“Дилхоҳ ҳолат” – чӣ маъно дорад?

Ахиран вуҷуди дигарбораи COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Парадокс: имрӯз донишҷӯёнро ба “маршировка” бурданд.

Дар ин бора, ки коронавирус дар Тоҷикистон, мутаассифона, бори дигар зуҳур кардааст, расонаҳои хабарӣ ва мардум аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барвақттар мегуфтанд. Ин савол ҳам муҳим аст, ки он як муддат кишвари моро батамом тарк карда буд, ё танҳо авҷ намеёфт?

Ба ҳар ҳол гап дар бораи вирусе  меравад, ки тамоми дунёро фаро гирифтааст. Бо беҳтар шудани вазъ дар бархе кишварҳо рафтуомади ҳамватанони мо бо давлатҳое шакл мегирифт. Албатта ин наметавонист ба ҳолате, ки доштем,  бетаъсир монад. Аз ин ҷост, ки мардум худро осуда мекард:  ин вирус дар шахсони алоҳидае агарчӣ ҳаст, аммо шукри Худо шакли оммавӣ надорад.

Ахиран “Ситоди  ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери роҳбарии Сарвазир Қоҳир Расулзода, ки хеле буд аз фаъолияташ ба ғайр аз маълумоти ҳарбегоҳинаи расонаҳои давлатӣ хабаре намешунидем, аз худ  дигарбора дарак дод.

Чаро онҳо маҳз 21 июн ин мавзӯро баррасӣ карданд, як саволи беҷавоб ва дар айни замон муҳим аст. Зимнан, саволҳо ба ин ситод аз замони аввали фаъолияташ кам нест, аммо бархе журналистон, ҳатто замони авҷи порсолаи коронавирус суроғаи мушаххаси фаъолияти ин ситодро пайдо накарда буданд. Вазорати тандурустӣ барои пайдо кардани ин ситод ин журналистонро ба ҳукумати марказӣ мефиристод, аз он ҷо ба вазорат.

Чаро як ситоди барои ҷомеа ҳоло хеле муҳим бояд ин қадар “пинҳонкор” бошад, аз масъалаву пурсишҳои дигари рӯзгори мост…

Бардошти нахустин аз огоҳии ахири ситод ба мардум, дигар буд: чаро аз зуҳури дигарбораи ин вабо гуфтанд, аммо мисли соли гузашта ақаллан омори минималиро эълон накарданд?

Танҳо ишора шуд, ки “дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд”.

 Ба ҳар ҳол, пас аз ҷаласаи ситод ҳеҷ оморе садо надод, ки дар касалхонаҳои Тоҷикистон чанд нафар бо аломатҳои коронавирус табобат мегиранд. Танҳо рӯзе пас, яъне 22 июн, хабаргузории “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишт, ки санаи 21 июн 17 ҳолат ва 22 июн 15 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Воқеан, соли гузашта ҳам дар рӯзи аввали эълон кардани вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон ҳамагӣ аз 15 нафар маълумот доданд, ки ба ин беморӣ гирифтор будаанд: 10 нафар дар вилояти  Суғд ва 5 нафар дар шаҳри Душанбе.  Ин ҳам дар ҳоле, ки он замон ҳамарӯза расонаҳои хабарӣ ва мардум аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз бемориву фавти чандин нафар хабар медоданд.

"Дилхоҳ ҳолат" - чӣ маъно дорад?
Акс аз Sputnik

Бигзор ин гуна мавқеъгириро ба он нисбат диҳанд, ки мардум ба воҳимаву таҳлука наафтад. Ҳарчанд дар баъзе ҳолатҳо, хоса вақте сухан аз бемориҳои сироятӣ меравад, шояд тарси мардум то ҷое корагар шавад ва онҳо эҳтиёткор гарданд.

Ин нуктаро дар ҷаласаи ситоди ахири  зери раҳбарии Расулзода бисёр малеҳ ишора намудаанд: “мутаасифона, вақтҳои охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сокинон беаҳмиятӣ зоҳир мекунанд, ки ин метавонад дилхоҳ ҳолатро ба миён орад”.

Муҳим дар ин ишора  ҳамин “дилхоҳ ҳолат” аст. Яъне, агар Худое нахоста, ҳолате бадтар пеш омад, онҳо вазифаи худро анҷом додаанд ва масъулияте надоранд?

Пас барои пешгирӣ аз “дилхоҳ ҳолат” ситоди ҷумҳуриявӣ, ки мантиқану қонунан тамоми масъулияти ҳолати феълии вобаста ба COVID – 19 дар Тоҷикистон ба зиммаш афтодааст, чӣ кореро анҷом дод? Оё гуфтан мумкин аст, ки бо нашри як огоҳии пур аз савол метавонад рисолати худро анҷомшуда ҳисобад?

Саволҳои дигар ҳам, албатта ҳастанд, аммо онҳоро ба вақти дигар мегузорем…

Дар ҳамин ҳол, дар огоҳиномаи ахири ситоди зери раҳбарии Қоҳир Расулзода аз кишварҳои дигар намунаҳое оварда шудааст: “бо сабаби хуруҷи навбатии бемории сироятии коронавирус дар як қатор кишварҳои ҷаҳон бори дигар фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ, баргузории ҷашну маросим, боғу гулгашт ва маконҳое, ки дар он ҷо пайваста одамони зиёд ҷамъ мегарданд,  қатъ карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ маҳдуд гардида, вазъияти карантинӣ эълон карда шудааст”.

Аммо ситоди масъул дар Тоҷикистон иқдомҳои хеле сабукро кифоя меҳисобад:  “аз ҷумла,  пурзур намудани ҳамоҳангии  фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ,  андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ,  риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо ва маросими дафн, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии  бемории сироятии коронавирус андешидани  чораҳои зарурӣ ҳангоми анҷом додани парвозҳои байналмилалӣ” ва тамом.

 Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳам баъдан бо фиристодани барқияе ба унвонии ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба зарурати иҷроиши супориши ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавирус аз 21 июни соли 2021 таъкид намудааст:

“Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ вобаста ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳангоми гузаронидани тӯйҳои домодию арусӣ бо шумораи маҳдуди иштирокчиён, риояи фосилаи иҷтимоӣ, пешгирии таҷаммуъи шумораи зиёди одамон зимни баргузории маросими дафну азодорӣ, қабл аз баргузории маъракаю маросим ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандону масъулони тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои баргузории маъракаю маросим андешидани тадбирҳои иловагӣ зарур мебошад”.

Ситоди ҷумҳуриявӣ низ қатъан талаб карда буд, ки зимни баргузории намози дастаҷамъона фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб, пайваста тамиз (дезинфексия) кардани бинои масҷид, пешгирии хондани намоз ё ибодат берун аз бинои масҷид, пешгирии танбашавӣ дар роҳҳои ҳамшафати масҷидҳо ва риояи дигар қоидаҳои беҳдоштӣ риоя карда шаванд.

"Дилхоҳ ҳолат" - чӣ маъно дорад?
Акс аз интернет

Як нуктаи муҳим: дар огоҳиномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ ва инак барқияи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҳатто ишорае дар бораи баргузории “маршировка” нест. Ин дар ҳоле, ки маҳз пас аз як рӯзи ҷаласаи ситод донишҷӯён бо изҳори нигаронӣ мегӯянд ба онҳо аз масъулони донишгоҳҳо занг зада, даъват доранд, ки ба “маршировка” бахшида ба 30 – солагии таҷлили Истиқлолияти Тоҷикистон ҳозир шаванд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки мегӯянд барояшон таҳдид намудаанд, ки дар сурати рад кардан нисбаташон “тадбир” хоҳанд андешид. Бархе донишҷӯён, ки субҳи 22 июн аз ҷараёни “маршировка” –и худ сурат гирифта дар Фейсбук гузошта буданд, бо кадом сабабе онро дертар ҳазф намуданд. Шояд масъулон барояшон чунин “тавсия” доданд…

Ҳоло ин муҳим нест ва вазъиятро дигар намекунад. Масъалаҳои дигар ҳастанд.

Пурсида мешавад, ки чаро ситоди ҷумҳуриявӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар бораи ин ҳолат таъкиде надоштанд?

Оё “маршировка”, ки дар ҳар гурӯҳ даҳҳо ва шояд садҳо нафар ҷамъ меоянд, ҷои “таҷаммӯи шумораи зиёди одамон” нест?

Мо ҳоло дар бораи заминаҳои ҳуқуқии “маршировка” чизе намегӯем? Ба ҳар ҳол, ба 5 саволи ҳуқуқии худ, ки ҳанӯз 4 июн ба унвонии вазири маориф ва илм тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пахш кардем, бо гузашти тақрибан 20 рӯз посухе пайдо накардаем. Албатта баррасии онро тибқи қонунгузории Тоҷикистон талаб хоҳем кард…

Вале ҳоло набояд фаромӯш кард, ки соли гузашта ҳам “бонги хатар” –и коронавирусӣ дар Тоҷикистон маҳз пас аз “маршировка” –и наврӯзӣ дар Хуҷанд садо дод.

Ситод ҳам пас аз он фаъол шуд ва баъдан иқдомоти нисбие сурат гирифтанд.

Ин бор чӣ?

Худое нахоста, агар авҷи дигарбораи COVID – 19 пеш биёяд, ситод ба ҳамон огоҳиномаи худ такя мекунаду халос ва ишораи “дилхоҳ ҳолат” – ро мисол меорад?

Гумон накунам рисолати ситод фақат аз ҳамин иборат бошад…

Раҷаб Мирзо

Оцените статью

“Дилхоҳ ҳолат” – чӣ маъно дорад? Ахиран вуҷуди дигарбораи COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Парадокс: имрӯз донишҷӯёнро ба “маршировка” бурданд. Дар ин бора, ки коронавирус дар Тоҷикистон, мутаассифона, бори дигар зуҳур кардааст, расонаҳои хабарӣ ва мардум аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барвақттар мегуфтанд. Ин савол ҳам муҳим аст, ки он як муддат кишвари моро батамом тарк карда буд, ё танҳо авҷ намеёфт? […]
4.44 1 5 9
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.