Худиро зан, ки бегона тарсад

Қариб ҳар ҳафта ВКД доир ба ҷиноятҳое, ки шаҳрвандон нисбати хешованду наздикони худ содир мекунанд, хабар нашр менамояд. Nukta.tj тасмим гирифт муайян кунад, ки сабаби афзудани ноҳурматӣ нисбати якдигар, душманӣ ва низоъҳо дар оилаҳо ва ҷомеаи мо, ки як замон бо робитаҳои хешутаборӣ маъруф буд, дар чист?

Парлумони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта лоиҳаи қонунеро баррасӣ намуд, ки минбаъд судҳоро вазифадор мекунад на танҳо барои воситаҳои ахбори умум, балки барои ҳар шаҳрванд ҳам кушода бошанд. Аз як тараф, ташаббускорони навоварӣ бар онанд, ки ин ба беҳбуд ёфтани робитаҳои судҳо ва ВАО-и тоҷик, ҳамчунин афзудани эътимоди мардум ба мақомоти судӣ мусоидат менамояд. Аз тарафи дигар, таҳлилгарон инро ба якбора зиёд шудани асабоният ва хашми назоратнашаванда дар ҷомеа марбут медонанд, ки ангезае барои содиршавии бераҳмӣ ва ҷиноёт мегарданд. Ба ақидаи онҳо, иттилоъмандӣ барои ҷомеа як навъ омили боздоранда ва огаҳсоз хоҳад буд, ки ҳеҷ як ҷиноят беҷазо намемонад, аз ин рў рафтори ҳар кас бояд масъулиятшиносона ва бар асоси андеша бошад.

Замони охир маҳз чунин ҳодисаҳое зиёд шудаанд, ки дар пасманзари асабоният одамон вазъиятҳои низоиро ба вуҷуд меоранд, ки бисёр вақт бо зўроварӣ ва эҷоди хатар ба ҳаёт анҷом меёбанд.

Масалан, мутобиқи ахбори милитсия, ба яке аз шуъбаҳои ВКД дар пойтахт сокини 23-сола бо шикояте муроҷиат намуд, ки бо модари 46-солааш муноқиша кардаасту дар оқибат модар ба ў бо корд ду ҷароҳати вазнин расондааст.

Зани душанбегии 38-соларо ҳамсари бародараш ва духтари 16-солаи ў латукўб ва бо корд захмӣ кардаанд. Ҷароҳати зан «осеби вазнини ҷисмонӣ» арзёбӣ мегардад.

Дар маълумотномаҳои ВКД ба ҳодисаҳои мудҳиштару фоҷиавитар ҳам бархўрдан мумкин аст:

«Кормандони милитсия бо гумонбарӣ ба расондани осеби вазнин ба саломатӣ сокини 27-солаи ноҳияи Рўдакиро дастгир намуданд, ки дар оқибати ихтилоф бо ҳамсари 33-солаи худ бо корд ба шиками зан зарба задааст. Дар натиҷа зан осеби вазнин бардошта, дар беморхона вафот кардааст».

Мувофиқи ахбори Кумитаи кор бо занон ва оила, соли 2020 танҳо ба «хатти алоқаи фаврии шаборўзӣ»-и Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирӣ аз зўроварӣ дар оила 1919 муроҷиат ҷой дошт, ки аксари онҳо ба ҳалли низоъҳои оилавӣ ва хушунат дар оила вобаста буданд.

Ихтилофҳо миёни ҳамсарон, волидон ва фарзандон, бародару хоҳарон, хушдоману келинҳо ва хешовандони дигар дар ҳар оила ногузиранд. Инро фаҳмидан ҳам мумкин аст – одамон якдигарро меомўзанд, ба якдигар мутобиқ мешаванд. Аммо зиёд баҳсҳои оилавӣ ба фоҷеа мебаранд.

Худиро зан, ки бегона тарсад

Таҳлили таҳқиқи ихтилофҳои иҷтимоӣ (Низои оилавӣ яке аз шаклҳои аз ҳама паҳнгаштаи низоъҳо мебошад. Мувофиқи арзёбии мутахассисон, низоъҳо дар 80-85 дарсади оилаҳо рух медиҳанд, дар 15-20 дарсади боқӣ ба сабабҳои гуногун баҳсҳо ба амал меоянд)

Бояд гуфт, ин дарди оилаҳои алоҳида на, дарди тамоми ҷомеаи мост. Чаро чунин воқеаҳо рух медиҳанд? Ин қадар ноҳурматӣ, ситез, ин миқдор ихтилофҳо дар ҷомеаи мо аз чӣ маншаъ мегиранд? Чаро чораҳои пешгирӣ андешида намешаванд?

Худиро зан, ки бегона тарсад
Сайидо Назаров

Ба ақидаи рўзноманигори маъруф Сайидо Назаров, тайи сӣ соли охир раванди модернизатсияи муносибатҳои волидону кўдакон идома дошт. ва бояд эътироф намуд, ки ин тағйирот сўйи беҳбудӣ набуд. Дар шароити низоми нави муносибатҳои ташаккулёфта дар оила одатан кўдакон дар якдигар на бародару хоҳарони ҳамхун, балки бештар рақибони эҳтимолиро мебинанд, ки ба як қисми муайяни мероси волидон ҳуқуқ доранд.

Ба сифати мисол коршинос аз ҳолати баҳсии барои қитъаи замин дар ҷамоати Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб бавуҷудомада ёд кард. Бародари калонӣ ба хурдӣ бо корд ҷароҳатҳо расонд, дар оқибати ў аз захмҳои бардошта ба ҳалокат расид. Баҳсҳо барои замин миёни бародарон муддати мадид идома карда, ахиран бо чунин фоҷиа анҷомиданд. Бародари калонӣ ҷазои судӣ гирифт.

 «Дар воқеъ, аксари чунин маҳкумшудагон дар рафти афви умум дар Тоҷикистон озод шуда буданд, аммо маҳбас онҳоро ислоҳ накард: бисёри онҳо барои ҷинояти такрорӣ боз ҳукм гирифтанд”, – қайд намуд ў.

Барои худиҳо бегона, барои бегонагон худӣ не

Назаров сабаби ин нохушиҳоро, ки зиёд дар фазои пасошўравӣ рўй медиҳанд, дар бунёдшавии низоми ноодилонаи капитализми бенўхта дар ин кишварҳо мебинад, ки ба як тўдаи хурди одамон ҳама чиро доду ба боқимондаҳо ҳеҷ.

– Аз ин нигоҳ муваққатан ғайриидеологӣ шудани ҷомеа ҳам таъсир доштааст. «Муваққатан» гуфтам, зеро, бо вуҷуди тамоми кўшишҳои ниҳодҳои давлатӣ, чизи наверо пайдо кардан, ки мавқеи идеяи миллиро соҳиб шавад, муяссар нагардид. Аз ин сабаб халои идеологии бавуҷудомадаро дар кишвар таълимоти динии дорои таърихи бисёрасраи Ислом пур кард, ки ҷаҳолатпарастӣ, носерамӣ, хешутаборбозӣ ва ғайраро қатъиян маҳкум мекунад. Дар оқибати ин ҳукуматдорон илоҷи дигаре ғайр аз татбиқи чораҳои сахтгиронаи маҳдудсоз надоранд, – мегўяд ў.

Ба қавли коршинос, масалан, муҳоҷирони тоҷик, ки дар банди вазъи пасоковидӣ дар хона, бе имконияти татбиқи тавонмандиҳои худ монданд, бори навбатӣ ба Ватан тамоман нолозим будани худро эҳсос карданд. Тавре чанд нафар аз сокинони Кўлоб гуфтанд, ки ба Душанбе ба хотири харидани билетҳои ин замон хеле камчин ба самти Русия омада буданд: «Мо барои худиҳо бегона шудаем ва дар байни бегонаҳо ҳам худӣ шудан натавонистем. Аммо поямон бисёртар ба муҳоҷират мекашад, зеро онҷо кор ва маоши устувор ҳаст, инҷо бигузор дигарон хўрда гарданд, онҳо моро фаҳмида наметавонанд».

«Мехоҳӣ гўӣ, ки аз гуфтани тамоми ҳақиқат дар бораи мо наметарсӣ?» – суол карда наздам омад марди тахминан 50-сола, ки, ба гуфташ, Сайвалӣ ном дошт. Ў иқрор шуд, ки вақте дар хона буд, қариб ҳар бегоҳ ба занаш даст мебардошт, сабаб он буд, ки зан харидани хўрокаву либосаро барои кўдакон, пардохтани пули обу барқу партовро талаб мекард ва талабаш дуруст ҳам буд.

«Кўдакон тарафи ўро мегирифтанд ва сари ҷаҳл ба онҳо ҳам ситам мекардам. Ман аз сабаби нотавониям дар дил нисбати худам нафрат пайдо кардам, аз ин сабаб роҳи дигар пайдо накарда, шабҳо то хоб рафтанашон дар кўчаҳо мегаштам. Акнун бар ивази ин пулҳо, ки бо фоиз қарз гирифтаам, аз худаму мушкилиҳоям мегурезам, зеро онҳоро ҳал карда наметавонам», – иқрор шуд марди ғамгин.

Дар ин мисол мо боз як сабаби асабоният дар оилаҳоро баръало дида метавонем.

«Кўдаконе, ки ҷазои сахт мегиранд, бераҳм калон мешаванд»

Мисли Сайвалӣ ҳазорон сарнавиштҳо ҳастанд. Бисёр мардон ба муҳоҷират рафта, фарзандони худро ба амри тақдир ҳавола мекунанд. Дар натиҷа кўдаконе, ки аз сабаби серкории модар бе назорат мемонанд, аз норасоии интизом ва ҳолати моддии на ҳама вақт муътадил бисёр вақт канораҷўй ва ғазабнок мешаванд. Замони охир қатори ҷиноёти ба ҳам монанд ба як тамоюл табдил ёфтааст, ки ба ҳамлаи ноболиғон ба ҳамсолони худ дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ марбутанд. 

Таҷовузгарии талабагони мактаб, занозанӣ, кордкашӣ, куштор, сиҳатии аздастрафта, суд ва маҳбас – ин ҳама дар ҳаёти фарзандони мо маъмул шудааст. Бинобар ақидаи олимон, 90% одамоне, ки ҷиноятҳои монанд содир мекунанд, кўдаконе бо равони шикаста ва кинадор мебошанд.

Занозании охирин миёни хонандагони Гимназияи №74-и пойтахт байни талабагони синфҳои 10 рух дод. Дар натиҷа як нафарро корд заданд ва ў қариб буд аз хунравии зиёд ба ҳалокат мерасид.

Номзади илмҳои педагогӣ, равоншинос Зебуннисо Назарова ақида дорад, ки сабабҳои ин пеш аз ҳама дар оила реша доранд – зўроварии ҷисмонӣ ва равонӣ, нарасидани таваҷҷуҳу меҳр, ноустувории молиявӣ, талаботи барзиёд нисбати таҳсили кўдак. Ё таҳқирҳои ҳамсинфон, надоштани дўстони наздик, беэътиноии омўзгорон. Ин рўйхатро боз давом додан имкон дорад, аммо натиҷа як аст – ҳолати бади кўдак, изтиробнокӣ, маъюсӣ, худро амн ҳис накардани ў.

Мутахассис фикреро арз кард, ки шояд баҳсбарангез бошад, аммо ба қавли ў, таҷрибаи ҳаётӣ инро собит кардааст: «Кўдаконе, ки сахт, гоҳо бераҳмона ҷазо дода мешаванд, хашмгину бераҳм ба воя мерасанд».

Худиро зан, ки бегона тарсад
Натиҷаҳои пурсиши иҷтимоӣ, ки бо ширкати 628 наврас гузаронда шуд.
(
Тавре дар диаграмма дар мавзўи «Чӣ наврасони ин замонро бештар нигарон мекунад?» дида метавонем, бештар посух муносибат бо волидон, дар навбати дуюм дилтангӣ ва афсурдарўҳӣ, пасон мушкилоти таҳсил аст.
Мушкилиҳое, ки наврасони муосирро нигарон мекунанд
·        Муносибати бад бо волидон
·        Мушкилӣ бо дўстон
·        Мушкилӣ бо ҷуфти худ
·        Мушкилӣ дар таҳсил
·        Машруботи спиртӣ ва тамоку
·        Маводи мухаддир
Дилтангӣ ва афсурдарўҳӣ).

Ба андешаи ў, аксари мушкилиҳои кўдакон замоне пайдо мешаванд, ки дар оилаҳои нопурра, мисле ки дар мавриди Сайвалӣ дидем, танҳо зери тарбияи модар ба воя мерасанд. Равоншинос мегўяд, имрўз ба хотири таъмини моддии оила зан маҷбур мешавад ба муддати тўлонӣ кўдакро ба муассисаҳои томактабӣ, боғчаҳо, гурўҳҳои таҳсили баъдидарсӣ ва ҳар навъ марказу курсҳои рушддиҳанда супорад. Мушкили асосии ин гуна оилаҳо дар норасоии таваҷҷуҳ, навозиш, меҳрубонӣ ва ғамхории модар аст. Зан барои кор вақти зиёд сарф карда, барои духтару писаронаш дигар вақту неру намеёбад. Ва табиист, ки дар ин гурўҳ кўдакон, бештар дар писарон, афзоиши бадхашмӣ, асабоният қайд мегардад. Кўдак метавонад ба осеби равонӣ дучор шавад, ки ба хиёнат, аз даст додани боварӣ ва ҳисси нодаркор будани худ алоқамандӣ дорад. Модар гоҳо дарк карда наметавонад, ки чаро хонандаи мактаб намехоҳад бо касе бозӣ кунад, ғазабнок аст, чизеро дидану шунидан намехоҳад, яъне «душвортарбия» мешавад.

На танҳо ба забон намунаи ибрат бояд буд

Тоифаи дигари кўдакон аз оилаҳои нопурра, ки имкони ба ҳар навъ курсу маҳфилҳо рафтан надоранд, дар кўча калон мешаванд. Ба онҳо равони издиҳоми беранг ва таассуроти манфӣ аз Интернет таъсир мекунанд.

«Низоми хуб ба роҳ мондашудаи тарбия, варзиши кўдакон ва наврасон, инчунин маҳфилҳои дастраси илмӣ ва техникӣ вуҷуд надорад, – андешаи худро иброз дошт продюсери шинохта Акмал Ҳасанов.- Он чӣ, ки ҳаст, бештар дар пойтахт аст ва ё ба аксарияти оилаҳо аз сабаби нархи гарон дастрас нест ё натиҷаи матлуб намедиҳад».

Иловатан, ба ақидаи коршинос, муҳити носолими атроф, яъне ҳамсолон, шабакаҳои иҷтимоӣ, тасаввуроти қолабӣ дар ҷомеа – ҳамаи ин ҳам ба ҳолати ахлоқии кўдак ва ҳам ба руҳи ў таъсири манфӣ мерасонад.

«Умуман, ихтилофҳо миёни ҳамсолон ҳама вақт буданд. Ин ҳам дар ҳудуди мактаб ва ҳам берун аз он рух медод. Аммо дар аксари ҳолатҳо ин бархўрдҳо ба худ қоидаву ҳад доштанд: «як ба як» ё «то пайдо шудани хун» ва ғайра. Ба ибораи дигар, чорчўбаи иҷозатшуда буд, ки наврасон, ба истиснои ҳолатҳои камчин, аз он берун намебаромаданд. Аммо имрўз ҳол дигар аст. Мутаассифона, кўдакон айни замон кўшиш мекунанд бартарии худро бар дигарон намоиш диҳанд ва барои ин аз усулҳои бадтарин ҳам аз қабили истифода аз силоҳи сард, ҳамлаҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва монанди ин рў намегардонанд».

Сабаби ин гуна рафторро Ҳасанов аввалан дар муҳити оила, дар он арзишҳое мебинад, ки дар оила ба фарзанд омўзонда мешаванд.

«Вале ман фикр мекунам, аз ҳама муҳим рафтори худи калонсолон аст. Зеро дар аксари ҳолатҳо кўдакон ба рафтори волидон тақлид мекунанд», – бовар дорад ҳамсуҳбати мо.

То ки калонсолон ба бадхашмию зулм дода нашаванд ва барои фарзандони худ намунаи ибрат боқӣ монанд, ба андешаи Сайидо Назаров, ҳукумат бояд ба пайдо кардани кор барои бекорон машғул гардад, барои онҳо ҷойҳои корӣ бо маоши шоиста ташкил намояд, аз «фирори мағзҳо» пешгирӣ кунад, барномаи бештар корсоз ва калонмиқёс барои дастгирии одамоне ба роҳ монад, ки мехоҳанд ба Ватан баргарданд. «Охир, ба таъкиди ҷомеашиносон, бештар аз ҳама мардони ҷавони бекор, ки сатҳи пасту миёнаи маълумот доранд, ба низоъву ихтилоф майл мекунанд», – гуфт коршинос.

Марям Темурзода

Оцените статью

Худиро зан, ки бегона тарсад Қариб ҳар ҳафта ВКД доир ба ҷиноятҳое, ки шаҳрвандон нисбати хешованду наздикони худ содир мекунанд, хабар нашр менамояд. Nukta.tj тасмим гирифт муайян кунад, ки сабаби афзудани ноҳурматӣ нисбати якдигар, душманӣ ва низоъҳо дар оилаҳо ва ҷомеаи мо, ки як замон бо робитаҳои хешутаборӣ маъруф буд, дар чист? Парлумони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта лоиҳаи қонунеро баррасӣ намуд, […]
5 1 5 1
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.