Қирғизистон – ҳамсоя бо иштиҳои носолим

Солҳои 30-юм ва баъдиҷангӣ колхозҳои тоҷикон дар доманаи силсилакўҳҳои Туркистон, зери кўҳсори Белесеник бисёр заминҳоро ихтиёран ба муассисаҳои кишоварзии қирғизӣ додаанд. Сабаб аз нигоҳи имрўз содадилона менамояд – мехостанд аз сарбории андоз халос шаванд. Гап дар он аст, ки Тоҷикистон мувофиқи таснифот ба қатори ҷумҳуриҳои зироаткор дохил мешуд, аммо Қирғизистон – чорводор. Дар оғози солҳои 30-юм дар Шўравӣ бо ҳадафи зиёд кардани саршумори чорво хоҷагиҳои чорвопарвар, ки заминҳоро ҳамчун чарогоҳ истифода мебурданд, аз андоз барои замин озод карда мешуданд. Заминҳоро ба ҳамсояҳо дода, хоҷагиҳои тоҷикистонӣ ҳуқуқи дар онҳо чаро додани молҳояшро нигоҳ медоштанд. Яъне аз ин иқдом ҳеҷ бохте надоштанд. Танҳо акнун дарк мешавад, ки ин чӣ беандешагие буд. Имрўз мо наметавонем умуман даъвои ин заминҳои қад-қади кўҳҳоро кунем. Зиёда аз ин, бояд фикр кунем, ки чӣ тавр заминҳои боқиро аз ҳамсояи хира, ки иштиҳои носолимаш сол то сол  авҷ мегирад, ҳимоя намоем.

Боре як рафиқ зарбулмасали қирғизиро ба хотир овард: “Худаим бермеса, сартим берер”, яъне “Агар Худо надиҳад, тоҷик медиҳад”. Инҷо раҳмдил будани тоҷикон дар назар аст, вале зоҳиран қирғизҳои кўчӣ масалро дигар хел дарк кардаанд: «Худо надиҳад, тоҷик ҳаст, аз ў кашида гирифтан мумкин». Ҳамсояҳои мо ба насиҳатҳои таърихии гузаштагонашон такя намуда, то имрўз мувофиқи ҳамин шиор зиндагиашонро пеш мебаранд… Инро дар омади гап нақл кардам.

Хуб, меоем сари мавзўъ. Чун сухан аз ҳудудҳо меравад, ба хотир овардани таърихи иваз намудани ду нуқтаи аҳолинишин – Ҷигдалик ва Самарқандак бамаврид аст. Дар Ҷигдалик, Санҷидзори имрўза, тавре медонем, бештар қирғизҳо зиндагӣ мекунанд. Самарқандакро тоҷикон, эшонҳои аз Самарқанд омада таъсис додаанд. Кай ва чаро ба инҷо кўчидани онҳоро намедонем. Тахмине ҳаст, ки инҳо нафарони аз лутфи ҳокимони Бухоро хеле пештар аз Инқилоби Октябр маҳрумшуда будаанд. Дар Самарқандак имрўз низ авлоди эшонҳоро пайдо кардан мумкин аст. Боре иттифоқан як омўзгорро дар шаҳраки Сомониён вохўрдам, ки ба қирғизӣ олӣ суҳбат мекард. Суол кардам, ки аз куҷоед, гуфт, муддати мадид дар Самарқандак зистааст. Хешовандони ў ҳоло ҳам онҷо рўз ба сар мебаранд. Онҳо аз авлоди эшонҳо ҳастанд. Дарвоқеъ, муносибатҳои тоҷикон ва қирғизҳое, ки дар Самарқандак зиндагӣ мекунанд, аз қирғизҳои Оқсой ва Коктош ба куллӣ фарқ доранд. Эҳтимол, аз он сабаб аст, ки инҷо қирғизҳои аз минтақаҳои дигар кўчида омада, яъне «бегонаҳо» зиёданд. Самарқандакиҳо мисле ки худианд.

Самарқандак дар ҳақиқат пеш замини Тоҷикистон буд. Санадҳои таърихӣ ба он ишора мекунанд, ки ивази Самарқандак ба Ҷигдалик соли 1927 рух дод. Аммо ман шубҳа дорам, ки чунин бошад. Зеро ба гумон аст, Тоҷикистон ба ивази масоҳатҳои калони қисман барои кишоварзӣ созгор ба даштҳое, ки танҳо андак замини маскунӣ доштанд, розӣ шуда бошад. Ягон нимкосае ҳам инҷо бояд бошад.

Дар Ҷигдалик дар оғози солҳои 30-юм танҳо наздики бист қирғиз маскун буд. Эҳтимол, дар ин ҳудуд заминҳое буданд, ки баъди бунёди обанбори Қайроққум зери об мондаанд. Ман тахмин мекунам, ки иваз метавонист ба сабабҳои иқтисодӣ, яъне сохтмони НБО-и Қайроққум, ба дигар ҷой гузарондани роҳи Хуҷанд – Конибодом рўй дода бошад. Маҳз зарурати бунёди роҳи автомобилгард метавонист Тоҷикистонро ба ҷустани роҳҳои иваз водор созад, зеро НБО барои ҷумҳурӣ хеле муҳим буд. Шояд лоиҳаи он ҳанўз то замони ҷанг вуҷуд дошт, ҳарчанд неругоҳ танҳо соли 1957 сохта шуд.

Акнун суоле ба миён меояд: Ҷигдалик кадом ҳудудҳоро фаро мегирад? Мо аз таърихи пайдоиши як қатор нуқтаҳои аҳолинишини шафати роҳи Хуҷанд-Конибодом медонем, ки ҳеҷ кадом аз деҳаҳои имрўз онҷо ҷойгир пеш вуҷуд надошт. Агар бархе вуҷуд доштанд, дар дарунтари ҳудуди Қирғизистон воқеъ мешуданд. Деҳоти Арка, Жаштик, Борбурдук ба ҳамин наздикӣ пайдо шуданд. Баъзеҳо васеъ гардида, дар солҳои 80-ум ва оғози 90-ум то лаби роҳ расидаанд. Шояд таҳти номи Ҷигдалик тамоми ҳудудҳо аз Қарақчиқум (Ҷаҳонзеб) то Қистақўз (Хистеварз) дар назар буд? Шояд чунин бошад.

Аммо чизи дигар ҷолиб аст. То замоне, ки Ҷигдалик ва Самарқандакро иваз накарданд, ҳардуи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон буданд. Яъне тоҷикон ба хотири пас гирифтани заминҳое, ки дар замони коллективизатсия барои халосӣ аз бори андозҳо ба ҳамсоя доданд, ба Қирғизистон Самарқандакро бахшиданд. Ҳудуде, ки имрўз дар он кони 1/2 воқеъ аст, ҳамин тавр ба ҳамсоя гузашт. Имрўз агар ба харитаҳои Google назар андозем, метавонем бубинем, ки тамоми деҳаҳои қирғизии сари роҳи Хуҷанд-Конибодом, ки бо ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи мо ҳамсояанд, яъне Арка, Жаштик, Жани Жер, Борбурдук, Мақсат, Интернатсионал дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ мебошанд.

Қирғизистон – ҳамсоя бо иштиҳои носолим
Тавре дар харитаҳои Google мебинем, нуқтаҳои аҳолинишини Арка, Жаштик, Борбурдук, Интернатсионал дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъ мебошанд. Аммо Н. Мирсаидов бар он аст, ки Қирғизистон метавонад ба роҳбарияти Google фишор орад, то хатти марзи давлатҳоро ба манфиати ҶҚ тағйир бидиҳанд. (акс: https://www.google.com/maps/place…).

Кони 1/2-и шаҳри Шўроб бошад ҳамчун воқеъ дар ҳудуди Қирғизистон ишора шудааст. Он, ки Коктош (Шахча), Оқсой (Тангии Ворух), Коктерек (Говсувор) таърихан заминҳои тоҷикон буданд, ҷойи баҳс нест. Охир сарҳад дар оғози таъсиси ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон тариқи қуллаҳои камари шимолии силсилакўҳҳои Туркистон мегузашт. Пеш марзҳои ҷумҳуриҳоро аз сабаби надоштани мутухассисон ва таҷҳизот барои чену андоза кардани хатҳои марзи байни ҷумҳуриҳо ҳамин хел ҷудо мекарданд.

Маълумоте ҳаст, ки имрўз дар Қирғизистон талош мекунанд ба роҳбарияти Google барои тағйир додани харитаҳо таъсир расонанд. Арзномаи дастаҷамъӣ навишта, имзо ҷамъ мекунанд. Мегўянд, дар ин низом Қирғизистон мутахассиси худашро дорад. Нашавад, ки боз дертар аз ҳамсояҳо аз хоб хезем ва инҷо ҳам натавонем аз манфиатҳои худ дифоъ кунем?

Имрўз зарурате ба миён омадааст, тамоми маводе ҷамъ оварда шавад, ки то ба лаҳзаи ҷорӣ ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ҳудудҳои мазкур ва аз ҷониби Қирғизистон ғасб шудани онҳоро собит месозанд.

Фаҳмидан лозим аст, ки оё воқеан кўшишҳо барои таъсир расондан ба маъмурияти Google ҷой доранд. Пасон ба маълумоти онҳо бояд расонд, ки Тоҷикистон аз фишор ба сохторҳои байналмилалӣ бо ҳадафи ташаккул додани афкори ҷамъиятӣ дар арсаи ҷаҳон огоҳ аст ва далелҳои хешро пеш бояд овард, ки қирғизҳо ҳеҷ асос барои даъвои ин хоку бумеро кардан надоранд, ки дар харитаҳои Google ҳамчун қаламрави Тоҷикистон қайд гардидаанд, зеро тарафҳо ҳанўз санаде доир ба марз ба имзо нарасондаанд.

Аз харитае, ки аз GOOGLE-maps нусхабардорӣ шудааст, баръало аён аст, ки заминҳои моро кӣ ишғол мекунад. Алъон ин «ғасби хазанда»-и заминҳои тоҷикӣ аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ ба роҳи Хуҷанд-Конибодом наздик шудааст, дар он мавзеъ иншоотҳои сершумор бунёд шудаанд, ки дар онҳо қирғизистониҳо кору зиндагӣ мекунанд. Чун аз иштиҳои ҳамсояи носерам бохабарем, пешгўӣ метавон кард, ки даъвои навбатӣ аз соҳибӣ ба худи ин роҳ мешавад.

Дар акс: Кўдакони қирғиз дар мактабе, ки дар деҳаи Ҷигдалик (Санҷидзор) ҷойгир аст. Мардуми инҷо хайрхоҳ, меҳрубонанд, ҳаёти оромона, мураттаб мебаранд. Бисёриҳо соҳиби қитъаҳои заминанд, хонаҳои хуб доранд. Ягона хоҳишашон ин аст, ки дар манзил, кишвар ва муносибат бо ҳамсояҳояшон сулҳ ҳукмфармо бошад. Чӣ лозим аст вайрон кардани зиндагии онҳо? Ба онҳо касе фишор намеорад, онҳо Тоҷикистонро Ватани худ медонанд ва намехоҳанд, ки ҳодисаҳои охир, бавосита ҳам бошад, ба ҳаёташон таъсир кунанд.

Неъматулло Мирсаидов, шореҳи сиёсӣ

Оцените статью

Қирғизистон – ҳамсоя бо иштиҳои носолим Солҳои 30-юм ва баъдиҷангӣ колхозҳои тоҷикон дар доманаи силсилакўҳҳои Туркистон, зери кўҳсори Белесеник бисёр заминҳоро ихтиёран ба муассисаҳои кишоварзии қирғизӣ додаанд. Сабаб аз нигоҳи имрўз содадилона менамояд – мехостанд аз сарбории андоз халос шаванд. Гап дар он аст, ки Тоҷикистон мувофиқи таснифот ба қатори ҷумҳуриҳои зироаткор дохил мешуд, аммо Қирғизистон – чорводор. Дар оғози солҳои […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.