаъҳо аз ниҳодҳои қудратӣ аз теъдоди қурбониёни низомӣ хабар намедиҳанд. Бо вуҷуди ин, метавон муътақид буд, ки онҳо ҳастанд. Аммо бо боварии том низ метавон гуфт, ки аз ҷониби Тоҷикистон бештари кушташудагон шаҳрвандони осоиштаанд, зеро низомиёни қирғиз аксаран ба шаҳрвандони одӣ ҳамла карда, дар бисёр самтҳо аз бархӯрди мустақим бо низомиёни тоҷик худдорӣ кардаанд.

Ҷанги серӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон пайомади афзоиши ташаннуҷ дар натиҷаи ҳал нашудани баҳси марзӣ миёни ду кишвар аст, ки дар мавриди бисёре аз минтақаҳои баҳсбарангез ба тавофуқ расида наметавонанд. Қирғизистон ягона ҳуҷҷатҳои қонуниро оид ба тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, ки дар давраи аз соли 1924 то соли 1927 мақомоти олии ду ҷумҳурӣ ба тасвиб расондаанд, эътироф кардан намехоҳад.

Дар ҳоли ҳозир, бино ба маълумоти ҳукумати Тоҷикистон, 211 ҳазор гектар замини Тоҷикистон дар истифодаи Қирғизистон қарор дорад. Инҳо 84 ҳазор гектар замини ноҳияи Қистақӯз (ҳоло Бобоҷон Ғафуров), 66 ҳазор гектар дар қаламрави Мастҷоҳи Кӯҳӣ, 61 ҳазор гектар замин дар доманаи қаторкӯҳҳои Туркистон байни ноҳияҳои Бодканд ва Исфара мебошанд. Сарфи назар аз омода будани ҷониби Тоҷикистон ба баррасии ин масъала дар асоси санадҳои ҳуқуқии мавҷуда ва созиши ду тарафи, ки қаблан ҳосил шудааст, ҷониби Қирғизистон бо ҳар роҳ раванди музокиротро кашол медиҳад. Ҳукумати Қирғизистон ба ҷойи ҳарчи зудтар анҷом додани муқарраркунӣ ва аломатгузории марзҳо, ки ин решаҳои низою ихтилофро бартараф мекард, шумораи нирӯҳои худро дар сарҳад зиёд мекунад, техникаи зиёди ҳарбиро ба наздикии хатти марз мекашад, зерсохтори низомии худро вусъат медиҳад ва ба таври мақсаднок ба ҷанг бо Тоҷикистон тайёрӣ мебинад. Идома додани сиёсати ҷангҷӯёна, иғвосозиҳо дар сарҳад метавонад ба задухӯрди калони ҳарбии байни ду давлат барад, ки ногузир боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва зарари ҷиддии иқтисодӣ барои ҳар ду мамлакат мегардад.

Барои сохтани коллаж аз аксҳои Н.Мирсаидов ва Ш. Комилзода истифода шудааст.

Оцените статью

КӢ ВА КАЙ ҲАМЛА КАРД? Тайи чанд рўзи охир дар маҳалли амалиёти ҷангӣ бо намояндагони аҳолӣ, низомиён, шоҳидони воқеаҳо аз тарафи Тоҷикистон суҳбат дошта, мустақилона хронологияи рўйдодҳоро тартиб додем, ки метавонад ба бисёр масъалаҳо равшанӣ андозад. Он, ки вазъ дар хатти марзи Тоҷикистону Қирѓизистон аз 14 то 16 сентябр чӣ гуна тағйир меёфт, бори дигар исбот мекунад, ки яке аз […]
5 1 5 1
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.