Хатлон: Мудирони САҲШ бояд занҳо бошанд?

Мудирони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Бохтару ноҳияҳои Қубодиён, Муъминобод ва Балҷувон бинобар сабаби мард буданашон аз вазифаҳояшон барканор  шуданд. Ин иқдом бо фармони Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар ин вазифа танҳо бояд занҳо фаъолият намоянд.

Аз шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки айни ҳол собиқ мудирон бекор буда, дар захираҳои кадрии Вазорати адлия ба қайд гирифта шудаанд.

Гурези масъулин аз суҳбат

Перомуни ин масъала ба сардори шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зинатгул Сафарзода муроҷиат кардем. Хостем фаҳмем, ки дар кадом асос мудирони САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои болозикр аз вазифа озод шуданд. Ӯ бо журналистон рағбати суҳбат кардан надошт.  Номбурда моро қабул накарда, ба ёрдамчиаш супориш дод, ки ба сармутахассиси ниҳоди болозикр Ҳакимзода Абдусаттор муроҷиат кунанд. Дар ҳоле, ки роҳбар нисбати журналист бе эҳтиромӣ мекунад, ба корафтодагон чӣ гуна муомила мекарда бошад?

Хатлон: Мудирони САҲШ бояд занҳо бошанд?
Зинатгул Сафарзода

Ҳакимзода Абдусаттор низ баҳона пеш овард, ки бе мувофиқа бо Вазорати адлия бо журналистон суҳбат карда наметавонад. Ин шахси масъул нусхаи мактуби Вазорати адлияро ба мо нишон дода гуфт, ки ин мактуб моҳи ноябри соли 2021 аз Вазорати адлия ирсол шудааст ва бе мувофиқа бо вазорат ягон маълумот пешниҳод карда намешавад.

Дар мактуб аз ҷумла қайд шудааст, ки “…тибқи талаботи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” аз онҳо шаҳодатнома ва ё дигар ҳуҷҷате, ки мансубияти ӯро ба воситаи ахбори омма тасдиқ менамояд, талаб карда шавад. Аз тарафи шахсони масъули мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дуруст ва саҳеҳ будани маълумотҳо санҷида шуда, сипас ба корманди матбуоти даврӣ ё дигар воситаҳои ахбори омма пешниҳод гардад. Тавассути телефон ё шабакаҳои иҷтимоӣ гирифтан ё пешниҳоди маълумотҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба кормандони матбуоти даврӣ ё дигар воситаҳои ахбори омма танҳо бо мувофиқаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода шавад.”

Дар мактуб возеҳу равшан қайд гардидааст, ки тариқи телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пешниҳод нагардад, на ин ки тариқи суҳбати рӯ ба рӯ. Аммо ин шахси масъул ин мактубро асос карда аз суҳбати расмӣ бо мо худдорӣ кард.

Танҳо бояд вазир посух гӯяд…   

Ҳакмизода Абдусаттор моро мутмаин сохт, ки перомуни аз вазифа сабукдуш гардидани мардҳои роҳбар ҳатман ба Вазорати адлияи мамлакат мактуби расмӣ ирсол хоҳад кард. Ба ин савол танҳо вазир посух гуфта метавонистааст.

Ба иттилои Абдусаттор Ҳакимзода фаъолияти собиқ мудироне, ки аз вазифа гирифта шуданд хуб буд. Аммо чаро онҳо аз вазифа барканон шуданд, барои мо маълум нест.

Ба маслиҳати ин шахси масъул розӣ шуда, хоҳиш кардем, ки ҳатман ба вазир мактуб ирсол кунанд.

Бо гузашти 10 рӯз дубора ба назди ин шахси масъул рафтем. Ӯ гуфт, ки мактуб худи ҳамон (23 12 2021) рӯзе, ки шумо муроҷиат кардед, ирсол карда шуд. Аммо то ҳол аз Вазорати адлия ҷавобаш наомадааст. “Ҳамин ки ҷавоби мактуб омад, ҳатман ба Шумо занг мезанам”, – гуфт Ҳакимзода Абдусаттор.

Хатлон: Мудирони САҲШ бояд занҳо бошанд?
мактуби Вазорати адлия

Қонунгузорӣ чӣ мегӯяд?

Дар ягон санади меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд нашудааст, ки бояд мардҳо дар бахши САҲШ ҳамчун мудир кор накунанд.

Дар моддаи 4(1)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”  (Фаъолият дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ) қайд гардидааст. “Ба вазифаи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва на камтар аз се сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад, таъин карда мешавад”.

“Роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро роҳбари мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд”.

Алишер Ҳайдаров, раиси мақоми минтақавии Иттифоқи адвакатҳо дар вилояти Хатлон, бар ин назар аст, ки дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Давлат ба ҳар нафар, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоӣ ҳуқуқу озодиҳояшро кафолат медиҳад. Ҳачунин ҳамин моддаи Конститутсия кафолат медиҳад, ки зану мард баробарҳуқуқанд. Дар моддаи 35-и Конститутсия омадааст, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ карда шудааст. Алишер Ҳайдаров инчунин илова кард, ки дар моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақим амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия ҳастанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Модоме, ки аз тарафи вазоратҳо, идораҳо ва дигар корхонаҳои давлатӣ қарору фармонҳое, қабул мешаванд, ки хилофи меъёрҳои Конститутсия ҳастанд, ин модда онҳоро беэътибор эътироф кардааст. “Агар чунин фармон аз тарафи Вазорати адлияи кишвар қабул шуда бошад, эътибори қонунӣ надорад”,-гуфт Алишер Ҳайдаров.  

Пас дар кадом асос мардҳое, ки ба симмати мудир фаъолияти назаррас доштанд аз вазифа барканор шуданд?

Нигаронии сокинону коршиносон

Ин дар ҳолест, ки аксар муроҷиаткунандагон аз фаъолияти бахшҳое, ки занҳо онҳоро роҳбарӣ мекунанд, қаноатманд нестанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки қисми зиёди мудирони САҲШ, ки аз ҳисоби занҳо таъин шудаанд, худ оилаи солим надоранд. Дар ҳоле, ки онҳо оилаи солиму намунавӣ надоранд, чӣ гуна метавонанд аз пешгирии ҷудошавии оилаҳо ҷилавгирӣ намоянд?

Қурбон Ҳакимзода: Бояд оилаи намунавӣ дошта бошанд…

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум, ки моҳи июли соли 2019 баргузор гардида буд аз оиладор набудани мудирони САҲШ изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ қайд карда буд, ки аксарияти мудирони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят оиладор нестанд. Моҳиятан бояд дар ин вазифаҳо онҳое фаъолият намоянд, ки оилаи солиму устувор ва намунавӣ барпо кардаанд.

Ҳамин гуфтаи раиси вилоят дар рӯзномаи “Садои мардум” он сол ба табъ расида буду вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда буд.

Воқеан ҳам гуфтаҳои раиси вилоят асос доранд. Бояд масъулони Вазорати адлия сари ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд ва нафаронеро ба мансаби мудир таъин намоянд, ки оилаҳои солиму устовор доранд.

Интизори мактуб мешавем

Ба ҳар ҳол мунтазир мешавем, ки ба мактуби ирсолгардида Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ ҷавоб мегардонад. Ё шояд сабаби барканории мудирони САҲШ-и ноҳияҳои болозикрро Вазири адлияи кишвар дар вокуниш ба ин матлаб барои мо маълум мекунад?

Сулаймон СУЛТОНОВ

Оцените статью

Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.