Дар ҷумҳурӣ вақтҳои наздик бунёд кардани IT Park-ро бо истифода аз таҷрибаи баъзе кишварҳои Авруосиё дар нақша доранд. IT Park чист ва мо то куҷо ба ин омодаем?
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳафтаи гузашта таъсиси Шўрои назоратӣ оид ба рақамикунониро эълом дошт, ки вазифаи асосии он бунёди «боғи технологияҳои нав» хоҳад буд.
«Дар оянда Тоҷикистон азм дорад бо истифода аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ дар кишварIT Park (ай-ти парк) – парки технологияҳои иттилоотиро таъсис диҳад»,- гуфта мешавад зимни хабари Вазорати саноат.
Истифода аз таҷрибаи Ўзбекистон, Гурҷистон, Молдова, Украина ва Белорус дар нақша аст. Дар вазорат қайд мекунанд, ки таҷрибаи кишварҳои Авруосиё дар таъсиси паркҳои нави технологияҳои иттилоотӣ дар панели махсуси муҳокимавӣ, ки дар Душанбе бо иштироки намояндагони ҷомеа, бахши хусусӣ ва экспертҳои байналмилалӣ 10 март доир гардид, матраҳ шуд.

Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Фарҳод Билолзода дар нишасти мазкур зикр кард, ки ташкили паркҳои фановариҳои нави иттилоотӣ барои рушду пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ муҳим мебошад.
“Аксар кишварҳои Аруосиё, аз ҷумла, давлатҳои Ўзбекистон, Гурҷистон, Молдова, Украина, Белорус дар самти таъсиси паркҳои технологии инноватсионӣ муваффақ гардидаанд”,- афзуд Билолзода.
Дар рафти вохўрии маҷозӣ коршиносон аз андешаҳо, пешниҳодҳо ва таҷрибаи худ оид ба омилҳои муҳиме чун зерсохтор, рақобат, технологияҳо ва заминаҳои ҳуқуқӣ гуфтанд, ки дар раванди бунёди IT Park-и тоҷикӣ ба эътибор гирифта хоҳанд шуд.
IT Park чист?
Лозим ба қайд аст, ки ин навъ майдонҳо дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Тоҷикистон амал мекунанд.
Ҳанўз касе дақиқ гуфта наметавонад, ки IT Park-и Тоҷикистон чӣ хел мешавад: дар оғоз ташкил намудани Шўрои назоратӣ дар нақша аст, ки аъзои он қадамҳои минбаъдаро оид ба ташкил намудани парк муайян хоҳанд кард.
Дар маҷмўъ зери мафҳуми IT Park маъмулан технопарке фаҳмида мешавад, ки дар он ба мутахассисони фаъолу соҳибистеъдод дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барои ба лоиҳаҳои тиҷоратӣ табдил додани идеяҳояшон имкониятҳои воқеӣ фароҳам оварда мешаванд.
Дар ин ҷо бо истифода аз зерсохтори муосири техникӣ, дастгирии молиявӣ ва илмӣ ба соҳибкорон дар амалӣ намудани нақшаву тасмимҳои пурҷасораттарин ёрӣ мерасонанд.
Одатан минтақаи махсус бо реҷаи имтиёзноки андозбандӣ таъсис дода мешавад, ки дар он ҳам IT-ширкатҳои маҳаллӣ ва ҳам намояндагиҳои ширкатҳои байналмилалӣ метавонанд худро сабтином кунанд.
Фаъолият дар чунин мавзеъ бо қонуни махсус танзим мешавад – метавон гуфт, ин як навъ давлате дар дохили давлат хоҳад буд ва ҳар гуна муносибатҳои тиҷоратӣ ва ё хизматрасониҳои иштирокдорони ин минтақа бо олами беруна ҳамчун амалиёти содиротӣ/ воридотӣ арзёбӣ хоҳад гардид.
Ёрии ДОМ ва «StrategEast»
Дар ташкили панели муҳокимавӣ намояндагони Донишгоҳи Осиёи Маркази ва ширкати консалтингии «StrategEast» иштирок доштанд. Интизор меравад, ки ин ташкилотҳо ба раванди таъсиси IT Park ҷалб хоҳанд шуд.
«Дар ҷавоб ба пешниҳод дар бораи рушд додани паркҳои технологияҳои баланд, ДОМ аллакай бо роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав якчанд вохўрӣ гузаронд ва панели муколамавии чанде пеш доиргардида натиҷаи ин вохўриҳо аст. Мо омодаем минбаъд бо донишу таҳқиқотҳо Тоҷикистонро дар пешбурди ҳадафҳои технологӣ дастгирӣ намоем»,- гуфтанд ба ПИТ «Нуқтаи назар» дар хадамоти матбуотии ДОМ.
Сардори ширкати «StrategEast» Анатолий Моткин дар рафти вохўрӣ суханронӣ карда, аз таҷрибаи бунёд кардани IT Park дар баъзе кишварҳои Авруосиё, аз ҷумла дар Гурҷистон нақл кард, ки имрўз ҳамчун як IT Park-и нодир ном баровардааст. Ў қайд намуд, ки бо иштироки ҳукумати Гурҷистон ва ниҳодҳои молиявии байналмилӣ минтақае бо реҷаи имтиёзноки андоз, низоми омодакунии мутахассисони ҷавон таъсис дода шуд.
Бино ба суханони Моткин, дар боғи фановариҳои иттилоотӣ намояндагони як қатор ширкатҳои калони байналмилалӣ фаъолият мекунанд, садҳо ҷойи корӣ бо маоши баланд ташкил карда шуд.
Ба қатори дастовардҳои асосии боғи гурҷӣ ў маҳсулоти рақамиеро дохил кард, ки барои яке аз супермаркетҳои калонтарини ИМА ва Хазинаи байналмилалии асъор таҳия гардиданд.
Имкони комёб шудан дорем?
Мувофиқи гузориши ҷаҳонӣ оид ба технологияҳою навовариҳо (Technology and Innovation Report 2021), ки 25 феврали соли ҷорӣ Ҷаласаи СММ оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) ба табъ расонд, Тоҷикистон дар радифи 16 кишвари аз ҳама ноомода ба технологияҳои навин дар дунё қарор дорад.

Зодаи Душанбе Меҳрубон Тўраев, ки айни ҳол дар Лондон ба ҳайси муҳандис оид ба эътимоднокии системаи ширкати Google (Site Reliability Engineer, Google UK Ltd) фаъолият мекунад, гуфт, бунёд кардани IT Park фикри беҳтарин аст, аммо корҳои зиёдеро дар ин самт анҷом додан лозим меояд, сар карда аз интернети дастраси ҳамагон ва, бо дарназардошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, арзон.
«Ман сад дарсад дар бахши IT дар Тоҷикистон дар даҳсолаи наздик кор нахоҳам кард»,- гуфт ў дар фарҷом.
Доир ба ҳолати ҷории технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон чанде пеш намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ Ян-Питер Олтерс ибрози назар кард. Ў ба ҳукумати ҷумҳурӣ гузарондани «трансформатсияи рақамиро бо ҳадафи баланд кардани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва вусъат бахшидан ба фаъолияти бахши хусусӣ, аз ҷумла дар манотиқи деҳот ва дурдасти кишвар» маслиҳат медиҳад.
Намояндаи доимии БҶ таъкид кард, ки Тоҷикистон аз дастрасии маҳдуд ва нархҳои баланди хизматрасониҳои интернетӣ азият мекашад, хоса дар мавзеи деҳот, ки беш аз 70% аҳолӣ онҷо сукунат дорад. «Соли 2019 камтар аз яке аз сад хонавода дастрасии баландсуръат ба интернет дошт (асосан дар мавзеъҳои шаҳрнишин) ва танҳо 35% – ба интернети мобилӣ»,- гуфт ў дар идома.
БҶ лоиҳаи минтақавии «CASA-и рақамӣ»-ро сармоягузорӣ мекунад, ки ба васеъ намудани дастрасӣ ба интернет, ҷалб намудани сармояҳо ба бахши технологияҳои иттилоотию иртиботӣ ва бардоштани қобилияти ҳукумат ба пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли рақамӣ равона гардидааст. ҶТ, ки дар чорраҳаи кишварҳои ОМ ва ОҶ ҷойгир аст, рукни стратегие дар зерсохтори шабакавии минтақа мебошад.
Олстер таъкид намуд, ки танҳо якчанд корхонаи кишвар дастрасии баландсуръат ба интернет дорад ва камтар аз 1%-и онҳо хизматрасониҳои рақамӣ пешниҳод мекунанд. «Истифодаи ин андоза маҳдуди интернет ба рушди иқтисодӣ ва ҳам тағйирот дар бахшҳои истеҳсолии кишвар монеъ мешавад. Вазъро нархҳои баланди маҷрои интернет, арзиши баланди хизматрасониҳои давлатӣ, таҳияи заифи муҳтаво боз душвортар мекунад»,- ақида дорад ў.
Намояндаи доимии БҶ афзуд, ки ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар тамоми кишвар рушди назарраси иҷтимоӣ-иқтисодиро ташвиқ хоҳад кард ва ба буҷети давлат даромадҳои иловагӣ меорад.
Коршиносони махаллӣ бо такя ба воқеиятҳои кишвар ба комёбии технопарк дар дурнамои миёнамуддат изҳори шубҳа мекунанд.
Ба монеаҳое, ки имрўз дар роҳи рақамикунонии кишвар вуҷуд доранд, дар баробари мушкилоти дастрасӣ ба интернет ҷиҳатҳои зерин зам мешаванд: надоштани кадрҳои соҳибихтисос ва муассисаҳои таълимӣ барои тайёр кардани чунин мутахассисон, назорати пурраи бахш аз тарафи давлат, дар роҳбарияти бахш қарор доштани ашхосе, ки мутахассис нестанд ва, муҳимтар аз ҳама, ба рушди саноати рақамӣ хоҳиш надоштани ҳукуматдорон.
Шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров бар он аст, ки дар масъалаи мазкур ҷанбаи идеологӣ муҳимтар аз техникӣ аст. «Ба нухбагони сиёсии кишвар лозим аст ба қароре оянд, ки рушди бахши IT-ро мехоҳанд ё на, зеро бидуни дастгирии ҷиддии сиёсӣ ҳеҷ пешрафте рўй намедиҳад»,- хулоса кард ў.
Тавсияҳо
Дар рафти панели муколамавӣ узви Шўрои назоратии парки навовариҳои украинӣ «UNIT» Дмитрий Ерёмин ба таъсисдиҳандагони IT Park-и тоҷикӣ чанд маслиҳат пешкаш кард.
Дар навбати аввал вай ба муҳим будани ҷалби «бачаҳои таҷрибадор», яъне шахсоне, ки мутахассиси ин соҳа мебошанд, ба Шўрои назоратӣ ишора кард. Коршинос тавсия медиҳад, ки мутахассисони маҳаллӣ даъват карда шаванд, зеро онҳо бо махсусиятҳои кишвар бештар ошноянд. «Агар шумо фикр кунед, ки нафареро аз Водии силикони ИМА даъват менамоед ва ў ҳамаи мушкилиҳоятонро ҳал мекунад, сахт хато мекунед. Чунки ин нафар ба фарҳанге, ки дар кишвари шумо ҷой дорад, амиқ фурў намеравад»,- ақида дорад ў.

Мутахассиси украинӣ қайд намуд, ки вақте сухан дар бораи IT Park меравад, бисёриҳо тамоми таваҷҷуҳро ба меъморӣ равона мекунанд. «Маблағҳои азимро барои сохтани иморатҳое сарф мекунанд, ки ҳеҷ маънӣ надоранд, зеро муҳим муҳтавои зеҳнӣ аст»,- қайд намуд Д. Ерёмин.
Ў таҷрибаи Дубайро мисол оварда, таъкид намуд, ки онҷо «биноҳои хеле боҳашамат сохтанд ва дохилашонро пур аз технологияҳои мухталиф намуданд, вале муҳтавои инноватсионии он комилан номуваффақ баромад ва акнун онҳо маҷбуранд саноати IT-и кишварҳоеро аз қабили Исроил, ИМА, Россия сармоягузорӣ кунанд».
Дахолат накардани ҳукуматдоронро ба кори ширкатҳо мутахассис «омили хеле муҳими комёбӣ» меномад. «Вақте назди мо сарвазир Гройсман (Владимир Гройсман, сарвазири Украина дар солҳои 2016-19) омада пурсид, ки ба шумо чӣ ёрӣ расонам, хоҳиш намудем, ки ба мо халал нарасонад», – гуфт Ерёмин.
Мутахассиси украинӣ ҳамчунин ба масъалаи мушкилот бо низоми судӣ дахолат намуд, ки, ба ақидаи ў, дар ҳамаи кишварҳои фазои пасошўравӣ тақрибан як хел амал мекунад.
Ў ишора ба он кард, ки судҳо маъмулан ба ҳимояи манфиатҳои давлат ба ҷои баррасии холисонаи қазияҳо машғуланд.
Мутахассис тавсия медиҳад, ки барои ворид намудани адлияи англосаксҳо талош пеш гирифта шавад, ки моҳияташ низоми сахтгиронаи назорат аз болои фаъолияти судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Ин ба ҷалбшавии сармояҳо таъсири мусбат хоҳад дошт.
Ҳамчунин ў маслиҳат медиҳад, низоми таҳияшаванда барои кишвар саросарӣ шавад, бо ҳудуди парк маҳдуд нагардад. «Агар шумо танҳо як парк дошта бошед, ҳеҷ пешрафти ҷиддӣ рўй намедиҳад»,- афзуд Ерёмин.
Дилшод Шарафов