13 июли соли 2021 дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ баёнияи матбуотии таҳқиқоти «Гўш ба Тоҷикистон»: Омўзиши некуаҳволии хоҷагии хонаводагӣ» ҷой дода шуд. Моҳияти таҳқиқот бо чунин як номи баланд дар чист?
«Ало, бодиққат гўшатон мекунем»
Таҳқиқоти «Гўш ба Тоҷикистон» (ё «Гўш додан ба Тоҷикистон») як пурсиши телефонии хоҷагиҳои хонаводагӣ аст, ки сараввал барои пайгирӣ кардани таъсири поинравии иқтисод дар Русия ба воситаҳои рўзгузаронии аҳолӣ дар Тоҷикистон коркард шуда буд. Дар ибтидо, соли 2015, барои баҳодиҳӣ ба таъсир аз 3 000 хонаводаи дар пурсиш иштирокдошта 800-тоаш интихоб шуд. Пурсиш «рў ба рў» бо иштироки мусоҳибагирон дар сатҳи миллӣ баҳори соли 2015, ҳамчунин дар рафти пурсиши сайёр моҳи майи соли 2015 анҷом дода шуд. Сароғоз хонаводаҳо бо фосилаи 10-рўза пурсида мешуданд, дертар бо фосилаи 2-ҳафтаина, дар маҷмуъ раванди ахборгирӣ шашкарата буд.
Аз моҳи майи соли 2015 пурсишҳои телефонӣ ҳармоҳа шуданд. Дар рафти мусоҳибаҳои телефонӣ бо намояндагони 1400 хонаводаи нахуст интихобшуда аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон маълумот дар бораи тағйироти иқтисодӣ дар хонаводаҳо ва ақидаҳои шахсии аъзои хонаводаҳо доир ба тағйирот ва дараҷаи таъсири онҳо ҷамъ карда шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъсири интиқолҳои пулӣ, вуҷуд доштан ё надоштани ҷойҳои корӣ, амнияти озуқаворӣ, хизматрасониҳо ва дигар ҷанбаҳои калидии некуаҳволӣ дода мешуд.
Ҳадафи таҳқиқот баҳодиҳӣ ба ҷиддияти зарбаҳо барои хоҷагиҳои хонаводагӣ ва пайгирии некуаҳволии онҳо бо гузашти вақт буд.
Моҳи апрели соли 2020 ба таҳқиқот саволҳои нав (модулҳо) ба хотири мониторинги таъсири пандемия ба хонаводаҳо ва самаранокии сиёсати коҳишдиҳии оқибатҳои COVID-19 илова карда шуданд.
Ғайриинтизор набуд, ки пас аз авҷгирии COVID-19 дар Тоҷикистон ва пандемия аҳволи иҷтимоӣ-иқтисодии хонаводаҳо дар соли 2020 якбора бад шуд. Ва то барқарор шудани нишондодҳои бе ин ҳам начандон баланди «токовидӣ»-и ҳолати хонаводаҳо ҳанўз роҳ дароз аст. Вале… ин бе таҳқиқот ҳам равшан буд.
Солҳои токовидӣ
Аҳволи хоҷагиҳои хонаводагиро дар Тоҷикистон то пандемия низ хуб номидан намешуд. Чунончӣ, таҳқиқоте, ки моҳи декабри соли 2017 нашр гардид, нишон дод, ки 78%-и хонаводаҳо ба гармкунии хона дар мавсими сардӣ дастрасии бад доранд, ба ҳар хонаводаи сеюм ҳоҷатхонаи дохилиманзилӣ дастрас нест ва қариб ними хоҷагиҳо аз таъминот бо об дар хона низ маҳрум мебошанд. Сарфи назар аз масоҳати хурди манзил, ки ба ҳар сокини хоҷагии хонаводагӣ рост меояд (аз 9,76 то 10, 33 м. кв.), аз 5 хонавода 2-тоаш фарши берўйпўш ва боми хонаи 4% сифати бад дорад . Хоҷагиҳои хонаводагӣ лофи бо кор таъмин будани аъзои хонаводаро ҳам зада наметавонистанд: тахминан дар ҳар хонаводаи ҳафтум сардори хона ё ҳамсари ў, дар 7-8% ҳолатҳо ҳамаи аъзои хоҷагии хонаводагӣ бекор буданд. Зимнан ба ҳисоби миёна ҳар хонавода қариб 3 нафари вобаста («муфтхўр») дошт. Ҳамаи ин боис ба осебпазирии чандтарафаи беш аз нисфи хоҷагиҳои хонаводагии Тоҷикистон дар «рўбарўи фақр» мегардид.

Бори пандемия ва хуруҷҳои COVID-19 ба аҳолии Тоҷикистон вазнинӣ кард?
Соли ковидии 2020-ум ба хоҷагиҳои хонаводагӣ чӣ овард? Ва оё кишвари мо тавонист оқибатҳои хуруҷи коронавирусро пушти сар кунад?
Агар бо такя ба натиҷаҳои таҳқиқот хулоса барорем, на. Чунончӣ, 2 мавҷи бекорӣ (моҳҳои апрел-май ва ноябр) дар соли 2020 ба ҳамин гуна бадшавии «дуқуллагӣ»-и вазъи молиявии хоҷагиҳои хонаводагӣ ва бадшавии амнияти озуқаворӣ овард. Ҳамроҳ бо бадшавии мавсимии амнияти озуқаворӣ дар зимистон ва оғози баҳор аз сабаби болоравии нархҳои маҳсулоти хўрока ва кам шудани ҷойҳои корӣ (аз ҷумла, аз ҳисоби ҷойҳои кори мавсимӣ) вазъи воқеъгардида боис ба баъзе хавфҳо мешавад. Мутаассифона, шумораи ҷойҳои кории холӣ, ки дар Интернет ҷой дода мешаванд, ба оғози соли 2021 ба маротиб камтар аз солҳои пешин буд.
На кам аз ин далели дигаре нигаронсоз аст, ки «аз лаҳзаи хуруҷи беморӣ аз 15 то 20% онҳое, ки эҳтиёҷ ба муолиҷа доштанд, қайд карданд, ки онро гирифтан натавонистанд».

Албатта, хулосаи зерини Гурўҳи Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд дар Тоҷикистон ғайримунтазира набуд: «Барномаҳои ҳукумат оид ба мубориза бо оқибатҳои пандемия таъсири мусбат доштанд. Пас аз хуруҷ тақрибан 14% хоҷагиҳои хонаводагӣ қайд намуданд, ки на кам аз як дафъа аз давлат кумаки нави молиявӣ ё ғайримодӣ гирифтанд». Маҳз ҳамин сохторҳо дар ҷорӣ намудани барномаи мубориза бо оқибатҳои падемия ёрӣ ва мусоидат мекарданд. Аммо ҳаҷми ин кумакҳо ба гумон, ки ба ҳаҷми зарару осебҳои хоҷагиҳои хонаводагии Тоҷикистон баробар бошад, ки ба коҳишёбии бошиддати ҳаҷми муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳаҷми интиқолоти пулӣ, камшавии теъдоди сайёҳон, болоравии хароҷоти тиббӣ ва арзиши хўрока, доруворӣ ва дигар молҳои ниёзи аввал вобаста мебошанд.
Мутаассифона, иттилооти марбут ба таҳқиқоти «Гўш ба Тоҷикистон» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сар аз соли 2015 дар дастрасии озод хеле кам аст. Сарфи назар аз ваъдаҳои сершумори масъулони БҶ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ, ҳанўз ҳам миқдори назарраси иттилооти ба Тоҷикистон вобаста ва дар кишвар анҷомёбанда ё тамоман дар дастрасии озод нест, ё ба забони англисӣ пешкаш мегардад. Ба ин тариқ, барои қисми бештари ҷомеаи шаҳрвандии кишвари мо дастрасӣ ба иттилооти мазкур маҳдуд мешавад. Озодона дастрас набудани тамоми анбуҳи маълумот, ки дар давоми солҳои гузарондани таҳқиқот ба даст оварда шудааст, имкон намедиҳад, ки масъала мустақилона таҳлилу қиёс шавад. Дар ин шароит танҳо истифода кардан аз додаҳои баёнияҳои матбуотӣ ва ҳисоботҳои кўтоҳи марбут ба таҳқиқоти «Гўш ба Тоҷикистон», ҳамчунин эътимод намудан ба маълумоти пешкашшуда мемонад.
Саволҳои носаҳеҳ
Муаллифи матлаб худ на як бору ду бор иштирокдори таҳқиқотҳои сершумор будааст, ҳамчунин дар таҳлил ва баррасии бисёр натиҷаҳо ширкат варзидааст. Аз ин сабаб қарор дод доир ба худи саволҳои барои таҳқиқот интихобгашта ҳам андешаҳои худро иброз дорад, ки ин эҳтимол дар оянда ба ташкилкунандагон дар кори беҳтар кардани натиҷаҳо ва дарки онҳо аз ҷониби истеъмолгарон ёрӣ расонда метавонад.
Як қатор саволҳо, ки дар рафти пурсиши телефонӣ пешкаш мешаванд, тааҷҷуб ва гоҳо нофаҳмиро ба миён меоранд. Чунончӣ, саволи зерин хеле баҳсбарангез аст: «Оё дар 10 рўзи охир ягон нафар аз оила ба суратҳисоби бонкӣ пул гузоштааст ё аз он пул гирифтааст?». Тақсим намудани ин савол ба ду қисми мазмунан аз ҳам фарқкунанда ба мақсад мувофиқ менамояд. Зеро пулро ба суратҳисоби бонкӣ дар ҳолати зиёдатӣ будани он мегузоранд, гирифтани пул аз бонк бештар ба воридшавии интиқолҳои пулӣ аз муҳоҷират алоқамандӣ дорад. Ҳамин тавр зарурати тақсим намудани саволи дигар низ тақозо мешавад: «Оё дар 10 рўзи охир бо пардохти иҷора/кредити хона/андоз барои замин (аз сабаби камбуди пул) мушкил доштед?». Онро низ камаш ба 2 саволи гуногун ҷудо кардан мебояд. Зеро бори молиявии пардохти ҳаққи иҷора/кредит барои хона яқинан бо андоз барои замин қиёснашаванда аст. Ғайр аз ин, муҳлати пардохтҳои мазкур фосилаҳои ба кулли ҳархела дорад.

Ҳармоҳа гузаронда шудани пурсишҳои телефониро ба эътибор гирифта, эҳтимоли посухи носаҳеҳ гирифтан ба саволҳое вуҷуд дорад, ки давраи 10-рўзаро фаро мегиранд. Масалан, «Агар вазъи молиявии хоҷагии хонаводагии Шуморо дар 10 рўзи гузашта муқоиса кунем, он … шуд». Дар ин ҳолат пурсон шудан аз тағйири вазъи молиявӣ дар як моҳи гузашта ба назар мантиқитар мерасад.
Саволҳое ҳастанд, ки муҳлати пардохти музди меҳнатро дар Тоҷикистон ба инобат намегиранд: «Дар 10 рўзи охир оё ҳолатҳое буданд, ки ба яке аз аъзои хоҷагии хонаводагии Шумо музди корро дер дода бошанд?». Ё муҳлати қабулшудаи пардохтҳоро сарфи назар мекунанд: «Дар 10 рўзи охир оё ҳолатҳое буданд, ки хоҷагии хонаводагии Шумо ҳаққи хизматрасониҳои коммуналиро (аз сабаби камбуди пул) пардохт карда натавониста бошад?». Ба фарқ аз кишварҳои ғарбӣ, музди меҳнат дар Тоҷикистон асосан дар охири моҳ пардохта мешавад. Аз ин рў, бо чунин ташаккул додани савол ногузир дар посухҳо носаҳеҳӣ ба вуҷуд меояд. Ҳамин гуна ҳолат дар масъалаи хизматрасониҳои коммуналӣ ба вуҷуд меояд, ки бештар дар даҳрўзаи аввали ҳар моҳ пардохта мешаванд. Ва ҳангоми гузарондани пурсиш, барои мисол, дар даҳаи сеюми моҳ эҳтимоли барғалат ҷавоби рад гирифтан хеле зиёд аст.
Муҳлати 10-рўза, ки як қатор саволҳо фаро мегиранд, начандон мантиқӣ ба назар мерасад. Тағйири муҳлати 10-рўза дар саволҳо ба муҳлати 1-моҳа бештар асоснок ба назар мерасад, зеро фосилаҳо байни пурсишҳои ҳар хоҷагии хонаводагӣ моҳҳоро дар бар мегиранд, на даҳрўзаҳоро.
Инчунин, барои менталитети аксарияти сокинони Тоҷикистон саволи зерин номақбул садо медиҳад: «Оё Шумо кўдакони худро бо сабабҳои иқтисодӣ ба ҷое барои нигоҳубини онҳо тайи моҳи гузашта равон кардаед? Ба куҷо?». Маҳол аст, ки муҳаққиқон ба ин савол ҷавобҳои дуруст ва ба воқеият мувофиқ гиранд. Шубҳаовар аст, бо назардошти менталитети мо, ки хоҷагии хонаводагии ниёзманд, ки кўдакони худро назди дўстон ё хешовандони доротар, зиёда аз ин, ба ҷойҳои дигар равон мекунад, омода бошад ошкоро инро гўяд.
Зоҳиран, ба суоли дигар – «Оё шуда буд, ки ягон нафар аз кўдакони хоҷагии хонаводагии Шумо дар давоми моҳи гузашта бо сабабҳои молиявӣ дар дарсҳо иштирок накарда бошад?» низ ба гумон аст, ки хоҷагиҳои хонаводагӣ сидқан посух диҳанд. Дар Тоҷикистон Қонун аз 2 августи соли 2011, № 762 «Дар бораи масъулияти волидон барои таҳсил ва тарбияи кўдакон» амал мекунад ва волидон вазифадоранд ҳузури кўдакони худро дар мактаб, қатъи назар аз сабабҳои молиявӣ, таъмин намоянд. Дар аксари ҳолатҳо ақли солим ва ғурури волидон иҷозат намедиҳанд, ки ба нақзи қонун, инчунин ба нотавонии худ дар муқобили фақр иқрор шаванд.
Михаил Петрушков