Драмаи воқеӣ

Дирӯз Хуршеди Атовулло маро барои тамошои филми режиссёри ҷавон Муҳиддини Музаффар «Дов» даъват кард. Сад сол боз ба кинотеатр нарафта будам, аммо не ҳам гуфта натавонистам. Чӣ хел ҳам мегӯӣ, вақте ба чашмонат нигариста мепурсанд: «Ту чӣ, филми ҳамшаҳриатро тамошо кардан намехоҳӣ?».

Борон сабаби дар роҳ муддате баста монданамон гашт ва ҳамкасбамон Шервони Умриддин ғамхорона пешакӣ барои мо чипта харид. Ҳамин тариқ, ҳатто барои чипта пул харҷ кардан ҳам лозимамон наомад. 

Филмро тамошо кардам.

Агар аз ман хоҳиш менамуданд, ки таассуроти худро аз он бо як калима баён кунам, калимаи «ғусса»-ро интихоб мекардам. Аммо на барои ифода кардани ҳиссе, ки вақтҳои охир зиёд аз дидани филмҳои ватании пастсифат маро фаро мегирифт. Ин эҳсос аз сужа, аз драмаи инсонӣ буд, ки бо мурури ҳар кадр бинанда ба он амиқтару амиқтар фурӯ меравад.

Филм аз дӯстии ҳақиқии ду мард қисса мекунад. Воқеаҳо пеши назар бе шӯру ҳаяҷони барзиёд ва ҳатто гӯё дар нимторикӣ мегузаранд. Ҷойи тааҷҷуб ҳам нест, зеро ҳодисаҳои филм дар яке аз солҳои тираю тори таърихи мо – соли 1993 ҷараён мегиранд. Он замон, пас аз пошхӯрии Шӯравӣ, осудаҳолӣ ва дилпурӣ аз рӯзи фардо моро тарк карданд, таваррум бо суръати бемисл шиддат мегирифт, молу маҳсулот гарон ё тамоман аз фурӯшгоҳҳо гум мешуданд, ҷанги шаҳрвандӣ авҷ мегирифт.

Чизе, ки ба ман дар филм махсусан писанд омад, кӯшиши инъикоси саҳеҳи зиндагии он солҳо буд. Инро ҳамчун намояндаи насле, ки он замонро хуб дар ёд дорад, тасдиқ карда метавонам. Муаллифон ҷиддан кӯшидаанд, ки ҳаёт ва рӯзғори солҳои 90-уми асри гузаштаро наздик ба воқеият тасвир кунанд. Албатта, ҳамаи филмсозон то ҳадди имкон барои ин талош меварзанд, аммо расидан ба ҳадаф на ба ҳама даст медиҳад. Ҳамчун як намунаи филмҳои аз ин лиҳоз муваффақ метавон аз асари коргардон Искандар Усмонов «Ҳарому ҳалол» инҷо ёдовар шуд. Ӯ, масалан, моҳирона наворҳои мустанади навбатҳои солҳои 90-ум барои кӯмаки башардӯстонаро дар филм ҷой додааст. Аммо бештар аз ҳама шахсан маро боркаши ГАЗ-АА-и якунимтоннагӣ – “полуторка”-и замони ҶБВ ба ҳайрат овард, ки ҳангоми намоиши лаҳзае аз солҳои 1941-45 дар филм пайдо мешавад. Тавре маълум гардид, боркашро, ки назди даромадгоҳи ташкилоти ДОСААФ-и шаҳр ҳамчун ёдгорӣ рӯйи поя меистод, махсус барои наворбардорӣ фароварда, ба кор андохтаанд.  

Драмаи воқеӣ
Эълонномаи филми “ДОВ” дар назди кинотеатри “Ватан”. Аксбардор Суҳроби Зиё.

Вале офарандагони филми «Дов» дар инъикоси воқеиятҳои таърихӣ аз ин ҳам бештар комёб гаштаанд. Маълум аст, ки онҳо дар самти ҷустуҷӯ ва дар наворҳо истифода кардани мошинҳои кӯҳнаи шӯравӣ ва ҳатто рақамҳои воқеии «ЛБ» зиёд заҳмат кашидаанд. Дар наворҳо инчунин стендҳои кӯҳна бо шиорҳои шӯравӣ, радио, баландгӯякҳо, коргоҳҳо, ошхонаи коргарон, воридгоҳи корхонаро бо посбону реҷаи махсуси назорат, ки пас аз пошхӯрии Шӯравӣ боз муддате боқӣ монданд, дидан мумкин аст. Худи ман ҳам на як бору ду бор аз чунин воридгоҳҳо гузаштаам ва тасдиқ карда метавонам: онҳо айнан ҳамин хел буданд.

Як чизи дигар низ, ки дар филм намоиш дода шудааст, ҳақиқат дошт: коргарон дар замони Шӯравӣ аз корхонаҳои давлатӣ кам-кам дуздӣ мекарданд. Ва дар даврони пасошӯравӣ барои бисёр касон ин амал ба роҳи гоҳо ягонаи дарёфти даромад ва имкони таъмини хонаводаҳо табдил ёфт. Дар баробари ин, як дуздӣ аз дигараш дар тасаввури мардум фарқ дошт: кӯшиши фиреб додани мардуми одӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қабул намешуд. Ин тафовут дар филм дар мисоли рафтори Алӣ ном фарзанди қаҳрамони асосӣ намоиш дода мешавад, ки меваи хушкро бо ранг “намуди бозоргузар” медод, яъне “кори номаъқул” мекард – одамони одиро фиреб медод.

Ин ҳам дуруст аст, ки одамон ба кор ва аз кору паси ташвишҳои дигар зиёд савори велосипед мерафтанд. Дар солҳои 90-ум он барои бисёриҳо ба як намуди асосии нақлиёт табдил ёфта буд. Ба худи ман низ то соли 2000 дучарха кӯмак мекард, ки бори зиндагиамро кашам. Ҳарчанд он солҳо бароям душвор гузаштаанд, ҳамеша «дӯсти оҳанинам»-ро бо як гармӣ ёд мекунам.

Дар филм тӯйи арӯсии он замон низ воқеӣ намоиш дода шудааст. Қолин бо номи бо пахта навишташудаи арӯсу домод, таҷҳизоти “артистҳо”, ки аксаран аз баландгӯяку рубоб ва доира иборат буд. Он ҳангом тӯйҳо ҳамин тавр мегузаштанд. Давраи одӣ, сарояндагони одӣ аз кӯчаи ҳамсоя, таомҳои одӣ … Дар муқоиса бо тӯйҳои имрӯза дар тарабхонаҳои бошукуҳ, дурахши чароғҳо, дронҳои дарпарвоз, камераҳои сершумор, мизҳои аз ғизо пур ва сарояндагони маъруф он тӯйҳо хеле одӣ мегузаштанд. Аммо ба гумон, ки самимияту шодии камтаре доштанд.

Намедонам, филмсозон онро аз куҷо пайдо карданд, аммо бароям дидани кабинаи алоқаи байнишаҳрӣ бо телефони бе рақамчарх низ хеле ҷолиб буд. Дар солҳои донишҷӯӣ ин гуна кабина бароям як ҷойи азизе гашта буд. Бесаброна интизори расидани навбати худ мешудам, то дохили он гашта, садои наздикон ва хабарҳои навро аз хона  шунавам…

Кори хуби ҳунарпешагон дар филм лоиқи қайди алоҳида аст. Ва на танҳо қаҳрамонони асосӣ, балки касоне низ, ки дар эпизодҳо иштирок кардаанд. Масалан, ҳангоми тасвир кардани таассуротам аз саҳнаи ҳашар ба ҷуз аз калимаи «ваҷд» дигареро истифода карда наметавонам. Воқеан, ба ваҷд омадам. Дар он тақрибан бист нафар ҳамзамон ширкат меварзанд. Албатта, дар ин маврид интизор нестед, ки дар саҳна танҳо ҳунарпешаҳои касбӣ иштирок мекунанд. Инро фаҳмида, аз он дар шигифт мондам, ки чӣ тавр ин шумораи зиёди одамон муноқишаи оммавиро, ки ба занозанӣ табдил ёфт, ин андоза воқеӣ нишон доданд. Ман итолиёӣ ва коргардон ҳам нестам, аммо он лаҳза аз куҷое ба сарам калимаи итолиёии “belissimo” омад! Ва фикр мекунам, инҷо маҳз ин издиҳоми нақшофарони ба тахмини ман ғайрикасбӣ сазовори таърифу таҳсини бештар аст!..

Хуб, дар бораи филм гуфтаниҳо зиёданд, аммо намехоҳам лаззати тамошоро барои онҳое, ки онро ҳанӯз надидаанд, халалдор созам.

Як чиз равшан аст — филмсозон аз ҷону дил заҳмат кашида, кори азимеро анҷом додаанд. Онҳо кӯшиш кардаанд, ки ҷузъиёти хурдтарин ҳам аз назарашон дар канор намонад, ки боиси таҳсин мебошад.

Шахсан ба ман филм хеле писанд омад. Онро ба шумо ҳам тавсия медиҳам.

P/S. Афсус аз он мехӯрам, ки барои чиптаи филм, ки ҳамагӣ 20 сомонӣ нарх дошт, пул надодам. Барои дидани чунин филм ба маротиб зиёд ҳам харҷ кунӣ, меарзад.

Набӣ Юсупов

Оцените статью

Драмаи воқеӣ Дирӯз Хуршеди Атовулло маро барои тамошои филми режиссёри ҷавон Муҳиддини Музаффар «Дов» даъват кард. Сад сол боз ба кинотеатр нарафта будам, аммо не ҳам гуфта натавонистам. Чӣ хел ҳам мегӯӣ, вақте ба чашмонат нигариста мепурсанд: «Ту чӣ, филми ҳамшаҳриатро тамошо кардан намехоҳӣ?». Борон сабаби дар роҳ муддате баста монданамон гашт ва ҳамкасбамон Шервони Умриддин ғамхорона […]
4 1 5 5
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.