Кӯшиши №4

Чӣ бояд кард, то Кодекси андозро боз ба зудӣ иваз кардан лозим нашавад?

Тӯли солҳои истиқлоли Тоҷикистон се Кодекси андоз қабул шудааст. Аммо ягон кодекс ба ҳадафҳои гузошташуда ноил нагашт: вазъ беҳтар нашуд, барои соҳибкории озод шароити созгор фароҳам овардан муяссар нагардид. Сарбории андоз, ришвахорӣ ва санҷишу тафтишҳои беохир ҳамасола даҳҳо соҳибкорро маҷбур месозанд, ки корхонаҳояшонро банданд ва ё онҳоро ба кишварҳои ҳамсоя, ба он ҷое, ки сарбории андоз камтар асту ба соҳибкорон озодии бештар дода мешавад – интиқол диҳанд.

Дар натиҷа заруррате ба амал омад, ки Кодекси нав таҳия гардад. Чӣ бояд кард, ки КА дар таҳрири нав ҳамаи камбудиҳои нашрҳои пешинаро бартараф сохта, дар ниҳоят, ба ҳадафҳои гузошташуда ноил шавад?

Назаре ба таърихи қабули Кодексҳои андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баъди ба даст овардани истиқлолият то соли 1998 Тоҷикистон Кодекси андози худро надошт. Дар кишвар асосан дар асоси қонунҳо ва қарорҳои алоҳида ҷамъоварии андозҳо сурат мегирифт. Бо ба имзо расидани шартномаи сулҳи соли 1997 ва фароҳам омадани шароити мусоид зарурати таҳия ва қабули нахустин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Ин буд, ки нахустин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 1998, таҳти рақами 664 қабул шуд ва аз якуми январи соли 1999 мавриди истифода қарор гирифта, 6 сол фаъолият кард.

Кодекси дуюм аз 3 ноябри соли 2004 аз тарафи Маҷлиси намояндагон тасдиқ ва аз 1 январи соли 2005 ба фаъолият шурӯъ кард. Вале гузашти вақт нишон дод, ки бе додани сабукиҳо ба соҳибкорон пешбурди соҳибкорӣ сол ба сол душвор мешавад. Бо дастури президенти кишвар соли 2012, яъне баъд аз ҳашт сол, мутахассисон ба омода намудани Кодекси нави андоз шурӯъ карданд.

5 сентябри соли 2012 сесияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он дар баробари вакилон роҳбарони ҳамаи вазоратҳо ва муассисаҳои бахши иқтисодии ҳукумат маҳз барои баррасии лоиҳаи Кодекси андози нав ҷамъ омаданд.

    Вазири молияи вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддинов С.М. лоиҳаи нави Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуда, иброз дошт, ки барои омода намудани лоиҳаи Кодекси нав ба таҷрибаи Гурҷистон такя карда шуд ва андешаҳои коршиносони МВФ, Бонки рушди Осиёӣ, Бонки ҷаҳонӣ ба инобат гирифта шуданд. «Дар рафти таҳияи лоиҳа се принсипи асосӣ, ки Президенти кишвар дар назди комиссия гузошта буд – адолат, самаранокӣ ва дастрасӣ ба ҳисоб гирифта шуд».

      Кодекси нав 229 модда, яъне 42 модда камтар аз кодекси қаблӣ дошт ва шумораи андозҳоро аз 21 ба 10 расонд, ки чунин мебошанд:

андоз аз даромад,

андоз аз фоида,

андоз аз арзиши иловашуда,

аксизҳо,

андози иҷтимоӣ,

андоз аз сарватҳои табиӣ,

андоз аз корбарони роҳҳои автомобилгард,

андоз аз фурӯши алюминийи ибтидоӣ,

андозҳои маҳаллӣ, бо шумули андоз аз воситаҳои нақлиёт ва амволи ғайриманқул.

Андоз аз даромад барои сокинон дар Тоҷикистон 13%-ро бо иловаи 1% андози иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Андоз аз арзиши иловашуда 18%-ро ташкил дод.

Кодекси наву мушкилоти кўҳна

Кодекси андоз дар таҳрири нав 17 сентябри соли 2012 имзо шуд ва аз якуми январи соли 2013 мавриди истифода қарор гирифт.

Пеш аз қабули он мутахассисон қайд менамуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон Кодекси нави андозро ба он хотир таҳия кард, то иқтисодаш ба по хезад, соҳибкорон ба ҷойи ришва додану пинҳон кардани даромад ба буҷаи давлат молиёт супоранд, сармоягузорон ташвиқ шаванду корхона созанд ва ҷойҳои кории нав офаранд, ришвахорӣ камтар ва вазъи буҷаи давлатӣ беҳтар шавад. Вале баръакс шуд.

Кӯшиши №4
Константин Бондаренко

Аз ҷумла марҳум Константин Бондаренко, ки роҳбари ТҶ “Маркази бозори озоди Тоҷикистон” буд, оид ба лоиҳаи Кодекси нав ибрози назар карда гуфта буд, ки муаллифони кодекс молиёти кўҳнаро зери ниқобҳои дигар нигаҳ доштанд ва амалан танҳо андоз аз савдои чаканаро аз байн бурданд: “Дигар ин ки меъёри андозҳоро кам накарданд, баръакс, он зиёд шуд. Дардноктарин молиёт барои соҳибкорони хурду миёна, молиёти содашуда буд, ки қаблан 4 дарсадро ташкил медод, ба 5 – 6 дарсад расонида шуд: 5 дарсад барои ширкатҳои истеҳсолӣ ва 6 дарсад барои бақияи ширкатҳо.”

Мутобиқи тағйири нави Кодекси андози Тоҷикистон, мактабҳои хусусие, ки аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд даромади солона доштанд, водор шуданд, ки ба давлат 18 дарсад андоз аз арзиши изофа пардохт кунанд. Мисли корхонаҳо. Ин боис шуд, ки нархи таҳсил дар ҳама макотиби оливу миёнаҳои махсус боло рафт.

Кодекси мазкур бояд андоз барои истифодабарандагони роҳҳои автомобилиро барҳам медод, вале то ба охир ин банди қонун иҷро нашуд.

Пешгӯиҳои марҳум Константин Бондаренко ва даҳҳо иқтисодчиёни мустақили дигар рост баромад. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали қабули Кодекси сеюми андоз норозигӣ дар атрофи он оғоз ёфт ва танҳо дар соли аввал даҳҳо ҳазор нафар соҳибкорон тарки соҳибкорӣ намуда, тиҷорати худро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистон кӯчониданд. Яъне вазниниҳои мазкур имкон надод, ки Кодекси сеюм, ки аз якуми январи соли 2013 ба фаъолият шурӯъ кард, муваффақ шавад. Ҳукумат маҷбур гашт, ки дар тӯли 7 сол барои нисбатан сабук кардани он 13 маротиба ба он тағйиру иловаҳо ворид кунад, вале ба назар чунин мерасад, ки ин тадбирҳо корсоз нашуданд ва кодекс ҳамон тавр душворфаҳму ислоҳшаванда боқӣ монд. Ин аст, ки зарурияти комилан нав кардани он ба миён омад. Инак, зиёда аз як сол аст, ки Кодекси чорум дар таҳрири нав омода шуда истодааст.

Кӯшиши №4

Президенти кишвар дар паёми набатии худ ба Вазорати молия супориш доданд, ки “якҷоя бо дигар вазорату идораҳо таҳияи лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав бо дарназардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ба анҷом расонида, то моҳи март ба Ҳукумат пешниҳод намояд”. Инак, лоиҳаи он барои шиносоӣ ба воситаи ВАО манзури соҳибкорону коршиносон гардонида шуд. Эҳтимол меравад, ки агар варианти ниҳоии Кондекси андоз дар таҳрири нав то моҳи март пешниҳод шавад, имкони то тирамоҳ қабул шудани он ва на дертар аз оғози соли 2022 мавриди истифода қарор гирифтанаш вуҷуд дорад. Албатта, ин иқдоми хуб аст. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё дар Кодекси андоз дар таҳрири нав воқеан сабукиҳое пешкаш мешаванд, ки вазъи соҳибкориро беҳтар намуда, вазъи иқтисодии Точикистонро боло баранд? Ё боз ҳам вазниниҳо нигоҳ дошта шуда, баъд аз 4-5 соли дигар зарурати иваз кардани он аз нав ба миён меояд? Чӣ бояд кард то кӯшиши чорум муваффақ шавад?

Коҳиш додани сарборӣ ва содагардонӣ

Ба назари узви Академияи байналмилалии нақлиёти Федератсияи Россия, доктори илмхои иктисод, профессор, мудири кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ, «Дар кодекси нав бояд пеш аз ҳама гаронии андозҳо паст карда шавад. Маҳз ҳамин боиси рушди соҳибкорӣ мегардад. Барои паст кардани гаронии андозҳо сарчашмаҳои ғанӣ гардонидани буҷет зарур аст. Албатта, чунин имкониятҳо мавҷуданд ва аз онҳо истифода кардан лозим аст. Инчунин Кодекси нав бояд ба шароити иқтисоди миллӣ мутобиқ бошад».

Кӯшиши №4

Устоди Донишкадаи соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент  Хуршед Алишоев бар он андеша аст, ки КА ҶТ дар таҳрири нав бояд якчанд имтиёзро ба монанди мораторий ба тафтиши ҳама соҳибкорон ба муддати 3 сол, аз санҷишҳои андоз пурра озод намудан дар давоми то 5 солро пешбинӣ кунад. Алишоев ба саволи мо “Чӣ иқдоме метавонад пешбурди соҳибкориро сабуктар гардонад?” посух дод, ки ”Иқдоми асосӣ барои пешбурди соҳибкорӣ содагардонии бақайдгирӣ ва аз андоз озод кардани ҳар як соҳибкори нав фаъолияткунанда ба муддати аз 1 то 3 сол вобаста ба намуди фаъолият мебошад”. Мавсуф инчунин бар он андеша аст, ки дар Кодекси нави андоз сатҳи андозбандӣ камтар карда шуда, ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон баробар карда шавад. Яъне фазои соҳибкориеро, ки дар давлатҳои ИДМ соҳибкорони тоҷик доранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фароҳам овардан мебояд. Маҳз ҳамин иқдом метавонад соҳибкорони моро ба ватан баргардонад ва ё онҳоро ба сармоягузории иқтисоди ватанӣ шавқманд кунад. Кодекси нави андоз пеш аз ҳама бояд содда ва осонфаҳм бошад.

Аксари коршиносон яке аз сабабҳои асосии номуваффақ будани Кодекси амалкунандаро дар он медонанд, ки он басо душворфаҳм буд ва дар муҳлати 7 соли фаъолият ҳатто тафсири он таҳия ва чоп нашуд.

Барои ҷалби сармояи мустақим ба кишвар, ба андешаи мо, пеш аз ҳама: 1) амнияти иқтисодӣ. 2) таъмини амнияти сармоягузорӣ. 3) беҳттар кардани инфрасохтори кишвар 4) сабукии андоз ҳатмист ва барои аз байн бурдани санҷишҳои фаъолияти вазоратҳо ва ташкилотҳо ба иқтисоди ракамӣ гузаронидани онҳо зарур аст. Агар шарти чорум, яъне сабукии андоз ва аз байн бурдани санҷишҳои барзиёдро кодекси навбатӣ амалӣ накунад, муваффақ шудани он ба гумон аст. Ба назари мо инчунин дар мавриди додани имтиёзҳо низ бояд бознигарӣ сурат гирад. Имтиёзҳо бештар ба ширкатхои истеҳсолӣ дода шаванд, то он ки онҳо ҳавасманд гарданд.

Таҷрибаи Ўзбекистон

Дар баробари кам кардани сатҳи андозбандӣ сабук гардонидани ҳуҷҷатгузории электронӣ, муайян кардани афзалиятҳо ва имтиёзҳо ба сармоягузории мустақим низ дар кодекси навбатӣ пешбинӣ шавад.

Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав на аз таҷрибаи Гурҷистон, балки ба назари мо бояд аз таҷрибаи Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки ҳамсояҳои наздики моянд ва соҳибкорони мо маҳз ба ин ду кишвар рӯй оварда истодаанд, истифода бурда шавад. Зеро Консепсияи ислоҳоти андоз, ки дар Ўзбекистон соли 2018 қабул ва ба поин бурдани сатҳи сарбории андоз ба иқтисод ва кам кардани миқдори андозҳо, ҳамчунин таъмини шароити мувофиқ барои сармоягузории хориҷӣ нигаронида шуда буд, тибқи маълумоти дафтари матуботи Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон самараи хуб дод. Ислоҳот дар бахши андоз дар Ӯзбекистон шумораи андозсупорандаҳоро дар се моҳи аввали соли 2019 аз ҳисоби шахсони воқеӣ то 450 ҳазор бештар, даромад ба буҷаро тақрибан ду баробар зиёд кардааст. Ба ҷуз аз ворид кардани ҳаҷми ягонаи андоз аз даромад, ислоҳот ҳамчунин кам кардани ҳаҷми андоз аз фоидаи соҳибкорон ва кам кардани ҳаҷми андоз аз амволи шахсони ҳуқуқиро аз 5 то ба 2% пешбинӣ намуда буд.

Монополияҳо ва рақобат

Баъзе коршиносон бар он андешаанд, ки агар даҳҳо Кодекси андоз қабул карда шаваду монополияи ширкатҳои алоҳида аз байн бурда нашавад, беҳбудиеро барои соҳибкорон пешбинӣ кардан душвор мегардад. Профессори ДМТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров иброз медоранд, ки “Бахши асосии иқтисоди миллӣ монополия карда шудааст. Маҳз монополия гунаҳкор аст, ки дар Тоҷикистон фазои рақобат вуҷуд надорад”.  

Кӯшиши №4
Ҳоҷимуҳаммад Умаров. Акс аз Азия-Плюс

Аксари соҳибкорон низ ин фикрро тасдиқ карда иброз медоранд, ки муҳити солими тиҷорат дар кишвар вуҷуд надорад. Тамоми бахшҳои даромадҳо дар инҳисори як гурӯҳи  алоҳида қарор дорад. Фароҳам овардани имтиёзҳои пай дар пай барои онҳо фазои рақобатпазириро куллан аз байн бурдааст. Оё бе барҳам додани монополиякунии соҳаҳо Кодекси андози навбатӣ муваффақ шуда метавонад ё не, суолест, ки кушода боқӣ мемонад.

Ба ҷои охирсухан

Соли гузашта дар расонаҳо маълумоте пайдо шуд, намояндагони бахши хусусӣ зиёда аз 200 пешниҳодро барои беҳсозии қонунгузории андози ҷумҳурӣ манзур кардаанд. Оё он пешниҳодот ба КА нав ворид карда мешаванд ё не, мо намедонем. Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав инчунин бояд меъёрҳое ворид карда шаванд, ки низоми мудирияти андозситониро сода ва сарбории андозро барои соҳибкорон кам намояд; ба тавсеаи фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои хурду бузург ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар кишвар ба андозаи кофӣ мусоидат кунад.

Кӯшиши №4
Аз нозироти андоз мо ба таври осон мегурехтем: бо полезҳо ба иқтисоди соявӣ

КА ҶТ дар таҳрири нав бояд тазодҳоеро, ки дар Кодекси андози амалкунанда мавҷуданд, аз байн барад. Сода гардонидани мудирияти андозситонӣ, коҳиши сарбории андози соҳибкорон, афзоиши андоз аз ҳисоби беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ ва тадриҷан баровардани  тиҷорат аз иқтисоди соягӣ ба қонунӣ бояд ҳангоми қабули КАҶТ дар таҳрири нав шиори асосӣ бошад.
Вагарна, кӯшиши чаҳорум ҳам мумкин аст номуваффақ анҷом ёбад.

Холиқи Муҳаммадназар

Оцените статью

Кӯшиши №4 Чӣ бояд кард, то Кодекси андозро боз ба зудӣ иваз кардан лозим нашавад? Тӯли солҳои истиқлоли Тоҷикистон се Кодекси андоз қабул шудааст. Аммо ягон кодекс ба ҳадафҳои гузошташуда ноил нагашт: вазъ беҳтар нашуд, барои соҳибкории озод шароити созгор фароҳам овардан муяссар нагардид. Сарбории андоз, ришвахорӣ ва санҷишу тафтишҳои беохир ҳамасола даҳҳо соҳибкорро маҷбур месозанд, ки […]
2.5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.