Дар ҷаласае, ки бо тасмими яке аз созмонҳои рузноманигории кишвар баргузор гардид, баҳс сари ин мерафт, ки дар “набарди иттилоотӣ”- и даргириҳои наздимарзӣ бо Қирғизистон то кадом андоза муваффақем ва пешорӯи ин қазоё бояд чи гуна бархӯрд кунем? Банда андешаи худро доир ба мушкилоти ин масъала баён доштам ва дар ҳошияи сӯҳбат ҳушдор додам, ки хатаре пешорӯи мо қарор дорад, ки ин ҳам иттиҳоди кишварҳои туркзабон ба унвони “Турони бузург” аст.
I
Дар шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳони турк гуруҳҳое фаъол шудаанд, ки низои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро набарди байни тоҷикон ва туркон арзёбӣ мекунанд. Дар ин баҳс бештар озариҳо пешгом буданд, ки ҳанӯз зери таассуроти ғалаба бар Арманистон қарор доштанд. Агар мо имрӯз дар набардҳои иттилоотӣ бо Қирғизистон ҳампоя нестем, пас фардо ба ин артиши даҳшатпарокан ва фитнабарангези туркҳо чӣ гуна посух хоҳем дод?
Чанде аз ҳамкасбон дар баҳс бо ишора ба ин таъкид доштанд, ки масъала мавзуъи баҳси ин ҳамоиш нест ва чизи дигар аст…
Чун фурсат танг буд, ҳамон руз бо оварадани чанд далел ба дурустии суханҳоям иктифоъ кардам ва имруз фурсатро ғанимат медонам, ки андешаҳоямро ба таври густурдатар сари ин масъала баён кунам. Чаро, ки нодида гирифтани бунёди иттиҳоде мисли “Турони бузург”, ки решааш аз шовинизми пантуркистӣ обишхур дорад, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо паёмади чандон хубе надорад ва хеле хатарнок аст.
II
Хуб, биёед ба умқи таърих назар меафканем ва мутаваҷҷеҳ мешавем, ки идеяи таъсис додани “Турони бузург” аз куҷо сарчашма мегирад.
Пантуркизм ва ё ба истилоҳи дигар “пантуронизм” доктринаи хушунатомез ва нажодпарастона аст, ки бар асоси он халқҳои алоқаманд бо забони туркӣ зоҳиран бояд як миллат бошанд ва таҳти роҳбарии Туркия зери як парчам муттаҳид шаванд, ки аз Балкан то Озарбойҷони Эрон, бахше аз Қафқоз, Шинҷон Уйғури Чин ва то Сибири Русия бо шумули кишварҳои Осиёи Миёна имтидод дорад.
Ҳамин тавр таърихи 28 – январи Соли 1920 парлумони Туркия сандеро бо унвони “Mîsâk-ı Millî”(Паймони миллӣ) ба тасвиб расонд, ки дар заминаи он бояд марзҳои дар гузашта мутааллиқи Туркия, мисли Батуми (Гурҷистон), Мосул (Сурия) Қорс (Карс-قارص) ва Ардаҳан ба империяи Усмонӣ шомил шаванд. Туркия баъд аз талошҳои зиёд қисман ба ин ҳадафҳо ноил ҳам шуд. Қорс ва Ардаҳан, ки аҳолии арманитабори он соли 1914 аз ҷониби туркҳо мавриди наслкушӣ (генотсид) қарор гирифта буд, дар заминаи муоҳидаи Қорс, соли 1921 ба Туркия пайваст.
Доир ба ваҳшонияти туркҳо нисбат ба аҳолии армании ин шаҳристонҳо, ҳатто таърихнигор ва пулисисти маъруфи турк Танер Акчам аз мушоҳидаҳои як рузноманигори олмонӣ бо кароҳат чунин навишта буд: “Шумо бояд ин ваҳшониятро бубинед… то кадом андоза амалҳои онҳо ғайриинсонӣ буд. Лаънати Худо ба онҳо… Онҳо ҳеҷ нисбате на ба мусалмон, на ба насоро ва на ба дигар дину мазҳаб доранд!” (Танер Акчам. A shameful act: the Armenian genocide and the question of Turkish responsibility. — Macmillan, 2006. — С. 138—139. — 500 с.)
Кӯшишҳои таъсиси як Туркистони воҳид дар Осиёи миёна низ соли 1920 ибтидо гузошта шуд. Коргардони ин ойида Анвар-пошо бо таҳрики намояндаи Коминтерн дар Олмон Карл Радек рози шуд, ки роҳбарии урдуи болшевикони Осиёи Миёнаро ба зимма гирад ва бо тавсияи ӯ ба Москав сафар кард. Ӯ чанд муддат дар “Ҷамъияти Ҳамгироии Инқилоб бо Ислом” фаъолият кард ва болшевиконро мутмаин сохт, ки дар Осиёи Миёна барои таблиғи босмачиён ба Ҳукумати Шӯроӣ ва таъсиси иттифоқи комунистони мусалмон кӯшиш хоҳад кард. Вале дар асл ҳадафи Анвар пошо, яке аз пешвоёни ҳаракати “Ҷавонтуркон” (Jön Türkler) бунёди давлати пантуркистӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна, Қазоқистон, Афғонистон, туркистони Чин ва Сибир буд ва ӯ аз боварии Ҳукумати Шуравӣ суиистифода карда ба хотири роҳандозии ин ҳадафҳо, ба Осиёи Миёна омад.

Ин далелҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки идеяи барқарор кардани қаламрави Империяи Усмонӣ, ки аз ҳадафҳои асосии “Турони бузург” маҳсуб мешавад, ҳанӯз дар охири асри XIX аз ҷониби “Ҷавонтуркон” замина гузошта шуд, ки ҷиноҳи радикалии онро аъзои фаъоли ҳизби ҷавонтуркон “Иттиҳод ва пешрафт” Анвар-пошо, Маҳмад Талаат-пошо ва Ҷамол-пошшо сарварӣ мекарданд.
Анвар-пошо соли 1921 бо дастгирии Ҳукумати Шуравӣ бо ҳамроҳии сарҳанг (полковник) Хоҷа Сами-бей, сарвол (капитан) Абдул Қодир Муҳиддин-бей, ки афсарони соҳибтаҷриба буданд ва фиристодагони Маскав ба Бухоро омад. Баъд аз гуфтушунид бо ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Бухорои Шуравӣ ба Москав мактуб ирсол намуд, ки фавран артишашро аз хоки Бухоро барорад. Посухи мактубро интизор нашуда, фиристодагони Маскавро, ки ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекарданд эъдом ва аз анборҳо таслеҳотро ғасб намуд. Теъдоде аз аскарони сурх фирор ва боқимонда ба ӯ байъат карданд. Моҳи октябри соли 1921 дар қаламрави Аморати Бухоро давлати пантуркистиро таъсис дод ва оғози ғазавотро бо артиши куффор эълон кард.
Достони хунрезии Анвар-пошо тӯлонист, ӯ муваффақ шуд қисмате аз заминҳои Бухорои шарқиро фатҳ кунад, вале дар ин матлаб бо ҳамин нукта иктифоъ мекунем, ки дастаи ӯ 4 августи соли 1922 дар мавзеи Чағон ноҳияи Балҷувон аз ҷониби артиши савораи Яков Мелкумов ба муҳосира афтод ва ин шовинисти турк, таҳрикдиҳандаи ҳаракати босмачигарӣ дар Осиёи Миёна дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнин орзуҳояшро бо худ ба қабристон бурд. Аламовар ин аст, ки то ҳол қабри ӯ дар Чағон зироятгоҳи мардуми авом боқӣ мондааст. Мардум бар ин боваранд, ки хоки ин мавзеъ шифобахш аст ва аз дигар шаҳру навоҳии кишвар бо заҳмати зиёд пиёдаву савора сари турбати яке аз мубаллиғони равияи пантуркизм, ки хуни садҳо ҳазор арманиву тоҷикро рехтааст, барои ибодат меоянд.
III
Оё идеяи эҳёи пантуркизм дар Осиёи Миёна то ҳол зиндааст ё хайр? Рӯ меорем ба чанд далел, ки бозкунандаи ин гиреҳ аст.
Баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ андешаи аз нав бунёд намудани “Турони бузург” аз ҷониби баъзе гуруҳҳои шовинистӣ дар кишварҳои туркзабон дубора ҷон гирифт. Дар ин замина бо роҳнамоӣ ва таблиғи Туркия моҳи октябри соли 2009 бо иттифоқи Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон созмоне ба унвони “Шурои ҳамкории кишварҳои туркзабон” таъсис ёфт. Соли 2019 пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, Узбекистон низ ба ин созмон шомил шуд.
Баъд аз дастболо шудани Озарбойҷон дар Қаробоғ алайҳи Арманистон, ки бо дастгирии бевоситаи Туркия сурат гирифт, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ даъватҳо доир ба таҷдиди “ҷаҳони бузурги турк –“Турон” зиёд паҳн шуданд. Заминаи воқеӣ доштани ин даъвою даъватҳо моҳи ноябри соли гузашта баъд аз бо пешниҳоди Туркия табдили ном кардани “Шурои ҳамкории кишварҳои туркзабон” ба “Созмони кишварҳои туркӣ” амалан собит гардид.
Суоли дигар ин аст, ки барои таъсис додани иттиҳоди кишварҳои туркзабон бо унвони “Турони бузург”, кишварҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон, ки равобити иқтисодиашон бо кишварҳои Русия ва Чин бамаротиб бештар аст, то кадом андоза омодаанд? Гузашта аз ин оё касе кафолат медиҳад, ки ҳадафи ин иттиҳод танҳо дар маҳдудаи ҳамкориҳои фарҳангиву иқтисодӣ боқӣ хоҳад монд…
Ҷаҳон борҳо шоҳиди барҳам хурдани империяҳо бузурге, мисли Юнон, Муғулистон, Фаронса, Олмон, Салтанати Усмонӣ ва мисли ин буд. Сабабҳои аслии барҳам хурдани ин империяҳо шовинизми миллии ин империяҳо буд, ки манфиати дигар кишварҳо ва миллатҳоро помол мекард ва онҳоро таҳрик медод то алайҳи истеъмор муттаҳид шаванд ва қиём кунанд. Вале боиси таасуф аст, ки сарнавишти ин империяҳо ба кишварҳои соҳибқудрат сабақ нашуд.
Имруз имкони таъсиси иттиҳодеро мисли “Турони бузург” бояд аз ду зовия таҳлил кард. Нахуст ин, ки се кишвари узви “Созмони давлатҳо туркӣ” (СДТ): Туркия, Озарбойҷон ва Қазоқистон бо тиҷорати баҳрӣ алоқаманданд, яъне дорои бандаранд ва аз сӯи дигар Узбекистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон дорои захираҳои нафту газанд, ки ҳар ду омил далели имкониятҳои густурдаи ин кишварҳо дар бахши иқтисод аст. Дар ҳоли ба ин иттиҳод шомил шудани Туркманистон, ки феълан ба ҳайси нозир дар ҳамоишҳои СДТ ширкат меварзад ва низ аз ҳар ду имтиёз бархурдор аст, таваҷҷуҳи кишварҳои ғарб ҷиҳати ҳамкорӣ бо он ба маротиб меафзояд.
Аз ҷониби дигар… Тавре, ки дар боло зикраш рафт иқтисод ва амнияти кишварҳои туркзабони Осиёи Миёна ва Қазоқистон бо Русия ва Чин сахт алоқаманд аст. Зимнан ин кишварҳо узви созмонҳои минтақавие мисли ИДМ, СААД, СҲШ, Иттиҳоди иқтисодии Аврурсиё мебошанд, ки ҳароина иштироки фаъоли онҳоро дар СДТ то андозае маҳдуд месозад.
То кадом андоза муваффақ шудани ин иттиҳод ба ҳадафҳои ниҳоии он бастагӣ дорад. Агар манзур таъсиси як созмонест, ки дар заминаи муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ рӯи кор меояд, шояд мушкилии ҷиддие пешорӯи он қарор нагирад. Вале агар ҳадаф эҳёи як империя бо номи “Тӯрон” ё таъсиси созмоне мисли НАТО ва ё Иттиҳоди Аврупо бо буҷа, асъор ва сарҳади муштарак бошад, барои кишварҳои манфиатдор мисли Русия, Чин, Эрон, Изроил таҳдиди бузурге хоҳад буд.
Агар ба харитаи “Турони бузург” назар афканем бахши азими қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Чин, Русия, Балкан ва Шарқи наздику миёна ба он шомил шудааст, ки таҳдиди рӯшод ба амният ва якпорчагии марзи ин кишварҳо ба шумор меравад.
Ҳамоиши IX СДТ, ки 11 ноябри соли равон дар Самарқанд баргузор гардид, собит намуд, ки ҳароина ин созмон барномаҳои бузургеро пеши худ гузоштааст.
Бубинед, масъалаҳое, ки дар ин ҳамоиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, то кадом андоза бо манфиатҳои абарқудратони минтақа созгор хоҳад буд:
– Бар асоси санадҳои оинномавии СДТ ҳадафҳои калидии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ва муносибатҳои тиҷоратӣ; кӯшиш барои рушди ҳамаҷониба дар бахшҳои иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳанг; тавсеаи ҳамкориҳо дар самти илм, техника, маориф ва фарҳанг; дастгирии сулҳ ва АМНИЯТ (то ҳол ҳақи вижаи Русия эътироф мешуд) дар минтақа аст.

– Президенти Туркия Раҷаб Тайип Урдуғон махсус таъкид намуд, ки бояд масъалаи ҳамкории кишварҳои узви СДТ дар риштаи илм ва лоиҳаи “Роҳрави (коридор) гази ҷануб”, ки ба ҳайси шоҳраги чаҳоруми интиқоли газ ба аврупо тарҳрезӣ шудааст бояд ҷиддӣ гирифта шавад. (Ба гумон аст Русия ва Чин, ки дар иктишоф, коркард ва интиқоли гази кишварҳои Осиёи Миёна манфиатдоранд, ба ин масъала аз паси панҷа назар андозанд.)
– СДТ илова бар муносибатҳои минтақавӣ барои тавсеа додани муносибатҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳамкориҳо бо созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони амният ва ҳамкорӣ дар аврупо, кӯшиш менамояд.
– СДТ тасмим мегирад, ки барои ҳамкорӣ ва табодули иттилоот байни кишварҳои узв ҷиҳати мубориза алайҳи радикализм, экстремизм, исломҳаросӣ, бегонаҳаросӣ ва терроризм, инчунин БАРОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САРҲАДИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СДТ (!) шабакаи иттилоотии ягона таъсис медиҳад.
Дар саммити мазкур яке аз масъалаҳои муҳим ва калидӣ боз кардани роҳравҳои нақлиётӣ бо унвони Шарқ-Ғарб буд, ки барои ба пули васлкунандаи Аврупо ва Осиё табдил додани СДТ ва пайвастани кишварҳои Осиёи Миёна бо Туркия ва Озорбойҷон замина фароҳам меорад. Ҳанӯз ин масъала аввали моҳи июни соли 2022 дар ҷаласаи роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои СДТ дар Бишкек ва дар 27 июн дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷи ва нақлиёти Туркия, Қазоқистон ва Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Дар ҳамоиши Самарқанд роҳандозии муносибатҳои нисбатан содаи гумрукӣ низ таъкид шуд, ки манфиатҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро зери шубҳа мегузорад.
Дар ҳамин ҳамоиш шаҳри Самарқанд, ки асрҳои зиёд қабл аз тасарруфи қабилаҳои турк барои рушди илм ва фарҳанги халқи тоҷик замина гузошт ва дар заминаи далелҳои таърихи бидуни шубҳа гавҳораи тамаддуни мардуми ориёитабор маҳсуб мешавад, “Пойтахти тамаддуни туркҳо” эълон гардид, ки ин иҳонат ба таърих ва ҳушдор ба қавми форснажод буд …
IV
Ҳамагуна созмонҳои нажодпарастона ва шовинистӣ дар ибтидо дар заминаи ҳамкориҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таъсис меёбанд. Вале марҳила ба марҳила иддаоҳои сиёсву ҳамкориҳои ҳарбӣ дар меҳвари муносибатҳои ин гуна созмонҳо қарор мегиранд ва дар интиҳо ба бунёди як ҷиноҳи наслкуш анҷом меёбад, ки хилофи ҳама гуна қонунҳои башарист.
Созмони давлатҳои туркӣ низ, ки дар ибтидо ба унвони “Шурои туркҳо” шинохта мешуд, фаъолияти худро аз ҳамсонсозии алифбо ва истилоҳот оғоз намуд. Вале имрӯз СДТ ҳадафҳоеро пайгирӣ дорад, ки бо манфиатҳои кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ихтилоф дорад. Кишварҳои туркзабони Осиёи Миёна ва Қазоқистон, ки то ҳол бо мамолики ҳамҷавори худ зиндагии осоишта доштанд, бояд ин воқеиятро ба назар бигиранд, ки ин даъвоҳои бузургманишӣ қабл аз ҳама ба кишварҳои онҳо зарбаи муҳлик хоҳад зад. Онҳо бо ин амалашон маҷбур мекунанд, ки бар зиддашон эътилофҳои дигар таъсис ёбад. Ба хусус Узбекистон, ки бо сиёсати дарҳои боз, ҳамкории минтақавӣ ва ҳамсоягии неки худ солҳои охир муваффақ шуд то андозае ба муносибатҳои сарди кишварҳои минтақа хотима бахшад, монеаҳои роҳи тиҷоратро бардорад ва ба иқтисоди кишвараш такони ҷиддӣ бахшад, бояд ба қадри ин дастовардҳои бесобиқа бирасад.
Дигар кишварҳои манфиатдори минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон бо роҳи гуфтушунид ва аз тариқи каналҳои дипломатӣ бо кишварҳои манфиатдор, бояд пеши роҳи ин тамоюлро, ки паёмадаш нигаронкунанда аст, бигиранд
Вагарна ин ДАЪВО, ки аслан аз ҶОҲТАЛАБӢ ВА БУЗУРГМАНИШИИ роҳбари як кишвари туркзабони аврупоӣ реша мегирад, метавонад боиси аланга гирифтани фитнаи наве дар Осиёи Марказӣ гардад…
Бахтиёр ҲАМДАМ,
Шореҳи сиёсӣ