ИМА хориҷ намудани неруҳои низомии худро аз Афғонистон оғоз кард. Бино ба хабарҳои ВАО-и ғарбӣ, Пентагон имкони мустақар кардани қўшунҳои худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мекунад. Аммо ба гумон аст, ки Ўзбекистон, Тоҷикистон ё Қирғизистон ба ин розӣ шаванд, мегўянд коршиносон.
Аз 1 май ихроҷи қушунҳои ИМА аз Афғонистон шурўъ гардид. ИМА имкони ҷой додани неруҳои низомии худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Ўзбекистону Тоҷикистон баррасӣ мекунад. Аз ин хусус ҳафтаи гузашта рўзномаи The Wall Street Journal бо истинод ба манбаъҳои дигар иттилоъ дод.
Мувофиқи хабари мазкур, роҳбарияти низомии ИМА имкони ҷойгир намудани қўшунҳои худро дар кишварҳои ба Афғонистон ҳамсоя ба он хотир меомўзад, ки ҳукумати Афғонистонро дастгирӣ намояд, фаъолияти ҷунбиши Толибон ва экстремистони дигарро зери назорат дошта бошад. Ба сифати варианти аз диди ҷуғрофӣ муносибтарин Ўзбекистон ва Тоҷикистони ба Афғонистон ҳаммарз баррасӣ мегарданд.
«Аммо ҳузури ҳарбии Русия дар минтақаи мазкур, таъсири афзояндаи Чин ва шиддат дар муносибатҳо бо Вашингтон татбиқи нақшаҳои ИМА-ро оид ба ташкил намудани пойгоҳҳо дар Осиёи Марказӣ мушкил мекунад»,- қайд мекунад нашрия.
Дар ҷустуҷўи мавқеи нав
Соли 2020 ИМА ва намояндагони ҷунбиши ифротии Толибон дар Доҳа бори нахуст тайи қариб 19 соли охир созишномаи сулҳ ба имзо расонданд. Он баровардани неруҳои низомии хориҷиро аз Афғонистон дар 14 моҳ ва оғози музокироти байниафғониро пас аз табодули асирон дар назар дорад. Аз лаҳзаи оғози амали аҳднома толибон чандин карат Вашингтонро ба поймол намудани шартҳои он гунаҳгор карданд.
Маъмурияти нави ИМА эълом дошт, ки то 11 сентябр дар ҳамоҳангии комил бо иттифоқчиён ихроҷи неруҳояшро аз Афғонистон ба итмом мерасонад.

ИМА оиди ба кишварҳои ба Афғонистон ҳамҷавор кўчондани низомиёни худ изҳороти расмӣ паҳн накардааст. Аммо, ба ақидаи таърихшиноси тоҷик Шарифбек Аҳлиддинов, дар моҳҳои охир пурзўр шудани амалҳои Вашингтон дар ин самт мушоҳида мегардад.
-Вашингтон айни замон имкони пас овардани низомиёнашро ба минтақа меомўзад, – ақида дорад коршинос.- Ва ҳарчанд роҳбарияти кишвар ҳанўз доир ба таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар ҳудуди давлатҳои Осиёи Марказӣ бо дархости расмӣ муроҷиат накардааст, кўшишҳои асоснок намудани ҳузури ҳарбии худ дар минтақа, фикр мекунам, татбиқ мешаванд. Бесабаб нест, ки намояндаи махсуси ИМА оид ба танзими умури Афғонистон Залмай Халилзод ба наздикӣ аз як қатор кишварҳои минтақа дидан намуд. Ва дар охири моҳи апрел котиби давлатӣ Энтони Блинкен бо сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон музокирот доир карда, дар рафти онҳо масоили бехатарии Афғонистон ва дар маҷмўъ минтақаро баррасӣ намуд.
-Чунин талошҳо аз ҷониби ИМА эҳтимоли зиёд доранд. Табиист, ки Вашингтон барои ҷойгирнамоии неруҳои ҳавоии стратегӣ пойгоҳҳои нав меҷўяд, то ки аз онҳо ба Эрон, Чин, Русия таҳдид намояд, аммо аз Афғонистон, ки нақши «киштии ҳавопаймобар дар хушкӣ»-и ИМА-ро дар минтақа иҷро мекард, онҳоро танг карда мебароранд,- изҳор дошт сардори Клуби таҳлилии Аврупосиё Никита Мендкович дар суҳбат бо РИА «Новости».
Ба ақидаи ў, Афғонистон барои расидан ба ҳадафҳои стратегии ИМА пойгоҳи идеалӣ буд ва кўшиши кишвар барои гузарондани объектҳои дахлдор ба ҳудуди кишварҳои пасошўравӣ, ки онҷо толибон нестанду имконияти парвозҳо қариб баробаранд, мантиқист.
Бозгашти низомиёни ИМА ба Осиёи Марказӣ имкон дорад?
Давлатҳои Осиёи Марказӣ маҳол аст, ки ба гузарондани неруҳои ИМА аз Афғонистон ба қаламравашон розӣ шаванд.
-Таври ба ҳамагон маълум, соли 2001 низомиёни амрикоӣ дар пойгоҳҳои воқеъ дар Қирғизистону Ўзбекистон ҷой дода шуданд,- хотиррасон мекунад Шарифбек Аҳлиддинов.- ИМА аз фурудгоҳҳои ҳарбии «Хонобод»-и Ўзбекистон, воқеъ дар 10-километрии шаҳри Қаршӣ, истифода мекард. Аммо соли 2005, пас аз ҳодисаҳои Андиҷон, бо талаби Тошканд амрикоиҳо ин кишварро тарк намуданд. Соли 2014 ИМА зери фишори мардуми маҳаллӣ аз Қирғизистон ҳам рафт, ки онҷо дар пойгоҳи ҳавоии «Манас»-и наздикиҳои Бишкек низомиёнаш мустақар буданд.
Ба андешаи ў, амрикоиҳо ба гумон аст, ки роҳбарияти имрўзаи Ўзбекистонро ба такрор намудани таҷрибаи аз назари онҳо манфии ҳамкорӣ розӣ кардан тавонад. Чанде пеш Ўзбекистон расман имкони ҷойгир намудани гурўҳи низомиёни Амрикоро бо истинод ба доктринаи ҳарбӣ ва сарқонуни ҶЎ рад намуд.
Дар Вазорати дифои кишвар иброз доштанд, ки на доктринаи ҳарбӣ ва на Конститутсияи Ўзбекистон, на консепсияи сиёсати берунаи кишвар аз соли 2012 ҷойгир намудани пойгоҳу иншоотҳои ҳарбии хориҷиро дар қаламрави ҷумҳурӣ пешбинӣ мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии идора.

-Дар Қирғизистон дар пасманзари ҳодисаҳои охирини наздимарзӣ норозигӣ аз мавзеъгирии Русия дар ҳалли низоъ ҷой дошт ва ҳатто дар парлумони кишвар садоҳо доири ба мақсад мувофиқ будани узвияти ҶҚ дар СПАД (Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ) ба гўш мерасиданд. Вале Русия ҳам намехоҳад дар ин «бозӣ» танҳо як бинандае бошад ва аллакай чора меандешад. Хоса, дар сатҳи олӣ бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ вохўриҳо ташкил мекунад,- иброз медорад Шарифбек Аҳлиддинов.
Дар мавриди Тоҷикистон амрикоиҳо метавонанд дар алоқамандӣ бо он мушкил дошта бошанд, ки ҷумҳурӣ узви СПАД аст ва наметавонад дар ҳудуди худ пойгоҳҳои кишварҳои дигарро бе ризоияти аъзои дигари созмон ҷой диҳад,- мегўяд коршиноси масоили минтақавӣ Қосими Бекмуҳаммад.
Ғайр аз ин, айни замон стратегияи амнияти Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Пойгоҳи 201-уми Русия асос ёфтааст, ки дар ҳудуди кишвари мо ҷойгир мебошад. Як ҷиҳати дигари муҳим ҳам ҳаст: дар сурати таъсис додани пойгоҳи низомӣ дар яке аз ҷумҳуриҳои ОМ ин кишварҳо барои силоҳбадастон ба маркази ҷазб табдил меёбанд ва минтақа шонси зиёд барои бесубот шудан пайдо мекунад,- мегўяд коршинос.
Рисолат иҷронашаванда аст
Ҳоло ки ИМА ба хориҷ намудани неруҳои худ аз Афғонистон ва ҷустуҷўи платсдармҳои нав банд аст, толибон ҳуҷуми баҳории худро идома медиҳанд, бошиддаттар неруҳои ҳукуматии амният ва иншоотҳои зерсохтори мулкиро мавриди ҳамла қарор медиҳанд.
– ИМА тўли ҷанги қариб бистсола ҳеҷ натавонист дар ҳаҷми пурра ба ҳадафҳои худ дар Афғонистон бирасад ва ба қавли бархе мақомдорони сатҳи олии низомии амрикоӣ, бист сол паси дигар ҳам расидан наметавонад,- мегўяд Қосими Бекмуҳаммад. – Аз эҳтимол берун нест, ки Вашингтон ба нақшаҳои ихроҷи низомиҳои худ аз Афғонистон метавонад тағйирот ворид намояд, лекин ба гумон, ки сухан аз тағйироти бунёдӣ равад. Масалан, имкон дорад, ки ҷойи Қўшунҳои низомии мунтазамро ширкатҳои хусусии низомӣ (ЧВК) гиранд. Ба ақидаи коршинос, баровардани гурўҳи асосии низомиёни ИМА ва иттифоқчиёни онҳо метавонад таносуби неруҳоро дар муқобалаи толибону Кобули расмӣ ба якборагӣ дигар кунад.
-Он ҷузъу томҳои хурди амрикоиён, ки мумкин дар Афғонистон боқӣ монанд, фикр мекунам, наметавонанд ба рафти минбаъдаи ҳодисот таъсире дошта бошанд. Ҳамакнун ҳеҷ як коршинос наметавонад пешгўии дақиқ кунад, ки ҳодисоти минбаъда дар ин кишвари азияткашида пас аз 11 сентябр чӣ гуна ранг мегиранд. Дар ИМА умед бар он доранд, ки роҳбарияти феълии толибон, ки ба фарқ аз роҳбарони пешина соҳиби амволи ғайриманқул ва суратҳисобҳои калон дар бонкҳо мебошанд, ба тезутунд кардани вазъ манфиатдор нахоҳанд буд. Аммо дигарон – қумондонҳои саҳроӣ ва толибони қаторӣ ҳам ҳастанд, ки барояшон ҳукуматдорони феълӣ дар Кобул ва ҷонибдорони онҳо дастнишондагони Ғарб ва душман маҳсуб меёбанд. Бо онҳо забон ёфтан душвор мешавад. Аз ин бармеояд, ки ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам кишварҳои Ғарб омодаи ҳар гардиши воқеаҳо бояд буд, минҷумла фавҷи нави гурезаҳо, ки мушкилотро на кам аз вазъи имрўза зиёд мекунад,- хулоса кард сиёсатшинос.
Фаррух Бозоров