ИҶЛОСИЯИ 16: АЗ А ТО Я

ИҶЛОСИЯИ 16

Сӣ сол қабл аз 15 ноябр то 2 декабр дар Қасри Арбоб киҳо чиҳо гуфтанд ва чӣ иттифоқҳое пеш омад?

Ин шабу рӯзи соли 1992 дар шимоли мамлакат ҳодисаҳое сурат мегирифтанд, ки баъдан маълум шуд, дар таҳкурсии худ барои дарозмуддат равона шудаанд. Гуфтан мумкин нест, ки ҳамаи ин ҳаводис барои мардум ошкор буданд ва то имрӯз асроре дар худ надоранд. Шореҳи Nuqta.tj маълумотро ҷамъоварӣ карда, солномаи рӯйдодҳои он рӯзҳоро бо ин санаи таърихӣ тартиб дод. Матлаби мазкур танҳо қисми аввали маҷмӯи мақолаҳо дар ин мавзуъ аст.

Ҳангоми таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16, пеш аз он ки Эмомалӣ Раҳмон ба хондани матни дар пешаш қарордошта шуруъ намояд, ба назар мерасид, ки суҳбати самимонаву озод карданист. Аввал аз лаҳзаҳои гуногуни ҳодисаҳои 30 соли пеш дар Қасри Арбоби Хуҷанд ба хотир овард, вакилони онвақтаи Шӯрои олиро “ҳамтоёнам” гуфт ва ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуд, ки дар ҷаласаи онрӯза ҳузур пайдо карданд. Гуфт, дастур дода буд, то ҳамаро даъват намоянд, агар ҳолаташон имкон диҳад, онҳоро ба толор биёранд. Ҳарчанд баъдан маълум шуд, ки на ҳама вакилони ин иҷлосия даъват шудаанд. Аз ҷумла, вакил аз ҳавзаи интихоботии Дарвоз, собиқ раиси кумитаи Шӯрои Олӣ, вазири собиқи кишоварзӣ, яке аз вакилони фаъоли блоки демократӣ дар солҳои 90-ум Ҳайдаршоҳ Акбар ҳамон рӯзҳо дар сафҳаи фейсбукии худ навишт, ки ӯро ба ин иҷлосия даъват накардаанд. Изҳор дошт, ки аз сатҳи ноҳия то марказ сабаби инро пурсид, аммо барояш посух дода натавонистанд, ки чаро ӯ даъват нашудааст…

30-солагии ИҶЛОСИЯИ XVI. khovar.tj
30-солагии ИҶЛОСИЯИ XVI. Акс: khovar.tj

Аммо ба эҳтимоли зиёд, вақте Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди даъват кардани ҳамаи вакилоне, ки “имкон доранд”, суҳбат мекард, манзураш синну соли вакилон буд. Зеро ноябри соли 1992 ҳамаи вакилон мисли Эмомалӣ Раҳмон чилсола набуданд. Бештарашон калонсолтар буданд ва маълум аст, ки ҳоло 80 – 90-солаанд. Шояд як қисмашон дар қайди ҳаёт ҳам нест. Инро ҳам президент ишора кард.

Дар бораи саҳми вакилон дар он иҷлосия қотеона гуфт: “Имрӯз бо итминон изҳор менамоям, ки мо – вакилони мардумӣ – он рӯзҳо масъулияти таърихӣ, қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷавонмардӣ ва рисолати имонии худро нисбат ба сарнавишти кишвари тозаистиқлоламон, халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзаву ояндаи мардумамон иҷро кардем”.

Вале нуқтаи калидии пешгуфтори суханронии Президенти Тоҷикистон дигар буд. Ӯ гуфт, ки вақт бисёр зуд гузаштааст ва ҳодисаҳо гӯё дина рух дода буданд. “Ҳеҷ кас бовар ҳам надошт, ки ба ин рӯзҳо мерасем”,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Чаро?

Ва ин  “чаро”  ягона саволе нест, ки Иҷлосияи 16-ум дар худ дорад.

ҲУКУМАТИ МУРОСОИ МИЛЛӢ. ЯЪНЕ ЧӢ?

Иҷлосияи  16-и Шӯрои Олии Тоҷикистон баъд аз шаш моҳи фаъолияти номуваффақи Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ва баъд аз ду моҳи истеъфои президент Раҳмон Набиев баргузор гардид.

Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ моҳи майи соли 1992 пас аз майдоннишиниҳои тӯлонии нерӯҳои мухолиф, аввалин қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ дар таърихи 5 май ва майдонро тарк кардани ҷонибдорони майдони Озодӣ пайдо шуд. Аслан, баъди гаравгон гирифтани 17 аъзои ҳукумат ва вакили парлумон аз ҷониби тазоҳургарони майдони Шаҳидон дар моҳи апрел,  ҳукумати вақт ҳамроҳ бо Шӯрои Олӣ бархе шартҳои майдоннишинҳо, аз ҷумла талаби истеъфои спикер Сафаралӣ Кенҷаевро пазируфт ва мардум ба хонаҳояшон рафтанд.  Вале 26 апрел тарафдорони Кенҷаеву Набиев, умдатан аз Кӯлоб, ба майдони “Озодӣ” омаданд. Ин боис ба дубора бозгашти тарафдорони мухолифин ба майдони Шаҳидон гардид.

Иҷлосияи XVI.
Раҳмон Набиев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI.

1-уми май президент Набиев шояд дар паҳлӯи худ қувват эҳсос кард, ки дар бораи таъсиси Гвардияи президентӣ фармон баровард ва онро асосан аз ҳисоби тазоҳургарони майдони Озодӣ ташкил намуда, барояшон 1700 автомати Калашников дод. Воқеан, Гвардияи президентӣ тибқи хабарҳо аввали соли 1992 ташкил гашта,  генерал Баҳром Раҳмонов раҳбари он таъин шуда буд. Онҳо як маъракаи сафороӣ ҳам анҷом доданд. Вале баъд маълум шуд, ки ин ҳама дурӯғ буда, ҳеч гуна гвардияе шакл нагирифтааст ва он нафарони сафороста ҳам аскару афсар нестанд.

Пас аз ташкили гвардия дар моҳи май ва ба дасти одамони тасодуфӣ афтодани яроқ  ихтилофоти сиёсӣ дар Душанбе ба хушунатҳо печиду кушташудаҳоро ба думбол дошт. Аз ҷумла, вакили парлумон ва сармуҳаррири нашрияи “Садои мардум” Муродалӣ Шерализода рӯзи 5 май дар саҳни Шӯрои олӣ кушта шуд. Ҳудуди 10 нафар дар як тирандозӣ дар минтақаи Олий Совети ноҳияи ҳозира Рӯдакӣ ва 4 нафар, аз ҷумла 3 хабарнигор дар назди Хонаи радио ба қатл расид.

Ҳамон бегоҳ, мухолифин бинои телевизиони ҷумҳуриро забт намуда, ба воситаи он ташвиқоти худро сар карданд. 6 май бинои фурудгоҳ ва вокзали роҳи оҳан ҳам зери назорати мухолифон афтод. Милитсия, ОМОН қисман бетараф ва қисми дигар ҷонибдори мухолифин гардид. Мушовири Президент оид ба масъалаҳои ҳарбӣ, роҳбари Гвардияи Миллии вуҷуднадошта, генерал-майор Баҳром Раҳмонов, ки ба зиммаи ӯ муҳофизати бинои Ҳукумати ҶТ вогузошта шуда буд, бо техникаву аслиҳа ба ҷониби мухолифин гузашт.

Роҳбарони асосии гирдиҳамоии майдони “Озодӣ” Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳим ба асорати мухолифин афтода, тариқи ТВТ истинтоқашон пахш гардид. Онҳо пас аз чанд рӯз бо миёнаравии Давлат Худоназаров озод ва ба Кӯлоб фиристода шуданд, ки дар он ҷо гурӯҳҳои яроқбадасти худро ташкил намуданд,

Президент Набиев дар бинои Кумитаи амнияти миллӣ паноҳ бурд. 10 май ҷонибдорони мухолифин, ҳамон тавре мегуфтанд, бо ҳадафи «сарнагун намудани хукумати Набиев» ба ҷониби Кумитаи амнияти миллӣ роҳпаймоӣ намуданд. Вале бо задухӯрди шадид рӯ ба рӯ шуданд, ки дар натиҷа 14 нафар аз намоишчиён ҳалок гардид.

Раҳмон Набиев дар чунин як шароит, ки ихтилофоти байни ду майдон бо пирӯзии майдони “Шаҳидон” анҷом ёфт, бо миёнаравии шахсиятҳое чун Отахон Латифӣ, Акбари Турсон ва Лоиқ Шералӣ талаби мухолифон дар бораи таъсиси Ҳукумати Муросои Миллиро пазируфт. Ҳамин тавр, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ (ҳоло дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнуъ аст)  Давлат Усмон муовини сарвазир таъин шуда, ҷонибдорони дигарашон Худойбердӣ Холиқназар вазири корҳои хориҷа, Зокир Вазиров вазири маориф, Мирбобо Мирраҳим раиси Кумитаи радио ва телевизион, генерал Баҳром Раҳмонов вазири дифоъ шуданд. Генерал Мамадаёз Навҷувонов мақоми пешинаи худро дар Вазорати корҳои дохила ба ҳайси вазир, ки майдоннишинии мухолифин дар ибтидо ба хотири ҳимояи ӯ оғоз ёфт, ҳифз намуд.

ТОҶИКИСТОНРО КӢ ПОРА КАРДАНӢ БУД?

 Ҳукумати Муросои Миллиро вилоятҳои Ленинобод (Суғди ҳозира) ва Кӯлобу навоҳии водии Ҳисор эътироф накарда, муқобили он ба мубориза бархостанд. 14 май дар Хуҷанд иҷлосияи вилоятӣ бо ширкати вакилони вилоятиву ноҳиявӣ ва депутатҳои Шӯрои олии Тоҷикистон (зодагони Суғди имрӯза) баргузор шуд. Дар он қарор қабул гардид, ки ягон қарору дастурҳои ин ҳукуматро иҷро намекунанд. Тасмими ҳамчунин дар Кӯлоб низ гирифта шуд.

Тобистони ҳамон сол  ҷанги шаҳрвандӣ вилояти Қурғонтеппаро фаро гирифт ва мардуми зиёде куштаву фирорӣ гаштанд. 19 июн дар Душанбе ситоди «Наҷоти Ватан» таъсис ёфт, ки ба он тарафдорони мухолифин шомил шуданд. 27 июн дар Қурғонтеппа задухӯрди мусаллаҳонаи ҷонибдорони президент Набиев ва мухолифин рӯй дод. Дар натиҷа, мувофиқи маълумоти ВКД-и Тоҷикистон, 35 нафар ҳалок ва зиёда аз 50 кас захмдор шудаанд. Инро аксари муҳаққиқон оғози ҷанги шаҳрвандӣ маънидод кардаанд, чун пас аз ин ҳодиса дар Қурғонтеппа ҷанг алангаи бештар гирифт.

Отряд Хикматулло Мирзоева. Колхозабад, 1992 год, ноябрь. Фото: из личного архива Х. Мирзоева
Гурӯҳи Ҳикматулло Мирзоев. Колхозобод, с.1992. Акс: аз бойгонии Ҳ. Мирзоев

Андактар ҷанг ба водии Ҳисор ҳам “кӯч” баст. Ноҳияҳои вилояти Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ монданд. Мардум ҳатто нони хӯрдан надоштанд. Муовини раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб Сайфиддин Сангов, ки  барои орду нон ба пойтахт омада буд, ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ натавонист вазъиятро ором кунад.

Дар ин миён як иттифоқи дигаре ҳам пеш омад. Моҳи август дар пойтахт иҷлосияи 15-уми Шӯрои Олӣ доир гашт. Дар он мебоист як масъала – истеъфои Раҳмон Набиев баррасӣ мешуд. Давлат Усмон дар яке аз мусоҳибаҳояш мегӯяд, ки бо собиқ ноиби президент Нарзулло Дӯстов (чанд рӯз пеш аз нашри ин матлаб дар ғурбат даргузашт) ӯ дар ин бора суҳбат кард ва қарор буд, бо вакилони Шӯрои Олӣ аз вилояти Суғди имрӯза, ки он замон беш аз 50 дарсадро ташкил медоданд, Абдумалик Абдуллоҷонов масъаларо “ҳал” менамуд. Дӯстов изҳор доштааст, ки дар сурати дар ҳукумати нав мансаб гирифтанаш омодааст Набиевро ба истеъфо водор намояд. Абдуллоҷонов ҳам мегӯяд, масъаларо бо вакилон аз Суғд ҳал кардааст.  Иҷлосия баргузор шуд, аммо дар нисфи он Раҳмон Набиев “сенария” –ро эҳсос карду дар кори иҷлосия танаффус хост. Дар ин муддат тавонист вакилони ҳамшаҳрашро “аз асли воқеа” бохабар карда, бо ҳамин “масъалаи худро” ҳал кунад. 

24 август Прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев ва яке аз ҷонибдорони таъсиргузори майдони “Озодӣ” кушта шуд.

31 август гурӯҳи мусаллаҳи ба истилоҳ «ҷавонони Душанбе» Қасри президентро забт намуда, 48 аъзои ҳукуматро ба гарав гирифтанд. Президент Набиев дар гарнизони дивизияи 201-уми Россия паноҳ бурд.

7 сентябр Раҳмон Набиев, ки бояд ба Хуҷанд парвоз мекард, аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳ дастгир гашта, иҷборан ба истеъфо фиристода шуд. Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари давлат акнун раиси Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров ба ҳисоб мерафт, ки пас аз Кенҷаев ваколати раисии парлумонро дошт. Чанде пас ӯ шояд ба хотири таскин додани мардуми шимол, ки эҳтимол аз истеъфои иҷбории президент Раҳмон Набиев озурда буданд, ҳамчун намояндаи клани Хуҷанд Абдумалик Абдуллоҷоновро сарвазир таъин намуд.

Аммо 24 октябр Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе ҳуҷум карда, барои чанд соат “ҳукмронӣ” намуд. Дар ҷараёни ин юриш яке аз чеҳраҳои таъсиргузори вақт – Рустами Абдураҳим ваҳшиёна ба қатл расид.

27 октябр раиси вилояти Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоев аз тири туфанги Сангак Сафаров кушта шуд. Ба ҷойи ӯ директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара, вакили Шӯрои Олӣ, шахсияти он вақт начандон маъруф Эмомалӣ Раҳмонов раиси вилоят шуд.

Нерӯҳои гурезони Сафаралӣ Кенҷаев дар наздикии тарабхонаи “Шоҳамбарӣ”-и шоҳроҳи Душанбе – Регар сангар гирифтанд. 1-уми ноябр ин нерӯҳо хатти роҳи оҳан то Душанберо аз чанд ҷо вайрон карда, пойтахтро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доданд. Дар натиҷа маҳсулот камчин ва хеле гарон шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки даҳҳо ҳазор гуреза аз Вахшу Қурғонтеппа ба пойтахт омада буданд. Мардум дар ин ҳама ҳодисаву ҳолатҳо Ҳукумати Муросои Миллиро гунаҳкор медонист.

Акбаршо Искандаров.
Акбаршо Искандаров.

То моҳи ноябр вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва водии Ҳисор тақрибан пурра таҳти назорати Фронти халқӣ, ки дар заминаи тарафдорони гирдиҳамоии майдони “Озодӣ” таъсис ёфта буд, қарор гирифт. Вилояти Суғди имрӯза ҳам аз он ҷонибдорӣ менамуд.

7 ноябр Искандаров Шӯрои давлатӣ ном сохтори давлатӣ таъсис дод, ки онро мухолифони ҳукумат ғайриконститутсионӣ арзёбӣ карданд.

9 ноябр дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Бишкек ҷониби Душанберо раиси Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров ва Фронти Халқиро раиси тозаинтихоби кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов намояндагӣ мекарданд. Ин нахустин зуҳури сиёсии Раҳмонов дар маҳфилҳои сиёсии беруна ба ҳисоб мерафт.

Баъди ин ҷаласа дигар маълум шуд, ки кишварҳои таъсиргузор, бахусус Россияву Ӯзбекистон аз кӣ ҳимоят мекунанд. Дар натиҷа  аъзои ҳукумат, Раёсати Шӯрои Олӣ 12 ноябри соли 1992 ба аризаи истеъфои худ имзо гузошта, ночор барои баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ  дар Хуҷанд розӣ шуданд.

Солҳо пас Акбаршо Искандаров сабабҳои тасмими худро оид ба даъвати Иҷлосияи 16 зимни суҳбат бо хабарнигорон чунин шарҳ дод: 

  • Ақидаи ман, ҳаммаслакони ман ва нафароне, ки он вақт узви раёсати Шӯрои Олӣ буданд, ин аст, ки далели асосии баргузории ин иҷлосия вазъияти сиёсии онрӯзаи мамлакат буд. Ин андешаҳо, ки касе моро маҷбур карда бошад, ки ҳатмӣ бояд ҷаласа баргузор намоед, нодуруст аст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷаласаи бахшида ба даҳумин солгарди имзои Созишномаи умуми сулҳ ва ризоияти миллӣ баъзе масъалаҳоро то ҷое равшан намуд, ҳарчанд гуфт, ҳама чиро ҳоло ҳам гуфтан имкон надорад:

– Аллакай баъзе кишварҳо барои порча-порча кардани Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гуфтушунид пеш мебурданд. Вақташ мерасад ва ман менависам. Собиқ баъзе вазирони корҳои хориҷии кишварҳои абарқудрат ин корҳоро мебурданд, суҳбатҳои сепаратистӣ мерафт. Аммо он замон ҳама чизро на ба мардум гуфта мешуд ва на ба мухолифин.

(Идома дорад)

Раҷаби МИРЗО

Оцените статью

ИҶЛОСИЯИ 16: АЗ А ТО Я Сӣ сол қабл аз 15 ноябр то 2 декабр дар Қасри Арбоб киҳо чиҳо гуфтанд ва чӣ иттифоқҳое пеш омад? Ин шабу рӯзи соли 1992 дар шимоли мамлакат ҳодисаҳое сурат мегирифтанд, ки баъдан маълум шуд, дар таҳкурсии худ барои дарозмуддат равона шудаанд. Гуфтан мумкин нест, ки ҳамаи ин ҳаводис барои мардум ошкор буданд ва то […]
4 1 5 5
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.