Нишастҳои ҷамъбастии матбуотии вазорату идораҳои Тоҷикистон оғоз ёфтанд. Ин дафъа масъулин тасмим гирифтанд, ки дар як рӯз 14 вохӯрӣ бо намояндагони ВАО ташкил карда, малакаҳои даву шитоби журналистонро озмоянд. Аз афташ, сифатҳои касбии хабарнигорон кайҳо боз барои онҳо мароқовар нестанд.
Одатан, пас аз нишастҳои матбуотӣ посухҳои нотакрори баъзе мансабдорон мавриди баҳсу баррасӣ ва ҳатто масхара қарор мегиранд. Аммо имсол баҳсҳои шадид дарҳол пас аз гирифтани рӯйхате, ки дастгоҳи иҷроияи президент ба муҳаррирони расонаҳо фиристод, сар шуданд. Маълум гашт, ки дар рӯзи сеюми нишастҳои матбуотӣ, яъне 2 феврал, роҳбарони ҳудуди 14 вазорату идора рӯзноманигорони маҳаллиро бо муоширати худ шод хоҳанд кард. Гузашта аз ин, дар ин рӯз тахминан дар ҳамон як соат калидитарин сохторҳои кишвар нишастҳои хабарии ҳисоботии худро баргузор карданд.
Фахриддини Холбек, хабарнигори хабаргузории русии “Спутник”, дар саҳифаи худ дар Фейсбук бо тамасхур навишт: “Ба кулли ҳамкорон ин санаи таърихиро табрик мегӯям”. Ӯ бо ҳамон оҳанг афзуд, ин рӯз пас аз Рӯзи матбуот барои рӯзноманигорони тоҷик аз ҳама таърихӣ ва фаромӯшношуданӣ хоҳад буд.
Раиси Маркази тадқиқоти журналистӣ, “наҳанги қалам” Хуршеди Атовулло низ норозигии худро изҳор кард. “Дар як рӯз ин қадар нишасти матбуотӣ! Журналист бояд ба кадомаш равад?” – суол кард ӯ. Ҷавобҳои ҳамкорон қотеона буданд – агар муносибат ба намояндагони ВАО чунин бошад, ба ҳеҷ кадомаш.
«Либоси намунавӣ» барои мардон
Зимнан, баҳсу мунозираи хосаеро миёни хонандагон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳафтаи аввали нишастҳои хабарӣ вохӯрӣ бо хабарнигорон дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба миён овард. Дар он гуфта шуд, ки Вазорати фарҳанг тарҳи либосҳои намунавии мардонаро барои ҳамаи мавридҳо таҳия мекунад. Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода қайд кард, ки баробари омода шудани ин тарҳҳо ба расонаҳо аз ин хабар хоҳанд дод.
Баъди нашри хабари мазкур ба сари шахси аввали Вазорати фарҳанг борони гуфтаҳои дурушт, аммо самимӣ фурӯ рехт.
Хонандагон дар ҳайрат буданд, ки чаро «кадом як вазорат» бояд тасмим гирад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ либос пӯшанд?! Ҷумҳурии Тоҷикистон Кореяи Шимолӣ нест-ку. Корбарони шабакаҳо Ҳиндустонро мисол оварданд, ки онҷо мардум ҳам бо либоси миллӣ ва ҳам замонавӣ мегарданд. Ҳеҷ кас ба онҳо намегӯяд, ки инро пӯшеду онро не.

Матлуба Саид дар шарҳи зери ин хабар маслиҳат додааст, ки ба ҷойи ин дастури равона ба беҳбуди иқтисод ва фарҳанги Тоҷикистон таҳия гардад. «Чаро ба як мавзуи либос мечаспед, дар ҳоле дар кишвар мушкилиҳо зиёданд?» – изҳори таааҷҷуб кардааст вай.
Рӯзноманигор Наргис Раҳматшоева бар ин ақида аст, ки дар миёни масоили муҳимтарини мавриди назари Вазорати фарҳанг бояд фарҳанги рафтор, муошират, таърих, театру синамо, рақсу монанди ин бошад, ки мо аз даст медиҳем, на либос.
Корбари шабакаҳои иҷтимоӣ Светлана Маркарян бошад, ба вазир маслиҳат додааст, ки ба вазифаҳои бевоситаи худ – масоили марбут ба ҳунармандон, театрҳо машғул бошад, фарҳангро миёни мардум таблиғ намояд.
Хонаҳои баланд ба суръати интернет таъсир мерасонанд
Рӯзноманигорон одат кардаанд, ки дар ҳар нишасти матбуотии Хадамоти алоқа суханҳое садо медиҳанд, ки вирди забонҳо мегарданд. Ин дафъа аз забони ҷонишини сардори хадамот Илҳом Атоев ду ифодаи «нишонрас» садо дод. Сухани аввал ба қатъи интернет дар ВМКБ марбут буд. Вай инро бо ҳимоя аз терроризми иттилоотӣ, ки ба инсон, ҷомеа ва давлат таъсири манфӣ мерасонад, асоснок кард.
«Шумо худ вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии минтақаро медонед, аз ин рӯ, мо барои ҳифзи амният дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тамоми имконоти худ истифода хоҳем кард. Таъмини амният вазифаи ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла ҳар яки шумост”, – афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз ду моҳ боз дастрасии комил ба интернет нест. Он дар минтақа ба далели гирдиҳамоиҳое, ки рӯзҳои 25-28 ноябр дар шаҳри Хоруғ баргузор шуданд, қатъ гардид. Мақомот ба тазоҳургарон ваъда доданд, ки баробари тарк кардани майдон тамосро барқарор хоҳанд намуд, вале баъдан ин корро накарданд.
Изҳороти дуввум, ки мояи эътирози мардум шуд, ба бад гаштани сифати интернет ва алоқаи мобилӣ марбут буд. “Биноҳои баландошёна халал мерасонанд”, – шарҳ дод Атоев яке аз сабабҳои бад шудани хизматрасониҳои интернетро дар Тоҷикистон.
«Дар бархе минтақаҳои кишвар соҳаи сохтмон хеле рушд мекунад, биноҳои серошёна пайдо шудаанд, ки гоҳо дар баъзе қитъаҳо халал эҷод мекунанд. Аммо ин масъала аллакай ҳал шудааст, мо супориш додем, ки дар ҳамаи ин биноҳои баландошёна таҷҳизоти иловагии пойгоҳии ширкатҳои мобилӣ бо стандартҳои 4G, LTE ва ғайра насб карда шаванд. Пеш аз ҳама, ин кор дар Душанбе, навоҳии тобеи марказ анҷом меёбад ва сипас дар минтақаҳои дигари кишвар», – гуфт Атоев.
Маврид барои зикр аст, ки дар рейтинги навшудаи Speedtest Global Index Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар байни 138 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 135-ум қарор гирифт. Суръати зеркашии интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 7,57 Мб/с ва боршавӣ 4,07 Мб/с нишон дода шудааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони интернет ба шӯр омаданд, ки дар Дубай чизе касеро нороҳат намекунад, аммо Фаридун Шоинбеков бо киноя ҷавоб дод, ки “Пас сохтмони биноҳои баландро манъ бояд кард! Онҳо ба кори таҷҳизоти алоқа халал мерасонанд”.
$33 млн қарзи афғонҳо барои барқ
Ҳамчунин дар ин рӯзҳо ширкати энергетикии “Барқи тоҷик” нишасти хабарии худро баргузор кард. Дар ҷараёни он раиси ширкат Маҳмадумар Асозода изҳор дошт, ки қарзи ширкати “Da Afghanistan Breshna Sherkat” (DABS)-и Афғонистон ба Тоҷикистон барои неруи барқ дар ҳоли ҳозир 33 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти ин ширкати афғон ваъда додааст, ки дар моҳи феврал бо Тоҷикистон ҳисобро баробар хоҳад кард.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” мушкили аслӣ дар пардохти қарзи ба вуҷудомадаро ба вазъи душвори низоми бонкии Афғонистон рабт дод. Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир бонкҳои Афғонистон метавонанд ба DABS ҳафтае ҳамагӣ 2 миллион доллар барои пардохти пули барқи Тоҷикистон интиқол диҳанд. Дар зимн Асозода шарҳ надод, ки агар лимити муқарраршуда дар бонкҳо дар як ҳафта ҳамагӣ 2 миллион доллар бошад, ширкати афғон дар як моҳ чӣ гуна 33 миллион долларро ба Тоҷикистон бармегардонад.
Бино ба маълумоти «Барқи точик», Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистон ба маблағи 635.9 млн сомонӣ ($56,3) неруи барқ содирот намудааст.
Қурби сомонӣ нисбати доллар дар як сатҳ аст
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода рӯзи 2 феврал дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар соли 2021, сарфи назар аз он ки онҳо қурби асъорро дар сатҳи муътадил нигоҳ доштаанд, захираҳои байналмилалӣ нисбат ба солҳои қаблӣ афзоиш ёфтанд.
Ба гуфтаи вай, қурби сомонӣ дар баробари доллар бо каме тағйирот соли дуюм аст, ки тақрибан дар як сатҳ боқӣ мемонад (11,3 сомонӣ барои 1 доллар).
«Парвандаи Мадина»
Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, зимни нишасти хабарии идораи худ хабари барканории муовини прокурори ноҳияи Синоро ба далели “парвандаи Мадина” тасдиқ кард. Аммо ба гуфтаи сардори прокуратураи кул, алайҳи ӯ парванда боз нашудааст.
Вай ёдовар шуд, ки ҳодиса ва қазияи Мадина Мамадҷонова, ки яке аз пурсарусадотаринҳо дар замони охир буд, таҳти назорати мустақими раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси Миллӣ Рустами Эмомалӣ қарор дошт.
Камобӣ дар зимистону пуробӣ дар тобистон
Муовини директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бинобар тағйирёбии иқлим дар даҳ соли охир ҳарорати ҳаво дар фасли зимистон дар ҷумҳурӣ боло меравад.
“Айни замон ҳарорати ҳаво аз меъёр як дараҷа баланд аст. Дар натиҷа дар зимистон барф кам меборад”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Баҳодур Шерализода, раиси ин идора, аз сатҳи баланди фурӯ нишастани замин дар манотиқе, ки обанборҳо ҷойгиранд, изҳори нигаронӣ кардааст. «Инҳо таҳдидҳои асосӣ ба соҳаи энергетикаи кишвар мебошанд: коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ дар натиҷаи тағирёбии ҳаҷми ҷараёнҳои об – камобӣ дар зимистон ва зиёдии об дар тобистон; суръати баланди бухоршавии обҳои рӯйизаминӣ дар натиҷаи хушксолӣ; зарари эҳтимолии селу ярч ба хатҳои интиқоли барқ ва дигар омилҳо. Вазъият аз он сабаб бадтар мешавад, ки беш аз 98%-и неруи барқ дар кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад”, – таъкид кард ӯ.
Азбаски энергетика ва системаҳои обӣ ба ҳам алоқаманданд, тағирёбии сатҳи боришот, хатари баланди хушксолӣ, кам шудани қабати барф ва муҳлатҳои гуногуни обшавии барфҳо метавонанд на танҳо ба тавлид ва пешкаши нерӯи барқ, балки ба устувории захираҳои об дари муқобили тағйирёбии иқлим таъсири манфӣ дошта бошанд.
Мувофиқи пешгӯиҳо, дар давоми 30-40 соли наздик пиряхҳо нисбат ба сатҳи имрӯз 15-20 фоиз кам шуда метавонанд.
«Фоҷиа насозед!»
Нишасти матбуотии Вазорати маориф, эҳтимол, аз ҳама мушкилидор буд. Мисли худи ин соҳа. Зимни он вазири маорифи Тоҷикистон тарки соҳа кардани қисмате аз муаллимонро тасдиқ намуд, аммо қайд кард, ки вай инро як ҳодисаи маъмулӣ медонад ва набояд аз чунин натиҷа фоҷиа сохт.
“Аз мактаб рафтан, ба мактаб қабул шудан – ин динамика ҳамасола ҳаст. Сабабу омилҳои аз кор рафтан гуногун аст: фавт аст, нафақа аст, муҳоҷират аст, иваз кардани ҷойи зист аст”, – гуфт Имомзода.
Мувофиқи суханони вазир, ҳамасола аз ҳисоби хатмкунандагони таҳсил аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ беш аз 16 000 нафар ба ҷойи омӯзгорони рафта меоянд. Ҳоло мактабҳои кишвар ба 1124 омӯзгор эҳтиёҷ доранд.
Аммо корбарони бахшҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ рафтани омӯзгоронро аз соҳа фоҷиа медонанд, зеро, ба гуфтаи Мирзошариф Исломиддинов, неруи зеҳнии кишвар мустақиман аз маориф вобаста аст.

“Ин изтиробовар аст! Вазнинии вазъиятро баъди 20-30 сол ҳис хоҳем кард! Муаллимон бояд маоши баландтарин дошта бошанд, ояндаи давлат аз онҳо вобаста аст”, – менависад корбари Фейсбук М.Ҳамидова.
Дар нишасти хабарӣ вазири маориф коҳиши теъдоди донишҷӯёни зинаи магистриро низ рад накард. Бисёриҳо ин падидаро бо даъвати донишҷӯ, магистрант ва аспирантҳо ба артиш бар асоси ислоҳи қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ” рабт медиҳанд. Вазир ин ҷо ҳам хост, аз вазъ фоҷиа насозанд ва қайд кард, ки солҳои пеш ин қонун қабул нашуда буд, аммо ба магистратура низ талабот вуҷуд надошт.
«Сабабҳои иҷро нашудани нақша гуногунанд. Яке аз онҳо ин аст, ки имрӯз бисёриҳо пас аз гирифтани дараҷаи бакалавр мехоҳанд таҳсили худро дар хориҷи кишвар идома диҳанд. Аз ин рӯ, чунин динамика вуҷуд дорад. Аз ин фоҷиа сохтан лозим нест. Хизмат ба Ватан дар ҳақиқат қарзи шаҳрвандии мост. Хизмат кардан ва сипас идома додани таҳсил ягон навигарӣ не, балки як ҳодисаи маъмулист. Дар замони шӯравӣ низ ҳамин тавр буд”, – шарҳ дод вазир.
Ҳамчунин роҳбари Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ аз донишҷӯёни тоҷики дар Қирғизистон таҳсилкунанда даъват кард, ки то ба эътидол омадани равобит аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд, зеро имрӯз касе амнияти онҳоро кафолат дода наметавонад.
Ба гуфтаи вазир, дар макотиби олии Қирғизистон беш аз 2000 донишҷӯйи тоҷик таҳсил мекарданд, ки ҳудуди 500 нафари онҳо баргашта, ба донишгоҳҳои Тоҷикистон қабул шудаанд.
Мавқеи Тоҷикистон нисбати «Толибон» тағйир наёфтааст
Хуршед Каримзода, раиси хадамоти гумрук, дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, дар оғози ғасби қудрат аз сӯи “Толибон” вазъ дар марз номуайян буд, вале баъдан боз муътадил шуд.
Ӯ гуфт, соли гузашта содирот ба Афғонистон 15 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, дар навбати худ, аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ мол ворид шудааст. Афзоиши гардиши мол, бино ба гуфтаи Каримзод, ба далели он буд, ки соли 2020 марзҳо бар асари пандемия баста, вале соли 2021 боз шуданд.
Афғонистон як кишвари транзитӣ барои молҳо аз Покистону Эрон аст, ки тариқи қаламрави ин кишвар ба Тоҷикистон мегузарад.
Бино ба маълумоти Хуршед Каримзода, соли гузашта тавассути Афғонистон ба Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор мошини борбар гузаштааст, ки нисбат ба як соли қабл 4 ҳазор адад беш аст.
Дар ҳамин ҳол, тавре Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 2 феврал дар нишасти хабарии худ гуфт, мавқеи Тоҷикистон нисбати “Толибон” тағйир наёфтааст. Ҳамзамон, тибқи суханони ӯ, Тоҷикистон интиқоли неруи барқ ва кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро идома хоҳад дод. Вай инчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои таҳким ва ҳифзи марз бо Афғонистон неруҳои изофӣ фиристодааст.
Марям Темурзода