Имрӯз бештари хонаводаҳои Тоҷикистон аз бонк ва ташкилотҳои хурди қарзӣ маблағ қарз гирифта, ба эҳтиёҷи худ истифода мекунанд. Вале бо таъсири пандемия ва баста шудани роҳҳо қисме аз аҳолӣ натавонистанд, ки маблағи қарзро супоранд. Инро ба назар гирифта, бо пешниҳоди ҳукумати кишвар баъзе бонк ва ташкилотҳои қарзӣ ба муштариёнашон сабукӣ ва имтиёзҳо доданд.
Дар маводи зер кӯшиш намудем, раванди татбиқи сабукиҳоро ба мардум ба риштаи таҳлил кашем.
“Ҳатто зиндагӣ кардан мушкил буд…”
Одина Давлатов як сокини шаҳри Душанбе аст, барои эҳтиёҷ аз “Алиф Бонк” маблағ қарз гирифт ва дар давраи авҷи бемории коронавирус моҳҳои июн ва августи соли 2020 натавонист маблағи қарзро пардохт кунад.
Ӯ гуфт, ҳанӯз пеш аз бемории коронавирус моҳи октябри соли 2019 аз бонк қарз гирифт, вале ҳеҷ интизор надошт, ки вазъ чунин тағйир мехӯрад ва ӯ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад.
-То моҳи апрел моҳ ба моҳ, бидуни мушкилӣ маблағро пардохт мекардам. Вақте моҳи апрел ҳукумат мавҷудияти коронавирусро дар кишвар эълон карду бештари корхонаҳо кормандонашоро ба рухсатии бемузд ва ё карантина фиристоданд, ман ҳам ба рухсатии бемузд рафтам. Ҳамин тариқ 4 моҳ дар рухсатии бемузд будам ва натавонистам. ки маблағи бонкро пардохт намоям,- нақл кард Одина.
Ӯ мегӯяд, бо кӯмаки бародараш, ки дар Русия аст, ду моҳ қарзашро пардохт кард, вале чун кори ӯ ҳам бад шуд, ҳайрон монд, чӣ кор кунад.
-Зиндагиро бо як азоб пеш мебурдем, аз куҷо маблағи қарзро супорем?!. Як рӯз аз куҷое хондам, ки ҳукумат ба бонкҳор супориш додааст, ки ба мардум кӯмак кунанд. Бо ҳамин ният ба бонк рафтам. Дар онҷо гуфтанд, дар як сомона маълумотҳоямро ворид кунам, то онҳо тавонанд, муҳлати пардохти маро дертар гузошта, ҳамчунин фоиз ҳисоб накунанд. Хулоса се моҳи дигар муҳлатро ба охир мондам. Ҳамин тариқ, боз вазъият беҳтар шуд, ба кор баромадам ва оҳиста – оҳиста маблағро пардохт менамудам. Ҳоло ду моҳи дигар мондааст,- гуфт Давлатов.
Воқеан, ба мисли Одина садҳо нафари дигар дар ин давра ба мушкили молӣ гирифтор шуданд ва натавонистанд маблағи қарзи худро пардохт намоянд.
5 июни соли 2020 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон барои кам кардани таъсири бемории COVID-19 ба иқтисоди кишвар ба чанд соҳа ва аҳолӣ сабукӣ дод. Дар байни онҳо сабукӣ ба бонкҳо ҳам буд.
Дар фармони мазкур, гуфта шуд, ки дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои қарзӣ ва бо назардошти пешгирии хавфҳо ҷиҳати аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки уҳдадории қарзии худро аз 1 май то 1 октябри соли 2020 аз рӯи қарзҳои мӯҳлатнок анҷом дода наметавонанд, чораҷӯӣ намояд.
Бонкҳо ба муштариён чӣ кӯмак карданд?
Ҳаммуассис ва роҳбари «Алиф Бонк» Абдулло Қурбонов мегӯяд, доир ба ин масъала аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дастурҳои далхдор ирсол карда шуд. Вале гуфт, аз ҳама бештар худи бонк ба муштариёнаш сабукӣ пешниҳод намудааст.

Номбурда қайд кард, ки онҳо шурӯъ аз моҳи майи соли 2020 тасмим гирифтанд, ки барои нафароне, ки то шурӯъ шудани пандемия маблағ гирифта, бо сабабҳои беморӣ, аз кор озод шудан ё ба рухсатии бемузд равона шуда, имкони пардохти маблағро надоштанд, то се моҳ мӯҳлати имтиёзӣ доданд.
Ба нақли ӯ, ба мӯҳлати имтиёзӣ мавқуф гузоштани пардохтҳои моҳона ва талаб накардани маблағи иловагӣ барои онҳо иборат буд.
– «Алиф Бонк» барои электронӣ қабул намудани аризаи чунин муштариён сомонаи «covid.alif.tj» – роҳандозӣ намуд. Тариқи ин сомона зиёда аз 2 ҳазор нафар барои имтиёзҳо муроҷиат карданд ва беш аз 1,5 ҳазори он тасдиқ карда шуданд,- гуфт Қурбонов.
Ӯ инчунин зикр кард, ки ҳарчанд аз ин иқдом «Алиф Бонк» зарар мебинад, вале новобаста ба ин зарур мешуморад, то ҳадди имкон мизоҷонашонро дастгирӣ намуда, ин мушкилиро дар якҷоягӣ паси сар намоянд.
Номбурда қайд кард, ки ҳангоми пайдо шудани аломатҳои аввали пандемия, «Алиф Бонк» сенарияҳои гуногуни равиши онро баррасӣ намуд ва таҳлилҳояш нишон доданд, ки бинобар ҷалби сармояи нав дар охири соли 2019, ба ҳолатҳои эҳтимолии мушкилтарин низ омода аст.
-Хушбахтона, ҳоло вазъ беҳтар шуд ва аксар нафароне, ки имтиёз гирифта буданд, аллакай пардохтҳояшонро аз нав шурӯъ намуданд,- гуфт роҳбари “Алиф Бонк”.
Бонки миллӣ: Беш аз 43 млн сомонӣ ҷаримаи ҳисобшудаи муштариён бахшида шуд
Собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти шашмоҳаи соли 2020 , ки ба давраи авҷи беморӣ рост омад, гуфта буд, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба ҳолати 30 июни соли 2020 ба зиёда аз 100 ҳазор муштарии худ ба маблағи 1,5 млрд. сомонӣ имтиёзҳо пешниҳод намудаанд. Аз ҷумла, мӯҳлати пардохти қарзи зиёда аз 28600 муштарӣ бо маблағи 800 млн. сомонӣ тамдид гардида, зиёда аз 43 млн. сомонӣ ҷаримаҳои ҳисобшуда ба муштариён бахшида шудаанд.

– Меъёри бозтамвил бо назардошти дастгирии иқтисодиёти кишвар дар давраи пандемия 1 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 10,75%-и солона аз 3 августи соли 2020 муқаррар карда шуд,- гуфт Ҷ. Нурмуҳаммадзода.
Ӯ илова намуд, ки ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи имконияти воқеии худ ба мизоҷонашон кӯмак менамоянд ва Бонки миллӣ онҳоро маҷбур карда наметавонад, ки ба муштариёнашон сабукӣ пешниҳод кунанд.
“Иқдоми хуб, вале муҳлаташ кам”
Иқтисодшинос Давлат Каримов, ки таҷрибаи кор дар ташкилотҳои хурди қарзиро дорад, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, сабукиҳо ба мардум тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд иқдоми хуб, вале муҳлаташ кам буд.
-Давлатҳои ҳамсоя сар аз оғози пандемия дар низоми бонкияшон сабукӣ ворид карданд ва ин иқдом ҳанӯзам ҷараён дорад. Дар Тоҷикистон низ чунин иқдоми саривақтӣ гирифта шуд, вале ба муҳлати ниҳоят кам: 3 моҳ муҳлати хеле кам аст. Шояд аксари мардум ба таври бояду шояд хабардор нашуданд. Қишри огоҳ низ амалан дар ин муҳлати кутоҳ коре ҳам аз дасташон наомад, гуфт ин иқтисодшиноси тоҷик.
Вале муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Аброр Мирсаидов мегӯяд, аз чунин ранг гирифтани кор ҳеҷ кишваре омода набуд ва сабукиҳое ки аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ ба қарздорон дода шуд, то ҷое кӯмак ба аҳолӣ дар ин давра буд.

-Мардум, махсусан субъектҳои соҳибкорӣ ба чунин ранг гирифтани кор умуман омода набуданд ва он якбора миёни онҳоро шикаст. Аҳолӣ ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ таъсири бад диданд ва ҳатто даромади бархеҳо ба сифр баробар шуд. Бинобар ин, фармоне ки аз ҷониби раисҷумҳур дода шуд, саривақтӣ буд,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Давлат Каримов пешниҳод намуд, ки беҳтар аст, ки ҳукумат тавассути бонкҳо бори дигар ба аҳолӣ сабукӣ диҳад, ин дафъа муҳлаташро дарозтар намояд.
-Зеро инсоният ҳанӯзам ба ин вабои аср дастбагиребон аст. Кӣ медонад, ки кай вазъият ба эътидол меояд?!,- хулоса кард ҳамсуҳбати мо.
Воқеан, пандемия ба кисаи бештари аҳолии Тоҷикистон, ки қисми зиёдашон бо пули муҳоҷират зиндагиро пеш мебурданд, таъсир расонид. Қисме аз қарзгирандагон барои харидории билет маблағ мегиранд то ба муҳоҷират рафта, чархи зиндагии хешро гардон кунанд. Бо таъсири панедмия, ки марзҳо баста шуд, аксари онҳо ҳам аз рафтан ба муҳоҷиарт монданд ва мушкили молии дохилӣ гиребонгирашон шуд. Аз ин рӯ, албатта саривақтӣ мебуд, агар ҳукумат ба воситаи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ фоизҳои қарзиро паст, муҳлати қарзро дароз ва раванди қарздиҳиро содатар кунанд.
Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки азҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст.
Мазҳаб Ҷумъа