«Ин ҷанг ҷанги мо нест!»

Саргузашти се шаҳрванди Россия, ки Душанберо барои худ “бандари осоиш” интихоб карданд.

Аз оғози ихтилофи низомӣ миёни Россия ва Украина ҳазорҳо шаҳрванди Россия ватанашонро тарк намуданд. Аммо пас аз эълони мобилизатсия теъдоди муҳоҷирони россиягӣ, ки аксари куллашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба маротиб афзудааст.

Ба Тоҷикистон ҳам шаҳрвандони Россия зиёд омадаанд. Онҳо чӣ тавр ба кишвари мо расидаанд, дар бораи ҷанг чӣ фикр доранд, зиндагиашон инҷо чӣ хел аст – ҳамаи инро дар матлаби «Nuqta.tj» бихонед.

«Ҷанги мо нест!»

Светлана бо шавҳар ва писари сесолааш бо роҳи заминӣ ба Душанбе омадааст. «Мо дар Саратов зиндагӣ мекардем. Ман дар як мағозаи интернетӣ кор мекардам, шавҳарам – дар агентии посбонӣ,- нақл мекунад ӯ. – Ҳамин ки хабари сафарбаркунӣ ба ҷангро шунидем, ба қароре омадем, ки кишварро зудтар тарк кунем. Бо ҳамин ният ба гузаргоҳи “Озинки” дар марзи Русияву Қазоқистон расидем. Онҷо ҷӣ қиёмате қоим буд!  Дар роҳи дуқатора чор қатори мошинҳо қариб 20 километр тӯл мекашид. Бисьёр аз онҳое, ки савори таксӣ омада буданд, роҳашонро пиёда давом доданд. Мо ҳам ба ин издиҳом ҳамроҳ шудем. Ин як манзараи ваҳшатангез буд. Хастаю бемадор шом аз сарҳад гузаштем. Он ҷо боз ба таксӣ савор шудем. Нақлиёт иваз кардаю ҷо-ҷо каме дам гирифта, ба Ӯзбекистон расидем. Роҳ хеле хастаамон кард. Махсусан, писари хурдиам азоб кашид. Дар Тошканд як-ду рӯз дар мехмонхона мондем. Аввал хостем он ҷо истем. Аммо баъд тасмим гирифтем, ки ба Душанбе равем. Ин ҷо дӯстони шавҳарам зиндагӣ мекунанд. Онҳо ваъда доданд, ки дар масъалаи манзил ба мо ёрӣ мерасонанд. Акнун каме ба худ омадаем. Ба қароре омадем, ки ҳоло ин ҷо зиндагӣ кунем. Шахр бароҳат, тоза аст, одамонаш меҳрубонанд. Ин ҷо ба мо маъқул шуд. Барои замони аввал пуламон, фикр мекунам, кифоя аст. Он тарафашро мебинем. Агар вазъият дар Русия беҳтар шавад, ба хона бармегардем. Мо ҳеҷ гоҳ тарафдори бо ҳамсоякишварҳо бо роҳи ҳарбӣ ҳал кардани баҳсҳо набудем. Бигузор онҳое, ки ҳамаи ин корро сар кардаанд, фарзандон, хешу таборашонро ба ҷанг фиристанд. Намехоҳам, ки писарам бе падар калон шавад. Ин ҷанг ҷанги мо нест!”

«Маро ба Душанбе тоҷики бинокор даъват кард»

Дмитрийи 28-сола дар маҳаллаи Тёплий Стани Москва кору зиндагӣ мекард. Тақдир ӯро мисли дигар ҷавонони рус баъди эълони сафарбарӣ ба артиш ба Тоҷикистон овард.

«Ман дар сохтмони як баландошёна ба ҳайси ёвари прораб кор мекардам. Дар он ҷо тоҷикони бинокор бисёранд, – мегӯяд ӯ. – Дар давоми корам боварӣ ҳосил кардам, ки тоҷикон аксаран одамони беҳтаринанд. Илтимос, фикр накунед, ки ман ба ин ҷо афтида, акнун хушомадгӯйӣ мекунам. Асло ин тавр нест. На як бору ду бор мушоҳида кародаам, ки онҳо чӣ гуна дар шароити душвор кор мекунанд, аз баҳри ғизо, хона, либоси хуб гузашта, кӯшиш мекунанд пул ҷамъ карда, ба хешовандонашон фиристанд. Онҳо хеле боодобанд, калонсолонро эҳтиром мекунанд. Боре яке аз онҳоро вохӯрдам, ки марди 45-сола буд. Вай акаи Мирзо ном дошт. Ба ман лозим омад, ки хонаамро андак таъмир кунам ва ӯ розӣ шуд, ки дар рӯзи истироҳат дар ҳалли мушкилам ба ман ёрӣ расонад. Бо ёрдамчии худ онҳо дар ду рӯз ҳаҷми калони корҳоро иҷро карданд. Сифати корашон ҳам олӣ буд, аммо барои кор пули хеле кам талаб карданд. Базӯр тавонистам, ки ба онҳо боз як-ду ҳазор рубли иловагӣ диҳам. Бо ӯ дӯст шудем. Ӯ ба ман дар бораи Тоҷикистон, одамон,  анъанаҳо, хӯрокҳои миллӣ нақл кард. Вақте  сафарбаркунӣ ба ҷанг эълон шуд, тасмим гирифтам, ҳоло ки даъватам накардаанд, кишварро тарк намоям. Акаи Мирзо аз ин хабардор шуда, пешниҳодам кард, ки ба ватанаш равам. «Дар он ҷо дар кӯча намемонӣ, гурусна ҳам намемонӣ. Лозим шавад, дар масъалаи кор ҳам ёриат мерасонем”, — ваъда дод ӯ. Ҳамин тавр ману занам ба Душанбе омадем. Мо дар канори шаҳр, дар хонаи писари акаи Мирзо зиндагӣ мекунем. Ӯ худаш ба хонаи падару модараш рафта, ба мо тамоми чизи дар рӯзгор зарур – бистар, косаю табақ, яхдон, телевизор ва ғайраро мондааст. Ҳатто бароямон хӯрока харида дод, аммо пулашро нагирифт, “хафа мешавам” гуфт. Лекин, ростӣ, дар масъалаи кор мушкилӣ дорем. Маълум шуд, ки ин ҷо маош паст аст. Ҳоло кӯшиш дорам, ки  ба воситаи дӯстонам дар Россия тариқи интернет кор пайдо кунам. Вале як мушкилоти дигар вуҷуд дорад – суръати интернет ин ҷо хеле паст аст. Аммо ҳеҷ гап не, фикр мекунам, Россия ва Украина ба зудӣ сулҳ хоҳанд кард ва ман ба хона бармегардам. Албатта, шодам, ки фикрҳои ман дар бораи тоҷикон хато набаромаданд. Умуман, чунон ки медонед, миллати бад вуҷуд надорад, танҳо одамони бад ҳастанд. Ва хуб, ки шумораи охиринҳо хеле кам аст”.

«Дилам ба тоҷикони ҷавоне месӯзад, ки шаҳрвандии Россияро қабул кардаанд»

Анатолий чанд ҳафта пеш аз Русия ба Душанбе омад. Вай дар Екатеринбург зиндагӣ дошт, дар як маркази савдо ба ҳайси менеҷери калон кор мекард. Нақл мекунад, ки ҳамроҳи як сокини ҷавони Душанбе бо номи Мақсуд ба пойтахти мо парвоз карда омадааст.

«Ҳеҷ кас намедонад, ки фардо моро чӣ интизор аст. Мардуми Россия ба ҷанги байни Россия ва Украина муносибати гуногун доранд. Бисёриҳо пеш ҷангро дастгирӣ мекарданд. Аммо вақте ҳукумат тасмим гирифт, ки мардуми одиро ба ҷанг сафарбар кунанд, ақидаи аксарият дигар шуд. Ман ҳам дар ин масъала нисбатан бепарво будам. Хайр, ҷанг мекунанд, кардан гиранд. Аммо вақте онҳо ба даъват намудани ҷавонони одӣ ба ҷанг сар карданд, фаҳмидам, ки бояд ба як қарор оям. Ва фикр мекунам, ки айни замон дурусттарин кор тарк кардани кишвар аст. Баъзеҳо ҳоло тариқи телевизион баромад мекунанд, дар расонаҳо менависанд, ки гуё мо ватандӯст нестем, гурехтаем. Аммо касе ба Русия ҳамла накардааст. Дар ин ҳолат ҳама гуна низоъҳоро бо роҳи осоишта ҳал бояд кард. Ман бо украиниҳо ҳеҷ мушкил надорам… Дар натиҷа, бо маслиҳати ҳамкор ва дӯстам Мақсуд ба Тоҷикистон омадам. Вай дар мо хазинадор шуда кор мекард. Ҷавони беҳтарин аст. Дар Душанбе, ба гуфтаи ӯ, дар бонк кор мекард, вале музди кам мегирифт. Ва баъд бонк муфлис шуд. Як сол пеш тибқи барномаи кӯчонидани ҳамватанон шаҳрвандии Россияро гирифт. Нав бо оилааш ба Екатеринбург омада, ба пул кор кардан шуруъ намуда буд, ки ногоҳ сафарбаркунӣ эълон шуд.

Ва низ миш-мишҳое сар шуданд, ки пеш аз ҳама  аз ҳисоби сокинони Осиёи Марказӣ, ки шаҳрвандии Россияро гирифтаанд, сарбоз бояд гирифт. Бисёриҳо дар натиҷа тасмим гирифтанд, ки ба хона баргарданд ва барои чиптаҳои ҳавопаймо пули зиёд сарф намуда, Россияро тарк карданд.  Мақсуд мегӯяд, онҳое, ки аз даъват ба хидмат сарпечӣ мекунанд, метавонанд аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд. Ба ҳоли онҳо раҳмам меояд. Охир, онҳо ба Россия барои ин  наомадаанд-ку. Ин қадар вақт, неру, пулашонро сарф кардаанд …

Ман бошам, ин ҷо ҳоло дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам – Мақсуд ба ман кӯмак кард, ки ба марказ наздиктар як хонаи арзон, вале тозаю озода пайдо кунам. Рӯзи дигар ба хонааш рафта, оши палав хӯрдем. Ин ҷо ба ман маъқул аст. Ҳама чиз хуб аст – иқлим, худи шаҳр, сокинон. Аммо ман зиёд истода наметавонам. Мехоҳам ба Туркия равам ва дар он ҷо дар ягон меҳмонхона кор кунам. Ман забони англисиро медонам. Ҳоло ҷойи холӣ меҷӯям. Умедворам, корам барор мегирад. Ба мардуми Тоҷикистон бошад, мехоҳам раҳмат гӯям. Ва омади кор ба Мақсуд ва дигар тоҷиконе, ки шаҳрвандии Россияро қабул кардаанд. Умед дорам, ки ин ҳама даҳшат ба зудӣ хотима меёбад ва мо ҳама дар шароити сулҳу осоиш зиндагӣ хоҳем кард”.

Асад Бехруз

Оцените статью

«Ин ҷанг ҷанги мо нест!» Саргузашти се шаҳрванди Россия, ки Душанберо барои худ “бандари осоиш” интихоб карданд. Аз оғози ихтилофи низомӣ миёни Россия ва Украина ҳазорҳо шаҳрванди Россия ватанашонро тарк намуданд. Аммо пас аз эълони мобилизатсия теъдоди муҳоҷирони россиягӣ, ки аксари куллашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба маротиб афзудааст. Ба Тоҷикистон ҳам шаҳрвандони Россия зиёд омадаанд. Онҳо чӣ тавр ба кишвари […]
5 1 5 3
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.