Аз аввали сол то кунун аз вилояти Хатлон 750 омӯзгори муассисаҳои таълимӣ ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Сабаби асосии муҳоҷиршавӣ ва тарки пешаи омӯзгорӣ кардани онҳо вазъи чандон нохуби иқтисодӣ гуфта шудааст.
Ашӯралӣ Олимӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар суҳбат бо мо сабаби асосии ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани омӯзгоронро шароити нохуби молиявии онҳо гуфт. Ӯ афзуд ки, аксарияти омӯзгорон барои пайдо кардани шуғли мувофиқ ва даромади бештар муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд. Бештар омӯзгорони забон ва адабиёт, физика ва фанҳои гуманитарӣ фаъолияташонро қатъ намудаанд.

“Мувофиқи омори пешниҳодшудаи шуъбаҳои маориф, қариб аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон омӯзгорон ба хориҷи кишвар рафтаанд. Вале бештари ин омӯзгорон аз ноҳияи Кӯшониён ва Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд”,- гуфт А. Олимӣ.
Вале як манбаъ аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳамасола зиёда аз 1000 омӯзгор аз вилояти Хатлон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Бештари ин омӯзгорон то 30-сола мебошанд. Аксар омӯзгороне ба муҳоҷират мераванд, ки дар гурўҳҳои буҷавии макотиби олӣ таҳсил кардаанд ва маҷбуранд то се сол мувофиқи роҳхати Вазорати маориф ва илми кишвар ҳамчун омӯзгор фаъолият кунанд. Онҳо баъди се соли фаъолият метавонанд дипломи хешро бигиранд. Шумораи зиёди ин гуна ҷавонҳо баъди се соли омӯзгорӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мепайванданд. Чунки маоши кам онҳоро қонеъ намекунад.
“Ҳамасола омори ба муҳоҷират рафтани омӯзгорон то 10-уми октябр дақиқ карда мешавад. То ин сана тахмин кардан мумкин аст, ки ин нишондод ба 1,5 ҳазор рафта мерасад”,- гуфт мусоҳиби мо.
Дар ҳамин ҳол Абубакр Чориев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён гуфт, тахминан сад омӯзгор аз ноҳияи онҳо ба хориҷи кишвар рафтаанд. Аммо ӯ иддао кард, ки ин омӯзгорон тарки соҳаи маориф накардаанд. Танҳо ба муҳоҷират рафтаанд.

-Омӯзгороне, ки ба муҳоҷират рафтаанд, аксарият омӯзгорони мавсимӣ буданд. Солҳои пеш ҳам ҷойи кори асосии онҳо хориҷи кишвар буд. Аз сабаби баста будани роҳҳо ба муҳоҷират рафта натавонистанд ва ба муассисаҳои таълимӣ ба кор омаданд. Парвозҳо, ки барқарор шуданд, ба кори асосии хеш баргаштанд, – таъкид кард А. Чориев.
Сайрам Икромова, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, давоми соли 2021 аз ноҳияи онҳо 216 омӯзгори дорои маълумоти олӣ ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Ӯ сабаби асосии рафтани омӯзгоронро бад будани вазъи иқтисодии оилаҳо ва камии музди меҳнат мегӯяд. Ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳия норасоии омӯзгорон аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ба бештар аз 215 нафар расидааст.
– Муҳоҷиршавии омӯзгорон ба сатҳи дониши хонандагон ва фаъолияти шуъбаи маориф таъсири манфӣ мерасонад. Барои пешгирии ин омил миёни омӯзгорон вохӯрӣ гузаронидем. Ҳамин вохӯриҳо натиҷа доданд ва аз тарки соҳа кардани шумораи зиёди омӯзгорон ҷилавгирӣ кардем. Набошад боз чанд нафари дигар барои рафтан ба муҳоҷират омодагӣ медиданд, – гуфт Сайрам Икромова.

“Давоми соли ҷорӣ 67 омӯзгор аз ноҳияи Вахш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд”, – гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳия Сайфиддин Валиев. Аммо ин шахси масъул омили тарки касби омӯзгорӣ кардани муаллимонро шарҳ надод.
Тибқи маълумоти сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ашуралӣ Олимӣ, соли 2021 дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят 450 омӯзгор намерасид. Бо роҳхати Вазорати маориф ва илми мамлакат беш аз 1620 омӯзгори ҷавон баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳо ба вилояти Хатлон фиристода шуданд, ки ҳамаи онҳо бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Норасоии омӯзгорон дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти меҳварии маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамасола ҷавонони зиёде риштаҳои омӯзгориии макотиби олии кишварро хатм мекунанд. Вале ҳамоно мушкилот ба пуррагӣ бартараф намешавад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, ба муҳоҷирати меҳнатӣ пайвастани омӯзгорони хатлонӣ баҳси зиёдеро ба миён овард. Корбарон нисбат ба ин масъала фикрҳои хешро баён кардаанд. Корбаре бо номи Раҷабалӣ Файзуллоев дар гурўҳи фейсбукии “Маорифи Тоҷикистон” чунин гуфтааст:
“ЧАРО МУАЛЛИМОН ТАРКИ МАКТАБ МЕКУНАНД?
( Вокуниш )
Аз тариқи Фейсбук хондам, ки дар минтақаи вилояти Хатлон дар давоми соли чорӣ 750 нафар муаллим тарки касб карда, ба муҳоҷирати мехнатӣ рафтанд. Ин рақам дар як вилояте, ки аҳолияш бештар аз як миллион нафар мебошад, дар ҳақиқат боиси нигаронӣ аст. Хуш, чӣ сабабу омилҳое ҳастанд, ки муаллимон тарки ин касби пуршараф мекунанд?
Барои ба ин саволҳо ҷавоб додан бояд ба муаллимоне, ки тарки ин касб кардаанд, мубоҳиса анҷом дод, ки чаро тарки касби омӯзгорӣ карданд.
Ба мо имконият даст дод, ки бо чанде аз омӯзгорони муҳоҷиршуда дар тамос шуда аз онҳо сабаби бас кардани кори муаллимиро бипурсем. Аксари ин омӯзгорон бар ин ақида ҳастанд, ки шароити иқтисодии паст доранд ва бо шуғли муаллимӣ зиндагии хешро пеш бурда наметавонанд. “Мо, -мегӯянд онҳо,- аз моҳи сентябр сар карда, то моҳи январ маоши пурра намегирем. Маоши моро бо ҳар сабабҳо, аз таъмири мактаб сар карда то обунаю духтургузарӣ ва ғайраю ҳоказо, майда-майда мегиранд!”

Гурўҳи дигар бар ин ақидаанд, ки солҳои охир обурӯ ва нуфузи муаллим хеле паст шудааст. Аз сабабе ки дар муассисаҳои таълимӣ хариду фурӯши ашёҳои таълимӣ ба муаллим бор карда шудааст, муаллимон дар назари падару модари шогирдонашон рӯз то рӯз мавриди сарзанишу бадгӯӣ карор мегиранд. Имрӯз ҳама муаллимро на таълимдиҳанда, балки савдогар ном мебаранд.

Омили дигаре, ки ба обурӯи ин пешаи наҷиб халал ворид месозад, савод надоштани муаллимони ҷавоне ҳаст, ки ба ҳар роҳау восита хонда, соҳиби дипломи муаллимӣ шудаанд. Онҳо ҳатто саводи хаттӣ надоранд, ки дафтари синфиро бе хато пур кунанд. Аз чунин муаллимон куҷо мо насли ҳақиқии давру замонро тарбия карда ба камол мерасонем?
Ва дар ниҳоят муаллимони азкоррафта аз дахолати ташкилоту идораҳое шикоят мекунанд, ки ба соҳаи педагогӣ ҳеч алоқамандие надоранд. Имрӯз муаллимро аз милиса сар карда то корманди КЖКП тафтиш мекунад. Агар дар даврони Шӯравӣ мактабро фақат нозирони шуъбаи маориф месанҷида бошад, ҳоло ин тавр нест. Ба дарси муаллим аз комиссариати ҳарбӣ сар карда то нозири молияву милитсияву ҷамоату дигару дигараш сар мехалонанду дафтари синфии муаллимро тафтиш карда, ӯро дар назди шогирдонаш сарзаниш мекунанд. Бо ин аҳволи тоқатфарсо мешавад кори маорифи халқро пеш бурд?
Президенти мамлакатамон муҳтарам Чаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мактабу маорифро зинаи асосии рушд ва пешрафти давлатдорӣ мехисобад. Зиёиён хазинаи тиллоии давлатанд!
Пас месазад мо ба кори муаллими халқ баҳои арзанда дода, ӯро аз ин вартаи ноумедӣ раҳо созем, то ки ин касби пурифтихорро тарк насозад!”
Корбари дигаре бо номи Насимджон Зарифов чунин ибрози андеша кардааст: “Пеш аз оне, ки сабаби рафтани омӯзгорон ё тарки вазифа кардани онҳоро фаҳмед, бояд ба як савол ҷавоби самимӣ диҳем. Оё дар кишвари мо аз омӯзгор бечоратар касе ҳаст? Кӣ ба миқдори омӯзгор маош мегирад? Агар Шумо бе ҳеҷ маълумот семичка фурӯшед, аз маоши омӯзгор бештар даромад ба даст меоред. Пас ҳамин аст ҳақиқати бебаҳс!”
Ба ҳамин мазмун зиёда аз 100 корбари дигар низ фикру ақидаҳои хешро дар ин гурўҳи фейсбукӣ иброз кардаанду байни ҳамдигар баҳс намудаанд.
Корбари дигаре бо номи Абдулло Ходжаев дар гурўҳи фейсбукии “Тоҷикон” аз номи Шодӣ Худоёров чунин шарҳ гузоштааст: “Агар пеши роҳи ин “чорабиниҳо” (тафтишу паст задани шаъну шарафи муаллиму “бизнесмен” кардани муаллимону дигару дигар) сари вақт гирифта нашавад, дар ояндаи наздик дар мактабҳои ҷумҳурӣ муаллим ёфт намешавад ва кризиси бемуаллимӣ сар заданаш мумкин аст. Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтаанд”.
Омӯзгори ҷавон Искандар Рустамов, ки тарки ин пеша кардаву ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, зимни суҳбати телефонӣ гуфт, ки дар ҳақиқат маоши омӯзгор барои зиндагияш кифоя намекунад. Ӯ афзуд, ки соҳиби се фарзанд асту бо маоши 1200 сомонӣ талаботи онҳоро қонеъ карда наметавонад. Ҳамчунин ӯ илова кард, ки дар ҳақиқат санҷишҳои беасос дар муассисаҳои таълимӣ хеле зиёд аст. “Ҳар моҳ барои қабули меҳмонону дигар хароҷоти муассиса 50 сомонӣ аз ҳар як омӯзгор гирифта мешавад. Бар замми ин ҳамасола як омӯзгор то 500 сомонӣ обунапулӣ месупорад. Инчунин ҳар сол омӯзгор аз духтур мегузарад, ки маблағи он аз 200 сомонӣ боло аст. Ҳамин хароҷот то ҷое таъсири хешро мерасонанд ва омӯзгорон маҷбур мешаванд, ки тарки ин пеша кунанд”,- мегӯяд И. Рустамов.
Мувофиқи омори Вазорати маориф ва илми мамлакат соли 2020 муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба 2959 омӯзгор ниёз дошт, ки аз ҳама бештар норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар вилояти Хатлон мавҷуд буд. Қариб аз се як ҳиссаи норасоии омӯзгорон ба минтақаи ҷануби кишвар рабт дорад.
Ҳамасола дар вилояти Хатлон беш аз 50 ҳазор кӯдак ба муассисаҳои таълимӣ ба дарс меоянд. Табиист, ки барои таълим додани онҳо омӯзгорон лозиманд. Бо вуҷуди ҷалб шудани омӯзгорони ҷавон ба муассисаҳои таълимӣ, мутаассифона, иддае баръакс тарки ин пеша мекунанд, ки ин ба ҳеч ваҷҳ ба бартараф шудани масъалаи норасоии омӯзгорон мусоидат намекунад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки азбаски Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятнок эълом доштааст, пас бояд қадру манзалати омӯзгорро низ дар ҷомеа баланд бардошта, аз сарбориҳои зиёд онҳоро озод кунад. Ва ҳамзамон ҳавасмандии онҳоро зиёд карда, маоши хубтаре барои онҳо муҳайё созад. Танҳо бо ин васила то ҷое метавон омӯзгоронро ба ин пешаи пурмашаққат дилгарм кард.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Машраби АЛОВИДДИН
One Response
Ассалому алайкум! Писари ман ҳам касби омӯзгориро буҷавӣ хатм намуд, тибқи қонунгузории мавҷуда бояд се сол мувофиқи муқаррарот ба сифати муаллим кор мекард. Хуб, мо, ки аслан бо қонунҳо таслимем чунин ҳам кардем. Худаш ба раёсати маорифи ноҳия рафта, аз онҷо роҳхат ба мактаби назди ҷои истиқоматаш гирифт (ҳамин таълимгоҳро низ пеш хатм карда буд).
Як сол бе ташвиш омӯзгорӣ кард, баъд сар шуд: ОБЛАВА.
Якум бор директори мактаб (он вақт зан буд) рафта халос карда баровард. Дуюм карат (директор иваз шуд), даъвати баҳории гузашта боз қапида бурданд.
Ин дафъа на директор ёрдам карда тавонист, на каси дигар. Аз ин военкомат ба он военкомат, хуллас 1 шаб аз паси писарам гаштам, бояд мебурданд (аллакай либос пӯшонда буданд), кадом миёнараве пайдо шуду, миқдори порае додему гирифтемаш.
Пасон писар дилхунуку сархунук шиносномаи хориҷӣ харид, мо қарз гирифта ба Россия билеташ гирифтем ва аз мо дӯо пурсида рафт.
Ҳозир кор карда истодааст, муаллими фани информатика, компютерро нағз медонад, барои ҳамин дар онҷо кораш сабук- кассир, 3 вақт хӯрокаш бепул, патент ва регистратсияш ҳаст.