Хавфҳои интернат, мушкилоти фарзандхонӣ

ва мушкилоти дигари низоми ҳифзи ҳуқуқи кўдак

Соли 2019 дар Тоҷикистон зери парастории давлат 5277 ятими кул ва 74 ҳазор кўдаке, ки аз падару модар якеро доштанд, қарор доштанд. Аксари онҳо дар интернатҳо нигоҳубин ва ҳамаҷиҳата таъмин мешаванд. Аммо зиндагӣ дар интернат боиси халалдор шудани ҳуқуқи кўдак ба ҳаёт ва тарбия дар муҳити оила мегардад.

Низоми ҳифз ва таъмини кўдакон дар Тоҷикистон то куҷо самаровар аст ва чӣ ба бозгашти кўдакон аз интернат ба оила халал мерасонад?

Nuqta.tj кўшиш намуд печу дарҳамиҳои ин соҳаи кишварро баррасӣ намояд.

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила, ки дар робита бо пешниҳодҳои васеъ намудани асосҳо барои аз ҳуқуқҳо маҳрум сохтани волидон ба нақша гирифта шудаанд, маълумоти дар расонаҳо нашргардида оид ба шумораи кўдаконе, ки таҳти парастории давлатқарор доранд, инчунин баҳсу мунозираҳои сершумор дар ин хусус баъзе фикрҳоро доири самаранокии васояти давлатӣ ва низоми ҳимояву таъмини ҳуқуқи кўдакон дар Тоҷикистон ба миён меоранд.

Ташаккулёбии соҳа аз замони эълоншавии ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС чӣ таврҷараён мегирифт? Дар низом замони истиқлолият чӣ равандҳое ҷараён мегиранд? Ҳолати имрўзаи он чӣ гуна аст ва чӣ ояндае дар пеш дорад?

«Васоят» дар давраи шўравӣ

Яке аз қадамҳои нахустини Кумитаи инқилобии ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, ки 26 ноябри соли 1924 таҳти раёсати Нусратулло Махсум таъсис ёфт, «Эъломияи таҳсилоти ҳамагонӣ дарҷ МШС Тоҷикистон» аз 12 декабри соли 1926 вақарор “Дар бораи имтиёзҳо ва афзалиятҳо барои оилаҳое, ки фарзандонашон дар мактабҳои советӣ таҳсил мекунанд” буд.

Ба туфайли инқарор оилаҳои деҳқонон, ки фарзандонашон дар мактабҳои шўравӣ таълим мегирифтанд, барои хариди мол ва асбобҳои кишоварзӣ кўмакпулӣ мегирифтанд, инчунин ба муҳлати як сол аз пардохти андози ягонаи кишоварзӣ озод мешуданд.

Фарзандони коргарон, батракҳо ва фақирон либосу пойафзол мегирифтанд, ба онҳо хўроки субҳу нисфирўзӣ дода мешуд. Ғайр аз ин, ба ҳамаи аъзои оилаи хонандаи мактаби шўравӣ ҳуқуқи ёрии ройгони тиббӣ гирифтан фароҳам мегардид.

Хавфҳои интернат, мушкилоти фарзандхонӣ

Дар кишвар ятимхонаҳо ва муассисаҳои дигар ба хотири фарогирии кулли кўдакони бесаробон ва омода кардани онҳо ба ҳаёти мустақилона таъсис меёфтанд. Бо ҳадафи кўмак ба кўдакони бесаробон дар Тоҷикистон шуъбаҳои Фонди кўдакони ба номи В.И. Ленин, ҷамъияти “Дўсти кўдакон” таъсис ёфт, фаъолияти идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии кўдакон ҷоннок карда шуд.

Махсусан, дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ давлат ба кўдакони ятимғамхории хоса зоҳир кард. Боқарори Шўрои комиссарони халқи ИҶШС (СССР) “Дар бораи ҷойигиркунии кўдаконе, ки бе падару модар мондаанд” масъулияти боғамхории мушаххас фаро гирифтани кўдакони ятим бар дўши тамоми идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҳизбӣ, иттифоқҳои касаба ва комсомол гузошта мешуд. Барои ташкил намудани ғизои гарм барои мактабхонон, хўроки махсус барои кўдакони ҷисман заиф, таъмин намудани кўдакон бо шумораи ҳадди ақали молҳои ниёзи аввал чораҳо андешида мешуданд.

Дар солҳои минбаъда ҳуҷҷатҳое ба имзо расонда шуданд, ки паҳлўҳои Барномаи КПСС оид ба масоили ҳифзу ҳимояи модар ва кўдакро мушаххас ва возеҳ мекарданд, вазъи моддии оилаҳои кўдакдор, ҳифзи сиҳатии насли наврасро беҳтар менамуданд. Дарқатори онҳо “Асосҳои қонунгузории ИҶШС ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дар масъалаҳои издивоҷ ва оила” (с.1968), “Дар бораи афзоиши минбаъдаи ёрии моддӣ ба оилаҳои камбизоати кўдакдор” (с. 1974) вағайраҳо буданд.

Васоят дар давраи Истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо вуҷуди якқатор ҳодисаҳои фоҷеавӣ дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба замони эълони мустақилият рост омаданд, яке аз қадамҳои нахустини кишвар дар арсаи ҷаҳон тасвиби “Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кўдак” буд (26 октябри с. 1993). Дар оғози истиқлолият заминаҳои механизми ҳимоя ва таъмини ҳуқуқи кўдак гузошта шуд, муқаррароти Конвенсия ва протоколҳои иловагӣ ба он дар солҳои минбаъда дар Конститутсияи Тоҷикистон (аз 6 ноябри соли 1994) ва бо якқатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Кодекси шаҳрвандии ҶТ, қонун “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кўдак” (ҚҶТ аз 18 марти соли 2015, №1196) таҳким ва тақвия ёфтанд.

Хавфҳои интернат, мушкилоти фарзандхонӣ

“Пас баҳсҳои сершумори ҳомиёни ҳуқуқ ва дарҷомеа ба чӣ вобастаанд? Оё камбудиҳои ҷиддие вуҷуд доранд, ки ба ҳимояи кўдакон ва риояи ҳуқуқҳои онҳо халал мерасонанд? Аз нигоҳи ҳуқуқшиносӣ камбудие нест?” – шояд пурсад хонанда. Агар ҷавоб мусбат бошад, пас чаро ин миқдор кўдаконе, ки яке аз волидонро доранд, таҳти парастории давлатқарор мегиранд?

Кўшиш мекунем ба масъала равшанӣ андозем.

Тезиси 1. Дар Тоҷикистон кўдаконе, ки дар мактаб-интернатҳо таҳсил мекунанд, асосан «ятими иҷтимоӣ» мебошанд, ба ибораи дигар, яке аз волидон ё ҳардуи онҳоро доранд.

Маълумот: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми навъҳои муассисаҳои тарбияву нигоҳубини кўдакон амал мекунанд: мактаб-интернатҳо барои кўдакони ятим, мактаб-интернатҳо барои кўдакони ношунаво ва шунавоиашон суст, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони шунавоиашон суст ва деркаршуда, Мактаб-интернати ёрирасон барои кўдакони ақлан носолим, Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус, Хонаҳои кўдакон, Хона барои кўдакони синни томактабӣ, Марказҳои ҷумҳуриявии сиҳатии равонии кўдакону наврасон, Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ, Литсейи махсуси касбӣ-техникӣ, Литсейи махсуси касбомўзӣ барои маъюбон, шуъбаҳои кўдаконаи хона-интернатҳо барои беморони равонӣ, муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 СРИҶҶ Вазорати адлияи ҶТ, марказҳои иҷтимоӣ-тавонбахшӣ барои ноболиғон, паноҳгоҳҳои иҷтимоӣ, марказҳои ёрӣ ба кўдаконе, ки бе саробонии волидон мондаанд ва ғ.

Яке аз сабабҳои асосӣ ин аст, киҷой додани кўдак ба муассисаи интернатӣ шакли афзалиятноки интихоби ҷой барои кўдакони осебпазир ва дастгирӣ намудани оилаҳои серфарзанд ва камбизоат дар давлати мост.

Хавфҳои интернат, мушкилоти фарзандхонӣ

Механизми нуқсонзо чунин аст: аз сабаби дастгирии нокифоя аз тарафи давлат ва шароити вазнини моддӣ модарони танҳо, оилаҳои камбизоат, оилаҳое, ки кўдакони маъюб доранд ва дигар оилаҳои осебпазир маҷбур мешаванд, фарзандони худро ба интернатҳо супоранд. Зеро онҷо вазифадоранд кўдаконро бо таъминоти пурраи давлатии моддӣ ва иҷтимоӣ фаро гиранд: ройгон шароити зист, ғизо, пойафзол, либос, воситаҳои пулӣ дар шакли гранту стипендияҳо, дастгирии иҷтимоӣ, ёрии тиббӣ, педагогӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ, тавонбахшии иҷтимоӣ, шуғлмандӣ то расидан ба 18-солагӣ ва хадамоти дигар фароҳам оранд. (Моддаи 1,қонуниҷТ аз 18 марти с. 2015, № 1196 «Дар бораи ҳуқуқҳои кўдак» дар таҳрири қонун аз 02.01.2018, №1489).

“Ин чӣ бадӣ дорад?” – суол мекунад хонанда.

Ба ақидаи муаллифони «Гузориши алтернативии ТҒД-ҳо дар бораи рафти иҷрои Конвенсияи ҳуқуқи кўдак аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиндагӣ дар интернат боис ба поймол гардидани ҳуқуқи кўдак ба зиндагӣ ва тарбия дар муҳити оила мегардад.

Дар интернат таҳсил намуда, кўдакон дар муҳити маҳдуд ба воя мерасанду муошират мекунанд, аз алоқаҳо бо ҳамсолони худ маҳрум мемонанд, малакаҳои ҳаётӣ намегиранд ва аз муассиса ба ҳаёт номутобиқшуда мебароянд: аз хатарҳои ҳаёти муосир (нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ ва ғ.) бехабар мемонанд, бо пул дуруст муносибат кардан наметавонанд, ба интихоби касб омода нестанд ва ҳ.

Пас чӣ бояд кард?

Ба назар менамояд, ки роҳи ҳал вуҷуд дорад, ки дар кишварҳои хориҷӣ роиҷ аст. Ин вариантро қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ ҳам кардааст.

Маълумотнома: Барои муваққатан ҷой додани кўдак ба муассисаҳои нигоҳубини алтернативии ивазкунандаи оилақарори суд, комиссия оид ба ҳуқуқи кўдакон, мақомоти васоят ва ё саробонӣ дар асоси муроҷиати худи кўдак бо шикоят аз поймолшавии ҳуқуқҳои ў аз тарафи волидон, васиён ё ашхоси дигаре, ки онҳоро иваз мекунанд, далелҳои зўроварии оилавӣ нисбати кўдак (Моддаи 6,қҶТ аз 19 марти с. 2013, №954 «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила»), маълумот аз ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар бораи кўдаконе, ки бе саробонии волидон мондаанд (Банди 3-и «Тартиби муайянкунӣ ва бақайдгирии кўдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд» аз 6 октябри с.2016, № 419), натиҷаҳои ғайриқаноатбахши «тафтиши шароити нигоҳубин, таҳсил ва тарбиягирии кўдак» (Моддаи 26-и «Низомномаи комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кўдак» аз 25 январи с. 2017, № 29), «… муддати тўлонӣ кўдакро тарк намудани волидон, саркашии волидон аз тарбияи кўдак ё аз ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ў, аз ҷумла ҳангоми даст кашидани волидон аз гирифтани кўдакони худ аз муассисаҳои тарбиявӣ ва дигар муассисаҳои шабеҳи ин, инчунин дар ҳолатҳои дигариҷой надоштани нигоҳубин аз тарафи волидон» (Моддаҳои 122-124-и Кодекси оилаи ҶТ аз 13 ноябри соли 1998) асос шуда метавонад.

Аммо кор ончунон соддае нест, ки шояд ба назар намуд. То ин замон қонуни махсусе вуҷуд надорад, ки дар он механизмҳои татбиқ ва тартиби ҷой додани кўдакон ба оилаҳои ивазкунанда, ки ҳуқуқу вазифаҳои кулли тарафҳоро муқаррар намояд, дақиқан таъриф шуда бошанд. Аз сабабе ки мақоми «ятимони иҷтимоӣ» танзим нашудааст ва яке аз волидон/ ҳарду волидоне, ки онҳо доранд, аз ҳуқуқҳои падару модарӣ маҳрум карда намешаванд, ин гуна кўдакон наметавонанд ба оилаҳои дигар дода шаванд.

Аммо нақши асосиро на танҳо номуайянии ҳуқуқӣ мебозад, ки аслан онро бо роҳи қабули тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунгузорӣ ҳал кардан душвор нест. Огаҳии паст аз таъсири манфии интернатҳо ба инкишофи иҷтимоӣ ва равонии кўдак, фаъол набудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ваҷой надоштани кори нақшанок оид ба коҳиш додани шумораи кўдаконе, ки ба хона-интернатҳо ҷой дода мешаванд (низоми гейткипинг), сабабҳои он мебошанд, ки айни замон тағйир додани сохтор баррасӣ намешавад. Ҳатто бо вуҷуди тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон.

Сабабҳои дигари объективии кори бесамари низоми гейткипинг вуҷуд доранд: дар шуъбаҳои марбут ба ҳуқуқи кўдак мутахассисоне нестанд, ки мутасаддии ҷобаҷокунии кўдакони осебпазир бошанд, аммо кормандони мавҷуд барои гузарондани баҳодиҳии комил ба вазъи кўдак ва оила зарфияти нокифоя доранд, аз ин сабаб ноболиғонро бе чуну чарои барзиёд ба хонаҳои кўдакон ва интернатҳо мефиристанд.

Тезиси 2. Кўдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд, метавонанд «…тибқи шартнома барои тарбия ба оилаҳои (мураббии) парастор дода шаванд…» (Мувофиқи қисми 1-и Моддаи 124-и Кодекси оилаи ҶТ аз 13 ноябри соли 1998 дар таҳрири қонуни ҶТ аз 14.11.2016, №1365).

 «Олӣ!- хитоб мекунад хонанда.- Ин аст роҳи ҳалли босамари масъала!»

Боз дар ҳоле, ки дар қонунгузории Тоҷикистон барои оилаҳои патронажӣ имтиёзҳо ҳам муқаррар карда шудаанд ва давраи тарбия гирифтани кўдакон дар оилаҳои патронажӣ ба сифати собиқаи кори аъзои ин оила ба ҳисоб гирифта мешавад (Моддаи 34қҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кўдак” аз 18 марти с. 2015, №1196)

Аммо, афсўс, инҷо ҳам кор чандон саҳл нест.

Пас, мушкилӣ дар чист?

Шартҳо ва тартиби ба тарбияи оила (мураббӣ) додан, маҳдудиятҳо, талабот нисбати нафароне, ки ятимон ва кўдакони бе саробонии падару модар мондаро ба тарбия қабул мекунанд, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо, қоидаҳои ҳатмии шартнома дар бораи ба тарбияи оилаи патронажӣ (мураббӣ) додан ва боз лаҳзаҳои дигари сершумор бояд дар мутобиқат бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд. Аммо ба ҳоли имрўз танзим дар асоси қонун ва таҷрибаи ҳуқуқӣ дар мавриди оилаҳое, ки кўдакро ба фарзандӣ қабул мекунанд, вуҷуд надорад. Дар пайи ин кўдаконро ба оилаҳо ба фарзандӣ намедиҳанд ва … дуруст фаҳмидед – равона кардани онҳоро ба интернатҳо беҳтар медонанд.

Тезиси 3. Кўдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, бояд барои тарбия ба оила (барои фарзандхонӣ), тaҳти васоят (парасторӣ) супурда шаванд. (Мутобиқиқисми 1, Моддаи 124, Кодекси оилаи ҶТ аз 13 ноябри соли 1998, дар таҳрир аз 14.11.2016, №1365.)

Аз назари мо, ин навъи ҷойгиркунии кўдакон аз лиҳози ҳуқуқӣ ва таҷрибаи татбиқи ҳуқуқ аз ҳама мукаммал аст. Расмиёти фарзандхонӣ, шароит, талабот нисбати фарзандхонҳову васиён ва дигар масъалаҳо батафсил дар Кодекси оила ва Кодекси мурофиавии граждании ҶТ ва ғ., санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар инъикос ёфтаанд. Зиёда аз ин, афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи кўдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд, аз лиҳози ҳуқуқӣ муқаррару таъин аст: «Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модармонда мебошад». (Моддаи 125,қисми 1-и Кодекси оилаиҷТ аз 13 ноябри соли 1998.)

«Пас мушкил дар чист? – боз суол мекунад хонандаи бетоқат. – Агар фарзандхонӣ ва васоят вуҷуд дошта бошад, шумораи ятимон дар интернатҳо бояд то ҳадди ниҳоӣ кам бошад».

Афсўс, аммо инҷо ҳам «сангҳои зериобӣ» кам нестанд.

Барои фарзандхонӣ қарори суд лозим аст. Мутобиқи иттилои Суди Олии ҶТ аз соли 2017, судҳо 1042 парванда оид ба фарзандхондиро бо содирнамоии ҳукм баррасӣ намудаанд. Агар фарз намоем, ки миқдори кўдакон дар интернатҳо як адади доимӣ аст, он гоҳ дар сурати нигоҳ доштани ин суръати баррасӣ барои судури қарорҳои судӣ оид ба 5277 ятими кул ва 74 ҳазор кўдаке, ки яке аз волидонро доранд, чандин сол лозим мешавад.

Якқатор лаҳзаҳое ҳастанд, ки расмиёти фарзандхониро мушкил мекунанд ва аз он вобастаанд, ки оё падару модар ё якеи онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд ё не.

Ҳолат: Падару модар/ якеи онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда нашудаанд.

Барои ба фарзандӣ қабул намудани кўдак розигии волидон, васиён, парасторони ў, дар сурати набудани волидону васиён (парасторон) розигии мақомоти васоят ва саробонӣ талаб мешавад.

Зимнан, розигӣ бояд дар аризае инъикос ёбад, ки аз тарафи нотариус ё маъмурияти муассисае, ки дар он кўдаки бе парастории волидон монда нигоҳубин мешавад, тасдиқ гардидааст. Ғайр аз ин, бевосита дар суд ҳангоми амалӣ шудани фарзандхонӣ изҳор шавад (мувофиқи қисми 2-и Моддаи 129-и Кодекси оилаи ҶТ).қайд намудан зарур аст, ки қисми 2-и Моддаи 129 ба волидон имконият медиҳад розигии додаашонро барои ба фарзандхондӣ гирифтани кўдак то содиршавии қарори суд дар бораи ба фарзандхондӣ қабул шудани ў бозхонанд.

Яъне, нафаре ё ҷуфти оилавие, ки мехоҳад кўдакро ба фарзандхондӣ гирад, метавонад роҳи азими пуршебу фарозро тай намуда, тамоми монеаҳои бюрократиро паси сар намояд ва дар лаҳзаи охирин аз бахт бенасиб ба сабабе монад, ки волидони ноуҳдабаро аз розигии қаблан додаашон даст мекашанд.

Ҳолат: Волидон/ яке аз волидони кўдак аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд, аз тарафи судғайриқобили кор, беному нишон эътироф гардидаанд ё ҳамроҳи кўдак зиндагӣ карда, аз таъмину тарбияи ў саркашӣ менамоянд.

Зоҳиран, дар ин ҳолат ягон монеа, мушкилӣ ва ё садди дигаре дар роҳ набояд бошад. Аммо хестем, ки хобем.

Аввалан, фарзандхондӣ на пештар аз 6 моҳи пас аз судури қарори суд дар бораи маҳрумсозӣ аз ҳуқуқҳои падару модар иҷозат дода мешавад, Сониян, аз роҳбарияти муассисаҳои тарбиявӣ, тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ё дигар муассисаҳои ба ин монанд, ки дар онҳо ин кўдаконқарор доранд, розигии хаттӣ гирифтан лозим аст. Ва дар ниҳоят, дар сурати риоя шудани якқатор талаботе, киқонун таъин намудааст, имкон дорад ҳуқуқҳои падару модарие, ки бекор шуда буданд, аз нав барқарор гарданд.

Дигар «сангҳо» ҳам зери ин «об» зиёданд. Масалан, қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраротеро дар бар намегирад (вале инро манъ ҳам намекунад), ки фарзандхониҳои байналмилалии шаҳрвандони ноболиғи кишварро иҷозат диҳанд. Таассуроте ба вуҷуд меояд, ки қонунгузорон ҳини таҳияи Кодекси оила ва Кодекси мурофиавии гражданӣ аз хотир баровардаанд, ки ба фарзандхондӣ қабул намудан на танҳо аз шаҳрвандони ҶТ, балки аз намояндагони кишварҳои дигари олам низ метавонад дархост шавад.

Дар робита ба ин, зери фарзандхондии кўдакони бесаробон монда аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ хаттиғафси батлон кашида шудааст. Ҳатто агар ин кўдакон азҷумлаи шаҳрвандони кишварҳои дигар хешованди наздик дошта бошанд.

Ин нуқсон камбудии ҷиддии низоми қонунгузорӣ дар мавриди некуаҳволии кўдакон дар кишвари мост, ки инро пайваста дар ҳисоботу тавсияҳои худ ба Тоҷикистон коршиносони маҳаллӣ, байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ зикр мекунанд

Баҷои охирсухан…

Дар 30 соли Истиқлол Тоҷикистон дар роҳи ҳимоя ва таъмини ҳуқуқҳои кўдакон корҳои бузургеро анҷом дод. Тайи солҳои сипаришуда сатҳи камбизоатӣ коҳиш дода шуд, дастгирии оилаҳои осебпазир вусъат ёфт, якқатор барномаҳое амалӣ карда шуданду мешаванд, ки ба беҳсозии ҳолати кўдакон дарҷумҳурӣ равона гардидаанд. Аммо то ба лаҳзаи осоиш ҳоло роҳ дароз аст.

Ва то замоне ки ба ҳаёти ҳамарўза системаи пешгирӣ аз афтидани кўдакон ба муассисаҳои пўшидаи кўдаконаи навъи интернат – системаи гейткипинг ворид карда нашавад, на дар коғаз, балки дар воқеъ таҷрибаҳои беҳтарини олам татбиқ нашаванд (оилаҳои патронажӣ, фарзандхонӣ, фостерӣ вағ.), фарзандхонии байналмилалӣҷорӣ нагардад, шумораи фарзандхониҳо наафзояд, миқдори кўдаконе, ки зери парастории давлат мемонанд, зиёд шудан мегирад.

Ва дар пай, аз як тараф, сарборӣ ба буҷаи кишвар боло меравад, аз тарафи дигар, шумораи одамоне афзоиш меёбад, ки дар интернатҳо ба воя расидаанд, ки омили хавфзо барои ҷомеаи ҳар кишвари олам мебошад.

Михаил Петрушков

Оцените статью

Хавфҳои интернат, мушкилоти фарзандхонӣ ва мушкилоти дигари низоми ҳифзи ҳуқуқи кўдак Соли 2019 дар Тоҷикистон зери парастории давлат 5277 ятими кул ва 74 ҳазор кўдаке, ки аз падару модар якеро доштанд, қарор доштанд. Аксари онҳо дар интернатҳо нигоҳубин ва ҳамаҷиҳата таъмин мешаванд. Аммо зиндагӣ дар интернат боиси халалдор шудани ҳуқуқи кўдак ба ҳаёт ва тарбия дар муҳити оила мегардад. […]
5 1 5 1
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.