Душанбе ба шаҳри орзуҳои сайёҳон табдил меёбад?

Дар арафаи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон даҳҳо меҳмонхонаи нави сатҳи олӣ ба қабули меҳмонон омода мешавад. То кадом андоза пойтахт ба ин гуна иншоотҳо ниёз дорад, дар матлаби мо бихонед.

Солҳои охир дар Душанбе бо суръати баланд сохтмони меҳмонхонаҳои нав идома дорад. Танҳо дар як худи моҳи сентябри соли 2019 дар пойтахт сохтмони 9 меҳмонхонаи 3-5-ситорадор оғоз ёфта буд.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар он замон хабар дод, ки ҳамаи ин иншоотҳо «бо ташаббуси гурўҳи соҳибкорони саховатманд ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёд мешаванд. Қайд мегардид, ки меҳмонхонаҳоро соҳибкорон бо ҳадафи мусоидат ба рушду шукуфоии шаҳри Душанбе бунёд мекунанд.

Ваъда шуд, ки маҷмааҳо ду сол пас, яъне то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба кор шурўъ мекунанд.

Дар маҷмўъ меҳмонхонаҳои бунёдшаванда, ки бо тавсияи роҳбарияти кишвар бояд ба стандартҳои баландтарини ҷаҳонӣ ҷавобгў бошанд, 630 утоқро дар бар хоҳанд гирифт, ки барои қабули ҳамзамони беш аз 1000 меҳмон пешбинӣ шудаанд. Ғайр аз ин, эҳтимол зиёд аст, ки ба моҳи сентябр дар пойтахт инчунин боз якчанд меҳмонхонаи дигари дараҷаи олиро ба истифода медиҳанд, ки сохтмонашон хеле барвақттар сар шуда буд.

Душанбе ба шаҳри орзуҳои сайёҳон табдил меёбад?
Меҳмонхонаи 5-ситорадори И.Сомонӣ. Акс аз www.memori.tj

Масалан, меҳмонхонаҳои 5-ситорадори Grand Rudaki Tower ва «Исмоили Сомонӣ»-ро, ки сохтмонаш 15 сол боз идома дорад.

Зиёда аз ин, интизор меравад, ки то 30-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ 10 резиденсия ба кор дароварда мешавад, ки қад-қади хиёбони марказии пойтахт қад меафрозанд.

Тибқи иттилои расмӣ, қароргоҳҳои мазкур барои қабули роҳбарони кишварҳои аъзои СҲШ боз ҳам аз сўйи соҳибкорони саховатманд сохта мешаванд. Аммо манбаъҳои наздик ба доираҳои ҳукуматӣ мегўянд, ки ба сохтмони иморатҳои мазкур пас аз рўйдоди нохушоянди чанд соли пеш супориш шуд, ки он вақт дар рафти як чорабинии калони байналмилалӣ дар Душанбе меҳмонони воломақом аз як кишвар аз меҳмонхонае, ки барояшон пешниҳод гардид, рўй гардонданд.

Мо чӣ дорем?

Дар Душанбе, тибқи омори расмӣ, тақрибан 40 меҳмонхона дар қайди расмӣ аст, ки бештар аз нисфи онҳо 3-5 ситора доранд.

Душанбе ба шаҳри орзуҳои сайёҳон табдил меёбад?
Hyatt Regency Dushanbe

Калонтарини онҳо меҳмонхонаҳои 5-ситорадори «Hilton», «Hyatt Regency Dushanbe» ва «Dushanbe Serena Hotel» мебошанд.

Аксари меҳмонхонаҳои сатҳи олии пойтахт соли гузашта пас аз паҳншавии коронавирус кори худро қатъ намуданд. Пуршавии чанд меҳмонхонае, ки бар хилофи пандемия корро идома доданд, на беш аз 20% аз имкониятҳои мавҷударо ташкил дод. То он замон ин адад дар меҳмонхонаҳои нисбатан калон ба ҳисоби миёна наздики 60% буд.

Менеҷерҳои меҳмонхонаҳои бонуфуз сохтмони ин навъ иншоотро тавсия намедиҳанд, зеро «бозор ҳоло ба ин омода нест».

Қаблан Ҷаҳонгир Асроров, мутахассиси тиҷорат дар соҳа, дар мусоҳиба бо «Азия-Плюс» гуфт, пуршавии солона дар сатҳи 50-60% баёнгари он аст, ки норасоии ин қабил муассисаҳо дар шаҳр комилан аз байн рафтааст.

«Оре, соле як-ду бор дар шаҳр ягон чорабинии калони байналмилалӣ баргузор мегардаду меҳмонхонаҳо пур мешаванд, аммо сохтмони меҳмонсаройҳои гаронарзиш, ки нигоҳубинашон маблағҳои калонро талаб менамояд, мулоим карда гўем, чандон оқилона нест»,- гуфт мутахассис дар хотима.

Бо фикри оянда

Иқтисодшинос Илҳом Маҳкамбоев сохтмони меҳмонхонаҳоро маблағгузорӣ ба дарозмуддат медонад.

«Онҳое, ки меҳмонхона бунёд мекунанд, имрўзу ин лаҳза дақиқан фоида намебинанд. Фикр мекунам, ки онҳо мардуми сарватманданд, ки маблағҳои озод доранд ва ба зиёд шудани сайёҳон дар оянда умед мебанданд. Мумкин ҳатто ашхоси алоҳида бо ин роҳ маблағҳои худро қонунӣ мекарда бошанд – ин корро тариқи сохтмони меҳмонхонаҳо анҷом додан фикри бад нест. Имрўз сохтмони ин қабил биноҳо арзонтар меафтад, чун имкони баҳрабарӣ аз имтиёзҳо барои иншоотҳои сайёҳӣ ва ишғол кардани ҷойҳои нисбатан арзишманд дар шаҳр вуҷуд дорад, ки нархашон дар оянда танҳо боло хоҳад рафт»,- гуфт ў.

Ба ақидаи мутахассис, давлат ин гуна тасмимҳоро дастгирӣ хоҳад кард, зеро ин барои иқтисоди кишвар аз сабаби зам шудани манбаъҳои иловагии андозбандӣ ва ғайра муфид аст.

Ҳукумати кишвар бо қарори худ соли 2018 ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ имтиёзҳои мухталифи андозӣ ва гумрукиро муҳайё намуд. Дар рўйхати иншоотҳои сайёҳӣ, ки метавонанд аз имтиёзҳо бархурдор бошанд, сатри аввалро меҳмонхонаҳо ишғол кардаанд.

Созандагони ин навъ объектҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ ва ААИ ҳангоми воридоти таҷҳизот, техника, маводи сохтмон озоданд. Ҳамчунин, моликон тўли панҷ соли аввали баъди шурўъ шудани кори меҳмонхона андоз аз даромад ҳам намесупоранд.

Дар Стратегияи рушди сайёҳӣ дар ҶТ дар давраи то соли 2030 аҳамияти аз ҷониби давлат ҳавасманд карда шудани бахши хусусӣ барои маблағгузории бахши сайёҳӣ қайд мешавад.

«Бо гузашти муддати муайяни вақт (3-5 сол) онҳо (иншоотҳои сайёҳӣ – эзоҳи муаллиф) манбаи муҳими асъори хориҷӣ мегарданд»,- таъкид мешавад дар санади мазкур.

Ҳамааш ба хотири имиҷ?

Шореҳи масоили иқтисод Нур Сафаров таъкид мекунад, ки меҳмонхонаҳои мавҷудаи 5-ситорадор аз оғоз лоиҳаҳои тиҷоратӣ набуда, бештар хусусияти имиҷсозӣ доранд. Ў аз сохтмони меҳмонхонаи «Hyatt» аз ҷониби гурўҳи ширкатҳои русии «РУСАЛ» ва бо «сарборию хароҷоти зиёд» ба дасти ТАЛКО супорида шудани он ёд кард.

«Ҳаминро доир ба «Hilton» низ гуфтан мумкин аст. Иморати онро ширкати ҳиндӣ бунёд намуду идора мекунад. Тавре маълум аст, Ҳиндустон дар Тоҷикистон манфиатҳои худро дорад»,- қайд кард ў.

Душанбе ба шаҳри орзуҳои сайёҳон табдил меёбад?

Сипас шореҳ баъзе тафсилоти сохтмони меҳмонхонаи Хазинаи Оқохонро дар Душанбе ёдрас намуд. «Сараввал Хазинаи Оқохон мехост меҳмонхонаи 2-3-қабатае барои миқдори начандон зиёди меҳмонон, бо дарназардошти манфиатҳои тиҷоратӣ барпо кунад. Як навъ boutique style hotel»,- гуфт ў.

Ба Тоҷикистон соли 2020 беш аз 410 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф овард, ки ин 909 ҳазор назар ба соли 2019 кам аст.

Аз миёни хориҷиён зиёда аз 350 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ эътироф шудаанд (дар асоси усули Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ). Шумораи сайёҳон дар соли гузашта дар муқоиса бо соли 2019 72,2% коҳиш ёфт.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ
Душанбе ба шаҳри орзуҳои сайёҳон табдил меёбад?
Dushanbe Serena Hotel

Вале, идома дод Сафаров, роҳбарияти Тоҷикистон лоиҳаи зикршударо қабул накард. «Пешниҳод намуданд (Хазинаи Оқохон) меҳмонхонае созад, ки на кам аз 9 қабат дошта бошад, дар зимн ишора ба Нақшаи генералӣ ва баландии муқаррашудаи биноҳо дар маркази Душанбе шуд. Ин эродро ба эътибор гирифта, меҳмонхонаи 9-қабата сохтанд, аммо табиист, ки он пур намешавад»,- қайд намуд ў.

Шореҳ ҳадс мезанад, ки кулли меҳмонхонаҳои нав, ки имрўз дар шаҳр бунёд мешаванд, бешак танҳо «лоиҳаҳои бошукўҳе ба хотири имиҷ» мебошанд. «Фикр мекунам, ки ба ин лоиҳаҳо соҳибкорон бо нияти ба даст овардани имтиёзҳо дар лоиҳаҳои тиҷоратии соҳаҳои дигар сармоя мегузоранд»,- илова намуд ў.

ДАР ИН БАЙН

Ниҳоди андоз аз имтиёзҳо норозист

Роҳбарони мақомоти андоз қариб дар ҳар нишасти матбуотӣ бевосита ё бавосита ба зиёдии имтиёзҳое, ки ҳукумат фароҳам меорад, ишора мекунанд ва ин таҷрибаро яке аз сабабҳои асосии ҷамъ нашудани пардохтҳои ҳатмӣ медонанд. Ҳамзамон ҳукумат ҳарсола нақшаи воридшавии маблағҳои андоз ба буҷетро 10% боло мебардорад.

Душанбе ба шаҳри орзуҳои сайёҳон табдил меёбад?

«Гап ҳатто сари он нест, ки буҷет аз маблағҳои эҳтимолӣ аз бахшҳои алоҳида маҳрум мемонад – гап дар он аст, ки манбаъҳои эҳтимолии андозбандӣ ба ин бахшҳои имтиёзнок мегузаранд»,- шарҳ дод корманди Кумитаи андоз ба шарти фош нашудани номаш.

Ў қайд намуд, ки бо чунин равиш соҳибкор ба он ҷое мешитобад, ки манфиат дошта бошад, аз тиҷорате, ки хуб медонад ва дар сурати мавзун будани реҷаи андозбандӣ мехост ба он машғул шавад, даст мекашад.

«Дар натиҷа буҷет аз маблағҳои муайян маҳрум мегардад»,- гуфт манбаъ.

Ў тавсия дод, ки минбаъд аз пешниҳоди имтиёзҳои «нуқтавӣ» худдорӣ шавад ва ба ҷойи ин батадриҷ сарбории андоз барои соҳибкорӣ дар маҷмўъ поин бурда шавад, зеро ин ба васеъшавии заминаи андозбандӣ мусоидат хоҳад кард.

Дилшод Шарифов

Оцените статью

Душанбе ба шаҳри орзуҳои сайёҳон табдил меёбад? Дар арафаи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон даҳҳо меҳмонхонаи нави сатҳи олӣ ба қабули меҳмонон омода мешавад. То кадом андоза пойтахт ба ин гуна иншоотҳо ниёз дорад, дар матлаби мо бихонед. Солҳои охир дар Душанбе бо суръати баланд сохтмони меҳмонхонаҳои нав идома дорад. Танҳо дар як худи моҳи сентябри соли 2019 дар пойтахт сохтмони 9 […]
5 1 5 1
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.