Ду 15 – як 30

Чаро “роҳбарони дарозумр” якбора “рафтанӣ шуданд?

Пулти идоракунӣ ба дасти бегона дода намешавад.
Акси асосӣ: https://centralasia.media

Туркманистон ниҳоят президенти сеюми худро бояд пешвоз гирад. Пас аз ду “президенти якумра” дар ин кишвар тайи 31 соли охир ин гапи андак нест.

Ҳоло ба таври равшан маълум нест, ки Бердимуҳаммедов чӣ гуна меравад. Аммо пеш аз рафтанаш аз қудрат президенти дуюми туркман бо нишони “Дипломати бузурги туркман” мукофотонида шуд. Ин ҳам маълум нест, ки ин охирин қадрдонӣ аз ӯст ё мукофотҳои дигар дар роҳанд.

Бердимуҳаммедов ҳам халқи худро бенасиб намонд. Аллакай китоби нави аввалини худро дар соли нав барояшон пешниҳод кард, ки «Қадамҳои дурахшони некӯаҳволӣ” ном дошта, ба назари муаллиф, он метавонад “дастури муфид барои сокинони кишвар” бошад.

Ёдовар мешавем, ки дар 15 соли раҳбарии худ “ҳомии туркманҳо” беш аз 70 китобу дастурамал таҳия кардааст, ки хондани аксарашон барои мардум ҳатмӣ дониста мешавад.

 Аммо мардуми камбағал дар ин кишвари саршор аз захираҳои табиӣ аз як раҳбар чӣ интизор доранд? Китоб? Зиндагии сазовор? Интихоботи ба ҳақиқат наздиктар? Президенти воқеан интихобшуда?

Воқеан, Туркманистон дар 30 соли истиқлоли худ феълан танҳо 2 президенти дарозумр ва интихоботи начандон зиёдро дар пай дошт.

Туркманбошӣ рафт. Дороиву номаш низ

Сапармурод Ниёзов ё Туркманбошӣ ҳамагӣ ду бор дар интихоботи президентӣ иштирок намуд. Як бор соли 1990, ки замони побарҷоии СССР буд, маротибаи дуюм 21 июни соли 1992, ки бидуни алтернатива ва бо касби гӯё 99,5% овози мардум ӯ ғолиб омад.

Интихоботи навбатӣ мебоист соли 1997 баргузор мегардид, аммо Ҳизби демократи Туркманистон, ки онро Ниёзов ба ҷойи Ҳизби коммунист таъсис дода буд, соли 1993 пешниҳод намуд, ки ваколати Ниёзов то соли 2002 дароз гардад. Январи соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ  ин пешниҳод гӯё аз ҷониби мардум пазируфта шуд. Дар охири соли 1999 парлумони ин кишвар ба Сапармурод Ниёзов иҷозат дод, ки бе маҳдудият ва “то замоне, ки худаш мехоҳад”, президент бошад.

Августи соли 2002 Халқ Маслиҳатӣ қарор қабул кард, ки муҳлати президентии Ниёзов якумра бошад, аммо Туркманбошӣ хоксорона инро  қабул накарда, гуфт, ки соли 2008 интихоботи президентӣ баргузор мекунад.

Вале ба ин интихобот нарасида, 21 декабри соли 2006 якбора дилаш аз тапиш монд. Дар бораи маргаш бошад, танҳо рӯзи 24 декабр хабари расмӣ пахш гардид. Гуфта мешуд, ки 3 рӯз мурдаи Туркманбоширо ба хотири “ҳал кардани” ҷойгузини ӯ аз мардум пинҳон доштанд. Ҳамин тавр, раиси парлумон, ки бояд иҷрокунандаи вазифаи президент мешуд, ҳамон рӯзҳо ба ҳабс гирифта шуду муовини сарвазир Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ин масъулиятро соҳиб гашт.

Бо ҳамин як давраи сиёсии Туркманистон, ки дар он тақрибан 15 соли охир ҳарфи ниҳоиро Ниёзов мезад, ба анҷом расид. Ба ӯ на унвони Туркманбошӣ (раҳбари туркманҳо) кӯмак кард, на панҷ бор сазовор гаштанаш ба унвони “Қаҳрамони Туркманистон”, на мактабу кӯчаву шаҳру ноҳияҳои зиёди ба номаш гузошташуда, на ба номи худу пайвандонаш мондани рӯзу ҳафтаву моҳҳо ва на ҳайкали тиллоиаш, ки баробари гардиши офтоб тоб мехӯрд. Ҳамаи ин ному унвонҳо ба зудӣ фаромӯш шуданд. Китоби “Рӯҳнома”–и ӯ ҳам, ки замони зиндагиву ҳукмрониаш дар мактабҳо таълимаш ҳатмӣ буд, акнун ба фаромӯшӣ рафта.

Ҳатто маблағҳои ҷамъовардааш ба ӯ насиб накард: сардори муҳофизонашро, ки аксари дороии роҳбари худро ба Россия интиқол доданӣ буд, боздошт карда, ба маҳбас фиристоданд.

Ҳомии туркманҳо” ба ҷойи “Раҳбари туркманҳо”

Бо омадани Бердимуҳаммедов пас аз интихоботи моҳи феврали соли 2007, ки гӯё бо ҷонибдории 89,2% интихобкунандагон ба қудрат расид, дар муҳити сиёсӣ-иҷтимоии ин кишвар тақрибан чизе тағйир наёфт. Албатта бархе тағйироти зоҳирӣ сурат гирифт, ки бештар ба барҳам задани шахспарастии Туркманбошӣ дахл дошт.

Аммо шахспарастии дигар пеш омад, бо номи нав: Бердимуҳаммедов.

26 октябри соли 2010 бо баргузории паради низомӣ бахшида ба 19- солагии Истиқлоли Туркманистон ба Бердимуҳаммедов унвони “Арқадоғ” (ҳомии туркманҳо) доданд.

Дар интихоботи феврали соли 2012 ӯ гӯё 97,14%-и овозҳои интихобкунандаро соҳиб гашт. Сентябри соли 2016 бошад, парлумони Туркманистон маҳдудиятҳои навбатии интихоботиро барои Бердимуҳаммедов бекор карда, барои иштирокаш дар интихоботи соли 2017 имкон фароҳам овард. Ҳамин тавр, ӯ дар ин интихобот бо 3 фоиз камтар аз интихоботи соли 2012 боз ба курсӣ нишаст. Муҳлати президентӣ ҳам ба ҷойи 5 соли қаблӣ акнун 7 сол муқаррар шуд. 

Ду 15 - як 30
Хайкали С.Ниязов дар Ашхобод. Акси bbc.com

Аз дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоӣ дар ин муддат танҳо чанд ҳолати нисбӣ ба қайд гирифта шуд:

соли 2008 истеҳсол, истифода ва фурӯши носро манъ кард;

ҳамон сол меъёри бензини бепулро ворид намуд, аммо соли 2014 ин иқдомро барҳам зад;

нафақапӯлӣ ҳам, ки дар замони Туркманбошӣ барҳам дода шуда буд, дигарбора ба пиронсолон дода мешуд;

таҳсил дар мактабҳои миёнаро 12-сола шуд ва дар баробари забони русиву англисӣ дар бархе макотиб таълими забонҳои хитоӣ ва ҷопонӣ ҷорӣ гардид;

соли 2013 хусусигардонии манзили зистро иҷозат дод…

Бо вуҷуд, ҳаёти туркманҳо, ки 6 миллион ҳам нестанду захираҳои бузурги нафту газ доранд, беҳ нашуд. Баръакс, бадтар аз замони Туркманбошӣ гашт, ки мардум бархе имтиёзҳои иҷтимоӣ доштанд. Дар натиҷа одамон талош доранд, ки бо баҳонаи табобат ё таҳсил аз кишвар берун шуда, дигар барнагарданд. Кор то ҷое расид, ки январи имсол Ашқободи расмӣ ба шаҳрвандонаш ҳушдор дод, ки касе дар хориҷа зиндагӣ мекунад, ҳаққи шаҳрвандии Туркманистонро аз даст медиҳад.

Ин ҳушдор дар ҳолест, ки рӯзгори мардум ба сахтӣ мегузараду молҳои ниёзи мардум бо меъёр дода мешавад. Гуфта мешавад, аксари тиҷоратҳо аз ҷониби хонавода ва пайвандони “ҳомии туркманҳо” инҳисор шудааст.

Зимнан, январи имсол хабарҳое паҳн шуданд, ки ҳудуди 200 нафар дар Ашқобод ба нишони эътироз аз гароншавии нархҳо ва камбуди маҳсулот ба гирдиҳамоӣ баромадаанд. Аммо онҳоро зуд пароканда карданд…

Дар ҳамин лаҳзаи ҳассос, ки пас аз ҳаводиси Қазоқистон минтақа аз сар мегузаронад, Бердимуҳаммедов эълон намуд, ки аз президентӣ меравад ва “роҳро барои ҷавонон ҳамвор мекунад”. Аммо:

Таҷрибаи бузурги ҳаётӣ ва сиёсиамро ба сифати роҳбари Халқ Маслиҳатӣ кӯшиш мекунам барои некӯаҳволии мардум сарф намоям.

Дар ин муроҷиатномааш ишора кардан ба ин, ки ба синни пайғамбарӣ расидааст, шояд ба маънои нишон додани хирадмандии худаш бошад.

Зимнан, ӯ ҳоло раиси қабати болои парлумон – Халқ Маслиҳатӣ ҳам ҳаст. Ин нонсенс аст, ки як президент ҳам роҳбарии давлатро ба зимма дошта бошад, ҳам қонунгузории кишвар ва ҳам ҳукуматро. Аз ин ҷост, ки ҷустану ёфтани мушкилоти ҳуқуқӣ дар тасмими “ҳомии туркманҳо” баҳси зиёдатист.

Пас чӣ зарурат пеш омад?

Пеш аз оне, ки дар ин бора суҳбат шавад, бояд донист, ки Бердимуҳаммедов роҳро барои кадом ҷавон ҳамвор намуд…

Вориси “ҳомии туркманҳо” кист?

Интихоботи президентии 12 марти соли 2022 ба назари аксарияти мутлақи таҳлилгарон ғолиби аз пеш маълуми худро дорад: писари Бердимуҳаммедов – Сардор.

Албатта ин фарзия, ки ӯ ба ҷойи худ писарашро меорад, ҳанӯз аз соли 2016 мавриди муҳокима қарор дошт. Аз замоне, ки Сардорро аз як мансаб ба дигаре интиқол медоданд.

Ду 15 - як 30
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадови 64-сола дар соли 2017 барои бори саввум раисиҷумҳур интихоб шуд ва бояд соли 2024 ваколаташро ба анҷом расонид. Акс аз bbc.com

Аз ин ҷост, ки дар маълумотномаҳои вобаста ба писари президент ҳоло мехонем:

“Сардор 22 сентябри соли 1981 дар Ашқобод, дар оилаи дандонпизишк Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов ва муаллима Огулгерек Бердимуҳаммедова таваллуд шудааст. Номи “Serdar” аз забони туркманӣ ҳамчун “пешво” ё “роҳбалад” тарҷума шудааст. Зимнан, яке аз унвонҳои президент Сафармурод Ниёзов “Сердар” (Сардор) буд. Мактаби миёнаро дар Ашқобод хатм кардааст, дар ҳамон ҷо соли 2001 Донишгоҳи кишоварзии Туркманистон ба номи С.А.Ниёзовро бо ихтисоси “муҳандиси технолог” хатм намуд. Пас аз хатми донишгоҳ вай фавран ба ҳайси сармутахассиси Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ассотсиатсияи саноати хӯрокворӣ — як ташкилоти давлатӣ ба кор шуруъ кард. Тибқи иттилои расмӣ, ӯ солҳои 2001-2003 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Туркманистон хидмати ҳарбӣ кардааст, вале аз рӯйи маълумоти ғайрирасмӣ ӯ танҳо “дар қоғаз” хидмат кардааст. Дар ин вақт, падари ӯ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси вазири тандурустӣ ва саноати тиб кор мекард ва ҳамзамон муовинии раиси Девони Вазирони Туркманистонро (раиси кабина худи президент Сафармурод Ниёзов буд) дар ихтиёр дошт. Ин ҳамон мансабест, ки ҳоло Сардор дорад.

Гуфта мешавад, Бердимуҳаммедови хурдӣ аз соли 2003 то 2007 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи асосии саноати меваю сабзавот дар ҳамон Ассотсиатсияи саноати хӯрокворӣ кор кардааст ва пас аз он ки падараш дар моҳи декабри соли 2007 ба қудрат расид, сармутахассиси Дирексияи саноати пиво, маҳсулоти ғайриспиртӣ ва шароби Ассотсиатсияи саноати хӯрокворӣ таъин шуд. Солҳои 2008-2011 ӯ ҳамчун мушовири сафорати кишвараш дар Федератсияи Россия сабт шудааст. Соли 2011, дар давоми фаъолияти дипломатии худ дар пойтахти Россия, Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россияро бо ихтисоси “муносибатҳои байналмилалӣ” хатм кард.

Солҳои 2011-2013 ӯ мушовири Намояндагии доимии Туркманистон дар Дафтари СММ дар Женева (Швейтсария), ҳамзамон донишҷӯйи Маркази бонуфузи сиёсати амнияти Женева буд. Пас аз бозгашт аз Швейтсария, соли 2013, мудири департаменти кишварҳои аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон таъин шуд ва мустақиман ба назорати сиёсати хориҷии кишвараш дар робита бо кишварҳои Аврупо то соли 2014 шуруъ кард.

2013-2016 муовини директори Агентии давлатии идоракунӣ ва истифодаи захираҳои карбогидридҳои Туркманистон буд. Моҳи августи соли 2014 номзади илмҳои техникӣ, моҳи июли соли 2015 доктори илмҳои техникӣ шуд.

Солҳои 2016-2017 сардори Раёсати иттилооти байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон таъин гардид. Моҳи ноябри соли 2016 вай дар интихоботи миёндавраӣ ба ҷойи вакилони қаблан ба нафақа баромада вакили Маҷлиси Туркманистон, даъвати 5-ум интихоб шуд. 20 марти соли 2017 раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва меъёрҳои он дар Маҷлиси Туркманистон гардид. 25 марти соли 2018 вакили Маҷлиси Туркманистон даъвати VI интихоб шуд.

30 марти 2018 ӯро муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон ва моҳи июни соли 2019 ҳокими вилояти Аҳал таъйин намуданд. Аз моҳи феврали соли 2020 вазири саноати Туркманистон гашт.

11 феврали соли 2021 муовини сарвазир, раиси Палати олии назорат таъйин шуда, ба ҳайати Шӯрои давлатии амният шомил гардид ва рутбаи полковникиро соҳиб гашт.

Тайи ду соли охир Бердимуҳаммедови хурдӣ пайваста сафарҳои хориҷӣ анҷом медиҳад. Соли гузашта ӯ бо сарвазири Россия Михаил Мишустин, императори Ҷопон Наруҳито, нахуствазири Ҷопон Ёсихиде Суга ва шаҳрдори Санкт-Петербург Александр Беглов мулоқот кард. Моҳи январи имсол ӯ ба Эрон ва Ӯзбекистон сафар карда, бо Иброҳим Раисӣ ва Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ дошт. Ҳамчунин дар чанд нишастҳои минтақавӣ Туркманистонро муаррифӣ намуд.

Чор фарзия

Дар бораи рафтани Бердимуҳаммедов аз мақоми президентӣ тайи се соли охир сару садо баланд мешавад. Хоса, вақте соли 2019 тақрибан як моҳ аз мазҳари ом дур шуд. Гуфта мешуд, касали вазнин аст. Аммо дертар боз ҳам пайдо шуд ва тавре худро нишон медод, ки мушкиле аз ваҷҳи саломатӣ надорад.

Сабабҳои асосии “рафтани” Бердимуҳаммедовро ба чанд омил нисбат медиҳанд.

Якум, ба ҳаводиси охири Қазоқистон, ки ба хеле аз “раҳбарони дарозумр”–и минтақа ҳушдори ҷиддӣ дод. Модоме дар як кишвари ором ва мардумаш ҳам нисбатан сарватманд чунин иттифоқ пеш омад, дар ҳар кишвари дигари Осиёи Миёна, ки мардуми камбағалаш аз бениёзҳо хеле зиёд аст, ҳар гуна сенарияро метавон интизор шуд.

Дуюм, таҳлилгарон тахмин мезананд, ки бо омадани баҳор вазъ дар сарҳад бо Афғонистон шояд ташаннуҷ ёбад. Ҳарчанд Туркманистон ҳанӯз аз соли 1996 бо “Толибон” мушкил надошт ва ҳамкорӣ мекард, аммо бозиҳои минтақавии геополитикӣ метавонанд ҳолати дигареро пеш биёранд.

Сеюм, тахмин зада мешавад, ки Бердимуҳаммедови калонӣ масъалаи интиқоли қудрат ба писарашро бо раҳбарони кишварҳои абарқудрат “ҳал” кардааст. Аз ҷумла, аз суҳбатҳои ахири телефонии “ҳомии туркманҳо” бо раҳбарони Хитой, Туркия ва Россия мисол оварда мешавад, ки шояд ин “масъалаи стратегӣ” баррасӣ шудааст. Зимнан, аз ҳаводиси охири Қазоқистон ва  пайомадҳои он мешавад чунин тахмин кард, ки ҳоло ба “раҳбарони дарозумр” фурсат додаанд, ки аз баҳри ҳама унвонҳои бешуморашон бигзаранду худ ва дороии ҷамъовардаашонро то ҷое ҳифз намоянд…

Фарзияи чорум ҳам вуҷуд дорад: Бердимуҳаммедов ҳеч куҷо намеравад. Ин ки ба сифати раиси қабати болоии парлумон аз президент ваколатҳои бештар дорад, охири гап нест. Дар ҷараёни маъракаи интихобот, агар дид, ки Сардор ҳанӯз омода нест (дар ин бора зиёд мегӯянд), метавонад рӯзҳои охири интихобот номи худро дар баргаҳои интихоботӣ ворид намояд ва маротибаи чорум президент шавад. Ин дар доираи қонун намеғунҷад? Дар кишварҳое чун Туркманистон оё ҳарфи қонун муҳим аст?

Ду 15 - як 30
Ин тасвир, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон (аз рост) эстафетаро ба писараш Сардор Бердимуҳаммадов медиҳад, ҳоло хеле рамзӣ ба назар мерасад.

Аммо, дар сурати президент кардани писараш, “ҳомии туркманҳо” имкон меёбад, ки то чанд сол ӯро “тайёр намояд” ва агар марг ҳам ба суроғаш омад, аз ташвиш дур хоҳад буд…

Зимнан, имкон дорад бо овардани писараш Бердимуҳаммедов дар сиёсати хориҷии худ тағйирот ворид намояд ва “нейтралитет”–и Туркманистонро, ки аз замони Туркманбошӣ боқист, аз байн бибарад. Масалан, дар Россия сахт интизоранд, ки Сардор як раҳбари рӯ ба Кремл хоҳад буд ва шояд ба созмонҳои зери назари онҳо шомил шавад. Дар Ғарб ба ин назаранд, ки ҳолати бади иқтисодии ин кишвар аз раҳбари наву кӯҳна тақозо менамояд, ки ислоҳоти зоҳирие анҷом диҳад ва сармояи кишвару созмонҳои ғарбиро соҳиб шавад. Албатта ислоҳоти сиёсие чун дар Ӯзбекистону Қазоқистонро феълан касе мунтазир нест.

Аммо чун Бердимуҳаммедови калонӣ ба писараш дастур дод, ки Барномаи рушди кишварро барои 30 соли оянда таҳия намояд, ба ин маъност, ки стратегияи хосеро дар назар дорад…

Вақте аз рафтан метарсанд

Чанд рӯз пеш яке аз сиёсатмадорони дӯстдоштаи тоҷикон, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазири собиқи корҳои дохилӣ Сайдамир Зуҳуров 71-солагии худро таҷлил намуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ як иқтибос аз ӯ зиёд чарх зад:

“Ман намедонам, одамҳое, ки дар як вазифа солҳои тӯлонӣ кор мекунанд, чӣ тавр кор мекарда бошанд. Зеро аз рӯйи виҷдон, агар 90 фисади кӯшишу ҳаракатро барои иҷрои ҳамон кори вазифавии худ диҳӣ, дар ҳамон чор-панҷ сол хаста мешавӣ ва дигар ҳеҷ кор карда наметавонӣ. Мафкура низ як рӯз хаста ва монда мешавад, фаромӯшхотир мешавӣ. Ҳушёрии сиёсиро аз даст медиҳӣ, ҳама як рангу ҳама нағз аст, фалону беҳмадон, вале як рӯз аз як ҷо дидӣ, ки он ҷувол дариду рафт. Барои ҳамин бо як обрӯйи муҳаммадӣ рафтан ҳам як давлати калон аст. Иваз кардан даркор, як мафкураи тоза, як мафкураи ҷавон, як мафкураи дигар бошад, боз хубтару беҳтар”.

Аммо дар Осиёи Миёна масъалаи “рафтан” воқеан ҳам гӯё ба мавзуи стратегии ҳукуматҳо табдил ёфтааст. Нурсултон Назарбоев моделеро тайи 8 сол таҳия кард ва хеле аз кишварҳои минтақа онро қабул карданӣ буданд. Рухдодҳои охири ин кишвар нишон доданд, ки ин шеваи интиқол чандон муассир нест. Ҳатто вақте қудратро ба яке аз наздикони худ аз командаи собиқ медиҳанд…

Таҷрибаи интиқоли қудрат дар кишварҳои пасошӯравӣ

Ин сенария дар кишварҳои пасошӯравие, ки интиқоли қудратро аз тариқи таъйин намудани ворис анҷом медиҳанд, нав нест. 

Соли 2003 Ҳайдар Алиев, ки 4 маротиба ба курсии президентӣ дар Озарбойҷон нишаста буд,  писари он вақт 42-солаи худро сарвазир таъйин кард ва пас аз чанд моҳ “бо сабаби беморӣ” интихоботи пешазмуҳлати президентӣ эълон намуд. Аллакай моҳи октябр Алиеви хурдӣ мансаби олии раҳбарӣ – президентии Озарбойҷонро ба ӯҳда гирифт. Аммо бояд ба назар гирифт, ки ӯ аз соли 1995 то 2003 – замони сарвазир таъйин шуданаш, вакили парлумон ва ҳамзамон аз соли 1999 яке аз 5 муовини раиси ҳизби ҳокими падараш буду соли 2001 муовинии аввали ин ҳизбро ба зимма дошт…

Соли 2008 Путин ҳам эълон намуд, ки Қонуни асосии Россияро вайрон намекунаду маротибаи сеюм муддаӣ ба курсии президентӣ намешавад. 4 соли баъдӣ Дмитрий Медведев расман Президенти Россия эълон гашт, аммо гуфта мешуд, амалан қудрат дар дасти сарвазир Путин аст, ки ба ин мақом салоҳиятҳои ҳатто бештар аз президентӣ дода буданд. Воқеан, пас аз ислоҳоти ахири   конститутсионӣ дар Россия, ки соли гузашта пеш омад,  ҳадс зада мешавад, ки ин дафъа салоҳияти бештар ба Шӯрои давлатӣ ё Думаи давлатӣ – қабати поёни парлумони Русия дода мешаваду Путин баъди интихоботи президентии соли 2024 ба яке аз онҳо такя хоҳад зад. Ба таври дигар, қудрати сиёсӣ амалан боз ҳам дар ихтиёри ӯ мемонад…

Дар Қазоқистон, ки монандиҳое ба ҳаёти сиёсии Тоҷикистон дорад, Нурсултон Назарбоев баъди 5 бори президентӣ ва 30 соли дар сари қудрати расмӣ буданаш ба истеъфо рафт. Ҳарчанд ӯ аз соли 2010 унвони “Пешвои миллат”-ро дошт, ки барояш ваколатҳои ҳамешагии роҳбарии давлатро таъмин мекард, дар ин баробар раисии доимии (то зинда буданаш) Шӯрои амнияти кишвари худро соҳиб шуд. Ин ниҳод дар Қазоқистон соли 1991 таъсис ёфта бошад ҳам, дар ибтидо як сохтори машваратӣ буд. Сар аз соли 2018 ба он мақоми конститутсионӣ доданд ва дар ихтиёраш ваколатҳои зиёдеро гузоштанд. Ин ба чунин маъно буд, ки Назарбоев ҳамоно ба сенарияи сохтааш сахт мутмаин набуд ва баъзе ваколатҳои муҳимро худ ба уҳда гирифтанист. Аммо ҳоло аз ин ҳама имтиёзҳо ӯро раҳо карданд.

Дар маҷмуъ, мешавад гуфт, ки “раҳбарони дарозумр” пас аз марги Каримов дар соли 2016 як қадар шитобзада шуданд. Аз ин хотир часпу талоши бештар барои ҳамвор намудани интиқоли қудрат намуданд ва дар ин миён аз баҳри баъзе ҳамсафони худ ҳам гузаштанд. Сенария ва стратегияву тактикаҳо акнун дигаргун гаштанд. Зеро Худованд намепурсад, ки Азроилро ба суроғи кӣ ва кай фиристад. Онҳо ҳам, ки интизор доранд, танҳо марг аз курсии раҳбарӣ раҳояшон мекунанд, бояд ба ҳама эҳтимолҳо омода бошанд. Дар ин ҳолат бештар аз масъалаи ҳукумат ва давлат фикри онҳоро танҳо як масъала ба худ машғул медорад: худ, пайвандон ва сарвати ҷамъовардаро чӣ гуна бояд ҳифз кард?

Воқеан саволи душворҷавоб аст, вақте низоми устувори давлатдориро таҳия накардаанду дар ғами худу пайвандон ва сармояи ҳангуфт буданд…

Раҷаб Мирзо

Оцените статью

Ду 15 – як 30 Чаро “роҳбарони дарозумр” якбора “рафтанӣ” шуданд? Пулти идоракунӣ ба дасти бегона дода намешавад. Акси асосӣ: https://centralasia.media Туркманистон ниҳоят президенти сеюми худро бояд пешвоз гирад. Пас аз ду “президенти якумра” дар ин кишвар тайи 31 соли охир ин гапи андак нест. Ҳоло ба таври равшан маълум нест, ки Бердимуҳаммедов чӣ гуна меравад. Аммо пеш аз рафтанаш […]
5 1 5 3
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.