Душанбе: нафаскашӣ хатарнок аст

Душанбе соли 2021 ба даҳгонаи пойтахтҳои ифлостарини олам дар радабандӣ аз рўйи сифати ҳаво дохил шуд. Мо иттилоотро таҳлил намуда, муайян кардем, ки пойтахти мо дар 2 соли охир (2020-2021) ҳавои тоза надоштааст.

Гузориши “Сифати ҳавои ҷаҳон дар соли 2021” шарҳи вазъи сифати ҳаво дар дунё дар асоси маълумот доир ба PM2.5 аз 6 475 шаҳри 117 кишвар дар соли 2021 мебошад. Ахбори гузориш аз даҳҳо пойгоҳи мониторинги сифати ҳаво, ки ҳукуматҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, пажуҳишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, ширкатҳо ва олимони мулкӣ идора мекунанд, ҷамъ оварда шудааст.

Сифати ҳаворо гузориш дар асоси маълумот доир ба PM2.5, ки пойгоҳҳои мониторинги рўйизаминӣ ба даст меоранд, чен мекунад.

Маълумоте, ки дар гузориш истифода шудааст, аз платформаи мониторинги онлайнии сифати ҳаво IQAir дар лаҳзаи ҷории вақт гирифта шудааст. Он маълумотро аз пойгоҳҳои мониторинги сифати ҳаво аз тамоми ҷаҳон муттаҳид мекунад.

Гузориш дар бораи олудагии ҳаво ба Тавсияҳои глобалии ТУТ доир ба сифати ҳаво (2021 г.)-и таҷдидшуда, аз ҷумла барои PM2.5, асос меёбад. Тавсияҳои глобалии ТУТ доир ба сифати ҳаво соли 2021 бори нахуст пас аз соли 2005 таҷдид ёфтанд. Таъсири назарраси олудагии ҳаворо ба сиҳатии  одамон дар саросари олам ба эътибор гирифта, ТУТ ба хотири пешгирӣ аз миллионҳо фавт ҳадҳои ниҳоии тавсиявии миқдори миёнаи солонаи PM2.5-ро дар ҳаво ду карат: аз 10 мкг/м³ то 5 мкг/м³ ихтисор намуд.

Солҳои гузашта дар гузориш  индекси амрикоии AQI ба кор бурда мешуд. Барои назарнамо кардани гузориш соли 2021 аз меъёрҳои солонаи ТУТ ва  ҳадафҳои фосилавӣ истифода шуд. Қиматҳои PM2.5, ки инҷо меорем, ба давраи миёна дар як сол асос ёфтаанд, на дар як рўз.

Тавсияҳои мазкур дар муайян кардани шаҳру манотиқе кумак мекунанд, ки ифлосшавии ҳавои ба  PM2.5 марбут дар онҳо барои сиҳатии аҳолӣ хавф ба миён меорад.

Барои ба чашм аён кардани дараҷаи олудашавии ҳаво бо зарраҳои PM2.5 дар гузориш дар бораи сифати ҳаво дар олам тайи соли 2021 зери унвони “World Air Quality Report” (мувофиқи ҷадвали сатҳи ифлосшавии ҳаво PM2.5, ки ТУТ тавсия медиҳад) 7 хатти ранга истифода мешавад.


Қиматҳои ниҳоии тавсиявии миқдори PM2.5;

– 5 мкг/м3 – нишондиҳандаи миёнаи солона
– 15 мкг/м3 – нишондиҳандаи миёнаи шабонарўзӣ

Сифати ҳаворо чӣ тавр чен мекунанд?

  • PM2.5 зарраҳои сахт бо андозаи камтар аз 2,5 микрон мебошанд. Диаметри онҳо 30 маротиба камтар аз диаметри мўйи инсон аст.
  • Миқдори PM2.5 ба ҳисоби микрограмм ба ҳар метри мукааб (мкг/м³) ҳамчун воҳиди стандартии сифат интихоб гардид.
  • PM2.5 яке аз шаш олудакунандаҳои мунтазам ченшавандаи ҳаво буда, барои саломатии инсон аз сабаби таъсири манфӣ ба сиҳатӣ аз ҳама зараровар маҳсуб меёбад.
  • PM2.5 аз манбаъҳои сершумор ташаккул меёбад ва метавонад аз рўйи таркиби химиявӣ фарқ кунад. Манбаъҳои маъмултарин инҳоянд: муҳаррикҳои сўхти дохилӣ, истеҳсоли энергияи барқ, равандҳои саноатӣ, равандҳои кишоварзӣ, сохтмон, сўхтани чўб ва ангишт дар хонаҳои иқоматӣ.
  • Зарраҳои PM2.5 метавонанд ба роҳи нафас чуқур ворид шаванд ва дар шуш ҷой гиранд. Нафасгирии ин зарраҳо метавонад боиси газак гирифтани чашм, бинӣ, гулӯ ё шуш, инчунин хурӯҷи сулфа, зуком ва нафасгиршавӣ гардад.
  • Мувофиқи маълумоти ТУТ, таъсири манфии ифлосшавии ҳаво дар кӯдакон сабаби халал ёфтани инкишоф ва кори шуш, сироятҳои роҳи нафас ва авҷ гирифтани зиққи нафас мегардад.
  • Дар калонсолон сабаби бемории ишемиявии дил ва сактаи мағзи сар мешавад; маълумоти нав инчунин ба робитаи байни ифлосшавии ҳаво ва дигар ихтилолҳои саломатӣ, аз қабили диабети қанд ва бемориҳои нейродегенеративӣ ишора мекунад.

Таҳлили мо ба маълумот барои солҳои 2020 ва 2021 асос ёфтааст. Манбаи маълумот як маркази мониторинги ҳавои рӯйизаминӣ дар ҳудуди сафорати ИМА дар Душанбе мебошад. Ин маълумот танҳо сифати ҳаворо дар як макони мушаххас нишон медиҳад.

Ҳар як нуқта дар график як рӯз аз соли 2020 ва соли 2021 аст. Мавқеи нуқта дар график аз миқдори зарраҳои PM2.5 дар он рӯз вобаста аст. Барои маълумоти бештар мушакро ба нуқта равона намоед.

Ранги нуқта аз категорияи тозагии ҳаво дар он рӯз вобаста аст. Барои маълумот номи ин категорияро дар қисми шарҳи матнӣ клик кунед.

Дар давоми ду сол сатҳи олудагии ҳаво аз меъёри тавсиякардаи ТУТ даҳҳо баробар гузашт. Дар Душанбе як рӯзе ҳам ҳаво тоза набуд.

Барои дидани сана мушакро ба нуқта равона созед.

Бишкек ва Тошканд низ ба қатори 10 пойтахти олудатарин шомиланд. Нурсултон дар ҷойи 35-ум қарор гирифт.

Ба фарқ аз Душанбе, дар Бишкек ва Нурсултон рӯзҳои “сабз” низ буданд, ки ҳаво ҳамагӣ 1-2 маротиба аз меъёри Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зиёд буд.

Дар ҳеҷ як пойтахти Осиёи Миёна ҳаво дар ҳудуди меъёри миёнаи солона (то 5 мкг/м3) як рӯз ҳам набуд.

Худро чӣ тавр ҳимоя кунем?

Барои то ҳадди ақал кам кардани зарар ба саломатии инсон аз зарраҳои PM2.5 коршиноси сомонаи таҳлилии Nuqta.tj, эколог, роҳбари ташкилоти экологии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» / Маркази Орхус дар ш. Хуҷанд Мамадов Икромҷон Аҳмадалиевич тавсия медиҳад:

•Ба тариқи онлайн ҳолати ҳаворо дар Шаҳри шумо пайгирӣ намоед;

• Таъсири ҳавои ифлосро ба саломатии худ маҳдуд кунед;

• Вақте ки сифати ҳаво хуб нест, фаъолиятҳои берунаро кам кунед;

• Ҳангоми барои саломатӣ зараровар будани сифати ҳаво респиратори KN95, N95 ё FFP2 пӯшед;

• Аз вуруди ҳавои олудаи берунӣ ба хонаҳо ва ҷойҳои корӣ тавассути пӯшидани дару тирезаҳо ва танзими системаҳои кондитсионер барои гардиши такрории ҳавои дохилӣ пешгирӣ кунед;

• То ҳадди имкон филтрҳои ҳаво ва системаҳои тозакунии ҳаворо истифода баред;

• То ҳадди имкон хонаатонро гарм кунед ва на дар оташи ҳезум, балки дар танӯрҳои газӣ ё барқӣ таом пазед;

• Вақте ки сифати ҳавои берунӣ беҳтар мешавад, ҳатто агар барои муддати кӯтоҳ бошад, хонаҳоро тавассути кушодани тирезаҳо ва баргардонидани системаҳои кондитсионер ба қабули ҳавои берунӣ ҳаво диҳед.

Мушкили ҳавои ифлосро дар Душанбе чӣ тавр метавон ҳал намуд?

Шабакаи назорати сифати на танҳо ҳавои атмосфера, балки дигар сарватҳои табиӣ, монанди об ва хокро низ васеъ кардан лозим аст. Танҳо тавассути тавсеаи шабакаи мониторинг ва таъмини кори шаффофи он метавон қарорҳо ва амалҳои муассири ба маълумот асосёфтаро қабул кард.

Дар баробари ин Икромҷон Мамадов як қатор чораҳои пешгирӣ аз ифлосшавии ҳаворо пешниҳод намуд:

• Қонуне бояд кабул карда шавад, ки ба истифодаи воситаҳои нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза барои мақсадҳои шахсӣ ва саноатӣ, барои кашондани бор ва одамон ҳавасманд месозад.

• Манбаъҳои барқароршавандаи энергияро сармоягузорӣ бояд кард.

• Истифодаи муҳаррикҳои дарунсӯз маҳдуд, лимити партовҳо барои воситаҳои нақлиёт ва корхонаҳои саноатӣ пурзӯр карда шавад.

• Стандартҳои нави сифати ҳаво дар асоси Дастурамалҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ барои сифати ҳаво (соли 2021) қабул карда шаванд.

• Сӯхтани зироатҳои кишоварзӣ ва маводи биологӣ манъ карда шавад.

• Стратегияҳои инноватсионии шаҳрвандӣ барои беҳтар кардани сифати ҳаво таҳия гардад.

• Шумораи пойгоҳҳои назорати сифати ҳаво, аз ҷумла пойгоҳҳои ҷамъиятӣ зиёд карда шавад.

•Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва шахсони алоҳида, ки пойгоҳҳои назорати сифати ҳавои худро таъсис медиҳанд, ҳавасманд карда шаванд.

Оцените статью

Душанбе: нафаскашӣ хатарнок аст Душанбе соли 2021 ба даҳгонаи пойтахтҳои ифлостарини олам дар радабандӣ аз рўйи сифати ҳаво дохил шуд. Мо иттилоотро таҳлил намуда, муайян кардем, ки пойтахти мо дар 2 соли охир (2020-2021) ҳавои тоза надоштааст. Гузориши “Сифати ҳавои ҷаҳон дар соли 2021” шарҳи вазъи сифати ҳаво дар дунё дар асоси маълумот доир ба PM2.5 аз 6 475 […]
5 1 5 2
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.