«ДАРАХТИ ОРЗУҲО»

ОТ «ДЕРЕВА ЖЕЛАНИЙ» ДО СОВРЕМЕННОЙ НОВОГОДНЕЙ АРЧИ или как связан Новый год с обычаями наших предков

ва ё Соли нав ба оини ниёкони мо чӣ иртибот дорад?

Ҳамасола қабл аз омадани Соли нав баҳсҳои пурошӯбе пиромуни он сурат мегиранд. Ҷашн гирем ё не? Бахши азими одамоне, ки дар даврони Шӯравӣ тарбият ёфтаанд, ҳанӯз шаби Соли навро мисли афсонае, ки аз олами рӯё фуруд омадаву дар дилҳо шодиву фараҳ ва эҳсоси гарму самимиеро бедор мекунад, дар гӯшаи хотираҳо зинда медоранд. Ба ҳамдигар паёми шодбошӣ мефиристанд, ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекунанд ва дар паси мизи идона гирд омада, Соли навро мисли як муъҷиза ва ё пайки шодӣ, ки дари хонаашонро мекӯбаду ба ҳаёти якмарому якрангашон навиди тозае меорад, истиқбол мегиранд.

     Вале… Тоифаи дигаре низ ҳаст, ки таҷлили Соли навро на танҳо дар хонаводаашон манъ кардаанд, балки дигаронро низ таблиғ мекунанд, ки муртакиби гуноҳ нашаванд ва аз ҷашн гирифтани он худдорӣ кунанд. Теъдоди зиёде аз ин қавм сари ин андешаанд, ки Соли нав ба мавлуди Исои Масеҳ рабт дорад. Агарчи дар дини ислом Исои Масеҳ ҳамчун паёмбар эътироф мешаваду ба унвони руҳулқудус маъруф аст, пайравони дини масеҳӣ ва ҷашнҳои онҳоро такфирӣ мешуморанд. Теъдоди зиёди мардум, ки аз пайдоиши Соли нав иттило надоранд, ба ин ривоятҳо бовар доранд. Пас, биёед ба таърихи ин ҷашн аз чанд зовия назар меафканем ва таҳқиқ мекунем, ки оё ба таърихи ниёгони мо низ алоқамандие дорад ё ҷашнест барои мо комилан бегона.

Таърихи пайдоиши Соли нав

Соли навро нахуст дар Байнаннаҳрайн (Месопотамия), ки дар байни ду дарёи бузург Даҷла (Тигр) ва Фурот (Ефрат) воқеъ буд, ҷашн мегирифтанд, ки нахустин шаҳрҳои бузурги аҳди бостон дар ин марз бунёд гардида буд ва ба тамаддуни шумериҳо тааллуқ дошт. Қаламрави Байнанаҳрайн дар шимол доманакӯҳҳои Арманистон, дар ҷануб Халиҷи Форс, дар ғарб даштҳои Сурия ва дар шарқ доманакӯҳҳои Эронро фаро мегирифт. 

Қарнҳои 4-6-и қабл аз милод Байнаннаҳрайн ба ҳайси шоҳигарии мухтори Бобул (Вавилон) дар тобеияти империяи бузурги Ҳахоманишиҳо қарор дошт. Таърихнигорон таъйид намудаанд, ки забони оромӣ забони давлатии форсҳо маҳсуб меёфт. Паҳн шудани забони оромӣ ба ташаккулёбии ошуриҳо (Assyrians) замина гузошт, ки бо забони ҷадиди оромӣ ҳарф мезаданд, ки омехтаи форсӣ, арабӣ ва ибрӣ (яҳудӣ) буд. Шоҳигарии Бобул дар натиҷаи ошӯбҳои дохилӣ бори дигар соли 481 аз ҷониби Куруши Кабир тасарруф гашт.

         Мардуми Байнаннаҳрайн Соли навро моҳи март, вақти бедоршавии табиат, вақти шукуфтани лолаарӯсак ва сар кашидани сабзаву гул ҷашн мегирифтанд. Беш аз як ҳафта истироҳат мекарданд ва бо шодиву нишот идро истиқбол мегирифтанд.  

         Баъдтар суннати ҷашнигирии Соли нав дар Юнон ва Миср ба ҳукми анъана даромад. Ҳатто русҳо, ки Соли навро имрӯз шаби 31 декабр ба 1 январ ҷашн мегиранд, баъд аз эътироф ва қабули дини масеҳӣ низ онро пас аз анҷоми зимистону сардӣ, тибқи солшумории нав дар таърихи 1 март таҷлил мекарданд. Танҳо соли 1699 Пётри I фармон ба тасвиб расонд, ки Соли нав мутобиқи солшумории григорианӣ, ки тамоми Аврупо дар доираи он зиндагӣ мекард, санаи 1 январ истиқбол гирифта шавад.      

Нигоҳи дигар. Оини митроӣ

Ниёгони мо пеш аз зуҳури Зардушт Митроро мепарастиданд ва ҳамасола дар бузургдошти зодрӯзи Хуршед (Меҳр, Митро), ки мусодиф ба 21 декабр буд, бо дарозтарин шаби сол хайрбод мегуфтанд ва ҷашнҳо баргузор мекарданд. Бо зуҳури Зардушт ва гаравидани шоҳони Ҳахоманишӣ ба ин оин аносири марбут ба парастиши оини Митро рафта -рафта ба оини ҷадид низ таъсир гузошт.  Ҳамин тариқ, оини Митро ҳеҷ гоҳ ба таври комил аз байн нарафт. Шоҳони сулолаи Ҳахоманишӣ аз Дориюш ба баъд, бо ин ки худ пайрави Зардушт буданд, намехостанд, ки бо мардум ва ашрофе, ки ҳанӯз Митроро гиромӣ медоштанд, муқобил истанд ва барои худ дарди сар эҷод кунанд. Ба ҳамин ҷиҳат бисёре аз ақоиди митроизмро ҳифз карда, бо дини Зардушт омезиш доданд.

Ҳамин тавр, Митро худои Хуршед ва нур бо Аҳуромаздо худои рӯшноӣ ҳамоҳанг шуд ва муқобили Аҳриман, худои торикӣ қарор гирифт.  Шаби ялдо бо шаби милоди Митро – худои нур низ ҳанӯз гиромӣ дошта мешуд, ба ин далел, ки дар пайкори оштинопазири байни нерӯҳои торикӣ ва рӯшноӣ бузургтарин набард дар ин шаб рух медод ва ниҳоят рӯшноӣ пирӯз мешуд. Аз ин пас рӯз дарозтар ва шаб кӯтоҳтар, гармо ва нур рӯ ба афзоиш мениҳанд ва сармову зулмат рӯ ба коҳиш. Некӣ бар бадӣ ва Аҳуромаздо бар Аҳриман пирӯз мегардад.

Ниёгони мо, ки оташ ва гармиро мазҳари Аҳуромаздо – худои нур ва некӣ медонистанд, дар чунин шаб берун аз манзили худ оташ меафрӯхтанд ва аъзои хонавода гирди миз ҷамъ омада, шабзиндадорӣ мекарданд. Чизи ҷолиб ин аст, ки дарахти сарв (арча, коҷ) ва ё «сарви ялдо» дар маъбад ва хонаводаи митроиён ва баъдтар зардуштиён ба унвони сабзу устувор будан алайҳи торикиву зулмат мақоми хоса дошт ва дар ин шаб аз он истифода мекарданд. Ҷавонон ва наврасон ҳар орзуе, ки доштанд, ба таври рамзӣ даври риштаҳои абрешимӣ мепечиданд ва дар шохаҳои ин «дарахти орзуҳо» меовехтанд. Дар пояи дарахт низ ҳадяҳо барои Митро мегузоштанд, то бо ин амал орзуҳояшон бароварда шавад. (Бубинед, ин оин бо ороиши арчаи солинавӣ чи қаробате дорад.)

«ДАРАХТИ ОРЗУҲО» ва ё Соли нав ба оини ниёкони мо чӣ иртибот дорад?
Лагери кухи Артучро аз хар тараф бешазори арча ихота кардааст. Акс: gtt.tj

Ба қавли муҳаққиқи таърихи бостон Алиакбари Аршадӣ, ин суннатҳои аҷдодӣ дар пайи ҷангҳои форсҳо ва юнониён рафта -рафта ба Аврупо низ роҳ ёфтанд. Оини митроӣ ба зудӣ дар тамоми манотиқи дунё паҳн шуд ва бо ҷашнҳои миллӣ омехта гардида, ба як ҷузъи муҳими фарҳанги ҷомеаи башарӣ табдил ёфт. Имперотурии Рум ба унвони ин, ки яке аз рукнҳои оини митроӣ вафодорӣ ва садоқат ба шоҳ буд, аз он хеле хуб истиқбол намуд ва то замони паҳншавии масеҳият дар қарнҳои 3-4 милод ин оин дар меҳвари таълимоти динӣ қарор гирифта буд. Вале баъд аз пирӯзии Константин, императори масеҳӣ, дар соли 314 ва густариши масеҳият, суннати парастиши Митро оҳиста-оҳиста рӯ ба таназзул овард. Бо ин ҳол, боварҳои куҳани дунёи бостонро намешуд ба як бор решакан кард. Бинобар ин обои садри масеҳият дар қарни 4, ки ба хубӣ бо асотир ва фалсафаи дунёи бостон ошно буданду аз аҳамияташон воқиф, кӯшиш карданд аз суннатҳои санияе мисли «шаби ялдо» ва оини митроӣ ба манфиати рушди масеҳият истифода кунанд. Онҳо бо ҷойгузин кардани Исои Масеҳ ба ҷои Митро, тамоми шукӯҳ ва азамати зуҳури Митро, яъне Худои Хуршедро ба мавлуди Исои Масеҳ табдил доданд.

Ҳамин тариқ, «шаби ялдо» – зуҳури Митро, ки аз оини бостонии мо ба фарҳанг ва боварҳои имперотурии Руми Қадим ворид гардида буд, баъд аз соли 334-и милодӣ расман ба унвони мавлуди Исо, эътироф гардид ва Митро ҷойи худро ба Масеҳ дод.

Аз ин хотир, агар мо дуруст таваҷҷуҳ намоем, қаҳрамонҳои асосии Соли нав, ки дар Аврупо ба унвони «Санта Клаус» ва дар Русия чун «Дед Мороз» маъруфанд ва ороиши арчаи солинавӣ, инчунин, зери он гузоштани туҳфаҳо ба мавлуди Исои Масеҳ ва оини қуруни вустои руҳониёни масеҳӣ ҳеҷ иртибот надорад. Диндорон ҳамеша аз ҷашне, ки шодиву фараҳ меовард ва ба хурсандии мардум сабаб мешуд, безор буданд, мисли ин ки баъзе “руҳониёни маъруф»-и мо низ имрӯз аз ин зовия ҳарф мезананд. Пас, ин оини бостонӣ ва асотири ниёгонро, ки аз хоки мо бархостааст, оини бегона ва аҷнабӣ шуморидан ғалат аст ва аз ноогоҳии мо дарак медиҳад.

«ДАРАХТИ ОРЗУҲО» ва ё Соли нав ба оини ниёкони мо чӣ иртибот дорад?
Арчаи солинавӣ дар Душанбе. Акс: Nuqta.tj

Куфр аст ё савоб?

Бубинед, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон арчаи солинавиро ҳамасола мисли оини митроӣ ба «дарахти орзуҳо» табдил медиҳанд ва дар шохаҳои он орзуҳои кӯдакони маъюб ва нодорро меовезанд, вазирон, кабирон, тоҷирон ва дигар табақаи саховатпеша яке аз ин орзуҳоро бароварда месозанд ва бо ин иқдом ба дили ин кӯдакони дилшикаста равзанаи рӯшноӣ, нури Митроро боз мекунанд. Оё ин амали бад аст?

Онҳое, ки ин амали савобро куфр мешуморанду мавъизаву насиҳат мехонанд, ки истиқболи ин ҷашн куфру бидъат аст, худ чӣ кори савобе анҷом медиҳанд? Дар Соли нав ба ятиме ва ё дармондае аз ҷайби ҳиммату мурувати худ чизе тақдим кардаанд?  Ба гумон!

 Пас, биёед ба ҷойи дарахти хушунату тафриқа «дарахти орзуҳо»-и митроиро сабз кунем, ки оини ниёгони мо буд, вале мо фаромуш кардему дигарон аз ин оини некиву рӯшноӣ ва файзи савоби он истифода мебаранд. Чаро беҳтарин оинҳои инсониро, ки ниёконамон ба тамаддуни ҷаҳонӣ тақдим намудаанду аз файзи он тамоми ҷаҳон бархурдор аст, мо бояд куфр шуморем?

Бахтиёр Ҳамдам

Оцените статью

«ДАРАХТИ ОРЗУҲО» ва ё Соли нав ба оини ниёкони мо чӣ иртибот дорад? Ҳамасола қабл аз омадани Соли нав баҳсҳои пурошӯбе пиромуни он сурат мегиранд. Ҷашн гирем ё не? Бахши азими одамоне, ки дар даврони Шӯравӣ тарбият ёфтаанд, ҳанӯз шаби Соли навро мисли афсонае, ки аз олами рӯё фуруд омадаву дар дилҳо шодиву фараҳ ва эҳсоси гарму […]
5 1 5 1
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published.