Ҷуғрофиёи эътирозҳо дар Эрон густариш меёбад. Мардумро чӣ маҷбур месозад, ки ба кӯчаҳо бароянд, кадом сабабу нерӯҳо ба эътирозҳои зиддиҳукуматии эрониҳо иртибот доранд ва онҳо бо чӣ анҷомида метавонанд?
Моҳи сеюм аст, ки дар Эрон тазоҳуротҳои зиддиҳукуматӣ идома доранд. Мавҷи хашм дар Эрон дар нимаи моҳи сентябр, пас аз марги Маҳсо Аминии 22-сола бархост, ки барои нодуруст пӯшидани ҳиҷоб дар Теҳрон аз сӯйи пулис ҳангоми баромадан аз метро боздошт шуда буд.
Шиддати вазъ сабаб гардид, ки раисиҷумҳури Эрон қабл аз сафар ба Ню-Йорк барои ширкат дар иҷлосияи 77-умини Ассамблеяи Генералии СММ бо хонаводаи ин духтар телефонӣ гуфтугӯ кард ва ба вазири корҳои дохилӣ дастур дод, ки ҳодисаи рухдодаро билофосила таҳқиқ ва марги Маҳсо Аминиро тафтиш кунанд. Аммо ин шиддати вазъро коҳиш надод, ба тазоҳургарон марказҳои маъмурии навоҳии гуногуни кишвар ҳамроҳ шуданд. Дар ноҳияҳое, ки курдҳо иқомат мекунанд, кор то ба задухӯрдҳои мусаллаҳона расид.
Мақомот дастрасиро ба интернет дар саросари кишвар маҳдуд мекунанд, ки додани маълумоти пурра дар бораи рӯйдодҳои кишварро мушкил месозад.
Бо вуҷуд, коршиносон мутмаинанд, ки ин эътирозҳо мисли эътирозҳои қаблӣ ба зудӣ аз байн мераванд, аммо эҳтимоли дар оянда такрор шудани чунин иқдомот зиёд аст. Барои ин якчанд сабаб вуҷуд дорад, ки мо дар зер баррасӣ хоҳем кард.
Зиндагӣ мушкилтар шудааст
Коршиносон яке аз сабабҳои аслии эътирозҳои пайвастаи эрониҳоро дар мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебинанд.

– Пеш аз ҳама, вазъи умумии иқтисодӣ мушкил боқӣ мемонад. Қисми назарраси мушкилоти шадиди қаблӣ ҳалношуда мемонад ё ҳатто бадтар мешавад. Иловатан, ба онҳо душвориҳои дигар зам мешаванд,- мегӯяд шарқшинос Субҳон Маликов.- Ба ибораи дигар, мардуми Эрон дар даҳ соли охир аксаран нодортар шудаанд. Дар робита ба таҳримҳои ИМА ва пандемия ММД-и кишвар ду сол 6-7% коҳиш ёфт. Дар зимн сатҳи таваррум баланд боқӣ мемонад, нишондиҳандаҳои миёнаи он ба 40% мерасанд. Болоравии ҷиддии нархҳо беш аз ҳама ба зиндагии қишри камбизоат ва миёнаҳоли ҷомеа таъсир мекунад. Ба ин бекории саросарӣ миёни ҷавонон, мушкилоти обрасонӣ, таъминот бо барқ ва омилҳои дигари ҳамроҳро илова бояд кард ва он гоҳ равшан мешавад, ки як алангаи хурд кофист, то “сӯхтор” сар шавад.
Ҳамчунин коршинос ба ҷой доштани норозигӣ дар ҷомеа аз тартиботи мавҷуда, махсусан миёни ҷавонони шаҳрҳо ишора мекунад, вақте қонунҳои исломӣ пӯшидани либоси “кушода”-ро маҳдуд месозанд ва дилхушиҳои хилофи меъёрҳои муқарраргардида мамнуъ мебошанд.
Тавассути эътирозҳо мушкилотро ба боло мерасонанд
Таърихи навини Эрон гувоҳи он аст, ки фаъолияти эътирозӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии Ҷумҳурии Исломӣ буду ҳаст.
– Дар робита ба эътирозҳои мунтазами эрониҳо дар тӯли солҳо модели хосаи алоқаи давлат ва ҷомеа ҳосил шудааст,- мегӯяд Никита Смагин, эроншинос, коршиноси Шӯрои Россия оид ба корҳои байналмилалӣ.
Ба андешаи ӯ, таърихан тазоҳурот дар Эрон, бо вуҷуди тактикаи шадиди мақомот барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки ин онҳо ба миён меоранд, тақрибан ҳамеша боиси тағйиру ислоҳоти чашмрас мешуд, ҳарчанд ин маъмулан на ҳамон лаҳза, балки бо гузашти муддате сурат мегирифт.
– Масалан, эътирозҳои “Ҷунбиши Сабз” дар соли 2009 заминае барои сари қудрат омадани раисиҷумҳури ислоҳталаб Ҳасани Рӯҳонӣ шуданд, ки соли 2013 барои ба эътидол овардани равобит бо Ғарб ва либералӣ кардани вазъи дохилии Эрон иқдом кард. Мисоли дигар эътирозҳои соли 2019 дар посух ба се баробар боло рафтани нархи бензин буд, ки бо хушунат саркӯб карда шуданд, аммо дар натиҷа ҳукуматдорон тартиби нави пардохтҳои иҷтимоиро пешниҳод карданд.

Коршинос ёдовар мешавад, ки низоми сиёсии Эрон бо ҳузури ниҳодҳои демократӣ ва ғайриинтихобии ҳукумат фарқ мекунад.
– Аввалиҳо, ки Маҷлис ва президент ба онҳо дохиланд, интихоб ва мунтазам иваз мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки ҷомеа то андозае риштаҳои алоқаи бозгарданда бо мақомоти демократиро дорад. Аммо дар мавриди ниҳодҳои ғайриинтихобӣ, ки имрӯз ба онҳо пешвои рӯҳонӣ ва ҳам Шӯрои посдорони сарқонун ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро нисбат додан мумкин аст, ин гуна алоқа вуҷуд надорад. Дар ин шароит тазоҳурот тақрибан ягона роҳи огоҳ кардани мақомот аз мушкилоти худ мегардад. Мақомдорон на танҳо муқобили тазоҳургарон мубориза мебаранд, балки ба талаботи онҳо вокуниш ҳам мекунанд», – қайд кард дар хотима Никита Смагин.
Дахолат аз берун ва сепаратизм
Ҳодисаҳои 30 соли охири Эрон нишон медиҳад, ки ҳама гуна иқдоми эътирозӣ, хоҳ алайҳи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва хоҳ вазъи марбут ба ҳуқуқи занон бошад, метавонад ранги сиёсӣ бигирад.
Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, ташдиди эътирозҳо дар Эрон асосан натиҷаи дахолати мустақим ё таҳрики неруҳои хориҷӣ, мушаххасан Амрико ва муттаҳидонаш дар роҳи муборизаашон барои сарнагун кардани ҳукумати кунунӣ дар ин кишвар аст.
Чунон ки маълум аст, баъди Инқилоби исломии соли 1979 муносибатҳои Эрону ИМА ошкоро душманона шуданд. Ва ин тамоюл то имрӯз идома дорад. Дар худи минтақа Эрон бо Исроил ва баъзе кишварҳои арабӣ робитаи дӯстона надорад.
Аз ҷумла, ин андешаҳоро гуфтаҳои охирини Ҷо Байден, президенти ИМА, зимни суханронӣ дар Калифорния дар бораи интихоботи миёндаврии Конгресс тасдиқ мекунанд, ки гуфта буд, ИМА “Эронро озод карданӣ” аст, .
Дар ҳамин ҳол, сиёсатшиносон “варианти Либия”-ро истисно намекунанд, ки тибқи он барои иваз кардани ҳукумат имкон дорад бахши ҷудоихоҳи Эрон истифода шавад.
– Дар баробари тазоҳуроти эътирозӣ дар Эрон, ки ҳадафмандона ба бесомониҳо табдил дода шуд, шиорҳои ҷудоихоҳона низ садо медиҳанд, бахусус дар Курдистон. Ва ин далел фикреро талқин мекунад, ки марги Маҳсо Аминӣ, зодаи Курдистон, танҳо баҳонае барои тазоҳуротгарон шуд, ки ба хиёбонҳо баромада, ҷудоӣ аз Эронро талаб кунанд, – мегӯяд коршиноси масоили минтақавӣ Қосими Бекмуҳаммад.
Чунин тамоюл, бино ба суханони ӯ, ба нафъи на танҳо Эрон нест – таҳкими ин раванд метавонад амнияти тамоми минтақаро ба таври ҷиддӣ ва барои муддати тӯлонӣ зери хатар гузорад.
– Пӯшида нест, ки дар рушди чунин ҳаводис бархе аз ҳамсоягони Эрон ва қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ даст доранд, ки рақибони Эрон ҳастанд. Даргирии мусаллаҳона миёни гурӯҳҳои ҷудоихоҳ метавонад ҳадди ақал боиси афзоиши эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ шавад ва мухолифони Теҳрон дар минтақа ва хориҷ маҳз ба ҳамин умед мебанданд.
Коршинос ёдовар мешавад, ки чанде пеш Ҷон Болтон, мушовири собиқ оид ба амнияти миллии ИМА, дар мусоҳиба бо бахши форсии Би-би-сӣ гуфт, бесуботиҳои охир дар Эрон аз қаблиҳо фарқ мекунад, зеро ин дафъа эътирозгарон аз Курдистони Ироқ силоҳ мегиранд.
– Маълум аст, ки Ҷон Болтон ҳамеша нисбати Эрон мавзеъгирии хеле сахтгирона дошт ва аз “тағйири низом” дар ин кишвар ҳимоят мекард. Ин аст, ки элитаи ҳокими Эрон медонад, ки ҳаводиси моҳҳои охир дар кишварашон равона ба татбиқи сенарияи Либия ё Сурия мебошад, ки ҳадаф аз он тақсим кардани Эрон ба чанд кишвари хурди қавмӣ ва мазҳабӣ аст. Дар ҳар сурат, бо назардошти вазъи феълии дохилии Эрон метавон гуфт, ки масъалаи “тағйири низом”, ки коршиносон ва сиёсатмадорони ғарбӣ дар партави ҳаводиси охир аз он ҳарф мезананд, чизе нест, ки дар ояндаи наздик ба осонӣ татбиқ шавад, – боварӣ дорад Қосими Бекмуҳаммад.
Коршинос бар ин назар аст, ки дар Эрон ба далели таҳримҳои шадид мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вуҷуд дорад ва аз сӯйи дигар, мухолифати як бахши ҷомеа, алалхусус насли ҷавони шаҳрҳо, ба усулу арзишҳои низоми сиёсӣ ва динии ин кишвар вусъат меёбад.
– Албатта, наметавон иддао кард, ки чунин бархӯрд хоси тамоми насли ҷавони Эрон аст. Аммо ин ки раванди эътирозӣ беш аз пеш фишор ва хушунат дорад, далели равшани он аст, ки идораи он аз раҳбарияти Эрон иқдомоти мусбат ва дурандеширо тақозо мекунад. Сурияи дуюм на ба Эрон лозим асту на ба ҳамсоягонаш ва на ба онҳое, ки сарнавишти ин мардуми қадима барояшон бетафовут нест, – хулоса кард Қосими Бекмуҳаммад.
Асад Беҳрӯз